ПРЕЗИДЕНТ-ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат — ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат аст. Таъсиси мансаби Президент ва таҷлили он  заминаи таърихӣ дорад. Дар ин хусус судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Дар зер андешаҳои номбурдаро манзури хонандагон мегардонем:

Дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихии барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки дар марҳалаву вазъиятҳои барои давлаташон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Ниҳоди президент ҳамчун падидаи сиёсӣ — ҳуқуқӣ  дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдории мамолики ҷаҳон дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ  нақши басе муҳим дорад, бахусус агар ба таърихи ташаккул ва рушди давлатдории Тоҷикистон назар андозем, дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон нақши ин ниҳод калидӣ арзёбӣ мегардад. Дар иртибот ба ин рӯзи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон, ки давлатро аз фаноёбӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, бо қадамҳои қатъӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, махсус иброз бояд намуд. Баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо таъмини сулҳу субот, сарҷамъ намудани миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об  шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар фарди бонангу номуси миллат аст.

Таъсиси мансаби Президент марҳилаи нави рушди давлатдории мамлакати мо маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин гуфтан бамаврид аст, ки зиёда аз 143 давлати дунё (аз 193 давлати аъзои СММ) дар сохтори давлатдории худ мансаби Президент доранд. Ҳамзамон дар иртибот ба мавзуи баррасишаванда, ба этимологияи  истилоҳи президент назар намоем, он аз калимаи лотинии «praesidens» гирифта шуда, маънояш «дар пеш нишаста, сарвар, раис» мебошад. Дар давлатҳои Юнону Рими қадим раисон ё раисикунандаи ҷамъомадҳоро президент ном мебурданд. Вале ҳамчун сарвари давлат дар давлатҳои Юнону Рим истилоҳи «президент» истифода намешуд. Давлате, ки бори аввал мансаби президентро ҳамчун сарвари давлат таъсис додааст, ИМА мебошад. Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон аввалин президенти Иёлоти Муттаҳида шуд. Пеш аз ин дар Амрико унвони «президент» ҳамчун «президенти конгресси континенталӣ» — раиси конвенсияи намояндагони колонияҳо истифода мешуд.

Аввалин давлатҳои Аврупо, ки дар онҳо мансаби президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия таъсис дода шуд, инҳо Фаронса ва Швейтсария мебошанд (с. 1848).

Падидаи президентӣ барои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  зуҳуроти нав буда, ин раванд аз охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри XIX дар ин давлатҳо оғоз гардид. Ин албатта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл дорад. Дар иртибот ба масъалаи таъсиси мансаби президент дар давраи истиқлолияти давлатӣ бояд тазаккур дод, ки бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон мамлакати мо ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда дар солҳои 1991-1992-юм фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву бесарусомониҳо ба миён омаданд. Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.

Барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа ва ризоияту ваҳдати миллӣ зарурати эҷоди давлати нави ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар навбати худ тағйири комили сохт ва шакли давлату давлатдорӣ бояд бо қабул намудани Конститутсияи нав ба расмият дароварда мешуд. Ва ин имконияти таърихӣ танҳо баъди Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ амалӣ гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намуд, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян сохт. Амалӣ гардидани падидаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли идоракунии давлатӣ мақсади ташкили ҷомеаи демократии воқеӣ, устувории тартиботи конститутсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсонро дорад. Чуноне таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, падидаи президентии дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии амалкунанда устувории ҷомеаро таъмин месозад, ба ҷалби шаҳрвандон ба раванди идоракунии корҳои давлат мусоидат менамояд, ба ҷомеа тобеъ шудани давлат ва ба ҳуқуқ ва маънавиёт тобеъ гардидани сиёсатро таъмин менамояд.

Хулоса, шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз  таъмини ягонагии ҳокимияти давлатӣ, устувории низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти мураттаби шохаҳои ҳокимиятро кафолат дода, ҳамчун арзиши конститутсионӣ бевосита таҳти ҳимояи Конститусия қарор дорад ва аз ҳамин лиҳоз он баробари дигар арзишҳои конститутсионӣ, ба монанди тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад. Ҳокимияти қавии президентӣ, пеш аз ҳама, барои субот комилан зарур аст,  вазъи кунунии иқтисод ва соҳаи амният инро тақозо менамояд. Эътимоди баланди  халқи Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Ҳукумати мамлакат далели он аст, ки роҳи интихобнамудаи Сарвари давлат дар самти таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барҳақ дуруст аст.

Итминони комил дорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, кафили истиқлолияти миллӣ, пойдориву бардавомии давлат дар таҳкими минбаъдаи давлатдории тоҷикон, такмили низоми ҳуқуқ ва қонунгузории ҷумҳурӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва шукуфоии Ватани маҳбубамон минбаъд низ саҳми бузург мегузоранд.

Yandex.Metrica