Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 5-уми октябри соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри таъмини иҷрои банди 2 Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионӣ барои солҳои 2026-2030 ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо амри Раиси Суди конститутсионӣ аз 19 январи соли 2026, №6-СК тасдиқ гардидааст, ҷаласаи тантавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст, ҷаласаро муовини Раиси Суди конститутсионӣ – Абдураҳимзода Дилором Рустам кушода эълон намуда, ҳозиринро ба қироати Суруди миллӣ даъват намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Абдураҳимзода Д.Р. иброз намуданд, ки: «Эътироф ва таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони давлатиро муқаррар намуда, барои ҳифз, рушди ҳамаҷониба ва истифодаи дурусти он заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст».
Бо ҳамин тартиб, тибқи барномаи тасдиқгардидаи ҷаласа маърӯзаҳои зерин шунида шуд:
- Идрисзода Балаҷон Алиҷон – судяи Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ганҷи ҷовидонаи миллати тоҷик»;
- Сафарзода Эраҷ Гулаҳмад – сардори шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва коргузории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Қабул ва ташаккули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди забон дар даврони Истиқлол»;
- Ҳайдарзода Шаҳноза Ҳайдар – ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ва заминаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии рушди он дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон».
Дар қисмати музокира бошад судя Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ доир ба таҳқиму тақвияти меъёрҳои забони қонунгузорӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба имлои забони тоҷикӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки эҳтиром ба забони давлатӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои дахлдор, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар фаъолияти давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.
