Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1 (Нашри якум)
Нашрияи мазкур бо дастгирии молиявии
Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ
дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти
Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ нашр шудааст.
МТО
Нашрия ройгон тақсим карда мешавад.
Ба 15-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Нашри якум
(№1) 2009
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ
дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
(моддаи 10 Конститутсияи
(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир:
Маҳмудов М. А. Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Ҳайати таҳририя:
Назаров М.Н. Муовини Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов К.М. Судя-котиби Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои сиёсӣ
Абдуллоев А.А. Судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сотиволдиев Р. Ш. Мудири кафедраи назария ва таърихи
давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор
© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МЎҲТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ
РЎЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЇ
8 УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2009
Ҳамватанони азиз!
Имрўзҳо мо дар арафаи таҷлили яке аз рўйдодҳои бузургтарини таърихи миллати куҳанбунёдамон- ҳаждаҳсолагии эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳонро, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, самимона табрик мегўям. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёримиллӣнишонаипойдоривубақоионмебошад.
Зеродардунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.
Вале Тоҷикистон аз нахустин рўзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рўбарў гардид. Яъне агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона истиқлолият нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоятгарон афтод. Бархўрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Лекин ба шарофати хиради азалии миллати тоҷик ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созем. Дар натиҷа, бо гузашти муддати начандон тўлонӣ дар Тоҷикистон фарҳанги сиёсии шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки минбаъд барои рушди муназзам ва устувори кишвари мо тамоми шароити заруриро фароҳам овард. Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.
Албатта, барои пешбурди ин ҷараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омўзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем.
Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.
Ниёгони мо ҳанўз зиёда аз 1100 сол пеш бо анъанаву суннатҳои давлатдорӣ ва арзишҳои волои миллии худ, ки дар меҳвари давлати мутамаркази Сомониён ташаккул ва густариш ёфтаанд, шўҳрат пайдо карда буданд. Миллати тоҷик дар тўли таърихи деринааш худро маҳз ба шарофати афкору андеша, забон, илму фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои ғоявӣ ба оламиён ҳамчун халқи фарҳангсозу башардўст, сулҳпарвару озодихоҳ ва хайрхоҳу таҳаммулгаро муаррифӣ кардааст.
Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши амиқе гузоштааст, бояд дар замони истиқлолият низ ба хотири рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ояндаи боэътимоди кишвар ба ҷомеа нерўи тоза бахшанд. Зеро эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд.
Мо наслҳои имрўзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дўши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Таҷрибаи сиёсии давлатдорӣ моро ба хулосае овард, ки дар ин раванд пеш аз ҳама андешаи миллии тоҷикон ҳамчун ҷавҳари муттаҳидсозу ваҳдатофарин хизмат карда метавонад. Чунки андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз кардаанд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри XX боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд.
Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад. Вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин роҳҳои устувор сохтани давлатдории миллӣ сухан мегўем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳамияти ҳифзу таҳкими онро низ аз мадди назар дур насозем.
Азинрў,мовушуморозарураст, кибаробаришукронавуифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрўзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд. Дар ин раванд бояд дар назар дошт, ки ваҳдати динӣ як рукни муҳиму ҷудоинопазири ваҳдати миллӣ мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, ки бо эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам имсол дар роҳи таҳкими ваҳдати ҷомеаи мо боз як қадами бисёр ҷиддӣ гузошта шуд. Чунки мазҳаби таҳаммулпазири ин абармарди миллати мо пайравони худ ва инсониятро ба сулҳу дўстӣ, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳусни муомилаву муошират ва эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла гуфтугўи тамаддунҳо ҳидоят менамояд.
Бузургдошти шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам ба мубоҳисаҳои тўлонии назарӣ ва мафкуравие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо идома доштанд, посухҳои равшану зарурӣ медиҳад ва дар айни замон ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.
Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи мўҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошанд. Бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобаста аст
ва маҳз дарки ҳамин нуқтаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхўрӣ эмин дошт. Пирўзии сулҳу ваҳдат ва муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ ба мо барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳ кушод. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрўз мисли бисёр кишварҳои сайёра таҳти таъсири таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ ва дар айни замон бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Ин омили фарогир моро водор месозад, ки боз ҳам бештар ба сиёсати иқтисодии ҷавобгўи манфиатҳои миллӣ рў оварда, ҳадафҳои стратегии давлати худро дар робита ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он зина ба зина амалӣ созем. Мо маҳз ба хотири таҳкими истиқлоли миллӣ ва бунёди низоми пешрафтаи иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия, рушди саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар нақшаҳои тарҳрезикардаи худро қадам ба қадам амалӣ карда истодаем. Татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи нерўи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва қаламрави транзитӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд. Имрўз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сангини рўз ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки вазифаҳои асосии ин давраи рушд аз вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот, самаранокии натиҷаҳои татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ тадриҷан паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишвар иборатанд.
