БОЗДИДИ ГУРУҲИ КОРИИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ АЗ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Бо мақсади ба таври пурра таъмин намудани иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва сари вақт бартараф кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар маҳал, дар асоси барқияи ҳукуматӣ аз 28 сентябри соли 2023 №24/10-32,  гуруҳи кории Суди конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода дар ҳайати судяҳо Ҷамшедзода Ҷ.Н, Қувватзода Ф.Ҷ., роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионӣ Гулзода А. ва ёрдамчии Раиси Суди конститут­сионӣ Равшанзода Ҷ.  аз 2 – юм то 6 – уми октябри соли 2023 ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ  анҷом доданд.

      Зимни сафари корӣ аз минтақаҳои вобастбуда боздид ба амал оварда корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  • вусъати корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар 10 ҷамоати деҳоти Истаравшан ва иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода шуд;
  • фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан корхонаҳое, ки бо иштироки сарвари давлат ба истифода дода шудаанд, бевосита аз тарафи Роҳбари гуруҳи кории Ҳукуматӣ – Раиси Суди конститутсионӣ боз як бори дигар мавриди санҷиш қарор дода шуд;
  • иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақшаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои онҳо то охири сол аз ҷониби Роҳбари гуруҳи корӣ ба масъулон тавсияҳои мушаххас дода шуд;
  • омодагии аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, махсусан дар муасисаҳои соҳаҳои маъориф, тандурустӣ ва фарҳанг, муасисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва техникаю механизмҳои онҳо, истгоҳу зеристгоҳҳои барқтаъминкунӣ низ аз ҷониби гуруҳи корӣ дар тамооми ҷамоатҳои деҳоти шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд ;
  • аъзои гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истравшан бо мардум суҳбату вохўриҳо ташкил намуда, ба аҳолӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ дар мавсими зимистон ва пардохти саривақтии истифодаи он фаҳмонда дода шуд;
  • Раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ бевосита дар ҷамъоварии ҳосили картошка, сабзӣ, пиёз, ва зироатҳои кишоварзӣ, иштирок намуда, ҷиҳати  захираи воқеии маҳсулоти кишоварзӣ дар анбору сардхонаҳо ба масъулон тавсияҳои судманд дода шуданд;
  • ҳамчунин, аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар самти болоравии нархи маводи ғизоӣ, махсусан орд, ташкили ярмаркаҳои фуруши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти арзон ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, зимни суҳбату вохуриҳо ба мардум корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд;
  • зимни сафари корӣ масъалаи омодагии аҳолӣ, хоҷагиҳо ва техникаи кишоварзӣ ба кишти тирамоҳӣ ва сари  вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишуда низ мавриди таҳлилу санҷиш қарор дода шуд;
  • ҳамзамон, аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби комиссияҳои даъватӣ бо аҳолӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар доираи талаботи қонунгузории дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.

      Ҳамчунин, санаи 6 октябри соли 2023 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раиси шаҳр Истаравшан маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаро доир намуда, бо натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдода ба мақомоту сохторҳои масъули шаҳрӣ дастурҳои мушаххас дода, вазифаҳои минбаъдаи онҳоро то охири соли ҳисоботӣ муайян ва муқаррар намуданд.

Yandex.Metrica