ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”
Аз 4 то 7 июли соли 2022 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамшарикии Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншоотҳои варзишӣ” бахшида ба 25 солагии – Ваҳдати миллӣ ва 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни наврасон (духтарону писарон) ва калонсолон (мардон ва бонувон) баргузор карда шуд.
Мусобиқаи мазкур байни кормандони вазорату идораҳои марказӣ аз қабили Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра доир гардид.
Намояндаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурляминзода Гулнора дар мусобиқаи мазкур иштирок намуда, байни бонувон ҷойи сеюмро ишғол намуда, 8 июли соли равон ӯ ҳамчун ғолиби мусобиқа бо Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе, медал ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки ин бори аввал нест, ки Нурляминзода Г.А. -ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гардида, бо диплом ва медал қадрдонӣ карда мешавад.
Нурляминзода Гулнора, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим пайваста ҷаҳду талош менамояд, дар маҷлиси коллективи кормандони Суд барои иштироки фаъолонааш аз ҷониби маъмурияти табрику шодбош карда шуд.