Ин амр тақозои рўз ва талаби замонаи нав мебошад, зеро дар ибтидои асри XXI, ки садсолаи ҷаҳонгароист, миллати тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавии ҷавобгўи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои тамаддуни башарӣ ва илму технологияи нав, ҳамчунин ба ташаббускорӣ ва заҳмати фарзандони бонангу номус ва насли дорои тафаккури созанда, донишу ҷаҳонбинии муосир, ихтисоси баланд, зираку соҳибмаърифат ва миллатдўсту ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллати худ пуштибонӣ карда тавонанд. Имрўз илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Аз ин хотир, мову шумо ба ворисоне ниёз дорем, ки аз шебу фарози роҳи паймудаи ниёгон огоҳии комил дошта бошанд ва дар баробари ин, дорои тафаккури пешрафта ва қобилияти кору фаъолият дар замони нав бошанд.
Ҳамватанони азиз!
Таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад. Ҷомеае, ки ба ҳадди худшиносиву худогоҳӣ расидааст ва ба равандҳои ҷаҳон аз мавқеи тафаккури навини миллӣ назар меафканад, бояд дар шинохти дигарон низ кўшиш намояд, бо миллату давлатҳои гуногун робитаҳои густурда дошта бошад, бо ҷаҳони муосир ҳамсадову ҳамнаво гардад ва дар баробари ин, асолати миллии худро, алалхусус дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз карда тавонад.
Маҳз ҳамин суннати азалии ҳамзистиву ҳамкории тоҷикона боис гардид, ки мо дарҳои Тоҷикистонро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои олам ҳамеша кушода эълон намоем. Дар доираи ин сиёсат равобити Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни Шарқу ғарб вусъати бесобиқа ёфта, нуфуз ва мақоми кишвари модар ҷаҳони муосир мавриди эътирофи ҳамагон қарор гирифтааст.Роҳе, ки мо пеш гирифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI. Вале бояд дар хотир дошта бошем, ки барои ба ин нияти нек ва рўзгори пурсаодат расидан хеле заҳмат кашиданамон зарур аст. Ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарўзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Хусусан, дар айёме, ки Тоҷикистон баробари бисёр кишварҳои дунё рўзҳои вазнини бўҳрониро аз сар гузаронида истодааст, ба ҳар фарди миллат, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус, соҳибкорони боғайрату ҳимматбаланд, зиёиёни ватандўсту хирадманд ва умуман аҳли ҷомеа лозим меояд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаамон ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон заминаҳои мусоид фароҳам оварем. Бахусус имсол, ки илова ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳамчунин понздаҳумин солгарди қабули аввалин қонуни сарнавиштсози кишвар, яъне Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, аз мову шумо заҳмату масъулияти дучанд мехоҳад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки ҳаждаҳ соли истиқлолият чун ҳаждаҳ зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурўзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумўъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад!
Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад! Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – Рўзи истиқлолият табрик намуда, ба ҳар хонадони Тоҷикистони азиз файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзумандам.
Ҷашнатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Маҳмудов М.А. Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори
илмҳои ҳуқуқ, профессор
СУДИ КОНСТИТУТСИОНЇ – МАҚОМИ
МУСТАҚИЛИ ҲОКИМИЯТИ СУДЇ
ОИД БА ҲИФЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Понздаҳ сол муқаддам дар таърихи мамлакат рўйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ба миён омад. Халқи Тоҷикистон рўзи 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд. Санади мазкур муайянкунандаи тақдири имрўзу фардои миллати кўҳанбунёди мо маҳсуб ёфта, истиқлолияти давлатиро эътибори ҳуқуқӣ бахшид ва дар ҷаҳон давлати тоҷиконро муаррифӣ намуд. Бо қабули Конститутсияи замони истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба таври дахлдор танзими ҳуқуқии худро ёфта, ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр асоси воқеӣ гузошта шуд. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад». Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои демократияи бевосита ҳамчун арзишҳои дар сатҳи байналмилалӣ пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони имрўзро ташкил менамоянд, муқаррар гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Ин меъёр ҷавобгўи ҳадаф ва талаботи ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин буда, дар конститутсияи тамоми давлатҳои демократӣ ифодаи худро ёфтааст.
Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахўрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо қабул шуда, дигар чорабиниҳои дахлдори давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Дар шароити имрўза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад. Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули падидаҳои нави демократӣ, аз ҷумла ба таъсиси мақоми нави махсуси назорати конститутсионӣ – Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ба вуҷуд омадани падидаи суди конститутсионӣ таърихи кўҳан дорад. Идеяи назорати конститутсионӣ дар аввали асрҳои XVII дар Британияи Кабир зуҳур карда, бо фаъолияти Шўрои махфӣ алоқамандӣ дошт. Шўрои махфӣ қонунҳои лигестра турии (маҷлиси қонунгузорӣ) минтақаҳои зери мустамлика бударо дар сурати ба қонунҳои қабулкардаи парламенти Британияи Кабир ё ин ки ҳуқуқи умумӣ мухолифат пайдо карданашон, беэътибор эълон мекард. Баъдтар падидаи назорати конститутсионӣ дар шакли муосир бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи вуҷуд кард.
