«Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»
Имрӯз (26-уми октябри соли 2026) дар толори Суди конститутсионӣ ҷиҳати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мақоми волои ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» мизи мудаввари дохилиидоравӣ баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуданд. Нахуст мизи мудавварро Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода Абдулҳафи Абду кушода эълон намуда, баъд аз он Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Сипас тибқи барнома дар қисмати сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди конститутсионӣ муҳтарам Ашурзода А.А. қайд намуданд, ки «нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва таъмини пешрафти ҷомеа аҳаммияти муҳим дошта, он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар асоси Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда фаъолияти худро амалӣ менамояд.
Дар ин раванд, таъсис ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз заминаҳои муҳимми ташаккул ва таҳкими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб рафта, мавҷудияти мақоми махсуси назорати конститутсионӣ ифодаи амалии бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ мебошад».
Бо ҳамин тартиб, аз рӯйи барномаи тасдиқгардидаи мизи мудаввар маърӯзаҳои зерин шунида шуд:
1. Қодирзода Ҷурабек Шариф – судяи Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Нақши ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ».
2. Бобоев Фируз Абдунасимович – мудири бахши инноватсия ва рақамикунонии фаъолияти судии Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Нақши Суди конститутсионӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ».
3. Абдуқаҳҳорзода Комрон Абдуқаҳҳор – мутахассис-котиби маҷлиси судии Суди конститутсионӣ дар мавзуи «Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, дар қисмати музокира муовини Раиси Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам андешаронӣ намуданд, ки «дар татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ки ин арзишҳо меҳвари низоми давлати демократӣ мебошанд, ҳокимияти судӣ, аз ҷумла, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад.
Дар ин раванд нақш ва мавқеи мақомоти судӣ дар баррасии одилона, шаффоф ва беғарази парвандаҳо, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ, инчунин, афзудани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба ҳокимияти судӣ муҳим арзёбӣ мегардад».
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Роҳбарияти Суд як қатор кормандони фаъоли дастгоҳи Суди конститутсионӣ ба муносибати «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» ба Ифтихорномаи Суди конститутсионӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мизи мудаввари дохилиидоравӣ бори дигар бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон гардида, Роҳбарияти Суд ба ҳозирин дар иҷрои рисолати хизматию касбӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
