9 май- Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Имрӯз дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май; маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 Ҷаласаи тантанавиро Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода Абдуҳафиз бо сухани табрикотиашон оғоз намуда, қайд намуданд, ки: “Ҷанги дуюми ҷаҳон барои тамоми сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз давраҳои фоҷиабортарини асри гузашта ба ҳисоб меравад.

  Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони ватандӯст ва қавииродаи тоҷик, яъне 20 фоизи аҳолии Тоҷикистон, ки дар он рӯзҳо ҳамагӣ якуним миллион нафар буд, ба ҷанг сафарбар гардида, онҳо барои дифо ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо шуҷоатмандона мубориза бурда, корнамоиҳои бузург нишон дада, зиёда 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.  

Ҳамчунин калонсолон ва занону наврасон, дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизо, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро мегузоштанд.

 Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷанг, маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома истодаанд.”

      Зимни суханроинашон муҳтарам Ашурзода А.А ҳамчунин қайд намуданд, ки “оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори ҷанги дуюми ҷаҳон ба тамоми сокинони дунё ҳушдор медиҳад, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад.

       Маҳз ба ҳамин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо роҳи музокирот тавассути воситаҳои дипломатӣ ба тариқи осоишта ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ва ҷонибдори сулҳу оромӣ будани Тоҷикистонро ба тамоми аҳли башар талқин менамоянд.”

     Дар анҷом  судяҳо ва тамоми кормандони Суди консти­тутсиониро  ба ифтихори 79-умин солгарди Рӯзи ғалаба самимона табрик намуда, ба онҳо ва дар симои онҳо ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу намуданд.

Ба ин муносибат кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ, низ баромадҳо намуда, роҳбарият ва кормандони дасгоҳи судро табрику таҳният намуданд.

Yandex.Metrica