Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ, ҳайайти техникӣ ва хизматрасон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлиси тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Каримзода К.М. –муовини Раиси Суди конститутсионӣ ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо ва наздиконашон рӯзгори хушу хонаи обод, сарсабзӣ ва фаъолияти ободкориву созандагӣ ба хотири рушди таҳкими минбаъдаи ватани азизамон таманно намуд. Мавсуф зикр кард, ки Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон дар сарнавишти давлату миллат ва ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст саҳифаи навро бозкушоӣ карда, моро пеш аз ҳама ба таъриху фарҳанги нодири халқамаон ва фарзандони барӯманди миллатамон шинос ва дар қалби ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёнро ба ин кишвари биҳиштосо ва мардуми сарбаланду тамаддунофар ҷой намуд. Воқеият он аст, ки тантанаи адолати таърихию иҷтимоиро бе саҳми намоён, назаррас ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин Истиклолият қарор дорад, тасаввур кардан мумкин нест. Аз ҷониби ӯ амиқ дарк кардани аҳамияти таърихию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ, мазмуну мундариҷаи истиқлолиятхоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳу худшинос будан ва дар ҳамин руҳия тарбия намудани элитаи сиёсии миллӣ ва халқи Тоҷикистон ба он боис гардид, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин вақт ба рушди бомарому бонизоми давлат ва соҳахои хоҷагии халқ ноил гардид. Ҳамчунин таъкид гардид, ки вазифа ва масъулияти таърихии ҳар фарди худшиносу худогоҳ– ин ҳифзи дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ ва афзун намудани онҳо мебошад. Муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ба хотири ғояи «Тоҷикистон– ватани ободу зебои мо» асос ва заминаи пешрафти минбаъдаи давлату давлатдории мо мебошад. Дар фарҷоми маҷлис, судяҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат бо рутбаҳои дараҷаи якуми тахассус сарфароз гардонидашуда табрик карда шуданд.