Назорати конститутсионӣ ин як намуди махсуси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад ва ба таъмини мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи давлат равона карда шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти махсус – Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Ин мақомот зиёда аз 14 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар ин муддат таҷрибаи ғанию беназир пайдо намудааст. Мақсади асосии назорати конститутсионӣ – ин таъмин намудани мутобиқати санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути ин назорат дар кишвар асосҳои сохтори конститутсионӣ устувор гаштаву қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд таъмин карда мешавад. Гузашта аз ин, тавассути он фаъолияти мақомоти судӣ (дар кишварҳое, ки судҳо ваколати назорати конститутсиониро доранд) ба фаъолияти парлумон ва ҳокимияти иҷроия таъсир расонида, принсипи боздориву мувозинат таъмин карда мешавад. Дар мамлакатҳои хориҷӣ назорати конститутсионӣ ба таври гуногун ба роҳ монда шуда, мутобиқан аз ҷониби мақомоти гуногуни салоҳиятдори давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар давраҳои қабули аввалин конститутсияҳо тарзи махсуси ҳифзи Конситутсия пешбинӣ нагашта буданд. Аз ибтидо дар назария ва амалияи ҳуқуқӣ чунин шуморида мешуд, ки парлумон бояд назорати конститутсиониро ба амал барорад. Зеро маҳз парлумон қонунҳоро қабул менамояд ва мутобиқати онҳоро ба Конститутсия бояд худаш ба амал барорад. Чунин мавқеъ то ҳол дар баъзе давлатҳо боқӣ мондааст. Масалан, дар Люксембург, Ҳолланд, Финландия, Шветсия ва дигар давлатҳо чунин ақида ҳукмрон аст, ки агар парлумон дар низоми мақомоти давлатӣ дар мадди аввал бошад, пас назорати конститутсионӣ низ бояд аз ҷониби ин мақомот ба амал бароварда шавад ва дигар мақомот набояд аз болои мақомоти қонунгузор назорат кунад. Вазифаи судҳо бошад, танҳо назорати қонунӣ будани санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар баъзе давлатҳо ба амал баровардани назорати конститутсионӣ ба мақомоти судии ваколати умумидошта тааллуқ дорад, аммо қабули қарори қатъӣ оид ба мутобиқати санади ҳуқуқӣ ба Конститутсия танҳо ба зиммаи Суди Олии мамалакат мансуб аст (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония). Дар як қатор давлатҳо бо мақсади назорати конститутсионӣ мақомоти махсуси назорати конститутсионӣ таъсис ёфтааст, ки мақомоти судӣ намебошад. Масалан, дар Фаронса назорати конститутсиониро Шўрои конститутсионӣ ба амал мебарорад, ки он ба мақомоти судӣ мансуб нест. Аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ чунин мақом таъсис ёфтааст, ки назорати конститутсиониро ба амал мебарорад. Дар аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади назорати конститутсионӣ мақоми махсуси судӣ таъсис меёбад, ки маъруф бо номи судҳои конститутсионӣ мебошанд. Дар аксари давлатҳои ҷаҳон маҳз ҳамин мақом назорати конститутсиониро ба амал мебарорад, ки хеле самаранок аст. Аз як тараф, ин мақом мақоми судӣ аст, аз тарафи дигар мақоми махсуси назорати конститутсионӣ мебошад.
Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷиро дар соҳаи назорати конститутсионӣ дар худ таҷассум карда, инкишофи он дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси Комитети назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад, ки он соли 1990 бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз моҳи августи ҳамон сол дар ҳайати пуррааш ба фаъолият шурўъ намуд. Дар як муддати кўтоҳ ворид намудани тағйирот ба Конститутсия, таъсис додани мақоми махсуси назорати конститутсионӣ ва пурра ба фаъолият шурўъ намудани он аз талаботи ҷомеа ва давлат нисбат ба чунин мақом шаҳодат медиҳад. Марҳилаи нав дар инкишофи ин падида, ба замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Дар ин давра ба ҷои Комитети назорати конститутсионӣ мақоми махсуси судӣ бо номи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки асоси ташкилию ҳукуқии он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар Конститутсия низоми ҳокимияти судӣ муайян гардид, ки дар ин низом Суди конститутсионӣ дар мақоми аввал гузошта шуд. Дар қисми сеюми моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсионӣ муқаррар карда шудааст, ки он аз:
1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии
якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ,
Маҷлиси намояндагон, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ
ва дигар мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи
қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти
онҳо;
3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муай-
ян кардаанд, иборат мебошад.
Моҳи апрели соли 1995 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Раис ва муовини он интихоб гардиданд. 3 ноябри ҳамин сол дар иҷлосияи дуввуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Суди конститутсионӣ пурра интихоб ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он вазифа, салоҳият, тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионӣ муайян карда шуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳокимияти судӣ бо мақсади риоя ва ҳифзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, таъмин намудани волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст. Таъмини ҳифзи Конститутсия вазифаи асосии Суди конститутсионӣ ба шумор меравад. Ин фаъолият бо роҳи пешгирӣ намудан, ошкор ва бартараф кардани вайронкунии меъёрҳои Конститутсия амалӣ гардида, татбиқи меъёрҳои Конститутсия таъмин карда мешавад.
Мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Ин нишондод имконият медиҳад, ки дар ҳолати номувофиқатии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва танҳо бо такя ба Конститутсия бевосита меъёрҳои он татбиқ карда шаванд. Дар иҷрои ин вазифа нақши Суди конститутсионӣ муҳим мебошад, зеро танҳо ин мақоми ҳокимияти судӣ қарори қатъиро дар бораи номувофиқатии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия қабул карда метавонад. Рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми ў аз 20 апрели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ёфтаанд, алоқмандӣ дорад. Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «… бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморам: Якум. Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шавад. Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шўрои адлияи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарна зардошти шароити имрўзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…». Дар асоси ин Паём Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти рақами №271 тасдиқ карда шуд.
Дар қисми дуюми ин Барнома чунин омадааст, ки «яке аз арзиши муҳими Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Бо мақсади таъмини арзишҳо ва ҳифзи Конститутсия Суди конститутсионӣ таъсис ёфт ва фаъолияти беш аз 10 солаи ин мақом зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад. Бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти сифатан куллие, ки таи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар рухдоданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди Конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад.
Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд». Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ва боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати конститутсионӣ салоҳияти Суди конститутсионӣ такмил дода шуда, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Мувофиқи қисми якуми моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд. Тибқи муқаррароти қисми сеюми моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, бо тартибе, ки Қонуни конститутсионии муқаррар кардааст муайян менамояд. Инчунин мувофиқи банди 8 ва 9 моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» се судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансубиятдошта ва дигар судҳо ва судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд, ҳуқуқи муроҷиат карданро пайдо намуданд.
Таъмин намудани амали бевоситаи Конститутсия, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Суди конститутсионӣ баҳри ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд якчанд санадҳои судӣ қабул намудааст, ки онҳо дар таъмини волоияти Конститутсия саҳми сазовор доранд.
Судяҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи Суди конститутсионӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми панҷуми моддаи 329 ва қисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дида баромада, муайян намуд, ки тибқи муқаррароти қисми панҷуми моддаи 329 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳукмҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикоят ё эътироз овардан ғайриимкон аст. Маҳкумшудагон аз болои ҳукмҳо имконияти овардани шикояти кассатсионӣ надоштанд ва қонунию асоснок будани ҳукмҳои судии нисбати онҳо татбиқгардида аз тарафи суди инстансияи кассатсионӣ носанҷида мемонд. Инчунин мутобиқи қисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи иштирок намудани маҳкумшудагонро дар маҷлиси судӣ, суде, ки корро ба тариқи кассатсионӣ дида мебарояд, ҳал мекард. Тибқи Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, шахсони мансабдор, аз ҷумла Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи эътироз овардан дошта, маҳкумшудагон аз ҳуқуқи овардани шикоят маҳрум буданд. Онҳо чунин мешумориданд, ки амали меъёрҳои зикршудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро поймол карда, принсипи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд вайрон гардидааст. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, бо қарори худ аз 12 июни соли 2001 қайд кард, ки қисми панҷуми моддаи 329 ва қисми дуюми моддаи 339 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 17, 19, 20 ва 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат надоранд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муроҷиати судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, дар қарори худ аз 1 июли соли 2009 қайд менамояд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ, нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ва принсипи ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан асос ёфта, он ба таҳкими бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, афзалияти тарбияи кўдакон ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила равона карда шудааст.
Принсипи баробарҳуқуқии марду зан дар масъалаи бекор кардани ақди никоҳ дар қаринаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии зани ҳомила, модари тифли ширхорадошта, афзалияти тарбияи кўдак ва ғамхорӣ нисбат ба рушду камоли он ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои модару кўдак мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, зеро меъёри «кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд» талаб менамояд, ки ба кўдакон ҳамчун ба шахсони ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасида, ба ғамхории махсус ва муҳофизату тарбия мўҳтоҷбуда муносибат намуда, дар ҳолати зарурии пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқу манфиатҳои кўдаконро аз манфиати волидайнашон боло гузоштан дуруст меояд.
Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта эътироф намуда, конститутсионӣ ҳисобид.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот ҳамкории судманд дорад.
Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ваколатдори худродоранд, ки онҳо ҳамеша бо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот мебошанд. Бо мақсади рушди назорати конститутсионӣ, таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки ба самаранокии фаъолияти Суди конститутсионӣ таъсирбахш мебошад, аз моҳи июли соли 2009 мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби судяҳои таҷрибадори дар истеъфобудаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони намоёни соҳаи ҳуқуқ дар ҳайати 17 нафар Шўрои илмӣ-машваратӣ таъсис дода шуд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сол ба сол вусъат меёбанд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии доимии Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон мебошад. Ҳамкории Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳои конститутсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои назди Балтика низ инкишоф меёбанд.
Вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Йорг Пуделька – Роҳбари Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» ва корманди Лоиҳа Катлин Крюгер. Судяҳои Суди конститутсионӣ дар семинару конфронсҳои байналмилалии Судҳои конститутсионӣ фаъолона ширкат менамоянд. Дар заминаи чунин ҳамкориҳо Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи Венетсиагии Шўрои Аврупо алоқаи зич дорад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Коференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон мебошад, ки он мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муттаҳид месозад. Чунин ҳамкориҳо барои самараноктар шудани назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
НақшисудяҳовакормандониДастгоҳиСудиконститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ назаррас мебошад. Онҳо дар конференсияву семинарҳо ва мизҳои мудаввар, воситаҳои ахбори омма, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар оид ба қонунияти конститутсионӣ, нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмор ва мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд маърўзаву баромадҳо мекунанд.
Инкишофи давлатдории мустақили Тоҷикистон ва ташаккули Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд. Институти назорати конститутсионӣ ҷавобгўи мақсаду вазифаҳои ҷамеаи мо буда, ташаккулу рушди он баҳри таҳкими қонунияти конститутсионӣ, низому пойдории давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст. Дар Тоҷикистон барои таҳкими қонунияти конститутсионӣ тамоми шароитҳо ва заминаҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки институти назорати конститутсионӣ дар ҷумҳурии мо вусъат ёбад ва дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбуёд ва дунявию иҷтимоӣ нақши босазо гузорад.
Сотиволдиев Р. Ш.
Мудири кафедраи назария ва
таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ ВА ФАРҲАНГИИ
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таърихи давлатдории навин, аз он ҷумла таърихи инкишофи конститутсионии кишварҳои мухталифи ҷаҳони мутамаддин гувоҳи ин аст, ки конститутсия воқеан ҳуҷҷати таърихӣ, сиёсӣ, тақдирсоз, сарнавишти миллатҳост. Хусусияти муҳими инкишофи давлатдории замони нав ва навтарин, дар муқоиса бо марҳилаҳои таърихи пештараи башар ин аст, ки дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа дар иртибот бо гузариш аз як давраи таърихӣ ба давраи сифатан нав, ташаккули навъ ва шаклҳои нави давлатдорӣ, инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ акнун дар заминаи ҳуқуқӣ сурат мегиранд. Ин воқеият далел ба ин аст, ки бо пешрафти ҷомеаи инсонӣ нақш ва нуфузи ҳуқуқ дар ҳаёти одамон, ҷомеа ва давлат торафт баланд мешавад, ҳаёту фаъолияти одамон ва ҷомеа бештар бо конститутсия ва қонунҳо танзим мешаванд. Бо мурури замон нуфузи конститутсия чун қонуни асосии давлат, қонуни қонунҳо, қонуни сарнавиштсоз афзун мегардад. Андешаҳои инсонӣ дар хусуси ҳуқуқҳои фитрии инсон, волоияти ҳуқуқ ва қонун, таҷзияи хокимият, назорати меъёрии судӣ ва диг. дар конститутсияҳо ифода мегарданд. Конститутсияҳои ИМА (с. 1787), Фаронса (с. 1791) мисоли ин гуфтаҳоянд.
Ҳамзамон конститутсияҳо нақши ҳуҷҷати сиёсиро соҳиб мешаванд. Натиҷаҳои инқилобҳои буржуазии Аврупо (ҳуқуқҳову озодиҳои фард, озодии фаъолияти иқтисодӣ, волоияти қонун ва м.и.), сипас дигаргуниҳои куллӣ дар пешрафти давлатҳо, гузариши ҷомеа аз як давраи таърихӣ ба давраи дигар, ивазшавии навъ ва шаклҳои давлат, музаффариятҳои ба даст омадаи ҷомеа, натиҷаҳои ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ ва дигар тағйироти инқилобиву таҳаввулӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳз дар конститутсияҳо ифодаи қонунии худро пайдо мекунанд. Аз ин рў, конститутсияҳо бо амри таърих нуфузи ҳуҷҷати сиёсии таърихиро соҳиб мешаванд.
Ташаккул ва инкишофи ҳозираи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ аз солҳои аввали касби истиқлоли давлатӣ дар замина ва чорчўбаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ буда, гузариши ҷомеаи Тоҷикистонро аз замони сотсиалистӣ ба марҳилаи пасосотсиалистӣ, аз иқтисоди сотсиалистӣ ба иқтисоди бозор, аз моликиятдории сотсиалистӣ ба гуногунии моликиятдорӣ, аз ҷумла хусусӣ қонунан инъикос намуд. Тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро эълон мекунад. Мустақилияти сиёсии давлати Тоҷикистон шакли қонунӣ мегирад. Ба туфайли Конститутсия заминаи ҳуқуқии соҳибистиқлолии давлати нави Тоҷикистон ташаккул меёбад. Ин воқеияти таърихӣ асоси эътирофи давлати тозабунёди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, дар ҳуқуқи байналхалқӣ мегардад. Заминаҳои ҳуқуқии ҳам дохилӣ ва ҳам байналмилалии соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Заминаи ҳуқуқии дохилиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи байналмилалиро ҳам Конститутсия ва ҳам эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ташкил медиҳанд. Аз ин рў, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии эълони соҳибистиқлолии давлат дар дохил ва хориҷи кишвар мегардад. Ба туфайли Конститутсия, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ қабулмешавад, халқи Тоҷикистон соҳибистиқлолии хешро ба ҷомеаи ҷаҳон эълон мекунад. Созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ маҳз тавассути ҳамин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодаи азму иродаи халқи Тоҷикистон аст, соҳибистиқлолии давлати моро пурра эътироф мекунанд. Аз ин хотир, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва нуфузи байналмилалӣ дорад. Аҳамияти байнамилалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки дар он сиёсати сулҳҷўёнаи давлати нави Тоҷикистон, ҳадафҳои давлат дар густариши равобити судманди байналмилалӣ, пешгирии ҷанг ва таъмини сулҳ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои дигар, риояи меъёрҳои байналмилалӣ эълон мешаванд. Ин меъёрҳои конститутсионӣ, аз як тараф, кафолати сиёсати сулҳҷўёна ва фаъолияти хориҷии давлати моро дар чорчўбаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳанд. Аз тарафи дигар, дар заминаи ҳамин меъёрҳои конститутсионӣ соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон эътироф мешавад.
