Пешвои миллат ба ҳуқуқ арҷ мегузорад

Каримзода К.М.
муовини Раиси Суди
конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

(Андешаҳо атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023)

 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмо­малӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид ва чун ҳама­сола таваҷҷуҳи  ҷомеаи Тоҷикистон ва намоян­дагони касбу кори гу­но­гуни ҷо­­меаи Тоҷикистон  ҳамоно ҳам ба он зиёд мебошад. Зеро масъала ва проблемаҳои дар паём зикршуда бо паёмҳои пеш алоқамандӣ дошта, паёмҳои минбаъда аз он сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, масъала ва проблемаҳои паём ҳамеша актуалӣ боқӣ мемонанд.

Чунин таваҷҷуҳ ба паёми роҳбари давлат бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз аҳамияти хоса касб намудани паём ҳамчун ҳуҷҷати му­ҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию ичтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ша­ҳодат диҳад, аз ҷониби дигар он  як нав ҳисоботи роҳбари давлат дар наз­ди халқи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола Пешвои миллат дар назди ва­ки­лони Маҷлиси намоян­дагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, аъзои ҳукумат ва ҷа­моат­чигӣ баромад намуда, ҳолат ва дурнамои рушду таҳкими  самтҳои асо­сии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таҳлилҳои мушаххаси илмию амалӣ ба диққати аҳолии мамлакат мерасонад.

Баъдан, паём як нав алоқамандии мутақобилаи ҳокимият  ва ҷомеаи То­ҷи­кистон аст, ки инъикоси ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва дар назди халқ ҳисоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатӣ ба шумор мера­вад, ки тавассути паём ба таври густурда ба аҳолӣ фаҳмонида мешавад.

Алоқамандии мутақобилаи паём, инчунин дар он зоҳир мегардад, ки баъди ироаи он садҳо нафар олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи мамлакат, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони та­ба­қаҳои гуногуни ҷамъиятӣ нуқтаҳои гуногуни Паёмро, ки ба фаъо­лияти ин ё он соҳаҳо  талалуқ дорад, бо истифода аз усули таҳлили муқо­исавӣ таҳлил намуда, бо ҳамин дар васеъ кушодани паҳлуҳои гуно­гуни он ва ба халқи Тоҷикистон дастрас намудани он фаъолона иштирок мена­моянд. Нуқтаи назари худро нисбати ин ё он нуқтаи паём ба таври мушаххас иброз медоранд.

Аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоии паём дар он аст,  ки он бо диди мас­ъалаҳо, таҳлил ва тартиби гузориши онҳо, вазъи соли ҳисоботӣ,  пеш­гўиҳои рушди иќтисодию иҷти­моӣ ва вазифагузориҳо барнома ё дур­намои му­каммали фаъолияти дав­латро дар давраҳои муайян ва оянда ме­монад ва он бо назар­дошти муайян кардани самтҳо ва авлавиятҳои соҳа­ҳои иқ­тисодиву ичтимоии мамлакат, азму талошҳо барои муҳайё сохтани ша­роити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъ­а­лаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди аф­­залиятҳо пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин, паёми навбатӣ дар партави тайёрӣ ба ҷашнгирии 35 со­лагии Ис­тиқ­лолияти дав­­латии Ҷум­ҳурии То­ҷикистон до­ир гардид, ки со­ҳиб­ис­тиқ­лолӣ дар таърихи  ташак­кули дав­лати миллӣ, фарҳанги дав­лат­дорӣ, фар­ҳанги сиёсӣ, ташакули сифатан нави андешаи миллӣ, ҳу­вияти мил­лӣ ва худшиносиву худогоҳӣ нақши мондагори худро бо­қӣ гузош­тааст ва бо паём муроҷиат  кардани сарвари давлат низ падидаи на­ви консти­тут­сионии замони ­соҳиб­истиқ­лолӣ маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, ҷашни истиқлолият ба паёми Пешвои миллат ҳамеша рангу бори тозаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, руҳбаландӣ, руҳияи сафарбарӣ ва  созан­дагиву бунёдкориро зам менамояд.

 Аз ин рӯ, табиист, ки паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бори нахуст дар он иф­­­­шо мегардад, аз маркази диќќати аҳолии мамлакат дур буда на­ме­та­вонад.

 Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар паёмҳои  Пре­зи­денти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин дафъа низ ба­ланд са­до дод,–  ин нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар давлат, низоми сиёсӣ ва иҷ­тимоӣ мебошад.

