Т А Ъ И Н О Т дар бораи оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рӯйи дархости Амониён Толиб Амон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 18 марти соли 2015, №1182 ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ш. Душанбе 28 сентябри соли 2026
Т А Ъ И Н О Т
дар бораи оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рӯйи дархости Амониён Толиб Амон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 18 марти соли 2015, №1182 ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 28 сентябри соли 2026
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода А.А., муовини Раис Абдураҳимзода Д.Р., судя-котиб Соҳибзода М.М., судяҳо: Шарифзода А.Н. ва Қувватзода Ф.Ҷ., Идрисзода А.Б.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Каримзода Ш.Ш.,
дар маҷлиси судӣ гузориши муовини Раис Абдураҳимзода Д.Р. ва судя-котиби Суди конститутсионӣ Соҳибзода М.М. оид ба дархости шаҳрванд Амониён Т.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шунида,
м у а й я н к а р д:
Амониён Т.А. бо дархост ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, дар он зикр менамояд, ки сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд, бинобар ин, ғайриконститутсионӣ эътироф карда шавад ва дар ин хусус мурофиаи судии конститутсионӣ баргузор карда шавад.
Муроҷиаткунанда иброз менамояд, ки дар моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ муқаррар шудааст. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст.
Ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба меҳнат, ки дар моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқӣ ва таҳкими худро ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 4 Кодекси мазкур озодии меҳнат ва манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумлаи принсипҳои асосии қонунгузории меҳнат эътироф гардида, моддаи 5 ҳар касро ба интихоби озоди меҳнат, касб ва самти фаъолият кафолат медиҳад.
Ҳамзамон, мутобиқи моддаи 6 Кодекси мазкур ҳуқуқи ҳеҷ кас ба меҳнат наметавонад маҳдуд карда шавад, ба истиснои ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ин лиҳоз, кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат бояд на танҳо ҳамчун имконияти расмии машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ, балки ҳамчун таъмини шароити ҳуқуқии воқеӣ барои интихоби озоди касб ва фаъолияти меҳнатӣ фаҳмида шавад.
Бинобар ин, муқаррар намудани ҳар гуна талабот ё маҳдудияти иловагӣ дар қисмати дастрасӣ ба фаъолияти касбӣ бояд дорои асоси қонунӣ, ҳадафи қонунии холисона асоснокшуда ва мутаносиб ба мақсади пешбинигардида бошад.
Мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Ин принсип на танҳо баробарии расмии шаҳрвандонро ифода мекунад, балки мақомоти давлатиро низ уҳдадор месозад, ки ҳангоми татбиқи қонун нисбат ба шахсони дар вазъияти ҳуқуқии якхела қарордошта муносибати одилона, асоснок ва мутаносибро таъмин намоянд.
Принсипи баробарӣ маънои онро дорад, ки маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахс бояд танҳо дар ҳолате роҳ дода шавад, ки он ба ҳадафи қонунӣ асос ёфта, барои расидан ба он ҳадаф зарурӣ ва мутаносиб бошад. Татбиқи маҳдудиятҳое, ки аз доираи зарурат берун мераванд ё ба оқибатҳои номутаносиб меоранд, ба талаботи Конститутсия ҷавобгӯ буда наметавонанд.
Муроҷиаткунанда чунин меҳисобад, ки тарзи татбиқи сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар ин масъала ба принсипҳои баробарӣ, адолат ва мутаносибӣ мувофиқат надошта, иброз медорад, ки меъёрҳои болозикр ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд. Бинобар ин, бояд аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёр мавриди арзёбии конститутсионӣ қарор дода шавад.