Давлатҳои аъзои СММ, дигар ташкилотҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ кафолати сиёсати сулҳҷуёнаи давлати Тоҷикистонро эҳсос намуда, соҳибихтиёрии Ҷумхурии Тоҷикистонро эътироф мекунанд. Дар натиҷаи эълони конститутсионии самтҳо ва ҳадафҳои ба ҳуқуқи байналмилалӣ пурра мувофиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон давлати мо ҳуқуқи шомил шуданро ба ташкилотҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайдо мекунад. Солҳои истиқлолияти давлатӣ ва инкишофи конститутсионӣ давлати Тоҷикистон давра ба давра ин меъёрҳои конститутсионӣ ва самту ҳадафҳои сиёсати хориҷиро амалӣ мекунад. Ҳоло Тоҷикистон ба узвияти ташкилотҳову созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ дохил буда, дар симои Президенти давлати соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон бо чандин ташаббусҳои барои ҷомеаи ҷаҳон судманд баромад намуда истодааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи эътирофи нуфузи байналмилалии давлати Тоҷикистон гардид. Ҷомеаи ҷаҳон давлати Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ, узви боэътимоди созмонҳои байналмилалӣ шинохтанд.
Ин худ як музаффарияти бағоят калони ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам давлати Тоҷикистон мебошад. Агарчанде солҳои аввали инкишофи конститутсионӣ Тоҷикистон ба вартаи ҷанги дохилии шаҳрвандӣ (низои байни тоҷикон) дохил шуд, вале дар муддати кўтоҳ давлат тавонист ба ин ҷанги бемаънӣ хотима гузорад. Илова ба ин, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ пайдо намуд. Дар натиҷа садоқати халқ ва давлати Тоҷикистон ба хадафҳои сулҳҷўёнаи дар Конститутсия эълоншуда исбот гардид. Халқ ва давлати Тоҷикистон дар амал исбот намуданд, ки ба ҳадафҳои Конститутсия дар соҳаи сиёсати сулҳҷўёна ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пурра содиқанд. Бар замми ин, солҳои сипаришуда давлати Тоҷикистон барои таъмини сулҳи минтақа корҳои зиёдро бо истифода аз имкониятҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ (СММ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва диг.) ба иҷро расонид. Ҳоло нуфузи давлати Тоҷикистон дар бахши мубориза бо амалҳои байнамилалии террористӣ, бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии экстремизм, аз ҷумла дар таъмини сулҳ дар Афғонистони ба мо ҳамсоя баланд аст.
Ҳамаи ин гуфтаҳо далел ба инанд, ки давлати Тоҷикистон ба меъёрҳои Конститутсия дар соҳаи сиёсати сулҳҷўёнаи хориҷӣ содиқ аст. Ин, дар навбати худ, заминаи эътирофи байналмилалии давлати Тоҷикистон чун узви боэътимоди созмонҳои байналмилалӣ, баланд шудани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муборизи сулҳ мегардад. Ҳамин тариқ, якҷоя бо амалӣ гаштани меъёрҳои сулҳҷўёнаи Конститутсия дар як вақт нуфузи байналмилалии давлати Тоҷикистон батадриҷ меафзояд.
Нуфузи байналмилалии давлати Тоҷикистон танҳо бо сиёсати сулҳҷўёнаи давлат маҳдуд намешавад. Тавре маълум аст, тоҷикон дорои фарҳанг ва таърихи ғанӣ мебошанд. Дар тўли ҳазорсолаҳо тоҷиконро маҳз ба туфайли ҳамин фарҳанги ғанӣ, аз ҷумла асарҳои фарҳангиву илмии Сино, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Абўҳанифа Имоми Аъзам, Ал-Бухорӣ, Румӣ, Аҳмади Дониш, С. Айнӣ ва дигарон мешинохтанд. Тоҷикон дар воқеъ халқи кўҳани фарҳангсозу тамаддунсоз буданд, дар ташаккулу инкишофи фарҳанг ва тамаддуни форсу тоҷик, дар инкишофи фарҳанги исломӣ нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин хотир, табиист ки эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои тамаддунӣ барои афзун намудани нуфузи байналмилалии халқ ва давлати Тоҷикистон зарур аст. Аҳамияти фарҳангии осори милливу тамадуниро дар тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла бедории миллӣ ва худшиносии миллии тоҷикон ба инобат гирифта, роҳбарияти давлати Тоҷикистон солҳои истиқлолияти давлатӣ тамоми чораҳоро дар бобати эҳёи осори фарҳангиву тамаддунии тоҷикон андешид.
Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи фарҳангии давлати Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳон тоҷиконро ҳамчун халқи кўҳани тамаддунсоз шинохт. Нақши Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, силсилаи чорабиниҳо бо иштироки давлатҳо, созмонҳо ва намояндагиҳои хориҷӣ бахшида ба бузургдошти Абўабдулло Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ва чанде дигар аз чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги миллӣ дар афзудани нуфузи байналмилалии давлати Тоҷикистон хело калон аст. Соли равон чун соли бузургдошти Имоми Аъзам Абўҳанифа эълон шуда, 5-6 октябр дар ш. Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абўҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» бо иштироки намояндагони беш аз 50 давлати ҷаҳон (Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Покистон, Қувайт, Қатар, Туркия, Эрон, Россия ва диг.) дар таҳкими нуфузи байналми лалии давлати Тоҷикистон саҳми муҳим гузошт. Дар пеш таҷлили бузургдошти Ал-Бухорӣ, сисилаи чорабиниҳо бахшида ба эълони шаҳри Душанбе чун маркази исломӣ дар назаранд.
Ҳамаи ин чорабиниҳои давлати Тоҷикистон, бешубҳа, дар заминаи эълони конститутсионии озодии эҷоди бадеиву илмӣ имконпазир гаштанд. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ширкати озодонаи ҳар шахс дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, дар эҷоди бадеиву илмӣ, истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ, зери ҳимояи давлат қарор гирифтани сарватҳои фарҳангиву маънавӣ барои эҳёи фарҳанги миллӣ, омўзиш ва шиносоӣ бо осори таърихӣ, таҳлилҳои илмии осори фарҳангӣ, аз ҷумла омўзиши осори Имоми Аъзам Абўҳанифа, Мавлонои Балхӣ, Абўабдулло Рўдакӣ, Ал-Бухорӣ, Бобоҷон ғафуров ва чеҳраҳои дигари намоёни фарҳанги миллӣ нақши ҳалкунунда бозиданд. Тоҷикон, ки пештар аз имкони омўзиши фарҳанг ва тамаддуни кўҳани аждодии хеш маҳрум буданд, акнун зимни фаъолияти озоди эҷоди фарҳангиву илмӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, на танҳо фарҳанг, тамаддун ва осори таърихии хешро эҳё намуданд, балки худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон, дар назди аҳли башар ҳамчун халқи фарҳангсоз ва тамаддунсоз муаррифӣ намуданд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калони фарҳангӣ дорад.
Конститутсияи кишвар дар инкишофи фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон, дар пешрафти фарҳангӣ, эҳёи арзишҳои тамаддуни кўҳан, баланд шудани нуфузи фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши ҳалкунанда дорад. Дар заминаи Конститутсия ҳаёти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон комилан ва сифатан тағйир ёфт, гузариши ҷомеа аз фарҳанги сотсиалистӣ ба фарҳанги аслии аждодӣ ба вуқўъ пайваст, тафаккури фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфт, хештаншиносӣ, ватаншиносӣ ва худшиносии ҳар фарди ҷомеа афзуданд. Ҷузъи фарҳанги миллии тоҷикон, ки дар тақвияту инкишофи он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус меъёрҳои конститутсионӣ дар бобати озодии ибрози андеша, гуногунии мафкуравӣ, озодии иттилоот, озодии сухан, нашр, озодии эҷоди бадеиву илмӣ, ҳуқуқи истифодаи востаҳои ахбори омма, ҳуқуқи истифодаи озоди дастовардҳои фарҳангӣ нақши ҳалкунанда доранд, андешаи миллӣ мебошад. Касби истиқлолияти давлатӣ, ки расман тавассути Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуқўъ пайвастааст, ҳамзамон маънии касби андешаи миллиро дорад. Истиқлолияти давлатӣ, истиқлоли миллӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва касби андешаи миллӣ аз ҳам ҷудонопазиранд.
Истиқлолияти фарҳангӣ ба мисли истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ барои халқ, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон хело заруранд, зеро тоҷикон дорои захираҳои ғании фарҳангӣ мебошанд, ки заминаи пешрафти ҷомеа буда, бар замми ин, аҳамияти тамаддунӣ доранд. Дар шароити имрўзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, тезу тунд гаштани проблемаҳои ҷаҳонӣ (энергетикӣ, геосиёсӣ, озуқаворӣ, экологӣ ва диг.) маҳз андешаи миллӣ барои ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Бесабаб нест, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ бахшида ба 18-солагии истиқлолияти Тоҷикистон таъкид намуд: «Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад».
