Машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 30-юми марти соли 2026 бо мақсади таъмини иҷрои банди 11 Нақшаи омӯзишҳои идоравӣ барои хизматчиёни маъмурии давлатии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, аз ҷониби судя Қувватзода Ф.Ҷ. омӯзиши идоравӣ дар мавзуи «Шарҳи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти раванди интихоб ба мансабҳои хизмати давлатии шаҳрвандӣ» гузаронида шуд.
Дар ин машғулият муқаррароти Дастурамали болозикр, аз ҷумла талаботҳои тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои ҳамаи категорияҳо (категорияи олӣ, категорияи якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум) бо мисолҳо ва муҳокимаҳо мавриди шарҳу инъикос қарор дода шуд.
Кормандон дар рафти машғулият ба баромадкунанда саволҳои мушаххас доданд ва бо онҳо ҷавобҳои мувофиқу сазовор гирифтанд. Аз ҷумла мавзуъ дар ҳузури кормандон муҳокима гардида, доир ба сардори раёсат, мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва кормандони дигар андешаронӣ намуданд.
