Принсипи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар меҳвари паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз ҷузъҳои муҳим ва авлавиятдоштаро дар паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ин масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, кишоварзӣ, андозу молия, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ғайра ташкил менамояд. Дар ҳамин замина, ҳамчун масъалаи дигари марказии паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил ва натиҷагирии самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ ташкил намуд. Ба ғайр аз ин, дар паём рушду инкишоф ва тақвияти сиёсати давлатӣ дар заминаи қабули стратегия, барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари банақшагирӣ барои солҳои оянда масъалагузорӣ мегардад.
Вобаста ба таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии татбиқшаванда иброз намудан мумкин аст, ки дар заминаи онҳо дастуру супоришҳои нав рӯйи кор меоянд. Масалан, иброз карда шуд, ки «Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030-ро таъмин намоянд».
Ба ҳамин тартиб дар хусуси омӯзиши барномаҳои амалишаванда ва такмили минбаъдаи онҳо низ махсус иброз намудан мумкин аст. Дар ин хусус дар паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки «вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад».
Дар баробари ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии амалишаванда ҳамзамон бо мақсади банақшагирии рушди соҳаҳои алоҳида дар паём қабули стратегияву барномаҳои нав низ мушоҳида мегарданд. Аз ҷумла, дар ин паём таҳия ва қабули 7 ҳуҷҷати банақшагирии стратегии дигар таъкид карда шуд.
- Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
- Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030. Бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
- Стратегияи рушди бозори сармоя. Ҳамзамон, хотирнишон намуданд, ки ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» ва ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошад. Ҳамзамон бо ин, бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул карда шавад.
- Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим. Аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар вазорату идораҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои зикршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.
- Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030. Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030-ро таҳия ва амалӣ созад.
- Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026-2030. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026-2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар маҷмуъ, паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ принсипи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушди соҳаҳоро ҳамчун меҳвари асосии сиёсати давлатӣ муқаррар намудааст. Дар Паёми имсола сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии амалишаванда таҳлил гардида, ҳамзамон самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда ба таври афзалиятнок муайян шудаанд.
Бояд гуфит, ки таҳияву қабули стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ дар соҳаҳои алоқа, андозу молия, бозори сармоя, саноатикунонӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, пахтакорӣ ва саноати дорусозӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки паём ба тақвияти асосҳои иқтисоди миллӣ, рушди истеҳсолот ва инноватсия нигаронида шудааст. Ин ҳуҷҷатҳо дар маҷмӯъ низоми мукаммали банақшагирии стратегиро ташкил дода, барои рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ,
судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
