Иштирок дар интихобот – ҳуқуқи сиёсии шаҳрванд
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон дар радифи дигар рӯйдодҳои муҳими соҳаҳои мухталифи зарурии ҳаётии кишвар шоҳиди ба вуқуъ пайвастани боз як падидаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи вакилони халқ-2025 хоҳанд шуд. Аз ҷониби халқ интихоб гардидани намояндагон дар мақомоти олии қонунгузории мамлакат ҳуқуқи дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ иштирок намудани шаҳрвандонро таҷассум намуда, ҳамзамон моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва мардумсолории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Конститутсия – санади олии меъёрии ҳуқуқии кишвар дарҷ гардида аст, ҳувайдо месозад.
Тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (мушаххасан мувофиқи банди 13 и моддаи 69 и Конститутсия, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ») таъини интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқ дорад.
Дар ҳамин замина, 4 декабри соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», №882 ба тасвиб расид, ки дар мувофиқат ба он рӯзи 2 марти соли 2025 Инти-хоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо таъин карда шудааст. Мувофиқи талаботи сархати 2 и Фармони мазур интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъин гардида, рӯзи баргузории интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ боназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 пешбинӣ гардидааст.
Мусаллам аст, ки ҳуқуқи интихоб кардан ё ҳуқуқи интихоб шудан василаи асосии татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон мебошад. Интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ дар заминаи арзишҳои хусусияти демократидошта рӯи кор омада, дар радифи раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқро таҷассум менамояд. Ҳамагуна таъсиррасонӣ, фишору таҳдид ва халал ворид сохтан ба қоидаҳои демократии ташкилу баргузорӣ ва ҷамбасти интихобот маҳияти онро аз байн мебарад.
Презитенти мамлакат, хамчун ҳомии қонун ва кафили мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, бо манзури дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода дар Паёми набатии худ таъкид доштанд, ки «интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд».
Маврид ба зикр аст, ки қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар заминаи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон ҳувайдо гардидани иродаи халқро заминаи ваколатҳо ҷиҳати идораи давлат муайян намудааст.
Амалияи дар ин самтдоштаи кишварҳои пешрафта ва шароити муосири равандҳои демократӣ собит месозад, ки интихобот муҳимтарин воситаи иштироки мардум дар идора намудани давлат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон амалигардии падидаи интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар заминаи қонунгузории дахлдори марбут ба интихобот яъне, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва амсоли инҳо сурат мегирад. Санадҳои болозикри меъёрии ҳуқуқӣ махсусиятҳои соҳаи мазкурро ба танзим дароварда, асоси ҳуқуқии ташкилу баргузор намудани интихобот ба ҳисоб мераванд.
Дар “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” иродаи халқ ба сифати поя ва асоси қудрати ҳокимият пазируфта шуда, дар ҳамин замина тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар ин росто, таъиноти моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро муқаррар намуда, аз ҷониби халқ бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ намудани онро кафолат дода аст.
Дар робита ба ин муқаррароти меъёрӣ-конститутсионӣ метавон тазаккур дод, ки татбиқи ғояи мардумсолорӣ, ҳувайдо гардидани соҳибихтиёрии халқ ва амалишавии принсипи ҳокимияти халқ, маҳз ҳангоми дар асоси баробарӣ ва ба воситаи вакилонашон иштирок намудани шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зоҳир мегардад.
Аз адабиётҳои ҳуқуқӣ бармеояд, ки баргузор гардидани интахоботи озодона дар пояи арзишҳои демократӣ хоси давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин росто, ба тарзи бисёрҳизбӣ ташкил ва баргузор намудани интихобот яке аз василаҳои демократӣ баргузор гардидани интихобот маҳсуб мегардад. Ба ҳар як ҳизби сиёсӣ имконияти баробар ҷиҳати дар ҳама марҳилаҳои интихобот фаъолона иштирок намудани намояндагони онҳо ва муҳайё сохтани фазои озоди муборизаи солими байни номзадҳо низ ба сохти идораи давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд рост меояд. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки тавассути қонунгузрии миллӣ эълон гардидани сохти демократию ҳуқуқбунёдии давлат аз ҳамаи иштирокчиёни чунин маъракаи муҳими сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ риояи қатъии принсипи волоияти қонунро тақозо менамояд.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои сохти демократию ҳуқуқбунёд ин падидаи муҳим бо назардошти муҳтавои болозикр амалӣ мегардад.
