АХБОРИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (№ 1-2) 2020

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АХБОРИ

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Ашурзода А.А.

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати таҳририя:

Каримзода К.М.     муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Ҷамшедзода Ҷ.Н.    судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳу-рии Тоҷи­кистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҳошимзода Д.Д.     сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Шарофзода Р.Ш. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ.      узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, профессор

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020.

Мундариҷа

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…………….…………………………….

Ашурзода А. А. Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон……………………………………………………………….

Каримзода К.М. Глобализатсия, давлати миллӣ ва  истиқлолияти давлатӣ…………………………………………………………………………. 

Шарофзода Р.Ш. Истифодаи технологияҳои  иттилоотӣ дар  фаъолияти Суди  конститутсионӣ  дар  партави  иттилоотонии ҳуқуқэҷодкунӣ,  ҳокимияти  судӣ ва  адолати  судии электронӣ: таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ……………………………………………………………….

Ҷамшедзода Ҷ.Н.  Конститутсия дастоварди арзишмандтарини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон…………………………….………..

Абдулхонов Ф.М.  Бунёди давлати иҷтимоӣ ва таҷассуми он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон…………………………………………….

Соибов З.М.  Омилҳои ташаккул ва рушди фаъолияти гумрукӣ ҳамчун воситаи асосии танзими фаъолияти иқтисоди хориҷӣ……………

Холинова М.М. Институти васояту парасторӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон…………………………………………………………………….

Эмомализода Н. Э        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи падидаи соҳибкории инфиродӣ дар мамлакат………………….

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон………….. …….

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(шаҳри Душанбе, 30 октябри соли 2020)

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду боварии бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо – халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям: дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло мехоҳам баъзеи онҳоро мухтасар хотирнишон намоям.

Дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати содиқона ва ташаббусҳои ватандӯстонаашон, ки боиси рушди соҳаҳои саноату сохтмон, ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатӣ дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат ду баробар зиёд шуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид.

Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт – соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шуданд.

Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз дар оғози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.

Дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем.

Дар навбати аввал, моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад.

Дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ – бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.

Дар ин раванд, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ густариш дода мешавад.

Дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Мо, бо дарназардошти рушди иқтисодиёт, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, ба ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ беҳтар гардонида, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти молҳои озуқа кам карда мешавад.

Дар робита ба ин, ба кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта якуним баробар афзоиш дода мешавад.

Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем.

Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад.

Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳафт соли оянда мо 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд мекунем.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи кишвар, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву этнографӣ ва фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа таъмин карда мешавад.

Барои таъмин кардани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мо дар оянда низ тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар сафарбар менамоем.

Қобили зикр аст, ки ҳоло шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва муносибати Ҳукумати мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи хубу созанда қарор дорад ва мо ҳамкориҳои судмандро бо онҳо минбаъд низ густариш медиҳем.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем.

Дар ҳафт соли оянда барои боз ҳам беҳтар намудани солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар давраи бисёр мушкили пандемияи коронавирус ба хотири ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ва табобати беморон шабонарӯзӣ ва ҷасуронаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз низ софдилона фаъолият карда истодаанд, миннатдориву сипос баён менамоям.

Дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои онҳо васеъ ба роҳ монда мешавад.

Доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он, ки мо фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум эълон кардаем, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоем ва барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мекунем.

Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим як силсила тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.

Масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва дар ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ҷобаҷо намудани онҳо дар сархати фаъолияти мо қарор хоҳад дошт.

Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисос тайёр намоем.

Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” – ро таҳия ва амалӣ месозем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад.

Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем.

Ҳамватанони азиз!

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.

Зеро амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад.

Ман ба тамоми сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат – фарзандони ҷасуру ҷоннисор ва далеру шуҷои Ватан барои хизмати содиқона ва саҳми бузургашон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният, яъне волоияти қонун самимона миннатдориву сипос баён менамоям.

Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ моро водор месозад, ки сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро такмил диҳем, заминаҳои моддиву техникии онҳоро тақвият бахшем ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин созем.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил иброз медорам, ки нақшаҳои барои ҳафт сол пешбиникардаи мо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Мо дар ҷараёни татбиқи барномаҳои худ тавсияву пешниҳодҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳоро, ки ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва мардуми кишвар мебошанд, ба эътибор мегирем.

Ман имрӯз низ бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азизам идома медиҳам.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.

Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.

Бори дигар сипосу миннатдории самимӣ ва садоқату вафодории фарзандии худро ба сарзамини муқаддасам, халқи бузургворам ва ҳар фарди Ватани ба ҷон баробарам – Тоҷикистон сидқан изҳор медорам.

Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нӯҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!

Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!

                    Ашурзода А. А.      

Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд»..

Эмомалӣ Раҳмон

ИстиҚлолияти давлатӢ ва таҲкими

 Ҳокимияти судӣ дар тоҶикистон

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Муҳимтарин дастоварду комёбии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин аз хатари нестӣ наҷот додани давлатдории миллӣ тоҷикон мебошад[1].

 Эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи муста­қилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд овард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои ҳу­қуқии истиқлолияти давлатӣ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тамоми чо­раҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда, барои амалигардонии онҳо тадбирҳои му­шаххас андешида шуданд.

Дар ин замина, дар нахустин санаде, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эъ­лон намуд, ҳокимияти судӣ ҳмчун шохаи мустакили ҳокимияти давла­тӣ эътироф гардид.

Баъдан, зимни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар моддаи 9-и он муқаррар гардид, ки «ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад», ҳамчунин ба ҳокимияти судӣ боби алоҳида бахшида шуд. Аз ин ҷо, ҳокимияти судӣ баробари дигар муносибатҳои калидии асосҳои сохтори конститут­сионӣ на танҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар дигар мамлакатҳо низ дар сатҳи Конститутсия бо бахшида шудани фасл ё боби алоҳида мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода мешавад. Чунончи, Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳокимияти судиро дар боби 12, Конститутсияи Ҷумҳурии Қирѓизистон дар фасли 6, Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар фас­ли VII мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додаанд. Ин тартиб бидуни шубҳа асосҳои кофии худро дошта, бо қувваи олии ҳуқуқӣ доштани Конститут­сия ва мустақиман амал кардани меъёрҳои он алоқаманд дониста меша­вад.

Ҳокимияти судӣ дар манзари фаъолияти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисо­дии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ гардида, барои ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилот ва муассисаҳо, қонуният ва адолат нигаронида шудааст[2].

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар раванди амалигардонӣ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Дар заминаи боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба таври дахлдор ба роҳ мондани фаъолияти ҳокимиятӣ судӣ, 3 ноябри соли 1995 як қатор қонунҳои конститутсионӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[3];

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[4];

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтори судӣ»[5];

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳарбӣ»[6];

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[7];

– Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[8].

Дар ин асно, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонуният фаъолияти муназзами худро ба роҳ мондааст.

Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, фармони Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар рушди ҳокимияти судӣ нақши босазои худро гузошт.

Ҳамзамон, Президенти кишвар ҳанӯз 31 майи соли 2002 зимни су­ханрониашон дар машварат бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низо­мӣ ва судҳо иброз доштанд, ки: «Имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пур­қувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан нерӯманд ва дахлнопазир бошад».

Ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, муто­биқ намудани санадҳои ҳуқуқӣ ба талаботи муосири ҷомеа ва эътирофи як қатор санадҳои байналмилалӣ, 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо аз ҷумла, ба тақвият бахшидани мустақилияти судҳо, таъмини адолати судӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо нигаронида шудаанд.

Чунончӣ, қисми 1 моддаи 84 дар таҳрири нав пешниҳод карда шуд, ки тибқи он  «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳоки­мияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Мус­тақилият ва аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ гардидани вазифаҳои ҳокимияти судӣ му­шаххас гардид.

Дар қисми 2 моддаи мазкур дар ҳайати. Суди Олии иқтисодӣ судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъсис дод шуданд. Дар қисми 4 моддаи 84 муҳлати ваколати судяҳо аз 5 то ба 10 сол боло карда шуд.

Ислоҳоти болозикр барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, дар таъмин адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши босазо гузоштанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома дода шу­да, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии киш­вар аз 20 апрели соли 2006 дар бораи зарурияти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мах­сус таъкид карда шуд, ки тибқи он «Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беға­рази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст».

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъ­мурӣ ва оилавӣ, амалӣ намудани дигар чораҳои соҳавӣ дар таҳкими ҳоки­мияти судӣ нақши назаррас дорад.

Вобаста ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо дарназардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули дав­латдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим до­рад, бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ бо фармонҳои Прези­ден­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан боз се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул гардиданд.

Дар зиминаи гуфтаҳо боло имрӯз мо шоҳиди онем, ки бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми судии кишвар рушду такомул ёфта, дар ин замина барои таъмини амалишавии ҳуқуқи конститутсионии ҳар шахс ба кафолати ҳифзи судӣ чораҳои муас­сир андешида шуданд.

Дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъ­мори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волои­яти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳам­чун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳки­ми қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Бояд зикр кард, ки дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қа­були Конститутсия ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми нави махсуси назорати конститутсионӣ – Суди конститут­сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ, мақоми махсус дода шуда, моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионӣ бахшида шудааст.

Қонуни асосии кишвар дар пайдоиш ва ташаккули як қатор падида ва ниҳодҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз қабили таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун мақоми махсуси назора­ти конститутсионӣ, ки ба низоми судӣ шомил мебошад, имконияти воқеӣ фароҳам овард.

Падидаи назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳимми ҳуқуқии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро он дар ҳифзи Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия, ки муаррификунандаи ҳар як давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, қарор дорад.

Вобаста ба мақоми Суди конститутсионӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон ба муносибати 15-умин солгарди таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми давлати демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ нақши баѓоят муҳим дорад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия фаъолият мекунад[9].

Ҳамзамон, вобаста ба рушди минбаъда ва аҳамияти Суди консти­тутсионӣ, дар банди якуми Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷум–ҳурии Тоҷикистон, ки 3 январи соли 2011 тасдиқ гардид, чунин омадааст: «Бо назардошти инкишофу пешрафт ва рушду нумӯи босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа зарурияти такмилу тақвияти фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳифзкунандаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарт ва зарур аст. Зеро дар пойдории давлату таъмини истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлату ҷамъият Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимму муассир дорад[10].

Агар ба таърихи пайдоши падидаи назорати конститутсионӣ назар афканем, зикр кардан ба маврид аст, ки ѓояи мазкур, ки дар шакли муосир аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка сарчашма мегирад. Ҳанӯз соли 1803 Суди Олии федералӣ дар хусуси доштани ҳуқуқ оид ба номутобиқ эътироф намудани дилхоҳ қонунҳо ба Конститут­сияи ШМА, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар қабул карда мешаванд, эълон намуд[11]. Ба Конститутсия номутобиқ шуморидани қонун дар ҳамон давра ва ҳоло низ, маънои онро дорад, ки чунин қонун бояд дар амал татбиқ нагар­дад. Аввалин мақомоти махсуси назорати конститутсионӣ бо номи Суди конститутсионӣ дар Австрия дар асоси Конститутсияи соли 1920 ташкил карда шуд, ки барои зуҳур ёфтани навъи аврупоии назорати конс­титутсионӣ асос гардид.

Мақсади асосии назорати конститутсионӣ – ин таъмин намудани мутобиқати ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асо­сии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар кишвар асосҳои сох­тори конститутсионӣ устувор гашта, қонунияти конститутсионӣ ва ҳиф­зи ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии шаҳрванд таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, тавассути он фаъолияти мақомоти судӣ (дар кишварҳое, ки судҳо ваколати назорати конститутсиониро доранд), ба фаъолияти парлумон ва ҳокимияти иҷроия таъсир расонида, принсипи боздорӣ ва мувозинат таъ­мин карда мешавад.

Дар давраҳои қабули аввалин конститутсияҳо тарзи махсуси ҳифзи Конститутсия пешбинӣ нагашта буданд. Аз ибтидо дар назария ва амали­яи ҳуқуқӣ чунин шуморида мешуд, ки парлумон бояд назорати конститут­сиониро ба амал барорад. Зеро маҳз парлумон қонунҳоро қабул менамояд ва мутобиқати онҳоро ба Конститутсия бояд худаш ба амал барорад.

Чунин мавқеъ то ҳол дар баъзе давлатҳо боқӣ мондааст. Масалан, дар Люксембург, Ҳолланд, Финландия, Шветсия ва дигар давлатҳо чунин ақида ҳукмрон аст, ки агар парлумон дар низоми мақомоти давлатӣ дар мадди аввал бошад, пас назорати конститутсионӣ низ бояд аз ҷониби ин мақомот ба амал бароварда шавад ва дигар мақомот набояд аз болои ма­қомоти қонунгузор назорат кунад. Вазифаи судҳо бошад, танҳо назорати қонунӣ будани санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад.

Дар як қатор давлатҳо бо мақсади назорати конститутсионӣ мақо­моти махсуси назорати конститутсионӣ таъсис ёфтааст, ки мақомоти судӣ намебошад. Масалан, дар Фаронса назорати конститутсиониро Шӯрои конститутсионӣ ба амал мебарорад, ки он ба мақомоти судӣ мансуб нест. Аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ чунин мақомот таъсис ёфтааст, ки назорати конститутсиониро ба амал мебарорад.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ дар баробари зиёда аз 160 ма­қомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон тариқи мурофиаи су­дии конститутсионӣ пайи ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари Истиқ­лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷуди­яти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.

Суди конститутсионӣ вобаста ба салоҳияти касбии худ масъалаи ҳуқуқро баррасӣ намуда, дар асоси дархосту пешниҳоди субъектони муро­ҷиат ба он, дар тӯли фаъолияти хеш масъалаҳои зиёдеро оид ба муайян намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия бар­расӣ намуда, қарору таъинотҳои дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар таҳкими адолати конститутсионӣ дар кишвар саҳми назаррас доранд.

Аз ҷумла, зимни дар мурофиаи судии конститутсионӣ баррасӣ на­мудани чандин дархосту пешниҳодҳои субъектони ба Суди конститутсио­нӣ муроҷиаткунанда, номутобиқатии сандаҳои мавриди баҳс қарор додаи онҳо ба Конститутсия муайян карда шуда, онҳо ба Конститутсияи кишвар номутобиқ арзёбӣ карда шуданд.

Қарорҳои Суди конститутсионӣ барои тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҳатмӣ буда, онҳо барои бартараф намудани номувофиқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия равона гардида, барои татбиқи дурусти қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд. Вобаста ба ин, вақти мавриди амал қарор додани санадҳои Суди конститутсионӣ дар худи онҳо нишон дода шуда, нисбат ба Қарори Суди конститутсионӣ шикоят овардан мумкин нест, ки чунин таҷриба судҳои конститутсионӣ дар Конститутсияҳои  давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон эълон гардидааст.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати консти­тутсионӣ, дар тӯли фаъолияти начандон тӯлонии таърихиаш зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон борҳо собит сохта, нишон дод, ки нақш ва мақоми ин ниҳоди адолат ҳамчун падидаи нодири ҷомеаи муосир дар таҷрибаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Имрӯз, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои аъзои ИДМ, Аврупо ва Осиё ҳамкориҳои байнал­милалиро ба роҳ мондааст, ки сол аз сол таҳким ёфта, вусъати тоза пайдо мекунанд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ассотсатсияи суд­ҳои конститутсионии Осиё ва Иститутҳои муодил, Конгреси умумиҷаҳо­нии мақомоти назорати конститутсионӣ ва Конференсияҳои мақомоти на­зорати конститутсионии кишварҳои Авроосиё мебошад.

Инчунин, Суди конститутсионӣ бо ҳафт мақомоти назорати консти­тутсионии хориҷи кишвар оид ба ҳамкориҳои дуҷониба Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.

Дар робита ба ин ҳамкориҳо намояндагони Суди конститутсионӣ дар тамоми конференсияву чорабиниҳои сатҳи байналмилалии мақомоти назорати конститутсионии хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад менамоянд.

4-5 ноябри соли 2010 ва 17-19 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15 ва 20-солагии таъсисёбии Суд Конференсияи илмию амалии байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 25 судҳои конститутсионии давлатҳои хо­риҷа ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзиданд, ки ин ша­ҳодати дар дохил ва хориҷи кишвар мақом ва манзалати хасса доштани Суди конститутсиониро бори дигар собит намуд.