Роҳ­бари  давлат нисбати ин  падидаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ  бо дарк ва фаҳмиши баланди масъала ва проб­лема ҳарф зада, онро унсур, сар­чашма, омил ва роҳу механизми асосии таъмини стратегия ва бар­но­маҳои давлатӣ, интизоми давлатӣ ва иҷро, нигаҳдории муназзам, бо­эъ­тимод, таъминкунандаи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ менамояд.

Аз ҷониби дигар ҳуқуқ –ин таъмикунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат аст, он қувваест, ки тавассути ӯ қоидаи рафтори давлат ва мақо­моти давлат, ҳамчун  унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, қоидаи раф­тори ҷомеа ва шахс дар чорчубаи муайян, ки ҳуқуқ ном мебаранд, аниқ муайян карда мешавад.

Бояд зикр кард, ки ҳуқуқ чун давлат ба зуҳуроти мураккаби  ҷам­ъ­иятӣ  мансуб аст ва ҳанӯз ҳуқушиносони Рим ба моҳият ва нақши ҳуқуқ дар ҳаёти ҷомеа дахл карда, ба хулоса омаданд, ки онро бо як мафҳум ё истилоҳот ифода кардан мумкин нест. Андешаи онҳо, ки ҳуқуқро ҳадди ақал бо ду мазмун  фаҳмидан мумкин аст, то ҳанӯз ҳам новобаста ба та­ғйиру илова ва ифо­даҳои наву гуногун актуалӣ боқӣ мемонад.

 Ба андешаи онҳо (Павел) якум, ҳуқуқ онро мефаҳмонад , ки «ҳа­меша адолатнок ва меҳрубон аст», дуюм ҳуқуқ  чизе аст, ки «барои ҳама ё барои аксарият дар давлат муфид мебошад.»[1]

Аломатҳои асосии ҳуқуқ  моҳияти ин зуҳурот ва категорияро ба таври равшану возеҳ кушода дода, муҳимияти онро дар давлат ва ҷомеа амиқ муайян менамоянд.

Ҳуқуқро ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мено­манд, ки бо ин хусусияташ аз дигар категорияҳои ғайриҳуқуқӣ фарқ меку­над. Ҳуқуқ на меъёрҳои тасодуфии тасодуфан гирдовардашуда, балки маҷмӯъ ё системаи меъёрҳо мебошад.  Баъдан ҳуқуқ на танҳо маҷмӯъ ё системаи меъёрҳо, балки маҷмӯи меъёрҳое мебошад, ки аз тарафи давлат муқаррар карда шуда, иҷозат дода мешаванд. Бо ин аз дигар меъёрҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунад.

Ҳуқуқ ҳама вақт иродаи синфи муайян, элитаи сиёсӣ, халқ, ҷомеа ва давлатро ифода мекунад.

Ҳуқуқ ҳамчунин қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиро муайян мекунад. Умумиҳатмӣ будани он муҳимтарин аломати ҳуқуқ мебошад.

Аломати дигари ҳуқуқ он аст, ки ҳуқуқ аз тарафи давлат ҳифз  ва таъ­мин карда шуда, дар мавриди вайрон шуданаш бо маҷбуркунии дав­латӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамин аломатҳои муҳими ҳуқуқ ва нақши калидии он дар рушди давлат ва ҷомеа мебошад, ки роҳбари давлат дар Паёми худ бори дигар ба ҳуқуқ дахл карда, таъкид намуданд, ки: «Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳама­ҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хо­тирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи киш­вар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.»[2]

Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат дар тамоми Паёмҳои худ ва ди­гар маърӯзаву баромадҳои худ бевосита ё бавосита ба  масъалаҳои гу­но­­­гуни конститутсионӣ, меъёру принсипҳои он, ки дар  Конститутсия эъ­­­лон карда шуданд, дар робита ба руши давлату давлатдорӣ рӯ меорад.

Истинод овардан ба мафҳумҳои конститутсионӣ, сатҳи баромаду маърӯза ва Паёми Пешвои миллатро боз ҳам арзишмандтар, қавитар, ман­­тиқдор, таъсирбахш ва бо далелҳои мӯътамад мустаҳкам мегардонад.

Чунончӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд: «Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолат­парвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.»

