Роҳбарияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ хабар медиҳад, ки имрӯз судяи Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз дунё даргузашт. Воқеан марги ӯ барои тамоми ҳамкорон ва наздикону пайвандон талафоти бузург мебошад.
Хизматҳои содиқонаву софдилонаи марҳум барои ҳокимияти судӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ мондагор боқӣ хоҳанд монд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба аҳли оила, пайвандону наздиконашон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳамаи онҳо сабри ҷамил хоҳонем.
Равонашон шод ва манзили охираташон обод бод.
Мо намегӯем, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
