Имсол аз қабули Конститутсия 30 сол сипарӣ мегардад ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар бунёди ҷомеаи пешрафта, демокративу ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва мутамаддин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Зеро дар давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин бояд шаҳрвандон маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошанд. Доштани маърифати ҳуқуқӣ аз донистани Конститутсия ва риояву иҷрои меъёрҳои он сарчашма мегирад.
Конститусияи даврони соҳибистиқлоли, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъпурсии умумухалқӣ қабул гардид, дар таърихи давлатдории тоҷикон, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Лоиҳаи ин ҳуҷҷати муҳими таърихиву сиёсӣ аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, омода ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи ин санади тақдирсоз дар шароите омода мегардид, ки дар кишвар ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Бинобар ин Сарвари давлат ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ дастур дода буданд, ки лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои милӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонад.
Маврид ба зикр аст, ки дар қабули Конститутсияи ҷавобгӯй ба ормонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёду мутамаддин нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад.
Зеро аз рӯзҳои аввали сарвари давлат интихоб шуданашон, яъне дар нахустин суханрониҳояшон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат изҳор медоштанд, ки : “Шахсан ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошам! ”
Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, баробарҳуқуқии ҳамаи халқияту миллатҳо ва дигар принсипҳои башардустӣ идеяҳои нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар лоиҳаи Конститутсия дароварда шуда ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва минбаъд аз тарафи мардуми кишвар пазируфта шуданд.
Дар заминаи Конститутсия 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, зиёда аз 400 қонуҳои ҷорӣ қабул гардидааст. Дар ин давра кишвари мо ба 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 адад конвенсия ҳамроҳ шуда, 964 –адад шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба имзо расонидааст.
Мувофиқи моддаи 1 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки падидаи давлати ҳуқуқбунёд аввалин бор дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 таҷассум ёфта, минбаъд Конститутсия кафолатҳои онро муқаррар намуд.
Ба маънои васеъ давлати ҳуқубунёд давлатест, ки дар он ҳуқуқ ҳукумрон аст. Ба таври мушаххастар давлати ҳуқуқбунёд ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст. Аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд:
- Волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ; 2) арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ; 3) таҷзияи ҳокимият; 4) назорати судии конститутсионӣ мебошад.
Яке аз унсурҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ мебошад. Мувофиқи ин принсип фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ пеш аз ҳама Конститутсия мебошад. Конститутсия дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши воло дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.Қонунияти конститутсионӣ ба воситаи Суди конститутсионӣ таъмин мегардад.
Арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ унсури дигари давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар муносибат бо дигар давлату халқҳои ҷаҳон низ дар Конуститутсия иникос гардидаст. Мувофиќи моддаи 11-и ҳамин боб «Тоҷикистон сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд».
Яке аз унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд ин таҷзияи ҳокимият мебошад, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифти мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз якдигар ва дар ҳамбастагӣ фаъолият менамоянд.
Дар амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад. Мутобиқи моддаи 17-и Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқ дониста шудаанд».
Назорати судии конститутсионӣ рукни муҳими давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳокимияти судӣ бо мақсади риоя ва ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, таъмин намудани волият ва амали бевоситаи Конститутсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бе Конститутсияи мукаммал, қонунгузории ҷавобгуй ба ормонҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду мутаммадин ғайри имкон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки баробари такмили шар як ҷомеа зарурати даровардани тағиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Тавре медонем, Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райпурсии умумихалқӣ ќабул шудааст, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 маи соли 2016 тавасути раъйпурсии умумихалқӣ тағиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағиротњои мазкур боиси боз ҳам мукаммал ва пойдор гардидани ин санади сарнавиштсоз гардид.
Фотеҳ Қувватзода
судяи Суди конститутсионӣ