«Тоҷикона мепӯшем»
Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2026, №02-4/203 ва дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2026, №4804(25-5) бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби либосҳои зебои миллӣ, атласу адрас, чакан, инчунин аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ аксияи «Тоҷикона мепӯшем» миёни вазорату идораҳо, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин замина, ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин самт дар аксияи навбатии «Тоҷикона мепӯшем», ки санаи 1 апрели соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Устод Рӯдакӣ» баргузор гардид, иштироки фаъоли занону бонувони Суди конститутсионӣ таъмин карда шуд.
