НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, таъмини баробарии мардон ва занонро дар соҳаҳои алоҳидаи ҳаёт ба роҳ монда истодааст. Ҳамзамон, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти соҳибкорӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Таҳкимии ҳуқуқҳои занон дар замони соҳибистиқлолии кишвар пеш аз ҳама аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, тибқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”. Идомаи мантиқии он бо қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паешгирии зӯроварӣ дар оила” ифодаи худро ёфтааст.

Дар ин радиф баҳри ҷалби занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 “ қабул гардид.

Санадҳои зикргардида, бо мақсади ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, инчунин пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таъмини баробарии гендерӣ қабул ва ба роҳ монда шудаанд, ки иҷроиши он зина ба зина таъмин гашта истодааст.

Дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам кардани ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ дар се даҳсолаи охир натиҷаҳои самарабахшро бар бор оварданд.

 Имрӯзҳо занони Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа – сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, маориф ва тандурустӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд, бо ташаббусҳои созанда ва нерӯи ақлониву ҷисмонии худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа нақши созгор мегузоранд.

Таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон, яъне мувозинати гендерӣ ҷараёнест, ки амалишавии воқеии он муҳлати дуру дарозро талаб мекунад. Аммо аз сабабе, ки роҳбарияти давлати мо ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала бетафовут набуданд ва диққати ҳамаҷонибаи сарвари давлат низ ба он равона гардида буд, аз ин хотир мо ба боварии комил гуфта метавонем, ки дар самти мазкур муваффақ гардидаем.

Дар гузашта хизмати давлатӣ асосан фаъолияти мардона ҳисобида мешуд, аммо бо мурури замон занон тавонистанд мавқеи худро дар ин самт низ мустаҳкам намоянд.

Имрӯз ба бахти баланди занону бонувони қавииродаи тоҷик дар мансабҳои роҳбарикунанда ва фаъолияти хизмати давлатии бенуқсонро дар се шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба роҳ монда шуда, занони Тоҷикистон дар сафи мардон барои пешрафти ҷомеа ва давлат саҳмгузор мебошанд.

Алалхусус, дар низоми судии кишвар занону бонувон ба ҳайси раиси суд, муовини раиси суд, судя, хизматчии давлатӣ ҳамчун роҳбарон ва қабулкунандагони қарорҳои муҳим фаъолият менамоянд.

Аҳамияти иштироки занон дар хизмати давлатӣ ва манфиатҳои он:

– Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки занон дар хизмати давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд, сатҳи коррупсия пасттар аст;

– Стереотипҳои гендерӣ дар ҷомеа аз байн меравад ва имконияти таъмини муовозинат гендерӣ ба миён меояд;

– Имконияти дарёфт ва муайян намудани кадрҳои баландихтисос ва лаёқатманд аз ҳисоби занону бонувон;

–  Бо ташаббусҳои созандааашон метавонанд дар ташаккули низоми идоракунии кишвар саҳмгузор бошанд;

Дар баробари ин, бо садоқатмандӣ ва ҳалимию меҳрубонӣ вазифаи зан – модари тоҷикро ба душ доранд, ки боиси таҳсину офарин аст.

Дар заминаи гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё дар таҳкими қонунгузории кишвар оиди таъмини баробарии гендерӣ ва ҷалби занон ба идораи корҳои давлатӣ диққати ҳамаҷонибаро равона намуда, қонунгузории марбутаро вобаста ба талаботи замон доимо такмил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол хушбахттарин заноне мебошанд, ки аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои зарурӣ бархурдор буда, давлат кафолати онҳоро дар сатҳи қонунгузорӣ таъмин намудааст. Ин ҳолат василае мегардад, ки занони Тоҷикистон ҳамеша эҳтироми зан – модарро дар қалби худ эҳсос намоянд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳамаи занону бонувон, ки дар баробари хизмати давлатӣ бо садоқатмандӣ ба ватани азизи худ хизмат намуда, ҳамчун модар низ фарзандони поктиннат, ватандӯст ва фарзонаро тарбия менамоянд.

Ҳамин тавр нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад. Иштироки фаъолу натиҷабахши онҳо омили пешрафт ва шукуфоии ҷомеа арзёбӣ мегардад.

        Ёрдамчии

     Муовини Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Бобоева Ш.Ҳ.