Ибораи «бунёди ҷомеаи адолат­парвар» маф­ҳуми конститутсионӣ буда, он ифодаи худро дар дебочаи Конс­ти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфта, ҳамчун вазифа ва мақсади ниҳои халқи Тоҷикистон  эътироф шу­дааст, чунончи:

Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон бу­да, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вази­фадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва  рушду камоли онро дарк намуда,озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробар­ҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем. [3]

 Рушди иқтисодиёти миллӣ  ва дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  аз за­минаи боэътимоди ҳуқуқӣ вобаста доштан барои паёмҳои Президенти мамлакат чизи нав нест ва онро Роҳбари давлат сарчашмаи рушди ҳамаи соҳаҳои халқ арзёбӣ менамояд ва таҳкими ин самт пайваста таъкид менамояд.

Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 декабри соли 2022 «Дар бо­раи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид дош­танд:

«Рушди устувор ва босуръати мамлкат, махсусан амалӣ наму­да­ни стратегияҳо, барномаҳои дарозмудат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва бо сифат таъмин карда шаванд.

Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз пар­ламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақ­ви­ят бахшад.»[4]

Эҳтироми Пешвои миллат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон—ин пеш аз ҳама дар амиқ дарк кардани мазмуну моҳият ва нақши ин санади сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангӣ дар тақдири миллати мо аз ҷониби ӯ ифода меёбад. Аз ҷониби дигар Пешвои миллат ба иродаи халқи То­ҷикистон эҳтироми беандоза ва хосса дорад ва амалҳои шоиста ва наҷи­бонаи ӯ таъкид бар онанд, ки иродаи халқ аз ҷониби тамоми ма­қомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ бояд эҳтиром карда шавад.

Ба андешаи Пешвои миллат, «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва  санади бунёдии сиёсӣ  роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Конститутсия нишо­наи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ…ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё  карда, барои  аз нобудӣ наҷот  додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳои бахши­дании миллати тоҷик асос гузошт»,[5]– таъкид ёфтааст, дар Паёми Пре­зиденти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чум­ҳурии Тоҷи­кистон аз 24 декабри соли 2014.

Муносибати хирадмандона ва некбинонаи роҳбари давлат ба Кон­с­титутсия ва ҳуқуқ ҳамчун зу­ҳуроти муҳимтарини ҷамъиятӣ ва дав­ла­тӣ бешак намунаи олии давлату давлатдорӣ буда, барои ҳар як сиёсат­мадор, роҳбар, махсусан хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони дигар касбу кор намунаи  ибрат аст.

Ҳамин аст, ки дар пайвастагӣ ба Конститутсия ва ҳуқуқ, риояи қатъии онҳо ва тарбияи баланди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе  бо­ло бурдани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайри­им­кон аст, аз таъкид ва дастуру супоришҳои ҳамешагии роҳбари давлат ба шумор меравад.

Чунончи дар Паёми навбатӣ таъкид гардид: « Тамоми сохтору ма­қомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву им­кониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сию­­мин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегар­дад, сафарбар намоянд.

Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъ­мори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ма­рдуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки поя­ҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии киш­варамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ша­роити зин­дагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда ша­вад.»[6]

Уммед аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, дар боз ҳам баланд рафтани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон , ки ҷомеаи мо ба он сахт ниёз дорад, нақши назарраси худро мегузорад. Ҷашни 30-умин солгарди қабули Конститутсияи мамлакат дар соли  маъ­рифати ҳуқуқӣ бо амалҳо ва қоидаи рафтори созандаи тамоми қишр­ҳои ҷомеа бо шукӯҳу тантана ва дар фазои тинҷиву оромӣ ва гулгушукуфии кишвари ҷоноҷонамон баргузор мегарданд. Ин сол низ дар дар рушду нумуи минбаъдаи давлату давлатдориамон, иқтисоди миллӣ ва боз ҳам боло рафатани вазъи некуаҳволии халқамон хотирмон боқӣ хоҳад монд.


[1] Ниг.Иқтибос аз Общая теория государства и права.Том 2. Академический курс в двух томах. Том 2.Теория права. Изд. «Зерцало».М.1988. С.11

[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ». 28 декабри соли 2023. Манбаи электронӣ [ prezident.tj]. Санаи муроҷиат 28.12.2023.

[3] Ниг.:Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забонҳо тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ). Душанбе. «Нашриёти Ганҷ» С.2

[4] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хори­ҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022. Душанбе  «Шариқи озод», 2022. С.40

[5] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷи­кистон аз 24 декабри соли 2014. Душанбе,  «Шариқи озод», 2022. С.3

[6] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ». 28 декабри соли 2023. Манбаи электронӣ [ prezident.tj]. Санаи муроҷиат 28.12.2023.

Yandex.Metrica