БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ

14 ноябри соли 2024  судяҳо ва кормандони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар бинои таълимии факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид ба амал оварданд.

Осорхонаи Пешвои миллат аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун арзи сипос ба хизматҳои арзанда ва шоёни Сарвари давлат – ­­­хатмкардаи факултети иқтисодиёти ин боргоҳи илму маърифат (1977 – 1982) ташкил карда шудааст. Осорхонаи мазкур аз утоқи пазироӣ ва 2 толор иборат мебошад: Толори якум “Таҳсил” ва Толори дуввум “Истиқлол” номгузорӣ карда шудааст.

Дар толори “Таҳсил” судяҳо ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ бо ҳуҷҷатҳои айёми довталабӣ, таҳсил ва хатми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд. Нигораҳо ҷолибу дидани буда,  бозгӯи даврони солҳои 70 – 80 -уми асри ХХ даврони донишҷӯи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар осорхонаи мазкур аксҳо оид ба замони донишҷӯӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони Донишгоҳ, устодони факултет, инчунин расми  роҳбарони давлатҳои гуногун, ки ба Донишгоҳ ташриф овардаанд  ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузоша шудааст.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносии кормандон, бахусус ҷавонони дар хизмати давлатибуда, нақши муассири созанда дорад. Аҳли кормандони Суди конститутсионӣ дастаҷамона, бо як руҳи болида аз  Осорхонаи мазкур дидан карда, аз даврони донишҷӯии Сарвари  муаззами хеш аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар Суди конститутсионӣ минбаъд низ ба нақша гирифта шуда, аҳли кормандон аз дигар ҷойҳои таърихии ватанамон, ки таҷассумкунандаи фарҳангу тамаддун, марҳилаҳои давлатдорӣ ва дигар арзишҳои миллиамон мебошанд, дидан менамоянд.