Имрӯз, фаъолияти 25 – солаи он нишон дод, ки масъалаҳои баррасӣ намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши му­ҳим бозиданд.

Суди конститутсионӣ дар давраи фаъолияти худ 140 дархосту пеш­ниҳодҳои субъектҳои ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ доштаро баррасӣ намуда, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати онҳо 39 қарор ва 101 таъинот қабул кардааст.

Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, конунияти конститутсионӣ саҳми назаррас дошта,  дар дои­раи муроҷиатҳои субъектони ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ дошта маҳдуд нашуда, ҳамасола ба Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нома оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар соли равон ирсол менамояд.

Дар даҳ соли охир ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон зиёда аз 120 пешниҳодҳо дар хусуси таҳкими қонунияти консти­тутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, таѓйири таҷрибаи мавҷуда бо назардошти амалияи ҷаҳонӣ ва ѓ. ирсол карда шу­данд, ки онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.

Дастгирӣ ва ѓамхории пайвастаи ҳокимияти судӣ аз ҷониби дав–лату Ҳукумати кишвар, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, бо маром идома ёфтани ислоҳоти низоми судӣ ва беҳтар гардида­ни шароти иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ боиси он гардид, ки ҳо­кимияти судӣ дар кишвар ташаккул ёфта, боварии аҳолӣ ба ин ниҳоди ҳо­кимияти давлатӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Имрӯз нақши ҳокимияти судӣ дар рушди давлати демократию ҳу­қуқбунёд, таъмини амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсио­нии ҳар шахс ва ҳимояи манфиатҳои давлат босазо буда, ҳокимияти судӣ рисолати аслии худро баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ иҷро менамояд.

Умуман, фаъолияти бомарому густурдаи Суди конститутсионӣ ба он мусоидат кард, ки дар муддати кӯтоҳ ин мақомот барои таҳкими қонуни­яти конститутсионӣ дар кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, роҳу усул­ҳои самарабахши ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳамшабеҳи хо­риҷи кишвар муайян намуд.

Аз ин рӯ, Суди конститутсионӣ, ки дар ҳифзи Конститутсия қарор дорад, минбаъд низ бо такя бо салоҳияти худ дар таъмини суботи конститутсионӣ ва рушди таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ва бо ҳамин васила дар таъмини ҳамаҷонибаи кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсия пешбинӣ намуда­аст, саҳми арзандаи худро мегузорад.

Каримзода К.М.

Муовини Раиси Суди

конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

Глобализатсия, давлати миллӣ 

ва  истиқлолияти давлатӣ

Дар ҳаёт ва саҳифаҳои таърихи сиёсии халқу миллатҳо ҳодиса ва рўйдодҳои муҳиме мавҷуданд, ки бинобар аҳамияти калидӣ дош­танашон барои онҳо тақдирсоз арзёбӣ мегарданд. Чунин рўйдодҳо фаҳ­миш, андеша ва тафаккури ҷомеаро нисбати сарнавишт ва тақдири гу­зашта, имрўза ва ояндаи худ дигар намуда, ба низоми мавҷудаи дав­латдорӣ ва ҷомеа­дорӣ ислоҳи ҷиддӣ ворид менамоянд. Дар натиҷа ѓоя ва арзишҳои миллӣ бо мазмуну мундариҷаи сифатан нав мавриди истифода ва баҳ­рабардории ҷомеа қарор мегиранд.

Истиқлолияти давлатӣ, ки аз  зумраи чунин руйдодҳои муқад­дасу тақдирсоз ба шумор меравад, барои халқу миллатҳо ҳамчун мар­­ҳи­лаи сифатан нави давлатдорӣ ва инкишофи он, шакли бесобиқаи худ­муайян­кунӣ ва ташкили давлат дар ҳудуди муайяни бо ин халқу мил­лат таъ­рихан пайванд,  эҳёи хис­лату хусусиятҳои эт­никию мил­лӣ, фарҳангӣ ва  забон, дар маҷмўъ  эҳёи раванди таърихии ташаккул ва зин­да кар­да­ни хислат, симо ва арзишҳои миллии халқу миллатҳо арз­ёбӣ мегардад.  Фақат аз нуқтаи назари руҳӣ, моддӣ ва маънавӣ чун мол, арзиш ва ҳақи ҳалоли  миллат дарк кардани истиқлолият, инчунин дарк кар­дани мо­ҳияти сиёсию фал­сафӣ, иҷ­тимоию фар­ҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди он имконият  медиҳад, ки ба пойдориву бе­заволии Истиқлолият заминаи устувор ва мустаҳкам гузошта шавад.

Зеро, аксар муҳаққиқони ба таҳқиқи ҷаҳонишавӣ машѓул, ба гло­­­­­­­ба­лизатсия ҳамчун зуҳуроти муҳими за­мони им­­рўз ва оянда назар кар­да, дар оянда таъсир ва эвол­ют­сияи онро ба давлатҳои миллӣ, миллат ва этносҳо но­муайян ва манфӣ баҳогузорӣ мена­моянд.

Ба андешаи Е.А.Авдеев «Масъала оид ба ояндаи дав­лат­­­ҳои мил­лӣ, миллат ва этносҳо дар замони муосир кушода боқӣ ме­мо­над. Дар дис­­курси муосири  иҷтимоӣ-фалсафӣ  андешаи  ягона оид  ба мо­ҳият, ша­кл ва самтҳои эволютсияи глобализатсия, миллат ва давлати миллӣ ву­ҷуд надорад. Ҳамчунин, мавқеи ягона нисбат ба ояндаи дав­латҳои  мил­лӣ дар шароити глобализатсия мавҷуд нест.»[12]

Муаллиф онро дар назар дорад, ки дар замони муосир якчанд назарияҳо оид ба глобализатсия ва буҳрони давлатҳои  миллӣ мавҷуданд, ки назари онҳо ба рушд ва таҳ­кими минбаъдаи давлатҳои миллӣ дар оянда нек арзёбӣ намегарданд. Аз ҷумла «шаҳрвандии глобалӣ», «дав­лати космополитикӣ», ҷамъияти па­со­миллӣ»  аз  зумраи чунин назарияҳо ме­бошанд, ки намояндагони он­ҳо Ю. Ха­бермас, Э.Гидденс, У.Бек «гу­за­риш аз айнияти (ин­ден­титч­ность) миллӣ ба ай­нияти нисбатан баланди глобалиро» [13] пешниҳод ме­намоянд, ки натиҷаи чунин гузаришҳо аз даст додани давлати миллӣ, айнияти миллӣ, фарҳангӣ миллӣ ва истиқ­лолияти давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, мо шоҳиди онем, ки баъзе аз давлатҳои абар­қудрат ба корҳои дохилӣ ва берунии дигар давлатҳо рўйирост ва бе ибо дахолат карда, гурўҳҳои тер­рористӣ ва экстремистиро мусаллаҳ  ва дастгирӣ менамоянд, инчунин  бо роҳи «инқилобҳои ранга» давлатҳоро ба ҳолати нобудшавӣ оварда, низоми сиёсию идоракунии онҳоро нест ва он­ҳоро аз  тарзи ҳаёти ба худ хос ва айнияти миллии худ дур мекунанд. Ҷанг дар Ироқ, Сурия, Ливия, ҳодисаҳои ҷумҳуриҳои Украина ва Бе­ло­русия аз ҳа­мин қабил мебошанд.

Ҷангҳои дар Шарқи Наздик ва дар аксар давлатҳои Африқо бо да­­холати давлатхои абарқудрат ба вуқўъпайваста, на танҳо ба киш­вар­ҳои  ҷангзада, балки ба давлатҳои аз онҳо дур низ бетаъсир наме­монанд.

Ба андешаи даҳҳо коршиносони масоили гуногун,  ба Аврупо овар­­дани миллионҳо гурезаҳо низ ба айнияти Аврупо дар 50-60 соли оянда таъсири манфии худро мерасонад. Айнияти ав­рупоӣ аз даст рафта, айнияти осиёӣ ва африқоӣ рушд мекунад. Дар за­минаи демография, яъне зиёд таваллуд кардани мардуми Осиё ва Африқо ва кам таваллуд кар­да­ни аврупоиҳои муқимӣ, айнияти аврупоӣ оҳиста-оҳиста ҷойи худ­ро ба дигар фарҳангҳо иваз мекунад. Раванди мунтазами му­ҳо­ҷи­рат ба Аврупо  низ бе таъсири манфӣ нахоҳад монд.

Давлати миллӣ-ин навъи конститутсионӣ-ҳуқуқии давлат мебо­шад, ки он шакли худмуайянкунанда ва ташкили ин ё он миллат дар ҳу­дуди муайяни мустақил ба шумор рафта, ифодакунандаи иродаи ин мил­лат мебошад.[14] Аз ин рў,  истиқлолияти давлатиро бе давлати миллӣ ва миллат ва давлати миллиро бе миллат ва истиқлолияти давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Давлати миллиро ба ѓайр аз навъи махсуси давлат будан, ин­чунин марҳалаи инкишофи давлатдорӣ низ меноманд.

Новобаста ба ин, мафҳуми ягонаи давлати миллӣ мавҷуд на­буда, мафҳумҳои мавҷуда баҳснок мебошанд. Мафҳуми «давлат-мил­лат»-ро ба ҷойи он истифода карда, зери давлати миллӣ, инчунин дав­лати мо­ноэтникӣ, мономиллӣ фаҳмида шуда, ба давлати сермиллат му­қобил гузошта мешавад.

Мутахассисон аломати хусусиятноки давлати миллиро–«соҳиб­­ихтиёрии мил­лӣ» ба ҳокимият дар дохили давлат ва мустақилият нисбат ба дигар давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ ифо­да ме­кунанд.

Ба «соҳибихтиёрии миллӣ» дахл карда, таъкид карда мешавад, ки сулҳи Вестфал миёни давлатҳои Аврупо, ки соли 1648 ба имзо ра­си­да, ба муносибатҳои байналмилалии баъди Вестфалӣ асос гузоштааст, дар пайдоиш, нақш ва мавқеи давлатҳои миллӣ заминаи воқеӣ гузоштааст. Пайдоиш ва рушди ин назарияи илмӣ ва ба гардиши илмӣ  ворид на­мудани мафҳуми «истиқлол»-ро (суверенитет) ба Жан Бо­ден- сиёсат­мадор ва файласуфи франсуз (1530-1596) ва асари ў «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» нисбат медиҳанд.

Дар илмҳои ҷомеашиносӣ, алалхусус илмҳои сиёсӣ таълимоти му­каммали истиқлол рўй кор омада, истиқлолият ҳамчун назарияи сиёсӣ арзёбӣ ме­гардад, ки бо роҳбарияти олӣ ва ҳокимияти сиёсӣ пайваст мебошад ва дар аксар вақт ин мафҳум қабули қарори сиёсиро дар дохили давлат ва  идоракунии корҳои давлатӣ ифода мекунад.[15]

Истиқлолияти давлатӣ ба халқи то­ҷик дар аввалҳои солҳои 90 -уми асри ХХ муяссар гардид, ки бо ҳамин орзуву омоли чандҳазорсолаи фарзандони ин миллат ҷомаи амал пўшид. Аммо дар ба­робари руҳ­ба­лан­дию  қаноатмандӣ,  сарфарозӣ ва ифтихор аз миллати тамаддунофар  бу­дан, арҷ гузоштан ба таърихи гузаштаи худ, мо бояд ба ҳифзи му­заф­фариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, унсурҳои сиёсию миллӣ, этникию фар­ҳангӣ ва арзишии он аҳамияти зарурӣ диҳем. Истиқлолияти миллӣ бояд идеологияи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, рушду эъти­бо­ри инкишофи шахсият, айнияти миллӣ ва сари баланду рўйи сурхи мо то­ҷи­кон бошад.

Боиси сарфарозист, ки устувор гардонидани Истиқлолияти дав­латӣ, побарҷо мондан ва таҳкими заминаҳои асосии он аз ҷониби роҳ­барияти сиёсии мамлакат ва халқи Тоҷикистон дуруст дарк карда шуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29-соли Истиқ­л­о­лияти давлатӣ ба ҳамин самт, яъне мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ ва маънавӣ, сиё­сию иҷтимоӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он равона гардид.

Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифз, нигаҳдорӣ, таҳким ва боз ҳам афзун гардонидани соҳибихтиёрии давлат, бояд маҳа­ки бар­­номаҳои сиёсии ҳамагуна ҳизбҳои сиёсии мамлакат буда, онҳо набояд ба хотири ба сари қуд­рати сиёсӣ  омадан, чунонки дар баъзе дав­лат­ҳои пасошўравӣ дида мешавад, аз даст дода шуда, мамлакат ба идо­ра­кунии дастии давлатҳои хориҷ табдил дода шавад.

Мақсади асосии ҷанги шаҳрвандӣ низ дар мамлакати мо пеш аз ҳама аз роҳи рушду инкишофи миллӣ баровардани давлат ва миллати тоҷик буда, вазифаи ниҳоҳии  ин ҷанги таҳмилӣ–нест кардани айнияти мил­лӣ, хислат ва хусусиятҳои этникӣ, ба сари халқи мо бор кар­дани тар­зи зиндагии барояш бегона, ба хурофот ва мазҳаби  дигари динӣ асос­ёфта, бо ҳамин аз байн бурдани Исти­қлолияти дав­латии мо ва зери идоракунии дастии яке аз давлатҳои исломӣ зис­тани мо ба шумор ме­равад.

Хурсандиовар он аст, ки  тири душманони миллати мо хок хурд.

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии мо ба давраҳои вазнини таърихи навини мо дохил мешавад, аммо ба нобасомониҳои солҳои ав­вал нигоҳ накарда, ис­тиқ­лолият аз тарафи мардуми тоҷик хуш па­зи­руфта шуд.Зеро Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи муборизаи дуру дарози халқ ва фарзандони баруманди миллати мо, бедорӣ, худшиносию худ­огоҳии миллии онҳо мебошад.

Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба этноси созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони барўманди халқи мо нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти мил­лӣ намерасидем.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқ­лолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд: «мову Шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва воло­тарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ва­танпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ва­тан­парвар навишта шуданд. Аз ин лиҳоз, давраи нуз­даҳсолаи истиқ­лолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерўву ѓизо мегирад».

Ҳамин аст, ки истиқлолият «муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо» арзёбӣ мегардад.[16]

Бинобар ин, истиқлолияти давлатии мо бояд ҳамчун дастоварди бузург ва беназир, натиҷаи озодихоҳиву ватанпарастӣ, сар­су­пур­дагӣ, му­бо­ризаву ҷонфидоии фарзандони барўманди миллат, бар­ма­ҳал худ­ши­носу худогоҳ будани гузаштагони мо, нақши бузургони мил­лати мо дар ѓанӣ ва рангоранг гардонидани тамаддуни ҷаҳонӣ, фарҳанги дав­лат­до­рӣ, таҳаммулпазирӣ ва дорои хусусияти инсондўстиву одампарварӣ, мав­риди фаҳмиш, таҳқиқ ва таҳлил қарор дода шавад.

Чунин муносибат ба дарки фаҳмиши Истиқлолияти давлатӣ аз он бармеояд, ки таърихи тоҷикон шурўъ аз давраи зуҳури ин халқ ва та­шаккули он ба сифати нажоди ориёӣ аз рўйдодҳои муҳими сиё­сӣ, ҳу­қуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ саршор буда, як қисмати ноҳамвори таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Раванди пайдоиш ва ташаккули ин нажод аз замонҳои хело қадим, яъне ҷамоаи авлодӣ ва қабилавӣ шурўъ гашта, расидани он ба дараҷаи хал­қият ё миллат ба осонӣ ва якранг ҷараён нагирифтааст. Бунёди халқи маз­кур дар як минтақаи ҷуѓрофии алоҳида ба туфайли омезиши авлоду қа­билаҳои гуногуни сарзамини ориёӣ, ташаккули муносибатҳои хешу­таборчигӣ, пайдоиши забон ва расму оини ягона асос ёфтааст. Саҳи­фа­ҳои таърихи он аз муборизаҳои хунин барои мавҷудият, инчунин оме­зиши таммадун, фарҳанг, забон ва нажодҳо низ орӣ нест.

