Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар сесад забон донӣ, фузун нест, Ҳамарӯзе ба кор ояд забун нест. Надонй гар забони миллати худ, Пушаймонй надорад оқибат суд.

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии То­ҷикистон бах­шида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ бар­гузор гардид.

Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ Каримзода К.М. – муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, ҳо­зи­ринро ба ин иди муқаддас табрику таҳният гуфта, нақши забонро дар давлатдории тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки забони тоҷикӣ бузургтарин рамзи дав­латдории халқи тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо қудрату тавоноии он мардуми тоҷик ба Истиқлолияти давлатӣ мушараф гардидааст.

Гузаштагони мо ҳатто дар давраи басо номусоид ва вазнини таъ­рихи худ забони худро аз даст надода, онро чун гавҳараки чашм ҳифз на­муда, то ба замони соҳибистиқлолии дав­лати мо нигоҳ дошта, саҳми худ­ро дар рушду такомули он гу­зоштанд.

Адабиёти оламшумули мо шаҳодати тавоноӣ ва зебоии забони то­ҷикӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки рушду нумуи забон бо мавқеъ ва нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То­ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Бо дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат нақши забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаҳои коргузорӣ ва эҷоди қонунҳо мавқеи назар­рас пайдо намуд.

 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо та­шаббуси бево­ситаи Пешвои миллат қабул гардида, ба рушди минбаъдаи забони дав­латӣ таъсири ҳамаҷонибаи худро расонид.

Ҳамин тариқ, даврони соҳибистиқлолӣ замони рушду та­ко­мули ар­зишҳои асили маънавӣ ва анъанаву суннатҳои неки халқи тоҷик, аз ҷумла забони модарӣ маҳсуб меёбад, қайд намуд Каримзода К.М.

Сипас судя ва кормандонии Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Д.Р., Нурляминзода Г.А.- дар бораи забони тоҷикӣ ва забономӯзӣ;  Бо­боева Ш.Ҳ.- оид ба таърихи забони тоҷикӣ; Сангзода Г.Р.- оид ба танзими ҳуқуқии забони давлатӣ; Усмонзода Н.А- оид ба васфи забон дар каломи ашъор ва Ҳалимов А.А.- дар бораи қонуни забони давлатӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз ашъори  шоирони маъруфи адабиёти тоҷик Лоиқ Ше­ралӣ, Бозор Собир  ва дигарон оид  ба забони давлатӣ шеърҳо қи­роат на­муданд.

Дар хотимаи маҷлис таъкид карда шуд, ки  эҳтироми забон – ин омӯзишу аз бар кардани он мебошад ва ҳозиринро ба омӯзиши ҷуқури забони давлатӣ ва аз бар кардани он даъват намуд.

Yandex.Metrica