Дар идомаи мантиқии ин талабот, дар мундариҷаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои хусусияти демократидошта таҷассум ёфта аст, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мардумсолор муаррифӣ менамояд.
Бо андешаи ғолиби коршиносон ва муҳақиқони соҳа интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ буда, тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон амалӣ гардидани он мувофиқи матлаб мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи ҷомеаи муосир ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани интихобот яке аз вазифаҳои муҳими давлат маҳсуб мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки интихоботи озодона дар заминаи усулҳои демократӣ баргузоршуда хоси давлати демократӣ буда, маҳз вакили дар чунин интихобот интихобшуда ва мақомоти намояндагии бо ҳамин усул ташкилёфта салоҳияти қонуниро соҳиб мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситати вакилони худ иштирок намояд (м.27). Дар идомаи мантиқии ҳамин меъёр аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан ва дар асоси талаботи асноди меъёрии ҳуқуқии марбута ҳуқуқи интихоб шуданро доштани шаҳрванд муайян гардидааст.
Бояд тазакур дод, ки дар ҷодаи тавассути интихобот ташкил ёфтани Парламент риояи дақиқи усулҳои демократӣ ва бетақалуб ифода ёфтани иродаи интихобкунандагон унсури асосӣ баҳисоб меравад.
Тибқи тартиботи ҳуқуқие, ки дар кишвар амал мекунад, ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳи дигар таҳмил намояд.
Бо дарназардошти талаботи принсипи волоияти қонун ва эҳтироми дигар арзишҳои демократӣ, қонунгузории мо манъ будани дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва танҳо машғул шудан ба иҷрои вазифаҳои қонунан ба онҳо вогузоршударо талаб менамояд.
Яке аз омили тақвиятдиҳандаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва мусоидаткунанда ба дигаргунсозиҳои ҷомеа ин муборизаи ошкорою қонунии пешазинтихобии онҳо мебошад. Дар маъракаи интихобот бояд сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзад ба вакилӣ ҳаматарафа воқеӣ ва объективона мавриди тадқиқу таҳлил қарор гирад.
Дар интихоби вакилон ба мақомоти олии намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намудани ҳизбҳои сиёсӣ падидаи замони муосир ва хоси давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Талаботи ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намудани сохтор ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар қонунгузории марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, иштирок намудани онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, дар асоси гуногунандешии сиёсӣ ҳамчун, омили мусоидаткунанда барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ муайян гардида аст. Бо ҳамин манзур иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот, яке аз шартҳои асосии риояи усулҳои демократӣ ба ҳисоб меравад. Ҳизбҳои сиёсӣ масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд ва муваззаф мебошанд, ки танҳо дар доираи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда фаъолияташонро ба роҳ монанд. Инчунин, шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош меварзанд, танҳо бо назардошти волоияти Конститутсия ва қонунҳои марбута бояд фаъолият намоянд.
Чуноне, ки аз таҳлилҳо бармеояд, танҳо дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда иштирок намудани ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати баргузор намудани ин маъраки сиёсию ҳуқуқӣ, метавонад ҳамчун омили муҳим дар инкишофи ҳаёти сиёсию ҳуқуқии кишвар мусоидат намояд
Муносибатҳои ҳуқуқӣ-интихоботӣ қисми таркибии демократия ба ҳисоб рафта, ба сифати маҳаки муайянкунандаи амалӣ шудани он таҷассум меёбад. Гузашта аз ин, метавон гуфт, ки ҳуқуқи интихобот яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрванд буда, дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии он нақши калон дорад.
Нақши комиссияҳои интихобот дар ҷараёни баргузории интихобот хеле калон буда, онҳо барои ташкил кардани маъракаи интихобот, тайёрӣ ба рӯзи овоздиҳӣ ва ҷамъбасти кори интихобот масъул мебошанд. Ҳеҷ кадоме аз дигар иштирокдорони маъраки интихоботӣ ҳуқуқ надоранд, ки ваколати комиссияҳои интихоботро соҳиб бошанд. Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ аз ягон мақомоти дигари давлатӣ вобастагӣ надоранд.
Хулоса, дар партави сиёсати фарҳангию таърихсози Пешвои муаззами миллат ин чорабинии муҳими сиёсию ҳуқуқӣ бо натиҷаи муфиду бунёдсозанда дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт хоҳад шуд, инро амалияи муваффақонаи дар ин ҷода доштаи Тоҷикистон собит менамояд.
Тоҷиддин Сангов
ёрдамчии судяи
Суди конститутсионии
Ҷумҳуриии Тоҷикистон