Дар як сарзамини тулонӣ, аз Шимол – аз ҳавзаи рўдхонаи Волга то ба Ҳиндустони марказӣ ва аз Шарқ – аз Хитою Муѓулистон то ба рўд­хо­наи Дунаю   минтақаи Осиёи Хурд арзи ҳастӣ намудан, мубориза ва ис­то­­дагарӣ дар назди табиати сангин, омўхтан ва истифодаи табиат ба мақ­­сади баҳрабардорӣ ва беҳ намудани шароити зист, ром ва мутеи худ на­мудани ҳайвоноти ваҳшӣ, рў овардан ба чорводорӣ, даст задан ба за­миндорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию давлатдорӣ аз ҷидду ҷаҳди ҳанўз бар­­маҳали онҳо барои ҳастӣ, мавҷудият ва рушду такомул шаҳодат ме­диҳад.

Бавуҷудоварандагони аввалин дин будан, доштани пайѓамбари соҳиб­китоб бо номи Зардушт ва китоби ў Авесто, аввалин алифбо ва им­перияи бузурги ҷаҳонӣ бунёд кардан, фарҳанги оламшумул, осори хаттӣ ва ёдгориҳои меъморӣ ба мерос гузоштани онҳо нишони худ­ши­носию худогоҳии гузаштагони мо мебошад.

 Миллате дар ҷа­ҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ, ба монанди Авасто надорад ва он  барҳақ сарчашмаи маънавиёти миллати мо ба шу­мор меравад. Дар ҳамон замон дар ду нусха дар 12 ҳазор пўсти гов ва бо оби тилло  навишта шудани 1200 боб  аз худшинос  ва  соҳибтамадун бу­да­ни хал­қи мо башорат медиҳад. Мувофиқи гуфтаи муаррихи юнонӣ Пли­нӣ Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар ҷаҳон буда, аз 2 мил­лион байт иборат буд.[17]

Дар ин асари таърихӣ аҷдодони мо мазмуни фаъолияти инсони муътақидро дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян намуда, он­ро ба «рафтори бад, гуф­­тори бад ва пиндори бад»-и инсони ѓайри мўъ­тақид муқобил гузоштаанд.[18]

Ин таълимот дар тамоми давраи мавҷудияти халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи рафтору амали онҳо  боқӣ монд.

Ҳамин аст, ки 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Ка­бир амали ин­сон­дўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлат­дорӣ дида на­шуда буд. Ў эълон кард, ки ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Ода­мон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод до­ранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шар­те, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд.

Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, супориш дод, ки та­моми моли аз онҳо гирифташударо ба онҳо баргардонанд, барои онҳо ҳа­ма чизи заруриро муҳайё сохта, онҳоро ба Замини Муқад­дас гусел на­моянд.

Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Ма­сеҳ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қа­дим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ қайд карда мешавад.  Аз ин рў, яҳудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дўстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморга­рони селевкидҳо ва римиҳо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарҷ гардидаст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қо­нун­гузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Ку­руш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул  ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офа­­­рини шоҳону императорон сазовор шуда бошад, чуноне, ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад.

Соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳу­­қуқи башар дар таърих эълон карда шудааст. Нусхаи Эъломия ба ҳа­ма­и забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта ме­ша­вад. Рўзи 29 октябр – Рўзи байналмилалии Куруши Кабир мебошад.

Бо ин назардошт, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Э. Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон қайд намуданд:

«Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эъти­рофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бо­бат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиё­да аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист…

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебо­шанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талош­ҳои дониш­мандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озо­диҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Мавриди зикр аст, ки худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гу­рўҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда, таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ў имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб бу­данашро муайян намояд.

Худогоҳии миллӣ худро ҳамчун миллат дарк кардани инсон аст. Ба таври дигар гўем, он аз тарафи инсон дарк кардани амалҳои худ, ҳис­сиёт, андеша, мақсади рафтор, манфиат ва мавқеи худ дар ҷомеаро ифо­да мекунад ва рушди худогоҳӣ шарти муҳими ташаккули шахсият ба шумор меравад.

Муаррихи муосири Эрон Муҳаммад Ҷаводи Машкур менависад: «Агар порсии дарӣ забони мусалмонони Эрон намешуд ва фуқаҳои бу­зурге чун Абў Ҳанифа ба ҷонишин сохтани он забон дар адои намоз ва сиѓаҳои шаръӣ фатво намедоданд… ҳаргиз он забон наме­тавонист дар Эрон пойдор бимонад, балки монанди дигар мамо­лики фатҳшуда чун Шом ва Шимоли Африқо ба тадриҷ забони миллӣ аз байн рафта ва забони арабӣ ҷои онро мегирифт».[19]

Ҳамин тариқ, дар он давраҳои ниҳоят тезу тунди густариши дини ислом ва ҷорикунии забони арабӣ, Абў Ҳанифа тавонист қарзи миллии хешро дар назди аҳли форс адо намояд ва қоимияти забони форсиро ни­гоҳ дошта, ба дараҷаи чароѓи уммати ҳазрати Паёмбар (с) ноил гардад.

Ба ин масъала дахл карда, Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон таъ­кид доштанд, ки «Яке аз кўшишҳои ҷиддие, ки дар таърихи миллати мо барои пешгирии нуфузи забони арабӣ ва тамаддуни қавмҳои бегона кор­баст гардид, ин бузургдошти забони модарӣ, пос доштани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар замони давлатдории Сомониён буд»[20]

Дар  аҳди Сомониён, алалхусус амир Исмоили Сомонӣ  ба итмом ра­­сидани  ташаккули халқи тоҷик, шаҳодати нақши ин сулола ва амир Исмоил дар фа­­роҳам овардани шароити мусоиди  сиёсию ичтимоӣ ва муҳи­ми адабию фарҳангӣ дар роҳи шинохти ин миллат гардид.

«Ман девори Бухороям» – гуфтани амир Исмоил низ аз сатҳи баланди худ­­шиносиву худогоҳии ў дарак  медиҳад, ки дар давраи салтанати худ тавонист  амнияти давлату шаҳрвандон ва рушду такомули давлатро таъ­мин намояд, бо ҳамин ба ташаккули халқи тоҷик мусоидати назаррас намуд.

Чунонки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъкид доштанд: «Давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт ва шукўҳи  иқтидори  давлати тоҷикон  ба аҳди Сомониён, хусусан шох Исмоили Сомонӣ марбут аст.  Ин давронро метавон марҳалаи дурах­шо­ну пурифтихори тамаддуни  миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, та­шакули шахсиятҳои барўманд номид. Нирўи ақлу заковат ва созан­да­гиву эҷод­корӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид.»[21]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷум­­­ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳият ва ҷавҳари аслии истиқ­лолияти давлатиро амиқ дарк намуда, онро танҳо дар худшиносиву худ­огоҳӣ ва ҳувияти  мил­лии халқи тоҷик дарёфт. Дар давраи басо ҳасоси таърихи навини мил­латамон «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «то он вақте ки як ҳам­ва­тани мо берун аз кишвар аст, Ман худро ором ҳисобида наме­тавонам», намунаи олии шуҷоат, далерӣ ва мардонагӣ,  иф­тихор аз гу­заштаи  ноҳам­вори таъ­рихи миллат ва фарзандони ба­рўманди он ба шу­мор  меравад, ки аз ҳисси ба­ланди ватандўстӣ ва ҳу­вияти миллии ў да­рак медиҳад. Амалҳои чавон­мардонаи ў ҳосили нек ба бор овардаанд, ки мо аз са­мараи онҳо бархурдор мебошем.

Роҳбари давлат истиқлолияти миллиро пайваста тараннум, таъ­кид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фар­­­ди бо нангу номуси мил­лат арзёбӣ менамояд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол па­зируфта шудааст.

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ва­тан­дорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси мил­лии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ѓояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз му-заффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сўи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳ­на­мун ме­созанд.

Пас мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худ­шиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем. Арзишҳои мил­лиро чун гавҳараи чашм ҳифз кунем ва тоҷик  будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад.

 Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда  зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда мета­во­нем.

                                                  Шарофзода Р.Ш.

     Узви Шўрои илмӣ – машваратии назди

  Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон, мудири кафед­раи назария ва таърихи дав­­лат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷи­кис­тон, док­тори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Истифодаи технологияҳои  иттилоотӣ дар  фаъолияти Суди  конститутсионӣ  дар  партави  иттилоотонии ҳуқуқэҷодкунӣҳокимияти

 судӣ ва  адолати  судии электронӣ:

 таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ

Ҷомеаи ҷаҳон дар марҳилаи муосир ба марҳилаи нави таърихӣ – ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ қадам ниҳодааст. Технологияҳои иттилоотӣ, ки таҳкурсии ҷомеаи иттилоотиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешаванд. Онҳо дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, амалисозӣ, татбиқ, тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ истифода мешаванд. Иттилоотонии ҷомеа, ки яке аз самтҳои сиёсати иттилоотии давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро мегирад. Иттилоотонии ҳокимияти судӣ низ дар ҳошияи ҳамин сиёсати давлатӣ сурат мегирад. 

Бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, татбиқи онҳо, иттилоотонии ҷомеа, ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ, ҳифзи амнияти иттилоотӣ як қатор ҳуҷҷатҳои давлатии стратегӣ ва барномавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқиии дахлдор қабул шудаанд. Аз ҷумла, дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003 тасдиқ шудааст, мафҳуми «ҷомеаи иттилоотӣ» чунин баён мегардад: «Зинае дар рушди тамаддуни муосир, ки ба он афзоиши нақши иттилоот ва донишҳо дар ҳаёти мамлакати ҷудогона ё ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон (ҷомеаи глобалии иттилоотӣ), афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ хос аст»[22]. Дар  ҳуҷҷати мазкур таъкид мегардад, ки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти миллӣ, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрўю эътибори мамлакат дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2008 тасдиқ шудааст, истифодаи самараноки фазои иттилоотӣ чун шохаи муҳимми сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад[23].

Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ-коммуни-катсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Барномаи давлатии инкишоф ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи амалӣ намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи системаи иттилоотии идоракунии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигарҳо аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ мебошанд, ки заминаҳо ва стратегияи ташаккулу рушди ҷомеаи иттилоотиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи имзои рақамии электронӣ», «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи амният», «Дар бораи амнияти иттилоотӣ», «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ва дигарҳо қабул шудаанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Низомнома дар бораи ҳисоб ва қайди давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи баҳисобгирӣ ва назорат аз рафти истифодаи захираҳои давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи ташаккул, истифода ва ҳимояи захираҳои давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои кушоди электронӣ, барномаҳои мошинҳои электронӣ-ҳисоббарорӣ, Тартиби ташкил ва ба роҳ мондани Фонди миллии санадҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳо дар соҳаи меъёрикунии техникӣ, Тартиби ҷамъ ва ҷойгир намудани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар портали Интернетии Барномаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди иқтидор ва моликияти зехнии инсон барои давраи то соли 2020 тасдиқ шудаанд.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2019 тасдиқ шудааст, вазифаи зайл дар самти иттилоотонии низоми судии ҷумҳурӣ чунин баён мегардад: «Принсипи конститутсионии ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ буда, иҷрои вазифаҳои мурофиаи судиро барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин менамояд. Дар ин раванд, дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин, зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ ба миён омадааст»[24].

Солҳои охир дар адабиёти илмӣ мафҳумҳои нави илмӣ, ба мисли «адолати судии электронӣ дар фаъолияти Суди конститутсионӣ», «иттилоотонии адолати судии конститутсионӣ», «системаи иттилоотии Суди конститутсионӣ», «бойгонии электронии Суди конститутсионӣ», «технолгияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти Суди конститутсионӣ» истифода мешаванд. Ба андешаи муҳаққиқону коршиносон, системаи иттилоотии Суди конститутсионӣ унсурҳои зеринро фаро мегирад: бойгонии электронӣ, китобхонаи электронӣ, Web-портал, системаи электронии нашри қарорҳо.  

Ҳамаи ин далел бар ин аст, ки иттилоотонии фаъолияти Суди конститутсионӣ яке аз проблемаҳои мубрами илмӣ ва амалӣ маҳсуб мешавад.

Проблемаи зикршуда бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ва самтҳои рушди иттилоотонии ҳокимияти судӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ таҳқиқ карда мешавад. Аз ҷумла, раванди иттилоотонии фаъолияти Суди конститутсионии Федератсияи Россия соли 2007 оѓоз гардида буд. Соли 2008 дастрасӣ ба бойгонии Суди конститутсионии Федератсияи Россия тавассути Интернет таъмин мегардад.

Мебояд зикр намуд, ки иттилоотонии фаъолияти Суди конститутсионӣ дар партави иттилоотонии ҳокимияти судӣ ва адолати судии электронӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад, масалан, дар Россия Қонуни Федералӣ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳои Федератсияи Россия» соли 2008 қабул шуда, соли 2010 эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Иттилоотонии ҳокимияти судӣ дар Барномади давлатии мақсадноки «Рушди низоми судии Россия дар солҳои 2013-2020» пешбинӣ гардидааст.

Мафҳуми «адолати судии электронӣ» дар Барномади давлатии мақсадноки «Рушди низоми судии Россия дар солҳои 2013-2020» чунин баён мегардад: тарз ва шакли татбиқи амалиёти мурофиавии дар қонун пешбинишуда дар мақомоти судӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла робитаи байни судҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ (рақамӣ).

Ба иттилоотонии ҳокимияти судӣ, аз он ҷумла иттилоотонии фаъолияти Суди конститутсионӣ дар илми пасошўравӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Бо мақсади таҳқиқи илмии раванди иттилоотонии ҳокимияти судӣ ва ташкили адолати судии электронӣ асарҳои зиёди илмӣ нашр мешаванд[25].

Оид ба мафҳуми «адолати судии электронӣ» нуқтаҳои назари гуногун ҷой доранд. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар рафти муҳокимаи судӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронии судӣ, дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судӣ, бойгонии судӣ чун унсурҳои асосии адолати судии электронӣ арзёбӣ мегарданд[26].

Зикр кардан бамаврид аст, ки иттилоотонии адолати судӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҳанўз охирҳои солҳои 1990-ум оѓоз шуда буд. Имрўз дар ИМА, Британияи Кабир, Франсия, Шветсия, Швейтсария,  Австралия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Нидерландия, Зелландияи Нав, Хитой, Филиппин адолати судии фосилавӣ ва системаи электронии далелҳо истифода мешавад.

Адолати судии фосилавӣ таъсиси суди электрониро пешбинӣ мекунад. Дар як қатор давлатҳои хориҷӣ судҳои электронӣ аллакай фаъолият доранд. Нахустин суди электронӣ дар Нидерландия соли 2011 таъсис дода шуд. Дар Ҳиндустон суди электронӣ аз соли 2013 фаъолият дорад.  

Суди электронии Нидерландия баргузории Интернет-судро оид ба баҳсҳои гражданӣ дар назар дорад. Қарорҳои суди электронии Нидерландия барои тарафҳо ҳатмӣ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти судҳои Сингапур бори аввал соли 1997 татбиқ мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки даъвоҳои судӣ дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд. Имрўз ин тартиб барои ҳамаи парвандаҳои гражданӣ ҳатмӣ мебошад.  

Ҳамзамон бо ин, иттилоотонии фаъолияти Суди конститутсионӣ танҳо бо иттилоотонии ҳокимияти судӣ маҳдуд намешавад. Иттилоотонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ки имрўз дар Тоҷикистон ва давлатҳои дигари пасошўравӣ бо суръати баланд идома дорад, яке аз омилҳои муҳимми таъсиргузор ба иттилоотонии Суди конститутсионӣ маҳсуб мешавад.

Тартиби истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 12-уми апрели соли 2017 муайян карда мешавад[27]. Аз ҷумла, дар м. 5-уми Қонун интишори санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситаҳои дигар расонидани ин санад ба маълумоти омма, аз ҷумла бо воситаҳои электронӣ, интишори лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи умум тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар сомонаҳои расмии субъектони ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои  санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд) пешбинӣ мешавад.

Дар б. 3-юми м. 6-уми Қонуни мазкур роҳҳои зерини истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ пешбинӣ мешаванд: ҷойгир намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда; истифодаи сомонаҳои расмӣ бо мақсади муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда; истифодаи шаклҳои электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; истифодаи махзанҳои ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; истифодаи шакли электронии паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҳамаи давраҳои ҳуқуқэҷодкунӣ; паҳн намудани иттилоот оид ба ҷаласаҳои мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;  паҳн намудани иттилооти дигар оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ.

Қонун пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад (м. 15). Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъектони дахлдори ҳуқуқэҷодкунӣ дар сомонаи расмии онҳо ҷойгир карда мешаванд (б. 4 м. 31). Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири тамзимкунӣ дар  Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири тамзимкунӣ ҷойгир карда мешавад (б. 2 м. 36 Қонун). Портали интернетӣ чун махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад (м. 39).

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар як вақт ҳам дар ҳомили коѓазӣ ва ҳам дар ҳомили электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод карда мешавад (б. 2 м. 63 Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»). Тибқи м. 66-уми Қонуни мазкур, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», рўзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сарчашмаҳои расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб мешаванд. Қонун имконияти интишори ѓайрирасмии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар нашрияҳои чопӣ ва электронии ѓайрирасмӣ пешбинӣ мекунад (м. 70). Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сомонаи Интернет ҷой диҳанд, дастрасии иттилоотро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин намоянд (м. 74). Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун низоми электронии мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ тавсиф мегардад (м. 93).

Тавре мушоҳида мешавад, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ифодаи худро ёфтаанд. Мебояд зикр намуд, ки ақидаи ифодаи меъёрии қоидаҳои махсуси танзимкунандаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва иттилоотонии қонунгузорӣ дар адабиёти илмӣ ҷонибдорони зиёд дорад[28].

Тибқи «Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018, таҳти № 167 тасдиқ шудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мақомоти номбаршуда ва Бонки миллӣ дар рўзномаҳои «Ҷумҳурият» ё «Садои мардум» ройгон расман интишор карда мешаванд. Ҳамчунин матни пурраи санадҳои мазкур ҳатман дар сомонаи расмии мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода мешавад[29].

Таҳлили қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ нишон медиҳад, ки иттилоотонии қонунгузорӣ бо истифодаи сомонаҳои Интернетӣ, порталҳои иттилоотӣ маҳдуд намешавад. Технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мониторинги ҳуқуқӣ, тафсири ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ низ истифода мешаванд. Дар як қатор давлатҳои аъзои ИДМ таҷрибаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, дар манбаъҳои иттилоотии ѓайрирасмӣ ташаккул ёфта истодааст.

Дар адабиёти илмӣ дар робита бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ мафҳумҳои нави илмӣ, аз қабили  «санади меъёрии ҳуқуқии электронӣ», «санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли ҳуҷҷати электронӣ», «Интернет-портал», «сомонаи расмии мақоми ҳуқуқэҷодкунӣ», «сомонаи Интернет», «веб-сайт», «Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ» ва дигар пешкаш ва таҳқиқ карда мешаванд. Мафҳумҳои мазкур дар қонунҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешаванд.

Ба андешаи муҳаққиқон, солҳои наздик дар баробари иттилоотонии қонунгузорӣ ҳамчунин рақамигардонии қонунгузорӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Тавре С.В. Липен қайд мекунад, иттилоотонӣ натиҷаи инқилоби саноатии сеюм буда, бо истифодаи Интернет, компютер, барномаҳо, гаджетҳо алоқаманд аст, рақамигардонӣ бошад, давраи чоруми инқилоби саноатиро ташкил дода, истифодаи зеҳни сунъӣ, мошинҳои иттилоотии таълимдиҳанда, таъминоти барномавии нав, технологияҳои компютерии навтаринро дар назар дорад[30].

Дар илми ҳуқуқшиносии пасошўравӣ бо назардошти истифодаи тарзҳо ва шаклҳои анъанавии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳуми санадҳои мазкур ба ҳайси ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, ки дар шакли  ҳомили коѓазӣ нашр шудааст, истифода мешавад. Дар як қатор давлатҳои пасошўравӣ нашрияҳои чопӣ мисли пештара шакли асосии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шарти интишори онҳо дар нашрияҳои ѓайрирасмӣ маҳсуб мешавад. Чунончи, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияҳои ѓайрирасмӣ, инчунин паҳн намудани онҳо тавассути системаҳои иттилоотии электронии қонунгузорӣ танҳо пас аз интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ имконпазир аст[31].  

Айни замон дар як қатор кишварҳои ИДМ технологияҳои нави иттилоотӣ зимни интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд. Дар ин ҳолатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли ҳам ҳомили қоѓазӣ ва ҳам ҳуҷҷати электронӣ, ки аҳамияти расмӣ дорад, баромад мекунад. Чунончи, дар қонунҳои Қазоқистон ва Туркманистон «Дар бораи  сандҳои ҳуқуқӣ» ду мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад: 1) ҳуҷҷати ҳуқуқии расмӣ дар «ҳомили коѓазӣ»; 2) ҳучҷати ҳуқуқиии расмӣ дар шакли «ҳуҷҷати электронӣ». Ҳар ду шакли санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори расмӣ доранд[32].

Дар Қонуни Ҷумҳурии Қирѓизистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳомили ҳам коѓазӣ ва ҳам электронӣ пешбинӣ мешавад. Санади меъёрии ҳуқуқӣ дар як вақт дар ду шакл интишор мешавад[33]

Чунин таҷриба дар як қатор давлатҳои дигари пасошўравӣ низ истифода мешавад. Дар ин давлатҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳомили коѓазӣ (анъанавӣ) ва электронӣ интишор мешавад. Дар ҳар ду ҳолат санади меъёрии ҳуқуқӣ пас аз интишор шуданаш дар нашрияҳои расмӣ ва дар шакли ҳуҷҷати электронӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Эътибори ҳуқуқии шакли қоѓазӣ ва электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳам баробар карда мешавад. 

Айни замон дар як қатор давлатҳои аъзои ИДМ таҷрибаи дигар ташаккул ёфта истодааст. Чунончи, қонунҳои ҷумҳуриҳои Беларус ва Арманистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  пешбинӣ мекунанд, ки санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ интишор мешавад[34]. Тавре мушоҳида мешавад, таҷрибаи қонунгузрии ин давлатҳо шакли анъанавии интишори санади меъёрии ҳуқуқиро бо шакли нави электронӣ иваз мекунад.

Дар як қатор кишварҳои пасошўравӣ технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни гардиши ҳуҷҷатҳо низ истифода мешаванд. Чунончи, тибқи қонунҳои Қазоқистон, Беларус, Молдова «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» гардиши электронии ҳуҷҷатҳо тавассути имзои электронӣ сурат мегирад[35].

Дар шароити рушди илмӣ-техникӣ нуфуз ва аҳамияти санадҳои (ҳуҷҷатҳои) техникӣ меафзояд. Дар як қатор давлатҳои пасошўравӣ ба танзими ин санадҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ таваҷчуҳи махсус дода мешавад. Чунончи, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Беларус  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ, ки онҳоро тасдиқ намудааст, инчунин дар дигар манбаъҳои интернетӣ ҷойгир карда мешаванд.   

Технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни тафсири ҳуқуқӣ низ истифода мешаванд. Чунончи, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ» санади тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаи интернетии мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдори дахлдор ҷойгир карда мешавад.

Дар бештари давлатҳои пасошўравӣ, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Суди конститутсионӣ дар нашрияи расмӣ интишор мешаванд. Айни замон дар як қатор давлатҳои пасошўравӣ истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ин соҳа пешбинӣ мешавад. Чунончи, тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Озарбойҷон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қарорҳои Суди конститутсионӣ оид ба татбиқи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ ҳатман дар шакли электронӣ интишор мешаванд[36].

Дар Қонуни Ҷумҳурии Беларус «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» инкорпоратсияи электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ мешавад. Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Озарбойҷон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Маҷмўи қонунҳо дар шакли электронӣ нашр мешавад.

Дар давлатҳои пасошўравӣ ба таъмини фазои ягонаи ҳуқуқии давлатҳои аъзои ИДМ, аз он ҷумла дар соҳаи иттилоотонии қонунгузорӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Чунончи, дар «Қонуни намунавии ИДМ оид ба амалисозии коргузории меъёрэҷодкунӣ дар заминаи системаи автоматии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрӣ» меъёрҳо ва тавсияҳо оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо мақсади ташкили захираи ягонаи иттилооти ҳуқуқии ИДМ пешбинӣ мешаванд. Он барои ҳамоҳангсозии фаъолияти меъёрэҷодкунии давлатҳои аъзои ИДМ, гардиши ҳуҷҷатҳо, пешгирии ихтилофоти ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Системаи автоматии таҳияи санадҳои меъёрӣ («АС ПНА») дар ҳамаи давраҳои ҳуқуқэҷодкунӣ истифода шуда, лоиҳаи санади меъёрӣ, тамоми иттилоотро оид ба қабул ва имзои санди меъёрӣ, инчунин шиносномаи электронии санади меъёриро дар бар мегирад. Он бо мақсади ҷамъ, нигоҳдорӣ, истифода, мубодилаи иттилоот оид ба санадҳои меъёрии давлатҳои аъзои ИДМ пеш бурда мешавад.

Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Созмони ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар моҳи декабри соли 2002 Созишномаи ҳамкориро дар соҳаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа ба имзо расониданд. Он барои наздик намудани қонунгузории миллии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.

Тавре маълум мешавад, иттилоотонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигари аъзои ИДМ маҳсуб мешавад. Айни замон иттиоотонии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба фаъолияти Суди конститутсионӣ низ таъсир мерасонад, чунки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ объекти асосии санҷиши судии конститутсионӣ мебошанд. Тибқи м. 89 Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумла ташкил медиҳад: «муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия».

Табиист, ки шакли анъанвӣ ва электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ объекти санҷиши судии конститутсиониро таѓйир медиҳанд. Дар давлатҳое, ки шакли анъанавӣ ва электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз лиҳози эътибори ҳуқуқии ин санадҳо баробар карда мешавад, ё танҳо шакли электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад, предмети санҷиши судии конститутсионӣ бо ҳамин шаклҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.  

                                                             Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо,

                                                             Судя-котиби Суди конститутсионии

  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Конститутсия дастоварди арзишмандтарини давлати соҲибистиҚлоли тоҶикистон

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиё­сиву ҳуқуқӣ ва таърихӣ дар ташаккул ва рушди давлату давлатдории мамолики ҷаҳон нақши басо муҳим дорад[37].  Агар ба ташаккул ва рушди давлатдории навини тоҷикон назар кунем, бахусус дар  роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон Конститутсия нақши калидӣ дорад.  Маҳз ҳамин  нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­– Пешвои миллат, Президенти Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш махсус таъқид намуда, иброз доштаанд, ки «Қабули Консти­тутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шу­мор рафта, натиҷаи мантиқии та­лошҳои ҷо­меаи адолатпарвар дар роҳи раси­дан ба мар­ҳа­лаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муар­рифии кишвари мо ба оламиён мебошад»[38].

Таҷриба нишон медиҳад, ки ин санадҳои муҳим дар ташаккули ниҳодҳои дав­латдорӣ, афкори сиёсию ҳуқуқии инсоният ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд ва дар худ андеша ва ғояҳои инсон­дӯс­тонаро таҷассум мекунанд.

  Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз таърихи пайдоиши хосса дорад.

  Дар ташаккулу таҳкими ниҳодҳои давлат­дории тоҷикон дар марҳилаҳои муайяни даврони шўравӣ маҳз конститусияиҳои ҳа­мон давраи Тоҷикистон, ки дар асос ва муто­биқи конститутсияҳои Шўравӣ қабул гардида буданд, заминаи ҳуқуқӣ гузошта буданд[39]

  Ба соҳибихтиёрӣ ноил гардидани Тоҷи­кистон боиси дар сатҳи конститутсионӣ аз нав муайян кардани асосҳои сохтори ҷамъиятӣ, сохтори давлатӣ, заминаи ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар гардид. Бинобар ҳамин, маҳз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷи­кистон заминаи воқеии қабули Конститутсияи соли 1994 маҳсуб меёбад.

Заминаи ҳуқуқии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ давлати соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон эълон гар­дида буд. Маҳз дар ин Эъломия якумин бор эълон шуд, ки амали Конститутсия ва қо­нун­ҳои Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди он муқар­рар карда мешавад. Инчунин муайян гардид, ки Эъломияи мазкур барои таҳияи Консти­тут­сияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебо­шад. Умуман, коршиносон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ Эъломияро дар тайёр ва қабули конститутсияи нав ҳамчун асоси сиёсӣ – ҳуқуқӣ маҳсуб медонанд[40].

Бояд таъкид намуд, ки бо со­ҳиб­ихтиёр гардидани Тоҷикистон кишвари мо ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қо­нунҳои амалкунанда дар солҳои 1991-1992-юм фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву бесару­сомониҳо ба миён омаданд.

Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдо­рӣ гузаштани Тоҷи­кис­тон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳара­кат­ҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагар­ди­дани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ овар­да расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт[41].

Барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа ва ризоияту ваҳдати миллӣ зарурати таъсиси давлати нави ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамо­ми ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар нав­бати худ тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ бояд бо қабул наму­дани Конститутсияи нав ба расмият дароварда мешуд. Ва ин имконияти таърихӣ танҳо баъди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ амалӣ гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Пешвои миллат мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дун­явӣ қатъиян эълон намуд, ки он роҳи мин­баъ­даи рушду такомули давлату давлатдории на­вини моро муайян кард.

Ба ин раванд Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки масъалаи қабули Консти­тут­сияи навро баррасӣ намуд ва ҷиҳати таҳияи он Комиссияи конститутсиониро таъсис дод, ҳусни оғоз бахшид. Дар ҷараёни кори комиссия таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули Конститутсияи дав­лат­ҳои пешрафтаи демократӣ мавриди омӯ­зишу баҳрабардорӣ қарор гирифт[42]. Бо ин мақсад аъзои гурӯҳи кории Комиссияи консти­тутсионӣ якчанд маротиба ба Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва як қатор давлатҳои аврупоӣ сафар карданд.

Дар баробари ин, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқи байналми­лалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи             инсонро танзим менамоянд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Пай­мони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Ав­рупо мавриди омӯзиш қарор ёфтанд ва муқар­рароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули  Конститутсияи кишвар саҳми бузург доранд, нақши ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро дар таъмини амният ва суботи ҷомеа, дар рушду таҳкими давлати соҳиб­истиқлол, муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуданд, ки «баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқти­со­диву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва ба­рои суботи конститусионӣ заминаи муста­қим фароҳам овард»[43].

Бо дарки воқеияти таърихи сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа, роҳбарияти олии киш­вар ба хулосае омад, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гар­дад. Зеро таҷрибаи талхи кишвари мо собит сохт, ки бо талабу пофишории қувваҳо ва гу­рӯҳҳои гуногуни сиёсӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар як рӯз ба Конститутсия якчанд тағйирот ворид мекард, ки онҳо баъзан мухолифи ҳамдигар буданд.

Бо ин мақсад лоиҳаи Конститутсия ба му­ҳо­кимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа мардуми Тоҷикистон бевосита бо маз­муну мӯҳтавои он шинос шуда, ба унвони Комиссияи конститутсионӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳоди таш­ки­лоту созмонҳо ва шахсони алоҳида ворид гар­дид, ки ҳамаи онҳо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор ёфтанд ва ба инобат гирифта шуданд.

  Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон та­ҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро му­айян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи нави ноил гардидан ба соҳи­б­ихтиёрии давлатӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон мебошад. Ин конститутсияест, ки бо забони тоҷикӣ бо дасти худи тоҷикон таҳия ва қабул гадидааст. Он таҷассумгари орзуву ор­мони тоҷикон дар бунёди давлати миллии хеш мебошад.

Дар заминаи амалигардонии мақсад ва вазифаҳои таърихии эълоннамудаи Конститутсия, аз қабили бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати де­мократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии он, дар давраи нис­батан кўтоҳи таъ­рихӣ дар мамлакат амният ва тар­­­ти­боти ҳуқуқию ҷамъиятӣ барқарор гардида, кафолати ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрванд таъмин гардид.

Дар навбати худ, ин барои эҳё ва рушду таҳкими низоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароит фароҳам оварда, ҷиҳати гузаштани мам­лакат аз кишвари аграрӣ ба давлати саноатӣ-аграрӣ ва тех­нологӣ мусоидат намуд, ки барои сохтмони ҳазорҳо корхонаҳои хурду миёна ва ка­ло­ни са­­ноатӣ, ташкили садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва баланд рафтани сатҳи некўаҳволии мардуми шарафманди Тоҷикистон оварда расонид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комил­ҳу­қуқи ҷо­меаи ҷа­ҳон, ки аз дебочаи Кон­сти­тутсия сар­чашма мегирад, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон та­вассути ташаббусҳои созандаи худ нақши арзанда дорад.

  Ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ Конститутсия асоси дигаргунсозиҳое мебошад, ки онҳоро хусусияти рушди давлатдории муо­сир тақозо менамояд. Баробари рушди усту­вору пайдарпайи ҷомеа, дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуқўъ мепайвнданд, такмили меъёрҳои Конститутсия ва мукаммалгардонии қонунгузории ҷумҳури­ро тақозо менамояд.

Таѓйироту иловаҳое, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гарди­данд, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро так­мил дода, ба барқарории сулҳу субот дар кишвар ҳукми конститутсионӣ бахшиданд, ба рушди минбаъдаи равандҳои де­мократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии бай­налмилалӣ мусоидат намуданд[44].

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, дар таърихи начандон тўлонии худ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байнал­милалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф карда шуд.

Муҳимтарин ѓояи Конститутсия – идеяи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Тоҷикистон аст. Ин се истилоҳ ифодакунандаи моҳияти афкори пешқадам дар таърихи башарият маҳсуб меёбанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, яъне дар сатҳи    Конститутсия  арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, боиси аз тарафи кор­шиносони байнал­хал­қӣ дар радифи 5 Конс­титутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) эътироф намудани Конститутсияи мо гардидааст[45].

Вазъи сиёсиву иҷтимоии зудтаѓйирёбанда ва ташвишовари ҷаҳони муосир собит месозад, ки дар баъзе кишварҳо бинобар сарфи назар гардидани арзишҳову меъёрҳои Конститутсия  ва риоя накардани қонунгузорӣ, давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гашта,  ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳо ба миён омадааст. Дар чунин шароит Тоҷикистон бо риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд.

Дар заминаи меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ ва кафолати давлатӣ дар ин самт, Ҷумҳурии То­­ҷикистон чун тамоми дигар давлатҳои ҷаҳон ба мубориза ва пеш­­гирӣ аз пандемияи COVID-19 бархоста, тавассути пешбинӣ на­­мудани чораҳои саривақтӣ дар мамлакат садди роҳи паҳн­шавӣ ва оқи­батҳои ногувори ин беморӣ гирифта шуд. Ҷиҳати татбиқи ин кафолати конститутсионӣ, давлат минбаъд низ та­м­оми чораҳои заруриро барои пурра аз байн бурдани ин бе­мо­рӣ  хоҳад андешид.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлолияти миллӣ ва амнияти конститутсионии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия, ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

 Бино­бар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волои­яти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу но­мус мебошад.

  Дар татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озоди­ҳои шаҳрвандон, ки меҳвари низо­ми демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷум­ла Суди конститутсионӣ нақши бағоят му­ҳим дорад.

  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқло­лият ва самараи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конс­титутсия фаъолият мекунад ва барои пеш­бурди фаъолияташ тамоми заминаҳои ташки­ливу ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

  Суди конститутсионӣ барои таъмини во­лоияти меъёрҳои Конститутсия ва амали бево­ситаи онҳо дар қаламрави кишвар масъул буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя мена­мояд ва тавассути мурофиаи судӣ адолати конститутсиониро ба амал мебарорад.

  Хулоса, Конститутсия ҳамчун ҳуҷчати барномавии ҳаёти дав­лат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикис­тонро барои солҳои тўлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конс­ти­тут­сия – кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд, қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.

                                                                   Соибов З.М.

Декани факултети идоракунии

давлатии АИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент

ОМИЛҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ АСОСИИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ самти нави рушди ҷомеа ва давлатро интихоб намуд. Яке аз роҳҳои наве, ки Тоҷикистон дар ин айём ба он майл кард, ин гузариш ба иқтисоди бозорӣ мебошад, ки таѓйироти муҳимми низоми иқтисодии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.[46] Дар иртибот бо ин, соҳаҳо ва падидаҳои гуногуни иқтисодӣ зуҳур кард, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон нисбатан нав буданд. Аз ҷумла, фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, бахши хусусӣ, сармоягузорӣ ва ѓ. Фаъолияти иқтисоди хориҷӣ[47] дар ин раванд аз ҷумлаи самтҳои нави афзалиятноки фаъолияти иқтисодӣ[48] дар кишвар ба шумор меравад, ки ба ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҷагии ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Давлатҳои пасошўравӣ бо шиддати баланд ин самти соҳаи иқтисодиётро устувор ва мукаммал намуданд ва он ба таври воқеӣ (объективӣ) воситаи муҳимтарини муаррифии кишвар дар сатҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва унсури ҷудонопазири низоми иқтисоди бозориро касб намуд. Гардиш дар иқтисоди бозории навъи кўшода, хотимаёбии инҳисори (монополияи) давлатӣ ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ дар сатҳи рақобати молҳо ва сармояи хориҷӣ дастрас бошад, ҳамчунин ҳамгироии иқтисодиёт бо хоҷагии ҷаҳонӣ амалӣ карда шавад.[49]   

  Чуноне маълум аст, ҳар як соҳаи нави бавуҷудомада, хусусан соҳаҳои наве, ки дар соҳаи иқтисодиёт ба миён меоянд, мавриди танзим ва идоракунии давлатӣ қарор мегиранд. Фаъолияти иқтисоди хориҷӣ низ чун дигар самтҳои фаъолияти иқтисодии кишвар бо мақсади устувор, созгор ва банизомгардӣ, аз ҷониби давлат танзим ва идора мешавад. Идоракунии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат дар соҳаи иқтисодиёт аст.[50] Бинобар ҳамин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои аввали касби Истиқлолияти давлатӣ, дар самти танзим ва идораи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тадбирҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқиро таҳия ва амалӣ намуда буд. Бо ҳамин мазмун, тадбир ва воситаи муҳимтарини танзими давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ин фаъолияти гумрукӣ мебошад.

  Дар воқеъ, фаъолияти гумрукӣ пеш аз фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, бо ташкили давлати мустақил, таъсиси сарҳади давлатӣ, мавқеи устувори давлат дар сатҳи байналхалқӣ дар соҳаҳои гуногун (хусусан, соҳаи иқтисодӣ), авҷгирии савдо ва дигар омилҳои муҳим вобастагӣ дорад. Таърихан фаъолияти гумрукӣ шаҳодат медиҳад, ки он бо таъсис ва мустақилияти давлат иртибот дошт. Махсусан, таъсиси сарҳадҳо, ки нишонаи муҳимтарини давлат ҳамчун ташкилоти сиёсии ҷомеа мебошад, асоси ба миён омадани фаъолияти гумрукӣ буд. Ҳанўз аз давраҳои пеш аз милод, ки давлатҳои қадим зуҳур карда буданд, мантиқан ташкили фаъолияти гумрукиро ба роҳ монда буданд. Яъне, тиҷорат ва робитаҳои иқтисодӣ байни давлатҳо ташкил гардида буд. Дар доираи ин, тоҷирон, ки ба дигар давлатҳо баҳри тиҷорат ворид мегардиданд, ҳавасманд гардонида мешуданд.

  Барои таҳаввул ва рушди фаъолияти гумрукӣ, дар меҳвари асосӣ рушди тиҷорат, савдо ва ҳамкории тиҷоратии байнидавлатӣ қарор дорад. Яъне, асоси пайдоши онро чун падидаи иҷтимоӣ тиҷорат ташкил медиҳад. Таърихи ташаккули фаъолияти гумрукии давлатҳои қадим шаҳодат медиҳад, ки бо инкишофи тиҷорат фаъолияти гумрукӣ чун воситаи танзиму банизомдарории он ташаккул ёфтааст. Чунончи, тибқи яке аз маълумотҳои таърихӣ, боҷҳо ва андозҳои гумрукӣ яке аз намудҳои қадимаи андозҳо ба шумор меравад, ки баъзе аз шаклҳои онҳо дар Мисри қадим ва Шарқи наздик дар ҳазораи сеи то милод ба миён омадаанд, ки барои ҳифзи корвони савдо дар роҳи ҳаракати онҳо ситонида мешуданд ва баъдан чун воситаи муҳимтарини танзими ҳолати бозори дохилӣ табдил гардид.[51]

  Ё ин ки дар Руссияи таърихӣ таҳаввули фаъолияти гумрукиро бо бастани шартномаҳо дар соҳаи савдо иртибот менамоянд.[52] Яъне, асоси пайдоиши фаъолияти гумрукиро дар ин давлат, маҳз тиҷорат ва равобити тиҷоратӣ ташкил менамуд. Бо ҳамин мазмун, тазаккур додан ҷоиз аст, ки фаъолияти гумрукӣ ва ташаккули он бо рушди тиҷорат ва иртиботи савдоии байнидавлатӣ алоқаманд буда, асоси онро ташкил медиҳад.

  Вожаи «гумрук» худ низ бо мафҳумҳои тиҷорат, савдо ва амсоли инҳо алоқамандӣ дорад. Вожаи мазкур аз калимаи туркии (усмо­нӣ) «gȍmrȕk» бармеояд, ки баъдан ба забони форсӣ ворид гардидааст. Моҳияти истилоҳи номбурда аз калимаи лотинии «commercium» ибтидо мегирад, ки мазмунан ифодагари тиҷорат ва савдо мебошад. Истилоҳи «commercium» аз ду унсур иборат аст: «com» ва «merx». Унсури дуюм «merx» дорои решаҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад, ки маънии «гирифтан»-ро дорад.[53] Истилоҳи «гумрук» ба забони тоҷикӣ аз забони форсӣ ворид гардидааст, ки онҳо таъриҳан бо ҳам алоқамандии зич доранд.[54] 

  Халқи тоҷик, ки аз ҷумлаи халқҳои қадим ба шумор меравад, таҷрибаи бойи давлатдорӣ, идоракунӣ ва намудҳои муайяни фаъолиятро доро мебошад. Таҷрибаи фаъолияти тиҷоратии халқи тоҷик ба умқи таърих рафта мерасад. Дар маъхазҳои таърихӣ пайдоиши истилоҳи «тоҷик»-ро дар баробари дигар мазмунҳо, ба маънии «тоҷир» низ иртибот донистаанд. Дар яке аз сарчашмаҳои илмии ватанӣ оварда шудааст, ки аҷдодони аз замони қадим бо тиҷорат бештар машѓул шуда, дар ташаккули Шоҳроҳи бузурги абрешим ҳиссаи бузург гузоштаанд. Ҳамин касби тоҷирӣ минбаъд асоси номи халқамон гардидааст.[55] Яъне, истилоҳи тоҷик аз решаи калимаи тоҷир гирифта шуда, мазмунан ифодагари халқу миллате мебошад, ки ба тиҷорат машѓуланд. Бинобар ҳамин, халқи тоҷик аз қадим ба тиҷорат машѓул буда, шуѓли маъмули онҳо ба шумор мерафт. Минтақаҳои сукунатдоштаи халқи тоҷик (яъне, Тоҷикистони таърихиро дар назар дошта мешавад) аз лиҳози иқлим, табиат ва шароити зисту зиндагонӣ мусоид буда, барои машѓул шудан ба намудҳои гуногуни фаъолият,[56] аз он ҷумла фаъолияти тиҷоратӣ имкониятҳои васеъро ба бор меовард.

Рушди тиҷорат тадриҷан ба ҳамкории иқтисодии давлатҳо мусоидат намуда, механизмҳои батанзимандозии он давра ба давра коркард гардид. Яке аз тадбирҳое, ки дар ин самт истифода мегардиданд, ин муайяннамоии пардохтҳо ва андозҳои муайян аз тоҷироне, ки молу маҳсулотҳоро аз қаламрави кишвар вориду содир менамуданд. Дар асри миёна дар қаламрави Тоҷикистони таърихӣ истилоҳи «боҷгоҳ» истифода мегардид. Боҷгоҳ маконе дониста мешуд, ки дар он пардохтҳо ситонида мешуданд. Истилоҳи мазкур бо мафҳумҳое чун «боҷ», «боҷгир», «боҷдеҳ», «боҷситон», «боҷдов», «боҷгузор» ва ѓ. алоқаманд буд.[57] Дар боҷгоҳ пардохтҳои муқарраргардида аз тоҷирони интиқолкунандаи молҳо тавассути қаламрави давлат ситонида мешуд, ки ин мантиқан фаъолияти гумрукиро инъикос менамуд.

Ҳамзамон, дар сарзамини таърихии халқи тоҷик вожаи «тамѓа» (нишона) истифода мегардид, ки моҳиятан ифодагари фаъолияти гумрукӣ буд. Масалан, дар давраи Амир Темур аз тоҷирон, хусусан тоҷироне, ки ба фаъолияти тиҷоратии байнидавлатӣ машѓул буданд, андоз меситониданд, ки онро «тамѓа» меномиданд.[58] Корбурд ва истифодаи истилоҳи тамѓа барои тоҷирон боиси ба миён омадани истилоҳи «таможня» гардид. Истилоҳи зикршуда аз калимаи туркии «тамѓа»[59] ба миён омада, маънояш муҳр, нишона, аломат ва ѓ. мебошад.[60] Истилоҳи мазкур ҳамчунин, ифодагари гузоштани муҳр ва гирифтани боҷ буд.[61]

  Дар шароити муосир, ки таҳавуллоти ҷиддӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омадааст, фаъолияти гумрукӣ аҳамияти махсусро касб менамояд ва он бевосита бо фаъолияти иқтисоди хориҷӣ вобастагӣ дорад. Фаъолияти гумрукиро бо мазмуни томаш метавон чун тадбири асосии танзимкунандаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ номид. Чунки асоси рушду устувории фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, тиҷорати байнидавлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ маҳз фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад. Ба ѓайр аз ин, фаъолияти гумрукӣ ба мустаҳкамии бозори дохилии давлат мусоидат намуда, дар маҷмўъ соҳаи иқтисодии кишварро рушд дода, амнияти онро таъмин менамояд.

  Тавре зикр гардид, фаъолияти гумрукӣ бо тиҷорат, махсусан тиҷорати хориҷӣ алоқаи зич дорад ва ташаккули он низ таърихан бо ин гуна фаъолият вобаста аст. Дар радифи фаъолияти тиҷоратӣ, фаъолияти гумрукӣ бо ситонидани пардохтҳои муайян аз ҳисоби молу маҳсулоти аз қаламрави давлат ҳаракаткунанда иртибот дорад. Аз нигоҳи таърихӣ агар асоси бавуҷудоии фаъолияти гумрукиро фаъолияти тиҷоратӣ ташкил диҳад, муайяннамоии пардохтҳо ва ситонидани онҳо аз ҳисоби моли тиҷоратӣ шакли бевосита баамалбарории онро ташкил медиҳад. Яъне, ситонидани пардохтҳои муайян аз моли аз қаламрави кишвар ҳаракаткунанда, татбиқи амалии фаъолияти гумрукиро  инъикос менамояд. Асоси фаъолияти гумрукиро аз ибтидои ташаккулёбӣ, тиҷорат ва пардохтҳои муайян нисбати тоҷирони интиқолдиҳандаи молу маҳсулот ташкил менамуд. Ситонидани пардохтҳои муайян ба фаъолияти гумрукӣ сифати расмӣ дода буд, ки то ин замон самти асосии амалигардии онро ташкил медиҳад.

  Агар ба ташаккули фаъолияти гумрукии тамоми давлатҳо назар афканем, аз аввал бо ситонидани пардохтҳои муайян татбиқ мегардид. Дар яке аз адабиётҳои илмӣ оварда шудааст, ки фаъолияти гумрукӣ бо ҳокимиятдории бунёди ҷамъиятӣ-иқтисодии давлат дар алоқамандии зич қарор дорад. Дар асри V хоҷагии натура ба хоҷагии пулӣ гузашт ва таҳаввули ситонидани  пардохтҳои гумрукӣ бо ин давра мувофиқ меояд.[62] Дар асри III пеш аз милод дар шаҳри Тарифи Испания аввалин ҷадвали гумрукӣ[63] тартиб дода шуда буд, ки дар он номи мол, андозаи ҳисобгирӣ ва андозаи боҷ муайян гардид буд.[64] Ба ѓайр аз ин, муҳаққиқон пайдоиши фаъолияти гумрукиро бо зуҳури шаклҳои оддии андозситонӣ марбут медонанд.[65] Бо ҳамин мазмун, фаъолияти гумрукӣ дар шакли аввалаи худ, бо таъмини муайяннамоӣ ва ситонидани пардохтҳои дахлдор ташаккул ёфтааст. Дар замони муосир низ фаъолияти гумрукӣ ба амалигардии функсияи фискалӣ, яъне ситонидани боҷу андозҳои муқарраргардида аз ҳисоби интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ равона мегардад ва бо баамалбарории он буҷаи кишвар ѓанӣ мегардад.

