РӮЗИ МОДАР

Дар оғози баҳор таҷлил гардидани
ҷашни модарон рамзи басо неки ба
ҳам омадани ду неруи бузурги
зиндагиофар ва ҳастисоз –модар ва
табиат мебошад.
                                      Эмомалӣ Раҳмон

       Имрӯз, 7 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди конститутсионӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрик намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки: “Ба сарзамини биҳиштосои мо баҳори хуҷастапай фаро расид ва яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахши ин фасл- Рӯзи Модар мебошад, ки ҳамасола саннаи 8 март онро бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил менамоем.
Зеро Модар чун баҳор муждаи сарсабзии ҳаёт, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши руҳу ҷон, офарандаи ҳаёт ва пайвандгари наслҳо мебошад. Ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз зебогӣ ва ҳусну малоҳати нотакрори Модар сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бузургдошти Зан–Модар иброз менамоянд: “ Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст.”
Ҳамин аст, ки имрӯз бонувони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, пешбурди корҳои давлатдорӣ ва муаррифии кишвари мо ба ҷаҳониён нақши муассир доранд.
Шумо ва дар симои Шумо занону бонувони кишварамонро ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.”
Рӯзи модар муборак бошад занону модарони азиз ! ”
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд низ, занону бонувонро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.