Дар ҳамин замина, ӯ иброз медорад, ки сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бояд бо дарназардошти принсипҳои конститутсионӣ шарҳ ва татбиқ гардад. Агар ин меъёр ба тавре татбиқ шавад, ки ҳатто шахсе, ки нисбат ба ӯ пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қатъ гардида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст, новобаста аз хусусияти ҷиноят, дараҷаи вазнинӣ, гузашти муҳлати зиёд ва рафтори минбаъдаи ӯ барои тамоми умр аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум гардад, чунин маҳдудият ба талаботи адолат, мутаносибӣ ва баробарӣ ҷавобгӯ нест.
Муроҷиаткунанда Амониён Т.А. дархосташро бо он асоснок менамояд, ки ӯ аз 12 январи соли 2006 ба ҳайси котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба кор шуруъ намудааст. Дар давраи фаъолияти корияш нисбат ба ӯ дар асоси аломатҳои банди «б» қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2008 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қабул ва татбиқ гардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 20 июни соли 2007, №286 истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо қарор аз 26 марти соли 2008 қатъ карда шуд. Дар робита ба ин, нисбати муроҷиаткунанда санади дахлдори судӣ (ҳукми айбдоркунандаи суд) қабул нагардидааст ва ӯ доғи судӣ ҳам нагирифтааст.
Баъдан бо хоҳиши худи муроҷиаткунанда аз 2 марти соли 2009 фаъолияти кориашро ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ ба итмом расонида, моҳи марти ҳамон сол ба ҳайси адвокат ба кор оғоз намудааст. То қатъ гардидани мақоми адвокатӣ, яъне то санаи 25 июни соли 2026 Амониён Т.А. ба ин фаъолият қонунан машғул буд.
Пас аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва мақоми адвокатӣ» яке аз асосҳои қатъ гардидани мақоми адвокат ин эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба гунаҳгор донистани адвокат дар содир кардани ҷинояти қасдона муқаррар гардид (сархати чоруми қисми 1 моддаи 22). Баъдан бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин қонун аз 23 ноябри соли 2015, №1237 сархати болозикр таҳрир гардида, дар он калимаҳои «ҷинояти қасдона» ба калимаҳои «ҷиноят ва ё қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида» иваз карда шуданд.
Амониён Т.А. қайд менамояд, ки то ворид гардидани ҳамин тағйирот маҳдудият вобаста ба қатъ намудани мақоми адвокатҳо ба талаботи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамуд, зеро чунин меъёр дар дигар қонунҳои соҳавӣ новобаста ба мақоми хизматӣ ё ғайрихизматии кормандон пешбинӣ гардида буд. Баъдан бо васеъ гардидани доираи муқаррароти меъёри мазкур маҳдудият дар ин маврид бештар гардида, амалан нисбат ба фаъолияти адвокатӣ ва минбаъд якумра маҳрум намудани адвокат аз машғул шудан ба фаъолияти қаблии худ мухолифат ба меъёри конститутсиониро ба вуҷуд овардааст.
Ҳамин тавр, соли 2026 нисбат ба муроҷиаткунанда парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи бандҳои «а, в, г»-и қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026, №2257 пешбурди парванда то эълон гардидани ҳукми айбдоркунандаи суд қатъ гардида, дар робита ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» Амониён Т.А. доғи судӣ низ нагирифтааст.
Аммо новобаста ба ин, бинобар талаботи нави сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо қарори Комиссия аз 25 июни соли 2026, №109 мақоми адвокатии муроҷиаткунанда қатъ карда шуда, минбаъд ба таври якумра аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шудааст.
Дар ин маврид муроҷиаткунанда боз ба як нуктаи дигар ишора менамояд, ки агар содир намудани ҷиноятҳо ба дараҷаи вазнин ва махсусан вазнин, инчунин ба фаъолияти касбӣ алоқамандӣ дошта бошад, пас маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба ҳамин фаъолият мувофиқи мақсад аст. Аммо дар сурате, ки шахс аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир менамояд, ҷинояти содирнамудаи он ба дараҷаи начандон вазнин ва миёна, инчунин дигар кирдорҳое, ки ба фаъолияти касбӣ алоқамандӣ надоранду боиси оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ мегарданд, то куҷо ба маҳрум кардани шахс аз ҳуқуқи якумра машғул шудан ба фаъолияти касбияш мувофиқат менамояд?