  Бо назардошти гуфтаҳои боло, метавон хулосабарорӣ намуд, ки омилҳои асосии ташаккул ва рушди фаъолияти гумрукиро ташкили давлат ҳамчун ташкилоти бузург ва пешбари ҷомеа, таъсиси сарҳадҳои давлатҳо, тиҷорат, робитаи тиҷоратии байнидавлатӣ ва ситонидани андозҳо ва пардохтҳои муайян аз молу маҳсулоти интиқолшаванда тавассути сарҳади давлатӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, фаъолияти гумрукӣ таърихи дуру дароз дошта, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар шакли хоса рушд гардида, як самти фаъолияти давлатро инъикос менамуд. Дар шароити муосир, ки зиёда аз 200 давлати мустақил арзи ҳастӣ менамояд, ҳар яки онҳо фаъолияти гумрукиро дар тарҳу шакли хоса ташкил намудаанд. Мақом ва нақши фаъолияти гумрукӣ дар шароити давлате, ки иқтисоди бозориро барои худ интихоб намудаанд, афзун мегардад. Таҷрибаи давлатҳои имрўза низ гувоҳ медиҳанд, ки аксари онҳо маҳз ин гуна роҳи тараққиётро пеша карда, фаъолияти гумрукиро чун маҳаки танзимнамоӣ ва босуботии раванди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба роҳ мондаанд.

Абдулхонов Ф. М.

Мудири кафедраи идоракунии давла-тӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

БУНЁДИ ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз пошхӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани  Истиқ­лолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоиро ҳадафи ниҳоии хеш қарор дода, дар моддаи аввали Конститутсия ин хусусиятҳои сохтори давлатиро мустаҳкам намуданд. Аз ҷумла дар қисми дуюми моддаи якуми ин санади муҳими давлатӣ қайд гардидааст, ки:  «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад» [66].

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш намуда истодаанд, ки ин ҳадафҳои дар пеш гузошташуда ҳар чӣ зудтар татбиқ гардида, баҳри сокинони Тоҷикистон шароити мусоиди зиндагиро фароҳам биёранд.  Бинобар ин, Сарвари давлат дар паём­ҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар таҳким бахшидани давлати иҷтимоиро ҳадафи олӣ арзёбӣ намуданд.  Чунононе ки дар паёмҳои солҳои қабли худ ба Маҷлиси Олии кишвар тазаккур доданд:   

«Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд»[67].

Аз талаботи қисми сеюми моддаи 1 Конститутсия ўҳдадориҳои давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ баҳри таъмини ҳифзи меҳнат ва саломатии одамон, муқаррар кардани андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, дастгирии давлатии оила, маъюбон ва шахсони пиронсол, мунтазам инкишоф додани низоми таъминоти иҷтимоӣ, муқаррар намудани нафақаи давлатӣ, кўмакпулиҳо ва дигар кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ бармеояд. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.

Дар давлати иҷтимоӣ ѓамхорӣ ва аҳамият додан ба соҳаҳои  муҳимми   марбут ба  фаъолияти оммаи васеи мардум  дар мадди аввал қарор дорад. Соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф,  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ,  нафақа, суѓурта аз он ҷиҳат муҳимманд, ки  фаъолияти ҳамарӯзаи шаҳрвандонро  ба танзим медароранд. Фароҳам овардани  шароит  барои таҳсил  имкон медиҳад, ки  новобаста аз  вазъи иҷтимоӣ  наврасону ҷавонон ба омўзиш ҷалб карда шаванд.

Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлат дар сиёсати одилонаи демографӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҷамъият, бехатарии экологӣ ва самаранок истифода бурдани табиат, чораҷӯӣ бо мақсади пешгирии касалиҳои сирояткунанда ва ғайра зоҳир мегардад[68].

Таъмини некӯаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи ниҳоии давлати иҷтимоӣ аст. Мафҳуми некӯаҳволии ҷамъият дар муҳайё намудани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад[69].

Давлати Тоҷикистон низ тибқи муқарароти Конситутсия ба ҳайси давлати иҷтимоӣ фаъолият намуда, сиёсати дохилии худро баҳри фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият муайян намудааст. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст.

«Изҳор медорам, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният ва адолат ва дар маҷмӯъ, ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда мешаванд»[70].

Муҳайё намудани шароити меҳнат ва гирифтани музди меҳнати сазовор хусусияти муҳимми давлати иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми навбатии худ чунин нуктаҳоро зикр намудаанд:

«Чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумат имкон доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шавад.

Соли 2019 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардиданд»[71].

Дар баробари зина ба зина паст рафтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, бо азму талошҳои Ҳукумати мамлакат солҳои охир бо тадриҷ музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ низ баланд гардид, ки исботи ин гуфтаҳоро дар Паёми Президенти кишвар пайдо намудан мумкин аст.    

«Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд».

Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ва аҳамият додан ба соҳаҳои муҳими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки шаҳрвандон ҳамарӯза бо онҳо сару кор мегиранд, масалан соҳаҳои нигоҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафақа, суғурта ва ғайра.

«Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад»[72].

Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли 2020, 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шуданд.

Тадбири мазкур имкон дод, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шуд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шуд.

Далелҳои омории дар Паём тазаккурдодаи Президенти кишвар исботи онанд, ки дар Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ мунтазам аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар ин замина таҳкими давлати иҷтимоӣ сурат гирифта истодааст.

Аз ҷумла чунин ҳисоботи оморӣ дар Паём пешниҳод гардиданд: «Дар ин сол аҳолии кишвар дуюним фоиз афзуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон 75,4 солро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000-ум беш аз 5 сол зиёд аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ фавти модарону кӯдакон низ нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудааст. Дар давраи солҳои 2000 – 2019 фавти кӯдакони то 5 – сола ва фавти модарон ҳангоми таваллуд ду баробар кам гардидааст. Сиёсати буҷетии давлат дар давраи миёнамуҳлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2020 ба 23,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 12 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

  Яке аз хусусиятҳои дигари давлати иҷтимоӣ ин дастгирии мунтазами эҳтиёҷмандону гурӯҳи афроди ба кумакҳои иҷтимоии давлат заруратдошта мебошад, ки ин хусусиятҳо низ дар раванди сиёсати дохилии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ амалӣ карда истодаанд. Дар ин хусус низ Президенти кишвар дар Паёми хеш таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро низ мунтазам дастгирӣ менамояд.

Ҳама сола афзун намудани маблағгузорӣ дар ин самт, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд, таъмиру таҷдиди мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо амалӣ гардида, ин сиёсат имсол ва солҳои оянда низ идома меёбад»[73].

Чунонки маълум аст, яке аз ҳолатҳои муҳими дастгирии гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа дар сурати ташаккул ёфтани соҳаи тандурустӣ имконпазир мебошад. Бинбар ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки баҳри таҳкими сиёсати иҷтимоӣ Ҳукумати мамлакат ба азнавсозии соҳаи тандурусти аҳамияти ҷиддӣ хоҳад дод.

«Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.

Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.

Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.»[74].

Фароҳам овардани шароит барои таҳсил самти дигари таҳким­бахши давлати иҷтимоӣ буда, он имконият медиҳад, ки новобаста аз вазъи иҷтимоӣ наврасону ҷавонон ба омӯзиш ҷалб карда шаванд ва баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ саҳмгузор бошанд. Ба ҳамин асос рушди соҳаи маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дошта, аз ҷониби Президенти кишвар ба мақомоти дахлдор уҳдадориҳо ва вазифаҳои қатъӣ гузошта шудааст, ки моҳияти онҳо дар Паёми навбати дарҷ гардидаанд.

«Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.»[75].

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварро ҷалб намудаст, ин масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳақиқат масъалаи мубрам буда, Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррасро ба иҷро расонида истодааст. Муҳтавои танзими муносибатҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар Паёми Президенти кишвар инъикос гардидаанд. Аз ҷумла дар Паём тазаккур ёфтааст: 

«Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд.

Бо ин мақсад, мо бояд то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.»[76]

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ таъсиси ҷойҳои кориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат муқаррар намуда, оид ба амалӣ гардидани он ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаи мушаххас доданд.

Баҳри пешбурди соҳаи маориф ва коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба тарбияи кўдакон диққати махсус додан зарур аст, ки ин масъала низ дар Паёми Сарвари давлат таҳлил гардида, фаъолияти Ҳукумати кишварро дар ин самт инъикос намудааст.

Баҳри пешбурди ин самт, ҳамасола Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳо пеш мегузорад, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо ҳар чи бештар тадбирҳои зарури андешанд.

Тамоми самтҳои сиёсати иҷтимоии дар боло зикргарда ва татбиқи онҳо баҳри таҳкими давлати иҷтимоӣ бе дарназардошти муносибати давлат ба оила ва мустаҳкам намудани муносибати оиладори имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, ин масъалаи муҳим дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мавқеи марказиро ишғол намуда, аз ҷумла дар Паём зикр гардидааст: 

«Бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.

Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 – сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.

Ҳамин тариқ, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ба ҳайси роҳнамои фаъолияти муназзам ва самараноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонқадамҳои устувор гузошта истодааст.

Холинова М. М.

асситенти қафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ,

                                                        молиявӣ ва зиддикоррупсионии До-

                                                          нишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди

                                                     Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ – КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСТИТУТИ ВАСОЯТУ ПАРАСТОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсия ҳуҷҷати муҳим, тақдирсоз ва ояндабахши ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули соҳибихтиёрии давлат ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи ҳуқуқӣ муҳайё гардид. Конститутсия санади олии ҳуқуқиест, ки инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст ва ҳуқуқу озодиҳои ўро кафолат медиҳад. Ин санади олии ҳуқуқӣ ба ҳуқуқи инсон вобастагии зич дорад ва тамоми арзишҳои олии ҳуқуқи инсонро вобаста ба самтҳои муҳими ҳаёти давлату ҷомеъа инъикос менамояд.

Аз ин лиҳоз, қайд намудан мумкин аст, ки мавзўи асосии батанзимдарории конститутсионӣ ҳуқуқи инсон буда, ба таъмин ва такомули он нигаронида шудааст. Ин гуфтаҳо моҳиятан ифодагари Конститутсияи давлати соҳибихтиёри мо, яъне Тоҷикистон мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гаштааст. Конститутсияи давлати соҳибихтиёри мо аз лаҳзаи қабул инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро  дар моддаи 5 арзиши олӣ эълон намудааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.Чунин ифода гардидани эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тавассути моддаҳои Конститутсия ва дар он муқаррар намудани кафолатҳо сабабҳои худро дорад. Сабабҳои он пеш аз ҳама, тавассути демократикунонии хаёти кишвар, таъмини асосҳои ҳуқуқии давлат эътирофи арзишҳои умумибашарӣ ва ѓайра ифода меёбад. Албатта, омилҳои асосии таъсиррасон, инчунин дар таърихи то Истиқлолият нуҳуфта мебошанд.

Ҳамчунин, меъёрҳои Конститутсия дар танзими самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хусусияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои мазкур дар муайян намудани мавқею манзалати падидаи ҳуқуқии васояту парасторӣ низ муҳим аст. Васоят ва парасторӣ яке аз шаклҳои ҷобаҷокунии кудаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, ба ҳисоб меравад. Васояту парасторӣ тарзи таъмини кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд низ эътироф мешаванд.  Роҷеъ ба ин, дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот вуҷуд дорад: “Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд.”[77] Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ѓамхорӣ менамояд.  Баръало банди охири меъёри мазкур мавзўи муҳими баромадҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ гардида­аст. Дар ҳақиқат ятимон ва бепарасторон ба дастгирӣ ва ѓамхорӣ ниёз доранд ва баҳри ҳалли ин фарзияи қонунгузории Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон татбиқи падидаи васоят ва парасториро муқаррар наму­дааст.

Падидаи васоят ва парасторӣ ҷанбаҳои  илмӣ дошта, мавзуи омўзиши илми ҳуқуқи оилавӣ мебошад. Зеро илми ҳуқуқи оила ба дастовардҳои муфид ва назарраси ин масоил комёб гаштааст. Вале нуқтаи назарҳо зиёд ва гуногунанд. Масалан, Р.Г. Митушевский иброз дорад, ки падидаи васояту парасторӣ як шакли таъмини кафолатҳои конститутсионӣ мебошад, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқи оила амалӣ мешавад.[78]

Ё худ, Л.М. Пчелинсева бар он ақидааст, ки васояту парасторӣ ҳамчун шакли ҷобаҷокунии кўдакони бе парастор монда мебошад, ки Конститутсия кафолат ва ҳифзи онҳоро муқаррар намудааст, зеро Конститутсия асос ва сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад.[79]

Бояд қайд намуд, ки падидаи васояту парасторӣ як тарзи амалигардонии меъёри конститутсионӣ, ки амсоли инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад ва дар заминаи он кафолати давлатии хифзи кудакони ятим ва бепарастор монда, маҳсуб аст.

 Тарз ва қоидаҳои амалигардии ин падидаи ҳуқуқӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон танзими худро ёфтааст. Аз ҷумла, мувофиқи б.1 моддаи 122. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; “Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кудакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, ѓайриқобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тулонӣ ѓайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардан гирифтани кўдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигар набудани парастории падару модар, ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад”.[80]

Моҳияти асосии падидаи васояту парасторӣ ин ҷобаҷокунӣ ва тарбияи кўдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо зери мафҳуми васояту парасторӣ  ивзкунандагони падару модар истифода мешавад. Ё худ, намояндагони ноболиѓ ё кўдакони бе парастор монда. Вале, дар кадом ҳолате набошад, васӣ ва парастор вазифаҳои падару модарро нисбат ба кўдак ба ҷо меоранд ва ҳамҷун фаъолияти муқаддаси инсонӣ маънидод мешаванд.

Мувофиқи б.1 Моддаи 147 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон: “Васояту парасторӣ барои кўдакони ноболиѓе, ки бепарастории падару модар мондаанд, бо мақсади таъминот, таълимот, таълиму тарбия, маълумотноккунӣ, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.” Пас васояту парасторӣ як шакли фаъолияти муфиди иҷтимоӣ, ки айнан вазифаи падару модарро дар тарбия ва ба воярасии кўдак анҷом медиҳанд, маҳсуб мешавад.

Байни васоят аз парасторӣ тафовут низ гузошта мешавад. Масалан, мувофиқи б.3 моддаи 147 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Точикистон: “Парасторӣ барои ноболиѓони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад”. Маҳдудияти синну солӣ аломати фарқкунандаи васоят аз парасторӣ мебошад.

  Умуман, васояту парасторӣ воситаи муҳими таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон, хусусан дар ҳолати аз волидон маҳрум гаштани кўдак ва ноболиѓон мебошад, ки тарзу усулҳои роҳандозии онро қонун муқаррар намудааст. Фаъолияти васояту парасторӣ ҳизматрасонии иҷтимоиро баҳри нигоҳбонии кўдакони ятим тавассути мақомоти васояту парастор анҷом медиҳад. Инчунин воситаи муҳими амалӣ намудани принсипи конститутсионии: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад”, пазируфта мешавад.

 Падидаи васояту парасторӣ паҳлуҳои дигари илмӣ, амалӣ ва таърихии худро дорад. Вале он ҳамчун ҷузъи муҳими ҳуқуқи инсон, ки таъмини кафолати ошкорои онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, маънидод мешавад. Имруз баҳри ҳифзи манфиатҳои кўдак, тарбия ва ба воярасии он ҳамчун инсони комил ва содиқи ватан дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки ҳар як шаҳрванди комил,  ватандўст ва инсонпарвар бо ҳиссиёти ободӣ ва устувории кишвар аз чунин имкониятҳо метавонад истифода барад. Чи тавре ки дар пешгуфтори Эъломияи ҳуқуқи кудак[81] зикр шудааст, “кудак, бинобар ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш ба муҳофизату ѓамхории махсус, аз ҷумла ҳифзи зарурати ҳуқуқӣ, чӣ то таваллуд ва чӣ баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад” ва чунин эҳтиёҷ тавасути парастории падару модар ва шахсони ивазкунандаи он (васояту парасторӣ) анҷом дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин суханхо моро водор менамояд, ки дар ҳифзи манфиат ва ҷобаҷокунии кудакони бепарастор истифода аз шаклу усулҳои муқаррарнамудаи қонунҳо саҳм дошта  бошем.

