БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14 ноябри соли 2025 дар Суди конститутсионӣ бо иштироки Раис, муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар оғози маҷлиси тантанавӣ Суруди миллӣ садо дод.

Маҷлиси тантанавиро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А.А. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ қарор дорем, ба ин муносибат ҳар яки Шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон хушбахтиву осоиш ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва пешравиҳоро таманно менамоям.

Иброз гардид, ки ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад.

Инчунин, баён гардид, ки дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ иҷро кардааст.

Ҳамзамон, судяҳои Суди конститутсионӣ Қувватзода Фотеҳ, Соҳибзода Муҳаммадҷон ва кормандони дастгоҳи суд, Нурляминзода Г. ва Бобоева Ш. доир ба нақш ва аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ маърӯза намуданд.

Дар фарҷом Раиси Суди конститутсионӣ бори дигар ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда ва таърихӣ табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.