Ҳамзамон, агар нисбати шахсе, ки парвандаи оғозгардида нисбаташ то эълони ҳукми айбдоркунандаи суд қатъ гардидааст ва доғи судӣ низ надорад, то куҷо ба муҳтавои кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат ва умрбод маҳрум намудани ӯ аз машғул шудан ба ҳамин фаъолияти мавриди назар мутобиқат дорад?
Дар ин маврид муроҷиаткунанда Амониён Т.А. ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки бо назардошти хусусияти фаъолияти касбии адвокатӣ, кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат, инчунин маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд дар хусуси маҳрум намудани шахс аз машғул шудан ба фаъолияти касбии қаблӣ, мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро ҷиҳати қисман таҷдиди назар кардан масъалагузорӣ намояд.
Муроҷиаткунанда санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро дар хусуси қатъи хизмат дар мақомотҳои давлатӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, қайд менамояд, ки мутобиқи сархати чоруми моддаи 48 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳолатҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошад, ин лаҳзаи (ҳангоми) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд маҳсуб мегардад.
Инчунин, дар асоси талаботи сархати шашуми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 яке аз асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ ин эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд муқаррар гардидааст. Албатта, фаъолияти адвокатӣ ва хизмати давлатӣ аз рӯйи табиат ва вазифаҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин, чунин фарқият наметавонад барои татбиқи маҳдудияти номутаносиб асос гардад, агар дар ҳар ду ҳолат сухан дар бораи як ҳолати ҳуқуқӣ ва як шахс меравад.
Дар асоси сархати ёздаҳуми қисми 2 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, №374 ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд асос барои қатъ шудани хизмат дар мақомоти Агентӣ ба шумор меравад.
Амониён Т.А. иброз медорад, ки мувофиқан, дар алоқамандӣ бо муқаррароти меъёрҳои санадҳои болозикр боиси таваҷҷуҳи махсус мебошад, ки қонунгузор дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба гунаҳкор донистани адвокат дар содир кардани ҷиноят, ҳамчун асоси қатъ намудани мақоми адвокат, инчунин қабули қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ӯро бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 ва моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида муқаррар намудааст.
Дар ин ҳолат шахс ҳатман бо ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд гунаҳгор дониста нашуда, балки парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қонун, аз ҷумла қабули санади авф, пушаймонӣ аз кирдор, оштӣ шудан бо ҷабрдида, тағйир ёфтани вазъият ё гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, қатъ мегардад. Бо вуҷуди ин, чунин ҳолат тибқи меъёри мавриди баҳс боиси қатъ гардидани мақоми адвокат ва маҳрум шудани ӯ аз имконияти минбаъд машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ мегардад.
Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки дар асоси қисми 11 моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005, №107 шахсоне, ки барои ҷинояткорӣ маҳкум шудаанд, ба истиснои шахсони сафедкардашуда аз ҷониби судҳо, наметавонанд ба вазифаи прокурор, ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратура таъин шаванд.
Дар асоси талаботи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 июни соли 2023, №1977 корманди Палатаи ҳисоб ва шаҳрванд, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дорад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона дар асоси сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 27 ва моддаҳои 28-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидааст ё бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд маҳкум шудааст, наметавонад ба Палатаи ҳисоб ба кор қабул гардад ва дар Палатаи ҳисоб фаъолият намояд.
Бо вуҷуди ин, ба андешаи муроҷиаткунанда, сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз ҷиҳати мазмун ба ду ҳолати ҳуқуқии аз ҳам фарқкунанда асос ёфтааст. Қисми аввали он бевосита ба эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба гунаҳгор донистани адвокат дар содир намудани ҷиноят, ки ин ба муносибати умумии қонунгузорӣ вобаста ба оқибатҳои ҳуқуқии маҳкум намудани шахс бо ҳукми суд мутобиқат дошта, аз ҷумла, бо муқаррароти қонунгузории меҳнат оид ба қатъи муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳолати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд ҳамоҳанг мебошад.
