«Дастархони таомҳои миллӣ»
Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор гардид.
Озмун ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон ва духтарони ҷавон дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади эҳё ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ доир гардид.
Он байни бонувони Суди конститутсионӣ доир гардида, аз омода намудани хӯроки миллӣ ва муаррифии он иборат буд.
Дар озмун на танҳо бо таомҳои миллӣ, балки ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ низ намоиш дода шуд.
Дар охир Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи довталабон барои иштироки фаъол дар озмун ва истеъдоди эҷодкориашон изҳори сипос намуда, ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.