Нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таҳкими истиқлолият ва ташаккули давлатдории миллӣ

“Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи

одӣнест, балки номаи тақдири мо, шарти

пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи обо-

дуосуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сар-

ҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқа –

                                                      мон аст”.   

Эмомалӣ Раҳмон

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои точиконро бароямон мекушояд “

Расидан ба рӯзи созгори умумимиллӣ ва ваҳдат дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳодисаи сарнавиштсозест, ки аз вартаи яъсу ноумедӣ раҳо ёфтани давлату миллати тоҷикро башорат дода, ормонҳои миллати парешонгаштаи тоҷикро ҷиҳати бо ҳам омадан ва обод сохтани меҳани аҷдодӣ зинда гардонид.  Ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардиши куллиро маншаъ бахшида, марҳилаи сифатан наву умедворкунандаи инкишофи таърихии миллати тоҷик ва давлатдории миллиии онро иптидо гузошт.

Расидан ба чунин саодат – ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баъд аз алангаи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ барои мардуми тоҷик осон набуд. Ба даст овардани ризоият ва сулҳи фаромиллӣ пас аз анчом додани марҳалаҳои гуногуни музокирот, баргузор намудани гуфтушунидҳо ва бартараф намудани монеаҳои зиёд бо мушкилиҳои ҷиддӣ ба даст оварда шуда аст. Ба мақсади ба таври расмӣ нуқта гузоштан ба муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҷилавгирӣ намудан аз ҳамагуна паёмадҳои мудҳиши дигаре, ки тавассути аслиҳа амалӣ карда мешуд, 21 маротиба байни роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва қувваҳои мухолиф дар як чанд кишварҳо музокирот баргузор гардида аст, ки дар натиҷаи он 40 ҳуҷҷати муҳим расман, ба тасвиб расидааст.

Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагии фаромиллӣ дар кишвари азизамон ба пешрафти соҳаҳои заруӣ – ҳаётӣ, аз ҷумла ба раванди ташаккул ва такоммул ёфтани соҳаҳои сиёсию ҳуқуқии мамлакат вусъати тоза бахшида, ҷиҳати боло рафтани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва боамну субот мусоидат намуд.

Ҳамиин аст, ки “бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро, маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.”(Э. Раҳмон)

Имрӯз, дар ҷаҳони пуртазоди сиёсӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун роҳҳалли самараноки муноқишаҳои сиёсӣ ва ваҳдатофарӣ  эътироф гардида, ба ин васила миллати тоҷик ҳамчун миллати сулҳофару таърихсози фарҳангсолор шинохта шуда, ҷойгоҳу манзалати хоси худро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гардида аст. Формулаи сулҳи тоҷикон, ки бо саъю талошҳои пайгирона ва заҳматҳои беназири абармарди шинохтаи ҷаҳони сиёсӣ ва фарзанди содиқи миллт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар ҷаҳони муосир ҳамчун амалияи нодир ва падидаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва маънавӣ эътироф гардида, модели сулҳофарии тоҷикӣ дар ҳамоишу нишастҳои муҳими байналмилалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор мегирад. Ин усули самараноки ҳалли муноқишаи мусаллаҳона ва буҳрони маънавӣ дар як қаттор мамлакатҳои аврупоӣ ва амрикои лотинӣ (Олмон, Русия, Полша, Барзилия,) ва як зумра институтҳои илмӣ ва тақиқотии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи дигар мавриди омӯзишу тадқиқ  карор дода мешавад.

Масалан, дар Конфронси байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Институти бритониёӣ оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ дар мавзуи «Оё низои маҳаллӣ ба ҷанги минтақавӣ мубаддал намешавад?» баргузор шуд, эътироф гардид, ки «Музокироти сулҳовари Эмомалӣ Раҳмон бояд намунаи ибрат бошад».

Инчунин, иштирокчиёни конфронси «Ислом ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ», ки онро  созмони  «Симера»-и Швейтсария  доир карда буд, ин нуқтаро тасдиқ намуданд, ки «Музокироти сулҳи тоҷикон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст».

Хулоса, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муҳиму зарурии ҷомеаи муосири мо ба ҳисоб рафта,  дар таҳкими суботу осоиштагии ҷомеаи кишвар, ки василаи заминавии пешрафти соҳаҳои зарурӣ – ҳаётии мамлакат мебошад, нақши калидӣ дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин ру, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».

 

 

Тоҷиддин Сангов

ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон