ИШТИРОКИ СУДЯИ СУДИ КОНСТИТУТИСОНӢ ДАР ПАНҶУМИН КОНГРЕССИ АССОТСИЯТСИЯИ СУДҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ОСИЁ ВА ИНСТИТУТҲОИ МУОДИЛ

Рӯзҳои 19 то 20 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Монголия Панҷумин Конгресси Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил доир гардид.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил мебошад. Дар чорабинии мазкур судяи Суди конститутсионӣ Қувватзода Ф.Ҷ. бо тариқи маҷозӣ иштирок ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон дар шароити муосир» баромад намуд.

Зимни чорабинии мазкур мавзўҳои мухталифи марбут ба конститутсионализм, нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, нақши адолати судии конститутсионӣ дар амалишавии арзишҳои конститутсионӣ, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, таҷрибаи назорати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф ва дигар мавзӯҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, барои муаррифӣ намудани таҷрибаи назорати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии мақомоти назорати конститутсионӣ  заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби раисикунандаи чорабинии мазкур барои иштироки фаъол ва баромади пурмазмун ба намояндаи Суди конститутсионӣ изҳори сипос карда шуд.