Сафари кории ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз 5 то 11 апрели соли 2021 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Истаравшан Ашурзода Абдулҳафиз, сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари кории Пешвои муаззами миллат 8 апрели соли ҷорӣ, ки ба шаҳри Истаравшан доир гардид, ҳамроҳи намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи боздиди кории худ аз шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Чойхонаи “Чаманоро”-и маркази шаҳр ба 110 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Тӯҳфаҳои Роҳбари давлат аз сару либоси маҷмӯии баҳорӣ, аз ҷумла шиму костюм, куртаҳои бачагонаву духтарона, пойафзол, боронӣ, ҳамчунин ширинӣ, китобҳои гуногун ва кумаки молии яквақта дар ҳаҷми 1000 сомонӣ иборат буд.

Инчунин дар рафти сафар Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ”, Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии “Истаравшан, коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро мавриди истифода ќарор дода, дар базми наврӯзии сокинони деҳаи “Ҷарқӯрғон”-и деҳоти Зарҳалол иштирок намуда, бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.

Ҳунармандони маҳаллӣ санъати баланди оҳангарӣ ва чӯбтароширо муаррифӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои та­ваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ҳунармандон дода шудааст, аҳли ҳу­нари шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ин тас­мимро омили асосии рушди ҳунарҳои миллӣ дар мамлакат арзёбӣ намуданд.

Дар базмгоҳи наврӯзӣ ҳамчунин навъҳои гуногуни меваҳои хуштамъ, ки самараи ҳосили боғҳои ҳудуди шаҳри Истаравшан мебошад, ба намоиш гузошта шуд. Аҳли заҳмат аз рушди боғу токпарварӣ ва афзоиши содироти он ба дигар давлатҳо иттилоъ доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро ба иштирокчиёни базмгоҳи идона таҳният гуфта, ба онҳо маслиҳат доданд, ки ҳунару суннатҳои ниёгонро ба насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба омӯзонанд.

Сипас Сарвари давлат дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.

Иброз гардид, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти чорвопарвариро ба тозагӣ роҳандозӣ намуда, асосан чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишуда нигоҳубин менамояд. Ҳамзамон хоҷагӣ парвариши шутурмурғро ба роҳ монда, айни замон саршумораи он дар хоҷагӣ ба 100 сар баробар аст.

Парвариши ин навъи мурғ аз лиҳози даромаднокӣ манфиатовар буда, ҳар кадоми он метавонад аз 80 то 100 килограмм гӯшти парҳезӣ диҳад. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила дар ҷамъияти мазкур парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои рушду парвариши дурусти чорвои калон ва шутурмурғ маслиҳатҳои муфид дода, дастур доданд, ки ҳамасола саршумори чорво ва истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат субҳи 9 апрели соли равон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан дар деҳаи “Қалъачаи Баковул” бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва адиби шинохта Саидумари Султон китобхонаи ба номи Абӯҷаъфари Истаравшанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва нафарони имконияташон маҳдуд роҳбари гурӯҳи корӣ – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни сафари корӣ ба Љамоати деҳоти “Қалъачаи Баковул” ба аёдати кӯдаки маъюб Абдуллоев Шоҳҷаҳон рафта, сӯҳбати самимӣ доир намуданд.

Ба аёдатшаванда аз номи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояти Суғд маводи озуқаворӣ ва кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Модари аёдатшуда Камолова Фарида аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи доимӣ ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои пойдории сулҳу субот ва шукуфоии кишвар даст ба дуо бардошт.

Умуман, баҳри боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва натиҷагирӣ намудан аз корҳои анҷомдодашуда, аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионӣ пайваста сафарҳои корӣ анҷом дода шуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Yandex.Metrica