Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиониоид ба пешниходи намояндаи Чамъияти сахомии пўшидаи муштараки точикию русии «ДЗХ Помир»

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пешниҳоди намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш.Душанбе 7 январи соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда- Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Кари- мов К.М. судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Фирдавсова Г.

дар маҷлиси Суди конститутсионӣ гузориши судяи Суди конс­титутсионӣ Гулзорова М.-ро оид ба пешниҳоди намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Намояндаи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» (минбаъд -Ҷамъияти саҳомӣ) Ҷ.Мунаваров бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 10 октябри соли 2010 ҶДММ «Шатл»-и ноҳияи Восеъ мувофиқи шартномаи №02 бо борхати №108 аз 10.10.2010 ба Ҷамъияти саҳомӣ ба маблағи умумии 1707321,79 сомонӣ бо назардошти ААИ маҳсулот супоридааст, ки дар ин хусус ордери хароҷоти хазинавии Ҷамъияти саҳомӣ аз 28.10.2010 №2 ба маблағи 1707321,79 сомонӣ, квитансияи даромади хазинавии №5 аз 28.10.2010 ва дигар санадҳои исботкунандаи амалиёти зикршуда мавҷуд мебошанд.

Бо ин амалиёти тиҷоратӣ дар ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ 260438,92 сомонӣ аз ҳисоби пешпардохти ААИ маблағ ба вуҷуд омад.

Баъдан, дар асоси шартномаи №5 аз 01.11.2010 ҶДММ «Шатл»-и ноҳияи Восеъ боз ба Ҷамъияти саҳомӣ ба маблағи 498174,69 сомонӣ бо назардошти ААИ маҳсулот супорида шудааст, ки ин амалиёт низ дар асоси талаботи қонунгузорӣ содир шуда, ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунанда, аз ҷумла ҳисобнома-фактура аз рўйи ААИ ва аксизҳо №0000023 ба маблағи 75992,75 сомонӣ ААИ, силсилаи ВВ №168528 аз 03.12.2010 ба маблағи 23029,45 сомонӣ ААИ мавҷуд мебошанд.

Дар натиҷаи ин амалиётҳо дар ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ иловатан 99023 сомонӣ аз ҳисоби пешпардохти ААИ маблағ пайдо шуд. Яъне аз ҳисоби пешпардохти ААИ (260438,92 +75992,75+ 23029,45= 359462) мақомоти андоз дар назди Ҷамъияти саҳомӣ ҳамагӣ 359462 сомонӣ қарздор мемонад.

Санаи 31 октябри соли 2011 баъди дастрас намудани нусхаи санади муқоисавии байни нозироти андоз ва Ҷамъияти саҳомӣ аз 1 ноябри соли 2011, ба Ҷамъияти саҳомӣ маълум гардид, ки аз ҷониби Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе маблағи 359461 сомонӣ ғайриқонунӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда аз ҳисобварақаҳои Ҷамъияти саҳомӣ хориҷ карда шудааст. Яъне, мувофиқи маълумотномаи дар санади муқоисавӣ дарҷ ёфта, дар рўзи тартиб дода шудани он Ҷамъияти саҳомӣ дар назди мақомоти андоз аз ААИ 280793,65 сомонӣ гўё қарздор мебошад, ки аз ин маблағ 79392,45 сомониашро ҷарима барои сари вақт пардохт нашудани ААИ ташкил медиҳад.

Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки оид ба ин қазия ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки Кумитаи андоз бо мактуби худ аз 18 ноябри соли 2011 №6032/5-1 ҷавоб додааст, ки мутобиқи талаботи сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳури Тоҷикистон ва банди 2 Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.2011 №57 «Оиди андозсупорандагони бемасъулият» ҳама гуна амалиёти анҷомдодаи андозсупорандагон бо шахсе, ки ҳамчун андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми баҳисобгирии ААИ аз рўйи хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) пардохтшуда, ҳангоми пешниҳоди эъломияҳо ба инобат гирифта намешавад.

Аз ин лиҳоз, аз тарафи Шўъбаи ташкили андозбандии субъектҳои соҳибкории миёнасупорандагон ААИ-и Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе маблағи 359461 сомонӣ ААИ аз ҳисобварақаи ҶСПМ ТР «ДЗХ Помир» хориҷ карда шудааст.

Ҷамъияти саҳомӣ бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки даъвои вай 8 феврали соли 2012 бо парвандаи №2-472/2011 2-43/12 қонеъ карда шуда, Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2011 №159 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011№57» дар қисми аз ҳисобварақаи Ҷамъияти саҳомӣ хориҷ намудани 359 461 сомонӣ беэътибор дониста шуд.

Ҳалномаи мазкур дар зинаи апеллятсионӣ бекор шуда, айни ҳол баррасии парванда идома дорад.

Ба андешаи Мунаваров Ҷ. муқаррароти сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо волоияти Конститутсия, эътибори ҳуқуқӣ надоштани санадҳои ҳуқуқии хилофи Конститутсия буда, қисми таркибии низоми ҷумҳуриро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ кафолат дода шудааст, мухолифат дорад.

Аз ин рў, аз Суди конститутсионӣ хоҳиш менамояд, ки дар асоси пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, муто- биқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо ҳамаҷониба таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки муроҷиати пешниҳоднамудаи Мунаваров Ҷ. аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест, зеро тибқи талаботи қисми дуюми моддаи 40 Қонуни конститутсионии зикршуда, шахсони дар зербандҳои 6) ва 7) моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинишуда, яъне шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат менамоянд на бо пешниҳод.

Баъдан, муроҷиаткунанда дар пешниҳоди худ муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда бошад ҳам, аммо дар асл банди якуми қисми 60 моддаи 34, сархати панҷуми банди якуми қисми 60 моддаи 34 ва банди сеюми қисми 60 моддаи 34-ро таҳлил карда, ба моддаҳои зикргардидаи Конститутсия мухолиф ҳисоб намудааст.

Ҳамин тариқ, дар пешниҳоди гузоштаи муроҷиаткунанда, яъне муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номуайяние дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ ва гузаронидани санҷиши конститутсионӣ асос гардад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба пеш- ниҳоди Ҷамъияти саҳомии пўшидаи муштараки тоҷикию русии «ДЗХ Помир» «Дар бораи муайян намудани мутобиқати сархати сеюми банди якуми қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 10 ва 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мутобиқ набудани муроҷиат ба талаботи моддаи 40-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов