Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Азизов М.Х
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азизов М.Ҳ.-директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9 қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 20 марти соли 2013
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Сангова Г.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя Абдуллоев Л.И.-ро оид ба дархости Азизов М.Ҳ.- директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9 қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Азизов М.Ҳ.- директори генералии ҶДММ КМ «Шоҳроҳи абре-шим» бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки Ҷамъияти номбурда яке аз андозсупорандагони фаъоли вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, андозҳои муқарраршударо сари вақт ба буҷети давлатӣ пардохт менамояд.
Фаъолияти Ҷамъият аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ доимо мавриди санҷиш қарор дода шуда, натиҷаҳои он ҳамеша мусбӣ арзёбӣ мегардиданд.
13 сентябри соли 2010 фаъолияти Ҷамъият барои давраҳои аз 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010 аз ҷониби шуъбаи хизматрасонӣ ва андозситонии шахсони ҳуқуқии Нозироти андози шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дода шуда, оид ба натиҷаи он аз 14 сентябри соли 2010 таҳти №115 ба Ҷамъият қарор-огоҳинома пешниҳод гардид. Тибқи ин қарор-огоҳинома ба зиммаи Ҷамъият пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 485 370 сомонӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 69 578 сомонию 71 дирам, андози даромад аз шахсони воқеъӣ ба маблағи 568 сомонию 70 дирам, андози ҳадди ақал аз даромади корхона ба маблағи 62 319 сомонию 18 дирам бо фоизҳо, дар маҷмўъ пардохти маблағи 617 836 сомонию 59 дирам вогузор карда шуд.
Дархостдиҳанда қайд мекунад, ки нозироти андоз дар санади тартибдодааш нишон додааст, ки Ҷамъият бо ҶСК «Ленинободтаъминот» шартномаи иҷораи замин баста, дар ҳудуди қитъаи замини иҷораи бозори «Атуш» ташкил карда, ба соҳибкорон иҷозати гузоштани контейнерҳоро додааст, ки онҳо бо истифода аз контейнерҳояшон фаъолияти соҳибкории худро пеш бурдаанд. Ҷамъият бошад барои нигаҳдории контейнерҳо ва молҳои дар дохили он буда барои таъмини қувваи барқ ва хизматрасонии коммуналӣ аз соҳибкорон подошпулӣ гирифта, маблағи даромадшударо ҳамчун даромад аз шартномаи иҷораи амвол дар ҳисоботҳои муҳосибӣ нишон додааст, ки ин гўё хилофи талаботи банди 1) қисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Ҳол он, ки мутобиқи банди 1) қисми 2 моддаи 211-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2004) фаъолияти марбут ба иҷораи амволи ғайриманқул, аз ҷумла дар фурўшгоҳҳо ё бозорҳо аз андозбандӣ аз арзиши иловашуда озод буда, ҳамзамон тибқи муқаррароти банди 9 қисми 49 моддаи 34-и Кодекси номбурда муносибати иҷоравӣ ба замин объекти андозбандии андози мазкур эътироф карда намешавад.
Ба андешаи муроҷиаткунанда нозироти андоз, инчунин муқаррароти моддаи 14 Кодекси заминро, ки тибқи он заминистифодабарандагони якумдараҷа метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд ва шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста шуда, қитъаҳои замин ба муҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд, сарфи назар намудааст.
Муқаррароти моддаи 20 Кодекси замин, ки тибқи он заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд, ки заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд, аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои об, инчунин дигар xислатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд ва ҳуқуқ ба ҷуброни хароҷот низ аз ҷониби нозироти андоз ба инобат гирифта нашуд.
Амали нозироти андоз ба муқарроти моддаи 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо мувофиқан тартиби истифодаи амволи ба кироя (иҷора) гирифташуда ва ҳуқуқ ба қитъаи замине, ки бино ё иншооти иҷорагирифта дар он ҷойгир аст, ба танзим медароранд, мувофиқ нест.
Ҳамин тариқ, нозироти андоз бе назардошти муқаррароти қонунҳои амалкунандаи зикршуда нисбати Ҷамъият қонуни вуҷуд надоштаро тадбиқ намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он дар банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сархат бо мазмуни зайл:
«-супоридан ё иҷораи амволи ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад», илова карда шудааст, аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 11 ноябри соли 2009 таҳти №1464 қабул шуда, 19 ноябри соли 2009 таҳти №1464 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.
Қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2009 таҳти №571 ба имзо расида, 8 декабри соли 2009 дар рўзномаи «Садои мардум» №138-139 (2514-2515) ба нашр расидааст, ки тибқи моддаи 2 ин Қонун аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода мешавад.
Ҷамъият қарор-огоҳномаи нозироти андозро дар хусуси пардохти 617 836 сомонию 59 дирам ғайриқонунӣ ва беасос ҳисобида, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои конститутсионии худ ба Cуди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намудааст. Суди зикршуда аризаро баррасӣ намуда, онро бо ҳалнома аз 2 декабри соли 2010 рад намудааст.
Ҳалномаи мазкур, бо қарори марҳилаи апеллятсиониии Суди иқтисодиии вилояти Суғд аз 3 марти соли 2011 ва бо қарори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2011 беқаноат мононда шудааст.
Ба андешаи муроҷиаткунанда супоридан ё иҷораи амволи ғайри- манқул (хонаҳои истиқоматӣ, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳо), ки бо мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, бояд аз 1 январи соли 2010 мавриди андозбандӣ аз арзиши иловашуда қарор дода шавад.