Аммо қисми дигари ҳамин меъёр (идомаи ҳамин сархат) – қабули қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани адвокат бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27 ва моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, оқибати ҳуқуқии дигар дошта, ба ҳолате дахл дорад, ки нисбат ба шахс ҳукми айбдоркунандаи суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бароварда нашудааст.
Дар баробари ин, Амониён Т.А. чунин меҳисобад, ки қабули қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахс, аз ҷумла, татбиқи санади авф, дар худ маънои эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи судро надорад ва оқибатҳои ҳуқуқии он набояд ба таври худкор бо оқибатҳои маҳкум шудан бо ҳукми суд яксон дониста шаванд. Бо вуҷуди ин, қонунгузор дар баъзе соҳаҳои махсус, бо дарназардошти хусусияти хизмати давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ, татбиқи чунин ҳолатро ба маҳдудиятҳои минбаъдаи хизматӣ алоқаманд намудааст.
Зеро, тибқи сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабули қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани адвокат бо асосҳои дар қонун пешбинигардида метавонад боиси қатъ гардидани мақоми адвокат гардад ва ба ин васила шахсро аз имконияти идомаи фаъолияти касбии худ маҳрум созад.
Дар робита ба масъалаи мавриди назар муроҷиаткунанда Амониён Т.А., ҳамзамон ба тафовути танзими ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ ва фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ низ таваҷҷуҳ намудаст. Ӯ иброз менамояд, ки гарчанде адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ аз лиҳози мақоми ҳуқуқӣ яксон набошанд ҳам, ҳар ду фаъолияти онҳо ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсон равона гардидааст.
Мутобиқи сархати шашуми қисми 4 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июли соли 2020, №1694 ба ғайр аз асосҳои дигари пешбининамудаи ҳамин қисм, инчунин шахс ҳуқуқшиноси давлатӣ шуда наметавонад, агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад.
Аз мазмуни ҳамин сархат бармеояд, ки бо вуҷуди оне ки фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ мақоми хизматӣ ва давлатӣ дошта, аз фаъолияти адвокатӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ фарқ менамояд, аммо вобаста ба монеъ шудан ва маҳдуд намудани машғул шудан ба фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳолатҳои нисбатан мушаххас ва талаботи камтарро пешбинӣ менамояд.
Бо вуҷуди ин, қонунгузор нисбат ба адвокат ҳолатҳои нисбатан васеътари қатъи мақоми касбиро вобаста ба озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Чунин фарқият, бо дарназардошти он ки фаъолияти адвокатӣ фаъолияти ғайридавлатии касбӣ буда, адвокат хизматчии давлатӣ намебошад, эҳтиёҷ ба асосноккунии ҷиддии ҳуқуқӣ ва арзёбии мутаносибии чунин маҳдудиятро ба миён меорад. Зеро, татбиқи ин меъёр метавонад ҳатто дар сурати мавҷуд набудани ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба қатъи мақоми адвокат ва монеъ гардидани шахс ба идомаи фаъолияти касбии интихобкардааш оварда расонад.
Аз ин рӯ, ба андешаи муроҷиаткунанда, қисман сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо дарназардошти кафолати ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби озоди касб, ки моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, таҷдиди назар карда шавад ва ё ба монанди муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ҳолати мушаххастари қатъи мақоми адвокатро дар робита ба меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ намояд.
