Ахбор дар бораи маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
9 январи соли 2024 маҷлиси ҷамбастии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Маҷлиси ҷамбастӣ бо иштироки К.Каримзода – муовини Раиси Суди конститутсионӣ, судяҳои Суди конститутсионӣ, кормандони дастгоҳи Суд, инчунин Саидзода Исфандиёр – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доир гардид.