Эмомализода Навруз Эмомалӣ

унвонҷўи Институти фалсафа, сиё­сат­­шиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи падидаи соҳибкории инфиродӣ

дар тоҶикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таназзули сохтори давлатии шўравӣ истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Заминаи сиёсиву ҳуқуқии ташаккулёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар асоси Эъломияи мазкур лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, соли 1994 он ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки барои ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Ҷараёни инкишофи қонунгузории Тоҷикистон оид ба падидаи соҳибкори инфиродиро ба марҳилаҳои зерин  ҷудо кардан мумкин аст:

1) давраи тоинқилобӣ, яъне то соли 1917 (хусусан охири асри XIX аввали асри XX);

2) давраи шўравӣ (аз соли 1920 то соли 1991);

3) давраи соҳибистиқолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз соли 1990 то инҷониб ).

Ҳар як давраи таърихӣ дорои хусусиятҳои ба худ хос аст ва бо навъҳои худ фарқ менамоянд. Аз тамоми давраҳои таърихӣ, давраи бештар пурмазмуни тартиби муайян дошта марҳилаи муосир – давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин давра қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини соҳибкорӣ ба марҳилаи нав мегузарад. Дар адабиётҳои ҳуқуқии ватанӣ давраҳои инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкории инфиродӣ ба солҳои 90 – уми асри гузашта такя менамуданд. Давраи истиқлолиятро аз ҳисоби пешравии соҳибкорӣ мумкин аст ба якчанд гурўҳи боҳам алоқаманд ҷудо намуд:

1) давраи аз соли 1991 то 1994;

2) давраи аз соли 1995 то 2000;

3) давраи аз соли 2000 то имрўз[82].

Миёни санадҳои меъёрӣ, дар аввали солҳои 90  як қатор қонунҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 1992 «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», ва «Дар бораи корхонаҳо» аз 25 июни соли 1993 – ро,[83] ном бурдан мумкин, ки барои ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории инфиродӣ заминаи муайяни ҳуқуқӣ гузоштаанд. Аз рўи моҳият ин санадҳои меъёрӣ ҳамчун асоси пайдоиши соҳибкорӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ – иқтисодӣ маҳсуб ёфта, барои ислоҳоти иқтисодӣ дар ин марҳила замина гузоштанд.

Ҳамин тавр, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» аввалин маротиба шартҳои баамалбарории ташаббуси мустақил ва ташаббускории шаҳрванд ифодаи худро ёфт. Он на танҳо дар асоси принсипи «ҳар он чизе ба қонун зид нест равост», балки бо роҳи амалигардонии баробарии шакли моликият, озодии идоракунии моликият ва интихоби соҳаи фаъолият низ эътироф гардид.

Дар  қонуни зикршуда, мафҳуми  соҳибкорӣ – ҳамчун фаъолияти мустақили шахс, барои ба даст овардани фоида ё даромади шахсӣ равона шуда, аз номи худ баромад намуда, бо таваккали худ ва бо ҷавобгарии амволии худ ё аз ном ва бо ҷавобгарии амволии шахси ҳуқуқӣ – ташкилот, ифода гардида буд.  Хусусиятҳои ин мафҳум ба соҳибкории инфиродӣ низ хос буда то ҳол дар қонунгузорӣ бо каме дигаргунӣ мавҷуд аст. Дар қонуни мазкур авлавияти таҳияи қонунгузорӣ мустаҳкам шуда, он барои танзими муносибатҳо оид ба амалигардонии соҳибкории инфиродӣ нигаронида шуда буд. Дар қонунгузории гражданӣ, қонунгузори дар бораи корхонаҳо ва дар бораи сармоягузории хориҷӣ (м. 3 ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ»), инчунин шаклҳои умумӣ ва махсуси соҳибкорӣ, доираи ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва ҷавобгарии соҳибкорон (м. 3,5,7,8 ҚҶТ «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ») муқаррар гашта буд[84].

Дар муносибатҳои аграрӣ, аз 5 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» асоси аввалинро ҳамчун муносибати нави соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ  гузошт. Моҳиятан, дар қонуни мазкур кафолати давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрванд дар баамалбарории соҳибкорӣ дар шакли ҳоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мустаҳкам гардида, нақш ва ҷойи онҳоро дар низоми иқтисодӣ муайян намуд. Принсипи асосӣ дар қонуни зикршуда озодии ҳамкорӣ (кооператирования) эълон гардида буд. Қонун фаъолияти соҳибкориро дар шакли ташкили шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд, ки дар он вақт дар асоси таъмини ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), баҳс оид ба эътирофи (эътироф накардани) чунин хоҷагӣ ба сифати шахсӣ ҳуқуқӣ мавҷуд буд.

Дар пайдоиши соҳибкории инфиродӣ нақши калидиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 қабулшуда мебозад. Мувофиқи моддаи 12 он «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

 Қайд кардан бамаврид аст, ки таркиби ин меъёр аз ҳаҷму моҳияташ хеле васеъ аст ва дарбаргирандаи на танҳо кафолати конститутсионӣ – ҳуқуқӣ дар озодии иқтисодиёт ва фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, балки ҳамчунин  барқароркунандаи  уҳдадории давлатро барои рақобати бовиҷдон  танзим менамояд, вале фаъолияти инҳисориро дар ташкили бозори  озод маҳдуд менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ ва қабули гаштани Конститутсия зарурияти қабули қонунҳои соҳавии кодификатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошт. Аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони муосир Кодекси гумрукӣ (солҳои 1992, 1995, 2004), Кодекси мурофиаи хоҷагӣ (солҳои 1995, 2008 ҳоло Кодекси мурофиаи иқтисодӣ), Кодекси андоз (солҳои 1998, 2004, 2012), Кодекси гражданӣ қисмҳои 1, 2, 3 (1999, 2000, 2005) ва ѓ., қабул гардиданд.

Миёни санадҳои кодификатсионӣ оиди соҳибкории инфиродӣ нақши аввалинро Кодекси гражданӣ ва Кодекси андоз мебозанд. Дар ин санадҳои меъёрӣ мафҳуми соҳибкорӣ ё фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми   ҳуқуқӣ ифодаи худро ёфтааст. Дар Кодекси гражданӣ аз м. 1 қисми 3 сар карда, шахсонӣ воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба соҳибкорӣ машѓул буданд, ба доираи муносибатҳои танзимӣ қонунгузории гражданӣ қарор доштанашон пешбинӣ гардид. Ин маънои  субъекти ин соҳаи ҳуқуқ буданро дорад. Дар фарқият аз КГҶТ, КАҶТ соли 1998 мафҳуми соҳибкори инфиродиро муайян намуд, ки он ҳамчун фаъолияти шахси воқеӣ, бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, аз номи худ, бо таваккали худ ва ҷавобгарии амволии худ маҳсуб ёфта буд.

Бо қабули Кодекси мурофиавии хоҷагидорӣ соли 1995 дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба судҳои иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба салоҳияташон баррасии баҳсҳо бо иштироки корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вогузор карда шуд. Баррасии тобеияти судӣ ва тобеиятӣ идоравии судҳои иқтисодӣ бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ  муайян гашт.

Дар давраи солҳои 1990  қонунгузор бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои фарқкунандаи соҳибкории инфиродӣ аз дигар субъектони бозор меъёрҳо қабул намуда буд.

Нақши санадҳои зерқонунӣ низ барои муқаррар намудани ҷойи соҳибкори инфиродӣ махусус арзёбӣ мегардад, ба монанди Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масалан, аз 24 майи соли 1995, №360 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ки дар асоси он шаҳрванд метавонист ба соҳибкории инфиродӣ дар асоси патенти харидааш ва маблаѓи барои патенти мазкур пардохт намудааш, бо назардошти ҷойи ҷогиршавии чунин фаъолият, машѓул шавад. Дар асоси ин санади зериқонунӣ номгўӣ 91 навъи фаъолияте, ки шаҳрванд пас аз бақайдгирӣ ва гирифтани патент барои чунин навъи фаъолият машѓул шуда метавонист, тасдиқ гардид ва андози онҳо ба намудҳои минбаъда ҷудо карда шуд: истеҳсоли қолин ва маҳсулоти қолинӣ, либос, кўлоҳ, маҳсулоти пахтагин (дар умум – 34 намуд); хизматрасониҳои тантанавии мусиқӣ (3 намуд); фаъолияти тиҷоратӣ (5 намуд); расонидани хизмат – таъмири мебелҳо, маҳсулотҳои чўбин, таъмири дастгоҳҳои радио ва телевизионӣ, таъмири мошинаҳо маишӣ (ҷомашўӣ, чангкашак ва ѓ),  асбобҳо ва ѓ (ҳамагӣ – 38 намуд). Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000, №216 «Дар бораи тасдиқи номгўӣ навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо андози даромад ва пардохти иҷтимоӣ дар шакли андоз барои пардохт барои патент ва тартиби ба даст овардани патенти шаҳрвандони ба фаъолияти соҳибкорӣ машѓулбуда бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ» номгўӣ соҳибкорони инфиродиро то 111 боло бурд. Моҳиятан, фарқи санади мазкур аз санади зерқонунии пешина дар он буд, ки дар қатори патент, бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқи интихоби фаъолият дар асоси шаҳодатнома низ пешбинӣ мегашт.

Шаҳодатномаро мақомоти андоз ба шарти машѓул шудани шаҳрванд ба номгўи фаъолияте, ки ба он патент гирифта  намешуд, дода мешуд. Ба ѓайр аз ин, дар асоси патент соҳибкор наметавонист коргари кироя дошта бошад ва истифодаи аъзои оила манъ гардида буд.  Мувофиқи банди 6  № 2 қарори мазкур,  барои ҳар коргари кироя патент талаб карда мешуд.

Баъдан, бо қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004, №140 ба он якчанд таѓйирот ворид шуд. Дар фарқият аз қарорҳои дар боло зикршуда,  дар ин қарор номгўӣ якчанд навъҳои нолозим ва такрорёфтаи он тоза карда шуд, ки пардохти даромади андоз дар асоси патент ва коэффитсенти минтақавӣ, танзими андозаи маблаѓи патентро пешбинӣ менамуд. Номгўи фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ба 49 намуд оварда шуд. Барои мукаммалгардонии таъминоти ҳуқуқии соҳибкорӣ дар солҳои Истиқлолият меъёрҳо ва қадамҳои устувор ниҳода шуд.

Дар миёнаи солҳои 90 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 8 апрели соли 1996, №459 «Дар бораи дастгирии давлатии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашт. Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 мати соли 2001, №542 «Дар бораи ҷори кардани китоби бақайдгирии санҷиши субъектони хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қоидаҳои пур кардани Китоби бақайдгирии санҷиши субъектони хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда,  барои аз «санҷиши беиҷозат» халос шудан шароит фароҳам овард.

Ҳамчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146 «Дар бораи эълони маратория нисбати тамоми намудҳои санҷиши субъектони хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолот» барои таъмини инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ нақши муҳим дорад.

Дар маҷмӯъ, инкишофи падидаи соҳибкори инфиродиро пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия ба чунин давраҳо ҷудо намудан мумкин аст:

1) давраи аввал –  охири солҳои 90 асри ХХ бо пайдоиши қонунгузорӣ дар бораи соҳибкори инфиродӣ, ки ба он меъёрҳои ҳуқуқи хусусӣ ва умумӣ хос аст;

2) давраи дуюм – пас аз қабули Конститутсия ва аз солҳои 2000 то ҳоло. Ин давраи ҷараёни ба шаклдарорӣ ва инкишофи қонунгузории соҳавӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба падидаи соҳибкории инфиродӣ ба марҳилаи нави худ танҳо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Зеро қабул гаштани Конститутсия дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон ба ҳисоб меравад. Конститутсия заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард, дар натиҷа дар ҷумҳурӣ то имрӯз (августи соли 2020) 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва зиёда аз 358 қонун қабул карда шуда[85], аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ то имрўз 834 санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тасдиқ гардидааст[86].

Таҳлили қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ва рушди падидаи соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса омадан мумкин аст, ки Конститутсия дар рушди ин падида нақши калидӣ бозидааст, зеро дар он шаклҳои гуногуни моликият аз он ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода шудааст.

НАВИДҲОИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

 ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Н А В И Д Ҳ О И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

27-28 августи соли 2020 Конгресси IV Ассотсиатсияи судҳои конститут­си­онии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил, ба тариқи онлайн дар мавзўи «Конститутсияи асри XXI – волоияти ҳуқуқ, арзиши инсонӣ ва самаранокии давлат», дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар кори Конгресс намояндагони зиёда аз 17 мақомоти назорати конс­ти­тутсионӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Афѓонистон, Индонезия, Корея, Қазоқистон, Қирѓизистон, Малдивия, Манголия, Мянма, Озорбойҷон, Покистон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркия, Ўзбекистон, Фаронса, Филиппин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеролии Германия, Федератсияи Россия, инчунин президенти Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо ва Барномаи волоияти қонун дар Осиё ва ди­гарҳо ширкат намуданд.

Дар кори Конгресси IV Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиё ва Институтҳои муодил, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тонро Каримзода К.М.,  муовини Раиси Суди конститутси­онӣ намояндагӣ намуда, дар мавзўи «Конститутсионализм ва демо­крати­кунонии ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Аз натичаи кори Конгресси IV Эъломияи Нур-Султон қабул карда шуд.

Маводҳои Конгресси IV Ассотсиатсияи судҳои конститутси­онии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил ҷамъоварӣ гардида, дар шакли китоб чоп ва ба иштирокчиён дастрас карда мешаванд.

23-25 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Котиботи тадқиқот ва рушди Ассотсиатсияи судҳои конститут­си­онии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил, ки дар Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст, 2-юмин онлайн-конфронси илмӣ дар мавзўи «Озодии баён: таҷрибаи аъзои Ассотсиатсияи судҳои консти­тутсионии давлатҳои Осиё ва Институтҳои муодил» баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони зиёда аз 17 мақомоти назорати конс­ти­тутсионӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Афѓонистон, Индонезия, Корея, Қазоқистон, Қирѓизистон, Малайзия, Малдивия, Манголия, Мянма, Озорбойҷон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркия, Ўзбекистон, Фаронса, Филиппин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеролии Германия, Федератсияи Россия, инчунин муовини Директори гене­ралии Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва инсти­тутҳои муодил, намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо ва Барномаи волоияти қонун дар Осиё ва ди­гар давлатҳо ширкат намуданд.

Дар кори конфронси дуюми Ассотсиатсияи судҳои кишварҳои Осиё ва Институтҳои муодил, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистонро Ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Ҳусейнзода Хусрав намояндагӣ намуда, дар мавзўи “Озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд ва вобаста ба кафолатҳои конститутсионии озодии баён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Имрўзҳо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Суди консти­тутсионии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро хуб ба роҳ монда, вобаста ба мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти назорати конститутсионӣ аз соли 2016 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст, ки рушди муносибатҳои дуҷонибаро тақвият мебахшад.

 Маводҳои онлайн-конфронси илмии дуюми Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил ҷамъоварӣ гардида, дар шакли китоб чоп ва ба иштирокчиён дастрас карда мешавад.

  5 октябри соли 2020 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кист­он бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тан­танавӣ баргузор гардид.

Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддас табрик намуд ва нақши забонро дар ташакккули ҳувияти миллӣ ва таҳки­ми давлатдории навини тоҷикон баѓоят муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуд.

Муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М. ва ёрдамчии муовини Раис Ҳусейнзода Х.Ҳ., дар ҷаласаи тантанавӣ бо марўзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба таърихи забон ва рушди он дар давраи Истиқлолияти давлатӣ баромад  карда, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ бузургтарин муқаддасоти халқи тоҷик мебошад, ки ба шаро­фати он мил­лати мо Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард.

Иброз гардид, ки гузаштагони мо ҳатто дар як давраи душвори таърихи худ забони худро аз даст надода, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар рушди он саҳми назаррас гузоштанд ва адабиёти маъруфи мо аз нерӯ ва зебоии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.

Таъкид гардид, ки рушду нумӯи забон бо нерӯ ва нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат нақши забони давлатӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи қонунгузорӣ ва қабули қонунҳо ба таври назаррас ташаккул ёфт.

