Қарор аз рўи дархости шахрвандон Хурамов З.Н. ва Хасанов Ч.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофикати сархати чоруми кисми 4 моддаи 59 Конуни Чумхурии Точикистон аз 12 январи соли 2010, № 595
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз рўи дархости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 8 декабри соли 2017
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., муовини Раис Каримзода К.М., судя-котиб Ҳошимзода Д.Д., судяҳо: Абдуллозода Л.И. ва Гулзор М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Мусулмонов С.,
тарафҳо:
1. Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. – тарафе, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;
2. Азимзода Т.С. – намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулнамудаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст;
3. Шоназаров С.А. – намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни ба имзорасонидаи он мавриди баҳс қарор дода шудааст;
4. Одиназода Н.Х. – муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи тарафе, ки конститутсионӣ будани санади меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи ў дар шакли фармоиш мавриди баҳс қарор дода шудааст.
Даъватшудагон:
1. Ваҳҳобов В.М. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Мирсайзод Ҳ.С. – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Маҳмадуллозода Н.Р. – муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Шарипов К.Р. – директори Корхонаи воҳиди «Пойгоҳи локомотивии Душанбе»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон»;
5. Худоёров О.Ф. – сардори хадамоти ҳуқуқи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон»,
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Каримзода К.М., хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, қайд менамоянд, ки баъди солҳои тўлонии фаъолият дар Корхонаи воҳиди «Пойгоҳи локомотивии Душанбе»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон», ки ба онҳо ҳуқуқи ба нафақа баромаданро медиҳад, онҳо мувофиқан 12 июни соли 2017 ва 3 июли соли 2017 ба нафақаи имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат баромаданд.
Зимни ба нафақа баромадан, аз ҷониби корхонаи зикршуда ба онҳо ҳуҷҷатҳои барои гирифтани нафақа зарурӣ, аз ҷумла маълумотнома дар бораи музди меҳнат (даромад) ва кафолатнома дар хусуси то ба синни 63 солагӣ расидани онҳо пардохт намудани нафақа аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» дода шудааст.
Номбурдагон зикр менамоянд, ки дар асоси банди и) қисми якуми моддаи 12 (Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993, №797 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» онҳо ба категорияи шахсоне, ки ба нафақаи бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд, мансуб мебошанд.
Бинобар ин, бо пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуданд. Аммо муроҷиати онҳо аз ҷониби мақоми зикршуда қабул карда нашудааст.
Баъд аз муроҷиати такрорӣ ба онҳо аз ҷониби масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2017, №6 дода шуда, зикр гардидааст, ки нафақаашон бо ин фармоиш боздошта шудааст. Бо гирифтани ин санад, муроҷиаткунандагон такроран ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, аммо масъалаи мазкур ҳалли мусбии худро пайдо накард.
Муроҷиаткунандагон қайд менамоянд, ки муддати зиёд аст, ки онҳо наметавонанд ҳуқуқи конститутсионии худро ба нафақа дар пиронсолӣ таъмин намоянд. Ҳоло он ки тибқи моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Ба андешаи Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. сабаби маҳдуд гаштани ҳуқуқи конститутсиониашон ба нафақа, ин нисбати онҳо татбиқ намудани муқаррароти сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мебошад, ки тибқи он:
«4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рўи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад:
– шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат, ба нафақаҳои имтиёзнок аз рўи синну сол ва барои хизмати дарозмуҳлат ҳуқуқ пайдо кардаанд».
Сабаби дигари маҳдуд шудани ҳуқуқи конститутсионии худро ба нафақа, муроҷиаткунандагон аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани фармоиш аз 30 январи соли 2017, №6 меҳисобанд, ки тибқи сархати якуми он амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати таъйини нафақаи меҳнатӣ аз рўи синну сол (аз ҷумла нафақаҳои имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат) ва нафақаҳо барои хизмати дарозмуддат низ боздошта шудааст.
Бинобар ин, Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. сархати якуми фармоиши зикршударо нодуруст ҳисобида, чунин мешуморанд, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқи бо фармоиши худ боздоштани амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва умуман ягон санади мақомоти болоиро надорад.
