Қарор аз рўи дархости шаҳрвандон Махмудов М. ва Махмудов Э.

Қ А Р О Р И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

оид ба парванда аз рўи дархости шаҳрвандон Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе «3» октябри соли 2011

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

тарафҳо:

Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. – тарафе, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст ва намояндаи ваколатдори онҳо Назаров Н. Ҳ.,

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагони тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

Даъватшудагон:

Исоқов А. Н. – муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холиқов А.Ѓ. – муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон;

Қурбонова Ҳ.Ҷ.- муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қодиров Т. Қ. – Раиси Коллегия оид ба корҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Зоиров К. А. – муовини Сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрвандон Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Маҳмудов М. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 11 ноябри соли 2007 ў писараш Э. Маҳмудовро бо Маҳмудова Дилафрўз хонадор намуд. Онҳо аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд гардиданд, аммо бо сабаби пайдо шудани нофаҳмиҳо дар муносибати тарафайн аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Дар асоси аризаи Маҳмудова Д., Суди ноҳияи Б. Ѓафуров бо ҳалномаи худ аз 6 сентябри соли 2010 ўро бо писарчаи ноболиѓаш дар ду ҳуҷраи манзили истиқоматии ў воқеъ дар кўчаи Урунхоҷаев хонаи №76, ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ѓафуров маскун намуд.

17 декабри соли 2010 миёни Маҳмудов М. ва писараш Маҳмудов Э. аз як тараф ва собиқ келинаш Маҳмудова Д. аз тарафи дигар ҷангу ҷанҷол ба миён омад. Прокуратураи ноҳия нисбати ў ва писараш барои содир кардани ҷинояти дар моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне вайрон намудани дахл­нопазирии манзил кори ҷиноятӣ кушода, онро ба суд дод.

Суди ноҳияи Б. Ѓафуров бо ҳукми худ аз 15 апрели соли 2011 ў ва писараш Маҳмудов Э.-ро айбдор дониста, шартан маҳкум намуд.

Ба андешаи Маҳмудов М.ва Маҳмудов Э. моддаҳои 121 (Аъзои оилаи молик) ва 122 (Ҳуқуқ ва вазифаҳои оила ва аъзои собиқи оилаи молик)-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Суди ноҳияи Б. Ѓафуров дар ҳалномаи худ ба асос гирифтааст, ҳуқуқҳои конститутсионии Маҳмудов М.-ро ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории моликият, яъне манзили шахсиаш, ки ба ў аз 12 апрели соли 2004 дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рўи қонун тааллуқ дорад, вайрон намудааст. Маҳмудов М. манзили истиқоматиашро, ки моликияти шахсиаш мебошад, бо салоҳдиди худ имконияти истифода бурдан надорад.

Бо назардошти ѓайриконститутсионӣ ҳисобидани моддаҳои 121 ва 122-и Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ ҳисоб менамояд.

Аз ин рў, Маҳмудов М. ва Маҳмудов Э. аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намуданд, ки оид ба дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳод­гардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ, инчунин амалияи судӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки тибқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, онҳо аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.

Ҳуқуқ ва озодиҳо шарти муҳими зиндагии арзанда ва озодона, рушди маънавию рўҳӣ, ташаккули шахсият, иштирок дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва идоракунии ҷомеа, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, онҳо дар Конститутсия пешбинӣ гардида, на танҳо барои инсони мушаххас, балки дар маҷмўъ барои ҷомеа ва давлат ҳаётан муҳим ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок арзёбӣ мегарданд.

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ бевосита амалӣ гардида, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳалиро муайян мекунанд ва тавассути ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Онҳо дар маҷмўъ ба шахс мансуб буда, онҳоро дар алоқамандӣ ва дар қаринаи фаҳмиши ягонаю вобастагии байни ҳамдигарӣ татбиқ намудан мумкин аст ва онҳо танҳо дар асоси муқаррароти Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ метавонанд маҳдуд карда шаванд.

Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода шудани моликияти хусусӣ, инчунин ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд ба моликият муҳимтарини дастоварди сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чунин кафолати конститутсионӣ аз талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи умумиии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 бармеояд, ки тибқи моддаи 17-и он:

«1. Ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чи шахсан ва чи якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд.

2. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад.»

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки Конститутсия дар баробари кафолати ҳуқуқи молу мулкии инсон ва шаҳрванд, тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро низ кафолат дода, дар миёни онҳо оиларо ҳамчун асос ва рукни муҳимтарини ҷомеа эътироф намуда, ҳифзи он, ҳамчунин ҳимоя ва ѓамхории махсусро нисбати модару кўдак яке вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ менамояд, зеро тибқи талаботи қисми 3-юми моддаи 16 Эъломияи умумиии ҳуқуқи башар «Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ дорад.»

