ИШТИРОКИ РАИС ВА СУДЯИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АНҶУМАНИ V КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ АДОЛАТИ СУДИИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Раиси Суди конститутсионӣ     Абдулҳафиз Ашурзода ва судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшед Ҷамшедзода аз 4 то 7 октябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Индонезия дар Анҷумани панҷуми Конференсияи умумиҷаҳонии адолати судии конститутсионӣ (WCCJ) дар мавзӯи «Адолати судии конститутсионӣ ва сулҳ» иштирок намуданд.

Дар кори ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия ва Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии 92 кишвари ҷаҳон аз қабили Австрия, Албания, Алжир, Андора, Арманистон, Африка, Белорусия, Булғористон, Венгрия, Гана, Камерун, Кения, Косово, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Македония, Молдавия, Олмон, Руминия, Словения, Туркия, Ӯзбекистон, Хорватия, Чили, Шоҳигарии Иордания, Шоҳигарии Тайланд, Шоҳигарии Люксем­бург, ҳамчунин намояндагони зиёда аз 10 созмонҳои бонуфузи байналмилалии назорати конститутсионӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи судҳои конститутсонии Осиё ва институтҳои муодил, Форуми судҳои олии Африка (SACJF), Судҳои Иттиҳоди миллатҳо,  Ассотсиатсияи Авруосиёии мақомоти назорати конститутсионӣ (EACRB), Иттиҳоди судҳо ва шӯроҳои конститутсионии давлатҳои араб (UACCC), Конфронси судҳои констит­утсионии Аврупо (СECC) ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Анҷуман дар сатҳи хуби омодагӣ доир гардида, дар он мавзӯҳои мухталифи марбут ба салоҳияти судҳо ва дигар мақомоти назорати конститутсионӣ, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини сулҳ, волоияти ҳуқуқ,  нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини суботи конститутсионӣ дар мамлакат, воситаҳои муосири таҳкими ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, таъмини қонунияти конститутсионӣ дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзӯҳои мубрам роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти ҳуқуқ мавриди муҳокимаҳои доманадор қарор дода шуданд.

Дар доираи кори Анҷуман Раис ва судяи Суди конститутсионӣ дар ҷаласаҳои Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии Осиё ва институтҳои муодил ва Ассотсиатсияи Авроосиёии мақомоти назорати конститутсионӣ, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои мазкур мебошад иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари хизматӣ Раиси Суди конститутсионӣ бо раисони судҳои конститутсионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Булғористон ва Арманистон ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва табодули таҷриба суҳбату вохуриҳои судмандро анҷом дод.

Дар маҷмӯъ чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, барои муаррифӣ намудани таҷрибаи назорати судии конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти назорати конститутсионии давлатњои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии мақомоти назорати конститутсионӣ  заминаи мусоид фароҳам овард.

Yandex.Metrica