Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости раиси Раёсати ЧСК «Сохибкорбонк» Содикова Х.Н.

Т А Ъ И Н О Т И

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе 4 марти соли 2013

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,

дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. ва Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,

м у а й я н к а р д:

Раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнамуда, дар он нишон медиҳад, ки бонки мазкур дар давоми фаъолияти соҳибкориаш барои барқарор ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва манфиатҳои иқтисодию соҳибмулкии худ борҳо бо тартиби муқаррарнамудаи кодексҳои мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Аз баски тартиби қабули аризаҳо, огоҳ намудани тарафҳо аз вақт ва маҳалли баррасии парванда, қабули ҳалнома ва қарори дахлдор дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ дар моддаҳои 120, 121, 122 ва 240 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ танзим гардидаанд, бонк дар вақти ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат намуданаш ба ягон душворӣ дучор намеояд, ки ин тартиби корро нисбати судҳои умумӣ гуфтан нашояд.

Чунончи, шикояти апеллятсионӣ бе мамоният қабул гашта, дар муҳлати муайяншуда баррасӣ мегардад. Исму насаби судяи марҳилаи якум ва аъзои коллегияи кассатсионӣ, ки бояд аризаю шикояти кассатсиониро бинад, бо таъиноти судӣ маълум карда мешавад, ба тарафҳо имконият дода мешавад, ки барои ҳимояи манфиаташон кўшиш намоянд, инчунин даъвогар ва ё ҷавобгарон бе мамоният ба назди судя даромада, ба дархосту шикояташон ҷавоби дахлдор мегиранд.

Аммо вобаста ба расонидани хабарнома ва даъвати судӣ, омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, таъини парванда ба муҳокимаи судӣ, муҳлати баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои гражданӣ, амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ё эътирози кассатсионӣ, тартиби гузаронидани мурофиаи судии гражданӣ, ки бо моддаҳои 115, 117, 118, 150, 156, 157 ва 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, нофаҳмиҳо ҷой доранд, ки чунин ҳолати кор ба он оварда расонидааст, ки ҳалномаҳо на дар муҳлати муқарраршуда, балки бо кашолкории зиёд баррасӣ мешаванд. Инчунин онҳо ҳам чун тараф дар аксар маврид ҳангоми баррасии парвандаҳояшон аз мавқуфгузоштан ва ба вақти дигар гузаронидани мурофиаҳои судӣ бехабар мемонданд.

Ба ақидаи дархостдиҳанда баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионии судии гражданӣ пешбининамудаи моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти баррасии шикояти кассатсионӣ монеагии зиёдтареро ба миён меорад, зеро дар моддаи зикршуда тартиби ба таври ошкоро баргузор гаштани мурофиаи кассатсионӣ муқаррар карда нашудааст. Дар натиҷа шахсонии штирокчии парванда аз ҳуқуқҳои худ оид ба шинос шудан бо маводи парванда, овардани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ва изҳори норозигӣ нисбат ба шикоят ва эътирози воридгардида маҳрум мешаванд. Пешниҳоди далелҳо ва дархостҳои иловагӣ бинобар номаълум будани ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва маърўзачӣ оид ба ҳамин парванда ғайриимкон мебошад. Ҳамаи ин боиси халалдор гаштани манфиатҳои молиявии бонк гашта, то андозае душворӣ пеш меоранд. Ҳатто сабабҳои аз тарафи суд вайрон шудани муҳлатҳоро низ фаҳмидан ғайриимкон мебошад.

Аз ин рў, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Ҳамзамон, Суди конститутсионӣ (ба ў) дар гирифтани тафсири расмии меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонк мусоидат намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки ҶСК «Соҳибкорбонк» агарчи субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости мазкур алоқаи мантиқӣ ва номутобиқатии мазмунӣ ва мавзўии моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад, ки он боиси оғози мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд.

Зеро, моддаи 332 Кодекси мурофиавии гражданӣ «Амали суди марҳилаи якум баъди гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ» номгузорӣ шуда, уҳдадориҳои судяро оид ба шикоят ва эътирози кассатсионии аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судӣ пешниҳодгардида муайян менамояд.

Тибқи моддаи мазкур, уҳдадориҳои судя аз иҷрои амалҳои мушаххас, аз ҷумла дар муҳлати на дертар аз се рўзи баъд аз гирифтани шикоят ва эътирози кассатсионӣ ба шахсони иштирокчии парванда пешниҳод намудани нусхаи шикоят ва эътироз, огоҳ намудани шахсони иштирокчии парванда оид ба вақт ва маҳалли баррасии шикоят ва эътироз дар судҳои марҳилаҳои болоӣ ва ирсоли парванда ба суди марҳилаи кассатсионӣ иборат мебошанд ва чуноне ки дида мешавад, дар ин уҳдадориҳо ягон меъёри алоқаманд бо маҳдуд кардани ҳуқуқи конститутсионии шахс ба кафолати ҳифзи судӣ ва ё муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси ба таври дастҷамъӣ ё танҳо барррасӣ кардани парванда аз ҷониби судяҳо дида намешавад.

Аз тарафи дигар, тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дорад, вазифаҳои қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордодаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин, экологӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, иборат буда, ба ҳеҷ асос наметавонад ҳуқукҳои конститутсионии шах­сро ба кафолати ҳифзи судӣ маҳдуд намоянд.

Баъдан, моддаи 332 Кодекси зикршуда аз 2 қисм ва якчанд сархатҳо иборат буда, масъалаҳои гуногуни ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани қисми дахлдори модда, муайян намудани мутобиқати тамоми матни онро ба моддаҳои номбаршудаи Конститутсия талаб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест. Яъне муроҷиаткунанда зимни пешниҳоди талабҳои худ бояд алоқамандии меъёри мавриди баҳс қарордодашударо бо меъёри дахлдори Конститутсия, баъдан номутобиқати байни онҳоро ба таври мушаххас ва оқибати ин номутобиқатиро дар вайрон намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ бо далелҳои равшан ошкор намояд.

Дархостдиҳанда метавонад талабҳои худро, ки аз баҳодиҳӣ ба матни моддаи номбурда, тафсири расмии он ва бартараф намудани кашолкорӣ дар фаъолияти судҳои умумӣ иборат аст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мувофиқан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои болоии судҳои дахлдор пешниҳод намояд.

Аз ин рў, Суди конститутсионӣ бинобар набудани сабаб ва асосҳои кофӣ барои оғози мурофиаи судии конститутсионӣ, аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости раиси Раёсати ҶСК «Соҳибкорбонк» Содиқова Ҳ.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 332 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19 ва 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун ҷавобгў набудан ба талаботи пешбининамудаи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тобеи Суди конститутсионӣ набудани талаби дар дархост зикрёфта рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов