Қарор аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ёкубчон Додхудоевич

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ёқубҷон Додхудоевич «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 17 феврали соли 2012

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

тарафҳо:

Одинаев Ё.Д. бо намояндаи қонунияш Юнусов Х.Б. – тарафе, ки дар асоси дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ ва Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ – намояндагони тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул, ҷонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Қодиров А.- муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фатҳудинов М.- муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Оймаҳмадов М.- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сабкалов К.В. – муовини Сардори КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон ва ҳуқуқшиноси ҳамин корхона Худоёров О.Ф.;

Одинаев Д.Д.- падари дархосткунанда Одинаев Ё.Д. шахси манфиатдор ба ҷонибдории дархост,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрванд Одинаев Ё.Д. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муовини Раис Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо, фикру андешаи даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Одинаев Ё.Д. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 28 январи соли 2009 иҷрочиёни Суди ноҳияи Њисор ба базаи истеҳсолии дар моликияти хусусии ў қарор дошта, ки дар ҳудуди ноҳияи Њисор воқеъ мебошад, ҳабс гузоштанд. Онҳо санади ҳабси молу мулки қарздор тартибдодаи худро ба ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2007, ки тибқи он ба зиммаи падари ў – Одинаев Д.Д. барқарор намудани зарари ба КВД Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба маблаѓи 375735, 89 доллари ИМА расонидааш вогузор карда шудааст ва муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» асоснок намуданд, ки тибқи он:

«1. Дар ҳама ҳолатҳое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор ба пурра қонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки қарздор бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон бегона кардааст, ба шарте ки шахси сеюм ҳангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти қарздор медонист ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё ин ки дидаю дониста бо нархи паст (камтар аз нархи бозорӣ дар ҳолати бегонакунӣ) ба даст овардааст, нигаронида шавад…

…5. Ба молу мулке, ки аз ҷониби қарздор ба фоидаи ҳамсар, хешу табор ва ё хешу табори ҳамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур амалӣ карда мешавад».

Тибқи ваҷҳҳои иҷрочиёни суд, падари ў- Одинаев Д. гўё бо мақсади дар оянда раҳоӣ ёфтан аз пардохти зарари ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳан расонидааш, базаи истеҳсолиро ба писари калониаш Одинаев Х. бегона намуда, охирин бошад онро ба амакаш Донаёров Х. фурўхта бошад. 16 ноябри соли 2007 Донаёров Х. онро дар асоси шартномаи ҳадя, ки дар идораи нотариалии ноҳияи Њисор таҳти реестри №6 ШД-186 ба қайд гирифта шудааст, ба ў ҳадя кардааст.

Одинаев Ё.Д. чунин мешуморад, ки иҷрочиёни суд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро нисбат ба кирдорҳое, ки падараш Одинаев Д. то қабули Қонуни зикршуда содир карда, барои онҳо ҷазои ҷиноятӣ гирифтааст, татбиқ кардаанд. Ин амали онҳо ба муқаррароти моддаи 101 Қонун дар бораи истеҳсолоти иҷро, ки тибқи он – қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад, мухолифат дорад.

Ба андешаи ў, татбиқи Қонуни зикршуда нисбат ба ҳукми ба қувваи конунӣ даромадаи Суди ноҳияи Шоҳмансур ба талаботи қисми сеюми моддаи 20 Конститутсия, ки тибқи он:

«Қонуне, ки бад аз содир шудани рафтори ѓайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад» ва муқаррароти қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки «Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд», низ мувофиқ нест.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки судҳои зикршуда дар рафти баррасии аризаи даъвогии ў талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истеҳсолӣ ва барои сохтмону тармими он зиёда аз 5 000 000 (панҷ миллион) сомонӣ харҷ кардани аъзои оилаи ўро низ ба эътибор нагирифтанд. Муроҷиатҳои ў дар хусуси аз ҳабс озод намудани моликияташ бо ҳалномаи Суди ноҳияи Њисор аз 16 октябри соли 2009 ва қарори марҳилаи кассатсионии Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2009 беқаноат мононда шуданд.

