Санаи 19 июни соли 2026  судя ва кормандони дастгоҳи  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  эҳтирому арҷгузорӣ  ба хотираи неки қаҳрамонони Тоҷикистон  Шириншоҳ Шохтемур, Нусратулло Махсум ва ходими давлатӣ Нисор Муҳаммад ба  оромгоҳи Лучоб    ташриф оварда, бо  гузоштани гулҳои тару тоза рӯҳи фарзандони фарзонаи миллатро шод намуданд.

        Зимни зиёрат судя Қувватзода Фотеҳ  аз корномаҳои ватандӯстона ва ҷоннисории  онҳо баҳри барқарории давлати Тоҷикистон, ёдоварӣ намуда зикр кард, ки хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаи онҳо дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муарифии милати тоҷик ҳамчун милати қадимиву давлатдор аҳмияти нақши муҳим дорад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: “ Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.”

          Гарчанде ин шахсиятҳои бузург барои ҳифзи манфиатҳои миллати хеш, беадолатона ба таҳқиру ҷазо гирифтор шуда, ҷони худро аз даст дода бошанд ҳам,  миллати Тоҷик чунин фарзандони фарзонаи худро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад ва корномаҳои онҳо дар таърихи давлату миллат бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, барои наслҳои имрӯзаву оянда мояи ифтихор ва намунаи ибрат мебошад.

Зиндаву ҷовид монд ҳаркӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро

                                                                                                                                 Саъди Шерозӣ