ФОРУМИ ДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

     Дар Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун намояндагони вазоратҳои адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар кори Форуми даҳум Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз иштирок ва баромад намуда, сараввал тамоми иштироккунандагони чорабинии мазкурро бо таљлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар заминаи боэътимоди  ҳуқуқӣ гузошт, таҳният гуфта, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз зумраи арзишмандтарин дастовардҳои давлату халқи Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ дорад.

Сӣ сол қабл – 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷониби мардуми хирадсолори мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Чунонеки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

Қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин санади муҳим дар ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад ва дар худ андеша ва ғояҳои инсондӯстонаро таҷассум мекунад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба се шоха – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ дар амалигардонии адолати судии конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бомаром фаъолият дорад.

Дар охир бори дигар иштирокчиёни Форуми даҳуми миллиро ба ҷашни Рӯзи Конститутсия муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии миллат табрик намуданд.