Њамин тариқ, судҳо бо далелҳои ба тахмину фарз ва гумон асосёфтаи санадҳои судӣ, ки гуё Одинаев Д. базаи истеҳсолиро бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз пардохти зарари расонидашуда ба номи шахсони наздикаш гузаронида бошад, ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба моликият даѓалона вайрон намуданд. Ба соҳибмулки бовиҷдон будани ў нигоҳ накарда, ўро барои кирдори падараш, ки ба онҳо ягон алоқамандӣ надорад, ҷавобгар намуда, моликияташро бе асоси қонунӣ аз ихтиёрдориаш бароварданд.

Аз ин рў, ў моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро, ки иҷрочиёни Суди ноҳияи Њисор нисбати молу мулки ў татбиқ намудаанд, ѓайриконститутсионӣ меҳисобад.

Бинобар ин, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки:

1. мутобиқати моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия муайян намояд;

2. мутобиқати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро, ки баъд аз содир шудани кирдорҳои ҷиноятии Одинаев Д. ва ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур аз 16 марти соли 2007 қабул шудааст, ба қисми сеюми моддаи 20 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки суд ба онҳо қувваи бозгашт додааст, муайян намуда, ҷиҳати барқарор намудани маблаѓҳои аз тарафи аъзои оилаи ў барои базаи истеҳсолӣ хароҷот гардида, дастурҳои зарурӣ диҳад;

3. бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун санади судие, ки худсарона ҳолати айбдоршавандаро вазнин кардааст, бе хулосаи дахлдори мақомоти тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ қабул шуда, барои қаноатбахш гардидани даъвои Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳан оид ба рўёнидани маблаѓи 375735,89 доллари ИМА асос шудааст, бекор карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро ҳамаҷониба омўхта қайд менамояд, ки таъмини иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии санадҳои судӣ унсури муҳимтарини самаранокӣ ва бебозгашт будани ҷазо буда, омили рафънопазири адолати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Хусусияти ин амал дар он ифода меёбад, ки он танҳо аз ҷониби судҳои босалоҳият ва дар асоси қарорҳои қонунӣ баровардаи онҳо раво дониста шуда, инъикоси мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ арзёбӣ мегардад.

Аз тарафи дигар, ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшудаи инсон ва шаҳр- вандро бе барқарор кардани онҳо, ки тартиб ва шароити ба ҳолати аввала баргардонидани онҳоро судҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Вобаста ба ин, моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ менамояд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсия асос ёфта, аз Қонуни зикршуда, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 8 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 муқаррар намудааст, ки «Њар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ў, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқукҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, ҷиҳати таъмини ҳифз ва барқарорсозии онҳо низ бетафовут нест ва чуноне, ки моддаи 21 Конститутсия муқаррар намудааст: «Њуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад». Яъне ҳуқуқҳои вайроншудаи шахсро бе иҷрои санадҳои судӣ барқарор намудан мумкин нест ва ҷазо низ дар сурати татбиқ нашуданаш ба мақсади ниҳоиӣ дар пешаш гузошташуда нарасида, моҳияти иҷтимоии худро гум мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он вазифаҳои истеҳсолоти иҷро – иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк,.. арзёбӣ мегардад ва он мувофиқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.

Моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ки муайян намудани мутобиқати он ба моддаҳои дар боло зикршудаи Конститутсия мавриди баҳси муроҷиаткунанда гардидааст, тартиби нигаронидани ситонишро ба молу мулк, аз ҷумла нигаронидани ситониш ба молу мулки ба шахси сеюм ё ба фоидаи хешовандони наздик бегона кардаи қарздорро муқаррар менамояд.

Ин тартиби дар моддаи зикршуда муқаррарнамудаи қонунгузорро маҳдуд баҳо додан мумкин нест, зеро чунин амал метавонад боиси нофаҳмии моҳият ва татбиқи нодурусти он гардад. Он баҳои ҳуқуқии маҷмўи доданро ба ҳодисаҳои бегона кардани молу мулк бо нияти расонидани зарар ба қарздиҳандагон, молу мулкро ройгон ё ки дидаю дониста бо нархи пасттар аз нархи бозорӣ бегона кардан, бегона кардани молу мулк ба фоидаи хешовандони наздикро тақозо дорад.