Ҳамин тариқ, ба андешаи муроҷиаткунандагон сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқи конститутсиониашонро ба нафақа маҳдуд менамоянд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, муроҷиаткунандагон аз Суди конститутсионӣ хоҳиш кардаанд, ки дар асоси дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мувофиқати сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 30 январи соли 2017, №6 ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионӣ дархости мазкур ва маводи ба он замимагардидаро ҳамаҷониба мавриди омўзиш ва санҷиш қарор дода, қайд менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати таъмини иҷтимоиро як навъ дастгирии моддӣ ва маънавии инсон ва шаҳрванд барои меҳнати фоиданок ва самараноки дар давраи фаъолияти меҳнатиаш ба манфиати ҷомеа, давлат ва талаботи худ иҷрокардаи шахс арзёбӣ менамояд.
Бинобар ин, амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шахс ба нафақа аз ҳадафҳои муҳими давлати иҷтимоӣ дар самти таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шахс ба шумор рафта, бо кафолати дахлдори давлатии дар қонунгузорӣ инъикос ёфта татбиқи воқеии худро пайдо мекунад.
Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пешгирифтаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо нафақа, давлату Ҳукумат давра ба давра ислоҳоти соҳаи нафақаро роҳандозӣ намуда, тавассути қабулу такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми таъминоти нафақаро ба шароити муосир мувофиқ мегардонад.
Аз ин рў, муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз ҷониби мақоми салоҳиятдор дар ин самт бояд амалишавии бемамонати ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шахсро пайгирӣ намуда, дар ҳеҷ маврид набояд ба маҳдудшавии ҳуқуқи шахс, ки арзиши олӣ будани он дар сатҳи Конститутсия инъикос гардидааст, оварда расонад.
Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ бо такя бо мавқеи ҳуқуқии худ, ки дар қарорҳои он аз 13 ноябри соли 2014 ва 17 июни соли 2010 пешбинӣ гардидаанд, зикр менамояд, ки кафолати таъмини иҷтимоӣ дар низоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидиро ишғол менамояд ва чунин кафолат аз давлати иҷтимоӣ эълон шудани Тоҷикистон ва барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона бармеояд.
Аз ин рў, кафолати таъмини иҷтимоӣ масъалаи марказии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеи ҷаҳон оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, давлатҳо бинобар хусусияти инсондўстию инсонпарварӣ доштани ин кафолат ва барои ҳар шаҳрванд аҳамияти муҳим доштанаш, ба он эътибори аввалиндарҷа медиҳанд.
Бо ин назардошт, ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ дар санадҳои байналмилалӣ инъикоси худро пайдо намуда, риояи он аз ҷониби тамоми давлатҳо ҳатмӣ дониста мешавад.
Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ… ҳақ дорад».
Моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 пешбинӣ кардааст, ки «давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ эътироф мекунанд».
Бинобар ин, бо назардошти қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон гардидани халқи Тоҷикистон ва қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи он, Тоҷикистон муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро эътироф карда, муқаррароти онро дар Конститутсия ва қонунҳо пешбинӣ кардааст.
Чунончи, моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва амалишавии ҳуқуқи инсонро, ки яке аз муҳимтарини он ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, кафолат дода, пешбинӣ менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Ҳамчун идомаи мантиқии муқаррароти зикршудаи конститутсионӣ, моддаи 39 Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба кафолати таъмини иҷтимоӣ муқаррар кардааст.
Дар заминаи меъёри зикршудаи Конститутсия, дар қисми 3 моддаи 359 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки корманд ҳиссаи худро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузорӣ мепардозад. Ин имкон медиҳад, ки корманд баъди ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардан, аз таъмини иҷтимоӣ бархўрдор гардад.
Ҳамчун унсури муҳими танзими ҳуқуқии сиёсати давлатии иҷтимоӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993, №797 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» кафолати пардохти нафақаҳои шаҳрвандонро муқаррар намуда, ҳимояи иҷтимоии нафақахўронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳои барои пешбурди зиндагӣ кифоякунанда таъмин мекунад.
Ҷиҳати идомаи мантиқии ислоҳоти соҳаи нафақа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №790 «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо ба истиснои муқаррароти баъзе аз моддаҳо аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шудаанд.
Агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян карда бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақаи касбии кормандонеро, ки дар шароити меҳнаташон махсус машғул буданд, яъне нафақаи касбиро мавриди танзим қарор додааст.
Бо мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои зикршуда ва бинобар гузаштан ба низоми нави нафақавӣ, қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешбинӣ менамояд, ки таъминоти нафақаи шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ пайдо кардаанд, то 1 январи соли 2017 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Бинобар ин, бо мақсади таъмини пайдарҳамии гузариш ба низоми нави нафақа, тибқи қисми 6 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», аз 1 январи соли 2017 сар карда, тамоми намудҳои нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба роҳ монда мешавад.
Таъминоти нафақаи касбӣ, ки мавриди баҳси дархосткунандагон қарор гирифтааст, тибқи моддаи 53 қонуни зикршуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ҳавола карда шудааст.
Вобаста ба ин, моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», ки аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор гирифтааст, пешбинӣ менамояд, ки:
«Нафақаи шахсоне, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохта мешавад».
Ҷиҳати муқаррар кардани тартиби ягонаи таъминоти нафақаи касбӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 3 декабри соли 2010, №634 «Қоидаҳои тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ»-ро тасдиқ кардааст. Аз ҷумла, дар банди 34 Қоидаи зикргардида пешбинӣ шудааст, ки: «Ба шахсони суғурташудае, ки то 1 январи соли 2017 барои иҷрои корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рўи синну сол ё барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ пайдо мекунанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда мешавад».
Бо дарназардошти асосҳои зикршуда, таъминоти нафақаи шахсоне, ки ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат пайдо намуданд, аз 1 январи соли 2017 ҳамчун нафақаи касбӣ, мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» амалӣ карда мешавад.
Бинобар ин, Суди конститутсионӣ дар меъёрҳои сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» меъёрҳои манъкунанда ё маҳдудкунандаи кафолати таъминоти иҷтимоӣ ва вобаста ба ин поймол ва маҳдуд гаштани кафолати таъминоти иҷтимоии дархосткунандагонро муайян накард.
Меъёрҳои моддаи қонун меъёрҳое мебошанд, ки қонунгузор бо назардошти ислоҳоти соҳаи нафақа ва давра ба давра гузаштан ба нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ, аз ҷумла нафақаи касбӣ ва бо ҳамин нигоҳ доштани суботи фаъолияти нафақавӣ, инчунин таъмини ҳамаҷонибаи кафолати таъминоти иҷтимоӣ пешбинӣ намудааст.
Сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни зикршуда бо назардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз 1 январи соли 2017 нисбат ба шахсоне, ки ба нафақаи имтиёзнок барои шароити махсуси меҳнат ҳуқуқ доранд, боз доштааст.
Дар навбати худ сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҷиҳати татбиқи моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул шудааст, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намебошад. Зеро тибқи қисми 4 моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амали қонун на бо фармоиши Агентӣ, балки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дошта мешавад.
Ҳамин тариқ, Суди конститутсионӣ муқаррароти сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 қонуни мавриди баҳс қарордодашударо ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ арзёбӣ намуда, қайд мекунад, ки он вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории соҳаи нафақа бояд мавриди амал қарор дода шавад.
Сархати якуми фармоиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки такрори муқаррароти сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мебошад, берун аз доираи талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба тасвиб расонида шудааст.
АзMsoNormalquot;,serif; ин рў, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро зарур аст, ки сархати якуми фармоиши худро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонад.
Ҳамчунин, Суди конститутсионӣ дар асосҳои ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақаи касбӣ пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», дар масъалаи андухтҳои нафақаи касбӣ мушкилиҳо ошкор намуд, ки мебоист онҳо аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни зикршуда то 1 январи соли 2017 ҳаллу фасли дурусти худро меёфтанд.
Дар сурати ҳалли дурусти худро пайдо накардани ин масъала теъдоди шахсони ба нафақаи касбӣ ҳуқуқдор рў ба афзоиш ниҳода, ин ҳолат метавонад ба саросар поймол гаштани кафолати таъминоти иҷтимоии шахсони дорои ҳуқуқ ба нафақаи касбӣ оварда расонад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба ҳолати татбиқи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», ки дар масъалаи андухтҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини кафолати конститутсионии шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кормандони соҳа ба нафақаи касбӣ, тадбирҳои муассир андешанд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда ва бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 11, 34, 38, 40, 49, 55, 56, 58, 60 ва 61 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
қ а р о р к а р д:
1. Сархати чоруми қисми 4 моддаи 59 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010, № 595 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад.
2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати якуми фармоишро аз 30 январи соли 2017, №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017» ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқ гардонад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти вобаста ба ҳолати татбиқи суғуртаи ҳатмии нафақаи касбӣ ва механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», ки дар масъалаи андухтҳои нафақаи касбӣ ба миён омадаанд, чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намоянд.
4. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини кафолати конститутсионии шаҳрвандон Хурамов З.Н. ва Ҳасанов Ҷ.К. ва дигар кормандони соҳа ба нафақаи касбӣ, тадбирҳои муассир андешанд.
5. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
6. Қарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А.
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Д.Д.