Дар натиҷа, ҳолате, ки дар низоми умумии муносибатҳои меҳнатӣ ҳатман бо қатъи ҳуқуқи шахс ба идомаи фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд нест, барои адвокат оқибати бевоситаи касбӣ, аз ҷумла, аз даст додани мақоми адвокат ва маҳдуд шудани имконияти идомаи фаъолияти интихобкардаи касбиро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, муроҷиаткунанда ба ин андеша аст, ки чунин танзими ҳуқуқӣ дар робита ба кафолати пешбининамудаи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби озоди касбу фаъолияти меҳнатӣ мавриди бознигарӣ қарор доданро тақозо менамояд.
Бо вуҷуди ин, чунин ҳолат тибқи меъёри мавриди баҳс ба қатъи мақоми адвокат ва дар натиҷа ба аз даст додани имконияти идомаи фаъолияти касбии адвокатӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ба як меъёр баробар намудани оқибати ҳуқуқии маҳкум шудан бо ҳукми суд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардидани шахс бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ метавонад ба ҳуқуқи конститутсионии шахс ба меҳнат ва интихоби озоди касб таъсир расонад.
Дар таҷрибаи мақомоти судии конститутсионии давлатҳои гуногун борҳо таъкид шудааст, ки маҳрум сохтани якумрии шахс аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти касбӣ танҳо бо сабаби қатъ гардидани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, бе дарназардошти ҳолатҳои мушаххаси парванда, хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ, гузашти вақт ва рафтори минбаъдаи шахс, ба талаботи давлати ҳуқуқбунёд ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин, дар амалияи байналмилалӣ, аз ҷумла амалияи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, таъкид гардидааст, ки маҳдудиятҳои вобаста ба фаъолияти касбӣ бояд дорои асоснокии кофӣ, мутаносибӣ ва имконияти арзёбии инфиродӣ бошанд. Манъи мутлақ ва якумрӣ, ки мақомоти ваколатдорро аз имконияти арзёбии ҳолатҳои инфиродии ҳар як шахс маҳрум месозад, метавонад ба талаботи адолат ва волоияти ҳуқуқ мухолифат намояд.
Илова бар ин, чунин маҳдудият боиси номувофиқии дохилии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, зеро дар дигар санадҳои қонунгузорӣ барои ҳамин гурӯҳи шахсон дар ҳолатҳои муайян фаъолият дар хизмати давлатӣ иҷозат дода шудааст. Ин ҳолат зарурати тафсири конститутсионии меъёри баҳснок ва муайян намудани ҳудуди татбиқи онро боз ҳам муҳим мегардонад.
Муроҷиаткунанда баҳри ҳимояи манфиати қонунӣ дар заминаи ҳолатҳои зикршуда, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда шавад.
Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо мавриди омӯзиш қарор дода, қайд менамояд, ки мутобиқи сархати ҳафтуми моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Амониён Т.А. субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ маҳсуб меёбад.
Масъалаи дар дархост баррасишаванда, яъне муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб буда, санҷиши конститутсиониро талаб менамояд.
Шакл ва мазмуни дархост низ аз ҷониби дархосткунанда риоя карда шуда, ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.
Ҳамин тавр, ҳолатҳои мазкур ба Суди конститутсионӣ имконият медиҳанд, ки аз рӯйи дархости Амониён Т.А. «Дар хусуси муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз намуда, масъалаи мазкурро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 38, 40, 41, 43, 44, 46, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
- Аз рӯйи дархости Амониён Толиб Амон «Дар хусуси муайян намудани мутобиқатии сархати 7 қисми 1 моддаи 21 ва сархати 4 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 18 марти соли 2015, №1182 ба моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шавад.
- Муовини Раис Абдураҳимзода Д.Р. ва судя-котиби Суди конститутсионӣ Соҳибзода М.М. парвандаро барои баррасӣ дар мурофиаи судии конститутсионӣ омода намоянд.
- Таъинот қатъӣ буда, нисбат ба он шикоят овардан мумкин нест.
- Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионӣ нашр ва дар сомонаи расмии Суди конститутсионӣ ҷойгир карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода А.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода М.М.