Санҷиши масъала муайян намуд, ки таъсиррасонӣ ба моликияти шахс дар ҳолати пешбининамудаи моддаи зикршуда аз як қатор асосҳои мушаххаси муносибатҳи ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз тарафи шахс содир гаштани кирдори зидди ҳуқуқӣ, ки боиси ба субъекти дигари ҳуқуқ расонидани зарар гардидааст ва аз ҷониби суди салоҳиятнок ва санади судии дар асоси қонун қабулшуда дахолат кардан ба моликият вобастагии ногусастанӣ дорад.

Бинобар ин, иҷрои санади судӣ дар як вақт-ин ба таври маҷбурӣ маҳдуд кардани моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон он ба таъмини ҳуқуқи поймолшудаи конститутсионии шахси дигар ба моликият нигаронида шудааст. Муҳим он аст, ки таъсиррасонӣ ба моликият ба дараҷаи кирдори содирнамудаи субъекти ҳуқуқ, ки суд муайян намудааст, бояд баробар ва мувофиқ бошад.

Муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» натиҷаи иҷрои меъёрҳои моддие мебошад, ки тибқи онҳо ба амалҳои ѓайриқонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз ҷониби суд баҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ моддаи зикршударо ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия мутобиқ ҳисоб менамояд.

Нисбати масъалаи дигари дар дархост гузоштаи муроҷиаткунанда, яъне оид ба муайян намудани асоснокӣ ва дурустии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба муқаррароти қисми сеюми моддаи 20 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки гўё иҷрочиёни суд зимни иҷрои санадҳои судӣ онро нисбати кирдор ва санадҳои судии то давраи қабули он содиршуда татбиқ намудаанд, бояд тазаккур дод, ки татбиқи Қонуни зикршуда ба муқаррароти моддаҳои номбаршудаи Конститутсия алоқамандии мантиқӣ надорад.

Дар моддаи 20 Конститутсия сухан дар бораи кирдори ѓайри- қонунии шахс ва нисбати он татбиқ намудани қонуни дар вақти содир шавии он амалкунанда рафта, моддаи 45 Конститутсия бошад масъалаҳои андоз ва қувваи бозгашт надоштани қонунеро, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, мавриди танзим қарор медиҳад. Кирдори ҷиноятии Одинев Д. ва аз ҷониби ў ба дигар субъекти ҳуқуқ расонидани зарари моддиро қонунҳои моддӣ муайян ва банду баст карда, ҷазо ва аз ҷониби ў барқарор гаштани зарари расонидашударо суд тавассути қарори худ муайян менамояд. Аз тарафи дигар, Одинаев Д. на андоз, ки он тибқи қонунгузорӣ ба буҷети давлатӣ дода мешавад, балки зарари расонидаи худро ба фоидаи даъвогари гражданӣ барқарор менамояд. Вазифаи Қонун дар бораи истеҳсолоти иҷро – ин на баҳо додан ба дараҷаи ҳуқуқвайронкунии шахс, балки муайян намудани тартиби иҷрои санади қабулнамудаи судӣ мебошад.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки масъалаи гузошташуда мавзўи муқоиса ва муайян намудани номутобиқатӣ ба моддаи 20 ва 45 Конститутсия буда наметавонад.

Њамин тариқ, моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Њамзамон, ваҷҳои дигари Одинаев Ё.Д. дар хусуси аз ҷониби иҷрочиёни суд ба эътибор нагирифтани талаботи моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моликияти муштарак будани базаи истеҳсолӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои нисбати ў ҷойдошта, тибқи муқаррароти моддаи 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути пешниҳод ба маълумот ва баррасии мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол карда мешаванд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 №373 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба моддаи 12, қисми сеюми моддаи 20, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 32 ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

3. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумурии Тоҷикистон К. Каримов