Аммо нозироти андоз, иловаи ба банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ғайриқонунӣ дастрас карда, ба он қувваи бозгашт додааст ва онро барои се соли сипаригашта, – давраи 1 августи соли 2007 то 1 августи соли 2010, – яъне давраи ҳанўз вуҷуд надоштану амал накардани қонун мавриди амал қарор дода, ҳуқуқҳои конститутсионии Ҷамъиятро ба моликият дағалона поймол намудааст.
Бинобар ин, муроҷиаткунанда моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқҳои конститутсионии Ҷамъиятро ба моликият дағалона поймол намудаанд, ба моддаи 20 Конститутсия, ки тибқи он: «Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад.» ва қисми дуюми моддаи 45 Конститутсия, ки тибқи он: «Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд», мухолиф меҳисобад.
Аз ин рў, дархостдиҳанда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш дорад, ки аз рўи дархости он мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда:
1) мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намояд;
2) дурустии ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои се сол пеш (1 августи соли 2007 – 1 августи соли 2010) қувваи бозгашт додани нозироти андозро муайян кунад;
3) мутобиқати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 20 Конститутсия; қонунӣ будани сарфи назаркуниҳои нозироти андози шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд аз бандҳои 1.1 ва 3.7 Шартномаи иҷора аз 1 январи соли 2004, моддаҳои 4, 34 ва 211 Кодекси амалкунандаи андози ҳамон вақт, моддаҳои 634 ва 675 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад;
4) Қарор-огоҳнома №115 аз 14 сентябри соли 2010 оид ба ҷавоб- гарии андоз кашидани Ҷамъият, ду санади РМА 510014831 аз 13 сентябри 2010 нозироти андози шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд то ба итмом расидани баррасии дархост дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шавад.
Суди конститутсионӣ дархости Азизов М.Ҳ-ро омўхта баромада, қайд менамояд, ки номбурда субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда метавонад, зеро тибқи банди 7 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони ҳуқуқӣ нисбати қонун ва дигар санади ҳуқуқии дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ нисбаташон татбиқшуда, ки ба андешаи онҳо ҳуқуқу манфиатҳои конститутсионии онҳоро вайрон намудаанд, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суд нисбаташон дар парвандаи мушаххас татбиқ шудаанд, ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
Талаби дар дархост гузошташудаи муроҷиаткунанда дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34 ва банди 1) қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеи Суди конститутсионӣ буда, мавзўи баррасии он маҳсуб меёбад ва дар талаби гузошташуда номуайяние дида мешавад, ки он санҷиши конститутсиониро тақозо менамояд.
Аммо Суди конститутсионӣ зимни баррасии дархост муқаррар намуд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шуда буд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 бинобар қабул шудани Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷкистон аз эътибор соқит дониста шудааст. Аз 1 январи соли 2013 бошад, Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.
Тибқи қисми дуюми моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он «рад шудани қабули пешниҳод ва дархост барои баррасӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст, кори аз рўи парванда оғозшуда, бинобар бекор ё аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст, боиси қатъ шудани мурофиаи судии конститутсионӣ мегардад.
Суди конститутсионӣ дар фаъолияти худ танҳо мутобиқати қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Суди констутутсионӣ вобаста ба талаби дархостдиҳанда оид ба мутобиқати моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия қайд менамояд, ки мувофиқи талаботи банди 7 қисми 1 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дорад, дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ нисбат ба Ҷамъият татбиқ нашудааст, ки он боиси поймол гаштани манфиатҳои Ҷамъият гашта бошад.
Бинобар ин, талаби дархостдиҳанда оид ба муайян намудани мутобиқати моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор гирифта наметавонад.
Суди конститутсионӣ вобаста ба талаби дигари дархостдиҳанда оид ба муайян намудани мутобиқати моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки миёни моддаҳои зикршудаи Кодекси замин ва Кодекси гражданӣ бо моддаҳои Конститутсия алоқамандии мавзўӣ дида намешавад, ки он боиси оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ гардида, санҷиши конститутсиониро талаб намояд. Муқаррароти онҳо ба мавзўҳои гуногун бахшида шуда, инъикос ва тадбиқи моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия нестанд. Дар дархост, инчунин асосноккунии мушаххаси талаби муроҷиаткунанда оид ба номутобиқатии моддаҳои зикршудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон буда, ба таври зарурӣ равшану возеҳ ифода наёфтааст.
Аз дархост муайян нест, ки номутобиқатии моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баҳс қарор дода шуданд, ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ ифода меёбад, ки онҳо боиси поймол гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии муроҷиаткунанда гардида бошанд.
Ғайр аз ин, дархост аз ҷиҳати мазмун низ ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ нест.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, Суди конститутсионӣ оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро оид ба дархости Азизов М.Ҳ.-директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» рад менамояд.
Дар айни ҳол, муроҷиаткунанда метавонад, оид ба ҳифзи манфиатҳои худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳои иқтисодӣ ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Бо дастрасии моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 34, 37, 40 ва 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ аз рўи дархости Азизов М.Ҳ.- директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштарак «Шоҳроҳи абрешим» «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати моддаи 4, қисмҳои 28, банди 9) қисми 49 моддаи 34ва банди 1 қисми 2 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 3.12.2004, моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири 17.09.2012, моддаҳои 634 ва 673 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 20 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз эътибор соқит шудани санаде, ки конститутсионӣ будани он мавриди баҳс қарор гирифтааст ва мазмунан мутобиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят оварда намешавад.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов