ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Санаи 26 июни соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи тантанавӣ Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Ҷаласаи тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санаи муборак таҳният гуфт.
Зикр рафт, ки воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи Барномаи ҷаласаи тантанавӣ Қувватзода Фотеҳ Ҷума – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таъмини Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии Тоҷикистон», Нурляминзода Г.А. – сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо, дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ва нақши занон дар пойдории он», Бобоева Шаҳноза – ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили сулҳу субот дар ҷомеа», Сангов Тоҷидин – ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи: «Аҳамияти ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар рушди давлатдории миллӣ» ва Бобоев Шаҳзод – мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи Суди конститутсионӣ, дар мавзуи «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» баромад намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон тазаккур дода шуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳисси ватндӯстиву худогоҳии халқи Тоҷикистон боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намудааст.
Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустаќилона пеш бурда истодааст.
Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Раҳоӣ бахшидани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.
Дар фаровард, Ашурзода А. – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мо шаҳрвандони кишвар бахусус, хизматчитёни давлатӣ бояд ҳамеша, бо арҷгузорӣ аз ин дастоварди бузургу беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон барои ҳифз ва устувор нигоҳ доштани Ваҳдату суботи миллӣ омода бошем.
Бо ҳамин ҷаласаи тантанавӣ пӯшида эълон гардида, дар охир Суруди миллӣ садо дод.