Тибқи моддаи 23-уми Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1996 «Давлатҳои ширкаткунандаи Паймон бояд барои таъмини баробарии ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои зану шавҳар дар мавриди ақди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ҳолати бекор карда шудани никоҳ бояд ҳимояи зарурии ҳамаи фарзандон пешбинӣ гардад.»

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак аз 20 ноябри соли 1989 муқар­рар менамояд, ки ба «кўдак барои инкишофи пурра ва ҳамаҷонибаи шахсияти ў зарур аст, ки дар муҳити оила, дар фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва ѓамхорӣ инкишоф ёбад.»

Муқаррароти зикршудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра дар моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди танзим қарор гирифтаанд. Чунончӣ дар моддаи 34 Конститутсия омадааст:

«Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.»

Бо ин назардошт, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи оила, ҳимоя ва ѓамхории махсус нисбати модар, кўдак ва дигар аъзои оила дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар моддаи 121-122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтанд ва моддаҳои зикршуда ба талаботи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пурра тавъам мебошанд.

Қонунгузор дар моддаи 121 Кодекси манзил аъзои оилаи моликро номбар кардааст, ки онҳо ҳамсар ва фарзандони молик, волидайни зану шавҳар ва фарзандони онҳо ва дигар шахсоне мебошанд, ки бо молик доимӣ сукунат доштанд ё доранд ва ё муқимӣ зиндагӣ карда истодаанд. Ва ин номгў шаҳодати он аст, ки шахсони номбаршуда барои молик бегона набуда, аз ҷиҳати биологию хунӣ ва хешутаборӣ наздик ва авлод мебошанд. Ҳамчунин аксари онҳо дар манзили баҳсӣ ба дунё омада, ба воя расида тарбия ёфтаанд ва ё замоне дар баробари молик дар манзили баҳсӣ осудаҳолона мезистанд ва аз ҳуқуқҳои худ ба манзил бархурдор буданд. Билохира онҳо шахсоне мебошанд, ки бинобар як навъ вобастагӣ ба хонаи истиқоматии баҳсӣ, дар ҳолатҳои барои зисту зиндагонии онҳо зарурӣ ё ногувор ҳуқуқ доранд, ки дар хусуси аъзои оилаи молик донисташуданашон ба суд муроҷиат намоянд.

Дар моддаи 122 Кодекси манзил хуқуқ ва вазифаҳои оила ва аъзои собиқи оилаи молик пешбинӣ карда шуданд, ки онҳо ҳақ доранд дар баробари молик аз манзили истиқоматии бино истифода намоянд.

Бинобар ин, қоидаи рафтори дар моддаҳои 121-122 Кодекси манзил пешбинигардидаро ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуки конститутсионии шахсро ба моликият эълон медорад, мухолиф гузоштан нашояд, зеро дар ҳолати дар боло зикршуда маҳдуд кардани ҳуқуқи молик ба манзил барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони ба сарпаноҳ, ѓамхорӣ ва тарбияву дастгирӣ мўҳтоҷ ва ҳамчунин шахсони ба ин манзил алоқамандӣ ва ҳуқуқи истифодабарӣ дошта, равона гардидааст.

Аз тарафи дигар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва дигар асосҳои ниоии пешбининамудаи онҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ менамоянд, чунончӣ тибқи талаботи қисми 2-уми моддаи 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар:

«Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст».

Тибқи талаботи қисми сеюми моддаи 14 Конститутстия «маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи 32 Конститутсия мутобиқ ҳисоб менамояд.

Ҷинояти вайрон намудани дахлнопазирии манзил, ки дар моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ шудааст, ҳолатҳои вайрон намудани дахлнопазирии манзил, аз ҷумла ѓайриқонунӣ даромадан ба манзил, маҳрум намудан аз манзил ва ѓ.-ро пешбинӣ менамояд ва табиист, ки маскун кардани аъзои оилаи молик дар моддаи зикршуда ҳамчун ҷиноят пешбинӣ нашудааст, зеро он на бо роҳи ѓайриқонунӣ, блаки дар асоси қарори мақомоти судӣ ба амал бароварда мешавад.

Аз ин рў, моддаи 147 Кодекси ҷиноятӣ низ ба моддаи 32 Конс­титутсия мутобиқ мебошад.

Новобаста аз ин, Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки тат­биқи моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалия боиси нигаронии судҳо ва шаҳрвандони корафтода гардида, қарорҳои судҳо дар масъалаи маскун кардани онҳо дар хонаи истиқоматии молик наметавонанад ҳама вақт ба таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқи шаҳрвандон ба моликият ва манзил мусоидат намоянд.

Аз ин рў, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масъалаи мазкур, масъалаҳои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мавҷудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва ҳуқуқи онҳоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасӣ қарор диҳанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

2. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масъалаи мазкур, масъалаҳои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мавҷудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва ҳуқуқи онҳоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасӣ қарор диҳанд.

3. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Yandex.Metrica