Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2026, №214 Қодирзода Ҷурабек Шариф судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ба ин муносибат дар толори Суди конститутсионӣ нахуст Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз ба самъи ҳозирин расониданд, ки имрӯз иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Яке аз бандҳои дар рӯзномаи иҷлосия дарҷгардидаро масъалаи баррасии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси интихоб намудани Қодирзода Ҷурабек Шариф ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода, вобаста ба он қарори якдилонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Баъдан судяи тозаинтихобро дар ҳузури судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло муаррифӣ намуданд.

Аз ҷониби Раиси Суд ва намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судяи тозаинтихоб дар самти таъмини адолати конститутсионӣ ва ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар фарҷом судяи Суди конститутсионӣ – Қодирзода Ҷурабек Шариф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимоду боварӣ ва пешниҳоду интихоб намуданашон ба ин вазифаи пурмасъул изҳори сипоси бепоёни худро иброз намуданд.