Ҳамин тариқ, давраи истиқлолият давраи рушду такомули арзишҳои ҳақиқии маънавӣ, суннатҳо ва урфу одатҳои неки мардуми тоҷик, аз ҷумла забони модарӣ мебошад, қайд карданд баромадкунандагон.

Сипас хизматчиёни давлатии дастгоҳи Суди конститутсионӣ шеърҳои шоирони маъруфи тоҷикро дар бораи забони давлатӣ қироат карданд.

Дар интиҳои ҷаласа Ашурзода А.А. бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки эҳтиром ба забон – ин омӯзиш ва рушди забон аст ва ҳозиринро ба нигоҳ доштани асолати забон ва пос доштани ин унсури муқаддасоти миллӣ даъват намуд.


[1] Эмомалї Рањмон. Истиќлолияти давлатї – марњилаи эњё ва барќарорсозии давла–ти миллии тољикон /  Уфуќњои Истиќлол.  – Душанбе, 2018 С.7.

[2] Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Душанбе: Нашриёти «Ганљ», 2016. – С.57.

[3] Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. 1995, №21, мод. 223.

[4]Дар њамон љо, мод. 231.

[5] Дар њамон љо, мод. 225.

[6] Дар њамон љо, мод. 235.

[7] Дар њамон љо, мод. 229.

[8] Дар њамон љо, мод. 241.

[9] Мањмудзода М.А. Суди конститутсионї волоияти Конститутсияро таъмин менамояд / Сиёсати њуќуќи ва давлати демократї. Маљмўи маќолаю маърўзањо. Душанбе, «ЭР -граф». 2017. С.81

[10]Мањмудзода М.А. Суди конститутсионї зодаи истиќлолияти давлатї.Маљмўи маќолаю маърўзањо. Душанбе, 2017. С. 356.

[11] Ниг.:  Иванов Ю.А. Юридическая система США. Рељаи дастрасї: https://openrussia.org/post/view/1395/  (санаи мурољиат 12.12.2020).

 .

[12] Авдеев Е.А. Национальное государство , нация, этнос в контексте глобализации: социально-философский анализ // Вестник АГУ. Выпуск 1, (156)2015. С.14., [манба электронї], рељаи дастрасї: https://cyberleninka.ru/article (санаи мурољиат: 24 августи соли 2020).                                                                  

[13] Авдеев Е.А. Дар њамон љо.

[14] Ниг.: Национальное государства: [манбаи электронї], рељаи дастрасї: https://ru.wikipedia.org/wiki (санаи мурољиат: 25 августи соли 2020).  

[15] Ниг.: Зокиров Г.Н.Сиёсатшиносї. Китоби дарсї барои донишљуёни мактабњои олї, Нашри  сеюми так­милёфта.–Душанбе: « Эр-граф», 2010. С.194.

[16] Истиќлолияти Тољикистон дар умќи таърихи куњанбунёдамон реша дорад. Паёми Пре­зиденти  Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба муносибати 19-умин солгарди истиќлолияти давлатии Тољикистон» Душанбе, 8 сентябри соли 2010 /   Љум­њурият. 9 сентябри соли 2010, №113-114.

[17] Юсуфшоњ Яъкубов. Таърихи ќадими халќи тољик. Замони Ориёњо. Китои дарсї. С.81.

[18] История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. С. 236.

[19] Рустамзода Б. Имоми Аъзам (Абў Њанифа) кист? Душанбе. 1999.С.15

[20] Рањмонов Э.Ш. Љавонон- ояндаи миллат. Садои Мардум, 21 майи соли 1998.

[21] Рањмонов Э.Ш. Тољикон дар оинаи таърих. С.9-10.

[22] Стратегияи давлатии «Технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї барои рушди Тољикистон»: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурољиат 7.08.2020).

[23] Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Љумњурии Тољикистон: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурољиат 7.08.2020).

[24] Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2019-2021: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурољиат 5.10.2020)

[25] Ниг.: Алешкова И.А., Молокаева О.Х. Судебная власть в в условиях новой информационной реальности // Государство и право в новой информационной реальности. – 2008: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: file:///C:/Users/User/Downloads/sudebnaya-vlast-v-usloviyah-novoy-informatsionnoy-realnosti.pdf (сана мурољиат 5.10.2020); Тарасов А.М. Информатизация судебной системы и электронное правосудие // Вестник академии права и управления. 2010. № 18. С. 5-41; Тищенко А.В. Электронное правосудие. Судебное реформирование к 2020 году // Правопорядок: история, теория, практика. – 2018.  № 2. – С. 65-69.

[26] Ниг.: Жданова, Ю. А. Правовая природа электронного правосудия и его место в системе институтов информационного общества  // Административное право и процесс. — 2015. — № 4. — С. 80—83; Савицкий, В. М. Комментарий к ст. 118 Конституции Российской Федерации // Конституция Российской Федерации : научно-практический комментарий / под ред. Б. Н. Топорнина. — М. : Юристъ, 1997. — С. 596-599.; Решетняк В.И. Электронная форма подачи документов в суд (опыт зарубежного гражданского судопроизводства) // Адвокат. – М., 2013. – № 4. – С. 62–70.

[27] Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» // Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. – 2017. № 5. Ќ. 1. – Мод. 271.

[28] Ниг.: Бошно С. В.Проект закона о нормативных правовых актах: столкновение правотворчества, теории и практики // Государство и право. – 2015. – № 11. – С. 7-22; Черепанов В. А.О проекте Федерального закона «О нормативных правовых актах в Российской Федерации» // Журнал российского права. – 2014. – № 3 (207).-  С. 105—111.

[29] Тартиби интишори расмии санадњои меъёрии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї, маќомоти назди Президенти Љумњурии Тољикистон, маќомоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Љумњурии Тољикистон: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: http://www.adlia.tj/base/ (санаи мурољиат 20.04.2020).

[30] Ниг.: Липень С.В. Законы о нормативных правовых актах СНГ: индикаторы процессов информатизации и цифровизации системы законодательства // Актуальные проблемы российского права. – 2019. – № 8 (105). –С. 22-33.

[31] Закон Республики Узбекистан «О нормативных правовых актах» от 14 декабря 2000 г. № 160-II  (в ред. законов Республики Узбекистан по состоянию на 08.01.2019) // Национальная база данных законодательства Республики Узбекистан: [манбаи электронї]: рељаи дастрасї:  URL: http://www.lex.uz/acts/2105726 (санаи мурољиат: 23.11.2019).

[32] Закон Республики Казахстан «О правовых актах» от 6 апреля 2016 г. № 480-V (с изм. и доп. по состоянию на 11.04.2019) // ИС Параграф. [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: URL: https://online.zakon.kz/Document/?doc_id=37312788#pos=3;-245 (дата обращения: 23.11.2019); Закон Туркменистана «О правовых актах»  от 26 августа 2017 г. № 589-V (в ред. Закона Туркменистана от 09.06.2018 № 32-VI) // Законодательство стран СНГ. [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=98294(санаи мурољиат: 23.11.2019).

[33] Закон Кыргызской Республики «О нормативных правовых актах Кыргызской Республики» от 20 июля 2009 г. № 241 (в ред. законов Кыргызской Республики по состоянию на 20.07.2017) // Централизованный банк данных правовой информации Кыргызской Республики. [[манбаи электронї]: рељаи дастрасї:  URL: http://cbd.minjust.gov.kg/act/view/ ru-ru/202591 (санаи мурољиат: 23.11.2019).

[34] Закон Республики Беларусь «О нормативных правовых актах» от 17 июля 2018 г. № 130-З // ЭТАЛОН. Законодательство Республики Беларусь / Национальный центр правовой информации Республики Беларусь. – Минск, 2019; Закон Республики Армения «О нормативных правовых актах» от 28 марта 2018 г. № ЗР-180  (в ред. Закона Республики Армения от 26.06.2018 № ЗР-340) // Правовая информационная система Армении. [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: URL: https: //www.arlis.am / DocumentView.aspx?DocID=129477 (санаи мурољиат: 23.11.2019).

[35] Закон Республики Молдова «О нормативных актах» от 22 декабря 2017 г. № 100 // Registrul de Stat al Actelor Juridice ale Republicii Moldova [Государственный реестр правовых актов Республики Молдова]. [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: URL: http://lex.justice.md/ru/373698%20/ (санаи мурољиат: 23.11.2019).

[36] Конституционный закон Азербайджанской Республики «О нормативных правовых актах» от 21 декабря 2010 г. № 21-IVKQ (в редакции Конституционного закона Азербайджанской Республики от 30.09.2016 № 304-VKQD) // Законодательство стран СНГ. [манбаи электронї]: рељаи дастрасї: URL: https://base.spinform.ru/show_doc.fwx?rgn=33085 (санаи мурољиат: 23.11.2019).

[37] Ниг.: Чиркин В.Е. Конституционное право зарубежных стран. Учебник. – 6-е изд., перераб и доп. – М.: Норма: ИНФРА- М, 2010.С.32-36.

[38] Эмомалї Рањмон. Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014.[манбаи электронї]: рељаи дастрасї:http://www.president.tj/node/7824/  (санаи мурољиат 9. 12. 2020).

[39] Ниг.: Имомов А. Наќши Конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тољикон. – Душанбе. 2011. С.9-154.

[40] Тањаввулоти конститутсионии Тољикистони соњибистиќлол. – Душанбе, 2019. С. 160 – 164.

[41] Ниг.: Эмомалї Рањмон. Уфуќњои Истиќлол. Б I. Истиќлолияти давлатї – марњи-лаи эњё ва барќарорсозии давлати миллї. – Душанбе: «Ганљ – нашриёт», 2018. С. 7-11.

[42] Ниг.: Конститутсияњои Тољикистон: пайдоиш ва инкишоф. Раванди тањия ва ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон соли 1994 / муњариримасъул. А.Имомов. – Душанбе, 2014. С.413-444.

[43] Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия. ­–  Душанбе, 2017. манбаи электронї]: рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/7824/  (санаи мурољиат 9. 12. 2020)

[44] Ниг.: Тањаввулоти конститутсионии Тољикистони соњибистиќлол. – Душанбе, 2019. С. 47-58, 84 – 94, 122-128.

[45] Ниг.: Мањмудзода М.А. Дањ соли амали ќонуни сарнавишту таќдирсоз // Сиёсати њуќуќї ва давлати демократї (маљмўи маќолаю маърўзањо). – Душанбе: «ЭР-граф», 2017. С. 524.

[46] Ниг.: Соибов З.М. Административно-правовые основы организации и деятельнос­ти таможенных органов Республики Таджикистан. Монография. Душанбе. 2019. С.4

[47] Фаъолияти иќтисоди хориљї ба мазмуни васеи худ инъикосгари фаъолияти субъектони хољагидорї дар бозори љањонї ва фаъолияти соњибкорони хориљї дар њудуди кишвар мебошад. Ниг.: Демичева А.А., Логинова А.С. Основы таможенного дела. Учебник. СПб.: ИЦ «Интермедия», 2014. С. 52

[48] Фаъолияти озоди иќтисодї заминањои конститутсионї дошта, мутобиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон (м.12) аз љониби давлат кафолат дода  мешавад, яъне давлат барои амалисозии фаъолияти озоди иќтисодї шароитњои зарурї ва мусоидро фароњам меоварад ва онро аз њар гуна поймолшавињо ва амалњои зиддињуќуќї њифз менамояд. Муфассалтар нигаред ба: Соибов З.М., Салоњиддинова С.М. Наќши маќомоти гумрук дар таъмини амнияти иќтисодии кишвар // Ахбори Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон. №3-4. 2019. С. 92

[49] Бицоева Л.Ф. Правовое регулирование внешнеэкономической деятельности субъектов предпринимательства в Российской Федерации. Автореф. дисс. канд. юрид. наук. Владикавказ, 2011. С.3

[50] Хасанов К.Х. История становления и развития организационно-­правовых основ деятельности таможенных органов Республики Таджикистан. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. С. 62.

[51] Таможенное право России. Учебник / Отв. ред. С.И. Истомин, В.А. Максимцев. – М.: Софт Издат., 2005. С. 12 

[52] Ниг.: Демичева А.А., Логинова А.С. Основы таможенного дела. Учебник. СПб.: ИЦ «Интермедия», 2014. С. 12

[53] Муњаммад Њ. Фарњанги решашиносии забони форсї. Љилди 4. Тењрон, 1393. С. 2438

[54] Соибов З.М. Административно-правовые основы организации и деятельности таможенных органов Республики Таджикистан. Монография. Душанбе. 2019. С.9

[55] Ниг.: Њотамов Н., Довудї Д., Муллољонов С., Исоматов М. Таърихи халќи тољик. Нашри дуюм. Бо илова, ислоњот ва тавзењот. – Душанбе: «ЭР-граф», 2015. С. 6

[56] Тољикон аз замони ќадим ба зироаткорї, чорводорї, косибї, меъморї ва боѓдорї машѓул буданд, ки дар минтаќаи дорои шароити мусоид ќарор доштани сарзамини тољикон гувоњ медињад, ки ба чун намуди фаъолият машѓул мешуданд. Ниг.: Њасанов К. Роњкушои кори гумрук. Душанбе, «Ирфон». 2001. С.9

[57] Гурминљов А. Таљдиди назар перомуни шинохти гумрук // Гумрук. №3 (27) 2014. С. 34

[58] Њасанов К. Роњкушои кори гумрук. Душанбе, «Ирфон». 2001. С.8

[59] Кабальнов А.В. Совершенствование административно-правового статуса таможенных органов Российской Федерации. Дисс. … канд. юрид. наук. М., 1998. С. 16.

[60] Ниг.: Экономическая энциклопедия. / Науч. ред. совет изд-во «Экономика». Гл. ред. Л.И. Абалкин. М.: ОАО Издательство «Экономика». 1999; Большая Советская Энциклопедия. (В 30-ти томах.) Гл. ред. А.М. Прохоров. Изд. 3-е. М., «Советская Энциклопедия». 1976. Т. 25. Струнино-Тихорецк. 1976. С. 246; Шомуродов Ф. Вопросы и ответы о налогах в Республике Таджикистан (на тадж. языке). Первое издание. Душанбе, 2010. С. 124; Раджабов М.Н. Таможенное право Республики Таджикистан (на тадж. языке). Душанбе. 2013. С. 8.

[61] Таможенное дело: учебник для бакалавров / Г.А. Маховикова, Е.Е. Павлова. – 2-е изд., перераб. и доп. – М.: Издательство Юрайт, 2014. С. 16

[62] Ниг.: Њасанов К. Роњкушои кори гумрук. Душанбе, «Ирфон». 2001. С.9

[63] Ниг.: Агишева Е.Н. Правовые и организационные аспекты административной деятельности таможенных органов Российской Федерации. Дисс. … канд. юрид. наук. М., 2003. С. 15  

[64] Њамон љо. С. 9

[65] Ниг.: Порошин Ю.Б., Алёхина О.В. Таможенное дело: учебное пособие. – Саратов, 2010. С. 4

[66] Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон. Душнбе. Нашриёти «Ганљ», 2016.  С.4.

[67] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи мурољиат 25.11.220)

[68] Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2004. С.136.

[69] Тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон С. 87. Душанбе, 2010.

[70]Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи маурољиат 15.11.220).

[71] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи мурољиат 20.10.220).

[72] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи мурољиат 22.11.220).

[73] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи мурољиат 25.11.220)

[74] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи маурољиат 25.11.220)

[75] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи маурољиат 25.11.220)

[76] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019. Рељаи дастрасї: http://www.president.tj/node/24729/ (санаи маурољиат 25.11.220)

[77]Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.8.

[78] Конституционные основы семейного права. – М., 2008. – С.98

[79]Семейное право. Учебник. – М., 2004. – С.136.

[80]Кодекси оилаи ҶумҳурииТоҷикистон //Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод,303.

[81]Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон (Барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ).- Душанбе, 2006.

[82] Мањмадшоев Ф.А. Правовое обеспечение индивидуального предпринимательства в РТ: дис…. канд. юрид. наук. Душанбе – 2012,  С. 69.

[83] Ведомости Шўрои Олии ЉТ. 1992. №4. СТ. 37; 1993. №8. СТ 112; 1993. №14. СТ. 279.

[84] Буриев Н.Э. Соҳибкори инфродӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи гражданӣ: кори дипломӣ. Душанбе – 2012, С. 52.

[85] WWW.mmk.tj – санаи муроҷиат 30.10.2020

[86] Барномаи “Adlia”