ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН”

2 ноябри соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур,  бахшида ба ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон” баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндаи Суди конститутсионӣ Бадалова Сановбар иштирок ва бо маъруза баромад намуда қайд намуд, ки воқеан, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад.

6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷониби мардуми хирадсолори мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шаҳодат медиҳад.

Чунонеки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои авали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда,… орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

30 – соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукмрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.

Гузашти солҳо, дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, баҳри ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт.