Таъинот аз рўи муроҷиати Абдураҳмонов Ш.

Т А Ъ И Н О Т

Дар бораи рад кардани оғози мурофиаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дархости шаҳрванд Абдураҳмонов Шодмон Рустамович «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2007 «Дар бораи авф» ба моддаи 10, қисми якум ва сеюми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 19 ва қисми дуюми моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

   ш.Душанбе                                                      16 сентябри соли 2008

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев И.Х., судяҳо Назаров М., Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М. ва Муқбилшоев Б.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ  Холиқова Ш.С.,
дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяҳо Абдуллоев Л.И. ва Каримов К.М.-ро оид ба муроҷиати шаҳрванд Абдураҳмонов Шодмон Рустамович «Дар бораи муайян намудани мутобиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2007 «Дар бораи авф» ба моддаи 10, қисми якум ва сеюми моддаи 14, қисми якуми моддаи 17, қисми якуми моддаи 19 ва қисми дуюми моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н   к а р д:
Абдураҳмонов Шодмон Рустамович дар муроҷиаташ қайд намудааст, ки бо ҳукми мушовараи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии вилояти Суғд аз 19 октябри соли 2006 ў Холматова С.А. ва Холматова Х.Х. барои содир намудани ҷинояти суиқасд ба одамкўши бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 бандҳои «в», «з» моддаи 104 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд. Сипас, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2007 «Дар бораи авф» Холматова С.А. ва Холматова Х.Х. бо қарори муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз адои ҷазо озод карда шуданд.
Ба андешаи муроҷиаткунанда, бартарии дар моддаи 7 Қонун «Дар бораи  авф» нисбати  занҳо пешбинишуда баробарҳуқуқии марду занро таъмин накарда, ба қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунад.
Ҳамзамон муроҷиаткунанда талаб намудааст, ки ба қонун мувофиқ будани татбиқи авф нисбати Холматова С.А. ва Холматова Х.Х. санҷида шавад, зеро ба ақидаи ў имтиёзи дар моддаи 7 Қонун «Дар бораи авф» нишондодашуда нисбати занҳои ҷинояти одамкушӣ содирнамуда татбиқнашаванда мебошад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати пешниҳодшударо омўхта ба хулоса омад, ки барои оғоз намудани мурофиаи Суди  конститутсионӣ асосҳои дар  қонун нишондода дида намешаванд.
Мувофиқи нишондоди банди 6 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Суди конститутсионӣ шаҳрвандон метавонанд фақат бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиониашон муроҷиат намуда, талаб намоянд, ки мутобиқати қонун ва ё дигар санадҳои ҳуқуқии нисбаташон дар муносибати ҳуқуқии мушаххас татбиқшуда ё татбиқшаванда ба меъёрҳои Конститутсия муайян карда шавад.
Суди конститутсионӣ нишон медиҳад, ки авфи ҷазои маҳкумшудагон ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони ҷиноят содиркарда, ифодаи иродаи неку хайрхоҳонаи давлат мебошад.
Аз баски дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳуқуқи шаҳрванд ба авф муқаррар карда нашудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳияташ доираи инфиродан номуайяни шахсони аз тарафи судҳо маҳкумшуда ва шахсони ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашударо, ки нисбаташон авф татбиқ мешавад, муқаррар карда, ба маҳкумон ва шахсони ҷиноят содирнамуда татбиқ шудан ё нашудан ё қисман татбиқ шудани авфро мувофиқи вазъи ҷамъиятию тартиботи ҳуқуқии ҷомеъа муайян намуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Бинобар ин, пешбинӣ шудани татбиқи авф барои доираи номуайяни маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноятсодирнамуда, инчунин маҳдуд намудани татбиқи вай ба доираи номуайяни дигари онҳо ё  дар бораи татбиқнашаванда будани авф нисбати шахсони ҷиноятҳои дар моддаи 7 ин санад нишондодшударо содир намуда ва татбиқшаванда буданаш нисбати занҳои ҷинояти мазкурро содиркарда (ба истиснои  ҷиноятҳои одамкушӣ содирнамуда), ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони маҳкумшударо, аз ҷумла  баробаҳуқуқии мардон ва занони дар қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо халалдор намекунад.
Аз ин рў, масъалаи дар муроҷиати шаҳрванд Абдураҳмонов Ш. гузошташуда предмети баррасии Суди конститутсионӣ шуда наметавонад.
Масъалаи дигари муроҷиати шаҳрванд Ш.Абдураҳмонов-ро дар бораи нодуруст татбиқ намудани қонуни авфро нисбати Холматова С. ва Холматова Х. муҳокима намуда, Суди конститутсионӣ нишон медиҳад, ки баррасии ин дархост мувофиқи нишондоди моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Суди конституисионӣ мансуб намебошад.
Масъалаи мазкур аз тарафи мақомоти татбиқкунандаи   қонуни авф, аз ҷумла мақомоти судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баррасӣ гардад.
Дар асоси ҳолатҳои нишондодашуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н  к а р д:

          1. Оғоз кардани мурофиаи Суди конститутсионӣ оид ба муроҷиати шаҳрванд Абдураҳмонов Шодмон Рустамович бинобар мансубият надоштанаш ба Суди конститутсионӣ рад карда шавад.
                    2. Маводи пешниҳодшуда ва боҷи давлатӣ, ки бо супориши пулӣ аз 10. 07. соли 2008 ба маблағи 20 сомонӣ таҳти № 1851 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» пардохт шудааст, ба муроҷиаткунанда баргардонида шавад.
                   3. Таъинот қатъӣ буда,  нисбати он шикоят овардан мумкин нест.  


  Раиси
Суди конститутсионии
ҶумҳуриТоҷикистон                                                       И.Хоҷаев

  Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 М.Назаров