16 апрелеи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат намояндагони Суди конститутсионӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мулоқоту вохӯрӣ бо омӯзгорон ва курсантони Академия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур судяи Суди конститутсионӣ Идрисзода Балаҷон Алиҷон ва ёрдамчии Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода Шаҳзод Шароб иштирок намуданд.