Дар баробари эҳёи фарҳанги миллӣ ҳамчунин ғояи давлатдории миллӣ дар заминаи эълони соҳибихтиёрии давлати миллӣ ва дар робита бо фарҳанги миллӣ ва тамаддуни кўҳан ташаккул ёфт. Тоҷикон дар заминаи Конститутсия соҳибистиқлолии давлати хешро касб намуданд, орзуву ормони аждодони хешро дар бобати ташкили давлати мустақили тоҷикон амалӣ намуданд, соҳиби давлатисоҳибихтиёр, президенти интихобнамудаи хеш, парлумони касбӣ, тамомияти арзии кишвар, соҳиби сарватҳои табиӣ, забони миллии давлатӣ, фарҳанги аждодӣ гардиданд.
Ҳамаи ин музаффариятҳои истиқлолият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудаанд. Ҳамзамон давлати Тоҷикистон ҷудо аз тамаддуни ҷаҳон пеш рафта наметавонад. Истифодаи арзишҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ, технологияи пешқадами компютерӣ ва коммуникатсионӣ, комёбиҳои илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва дигари ҷомеаи ҷаҳон барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон зарур аст. Аз ин хотир, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо анъанаҳои фарҳанги миллӣ хамчунин арзишҳои байналмилалиро дар бахши ҳуқуқҳои инсон, иқтисод, моликиятдорӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва диг. ҳамаҷониба истифода намудааст. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии ҳам миллӣ ва ҳам байнамилалӣ мебошад, арзишҳои ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳониро, ҳам таҷрибаи фарҳанги миллӣ ва ҳам таҷрибаи ҷаҳониро, музаффариятҳои миллӣ ва ҷаҳониро, дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва инқилоби илмиву техникии оламро якҷоя таҷассум намудааст.
Ифодаи суннатҳои миллӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти фарҳангии ҷомеа дар заминаи Конститутсия барои инкишофи минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити бархўрди тамаддунҳо, таъсири фарҳанг ва тамаддуни бегона, ҷаҳонишавии фарҳангӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионии худ дар робита бо рўзи таҷлили 18-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла таъкид ба он намуд, ки «бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин суннатҳо вобаста аст ва маҳз дарки ҳамин нуқтаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхўрӣ эмин дошт». Эҳёи фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои тамаддуни кўҳан барои муқобилият ба фарҳанги бегона муҳиманд. Зарурати равобити фарҳанг ва тамаддунҳоро ҳанўз Имоми Аъзам Абўҳанифа дарку эҳсос намуда буд. Зимни суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боби хизматҳои бузурги Абўҳанифа аз ҷумла қайд намуд, ки «ў дар зиндагии нимасраи худ ҷомеаи исломиро бар асоси манобеи нақливу шаръӣ аз хушунат ва таҷзияи баъдӣ ба гурўҳҳои ба ҳам мухолиф нигаҳ дошт». Ба андешаи Доктор Мазҳарӣ, устоди Донишгоҳи Панҷоби Покистон, «фармуда ва таълимоти Имоми Аъзам сабаб шуд, то мусулмонон ба ҳам оянд ва ба ҳам наздик шаванд ва ин ҳамоиш низ сабаб хоҳад шуд, то мусулмонон ин бор дар Душанде гирдиҳам оянд ва ба ҳам наздик бишаванд». Ба қавли Аминуддин Музаффарӣ, риёзидони машҳури Афғонистон, таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам ин «даъват ба ҳамгироӣ ва тавҳиди миллату мазоҳиб аст».
Фарҳанг ва осори фарҳангӣ, бешубҳа, барои пешрафти ҷомеа, муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳон, ифтихори миллӣ, касби андешаи миллӣ, худшиносии миллӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Таҷлили бузургдошти чеҳраҳои намоёни фарҳанги форсу тоҷик, алалхусус Имоми Аъзам нақши тоҷиконро дар пешрафти тамаддуни башар исбот намуданд. Боиси ифтохори мост, ки аз минбари баланди Симпозиуми байналмилалӣ аз тоҷик будани Абўҳанифа ҳарф заданд, аз хизматҳои бузурги фарзандони миллати форсу тоҷик Салмони Форс, Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Имом ғаззолӣ ва дигарон ёдовар шуданд.
Ҳамаи ин пешрафт ва музаффариятҳои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба туфайли пеш аз ҳама касби истиқлолияти давлатӣ ва нуқтаҳову паҳлўҳои фарҳангии Конститутсияи дар воқеъ халқи Тоҷикистон ба даст омаданд. Имконият ва захираҳои ҳоло пурра амалӣ нашудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши пешрафти фарҳангии кишвар барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон дар шароити муқовимати байни тамаддунҳо аз аҳамият холӣ нестанд. Ин имкониятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои тақвияти худшиносии миллӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ аҳамияти дар воқеъ таърихӣ доранд.
ҚА Р О Р ҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚА Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
доир ба парванда аз рўи муроҷиати қ.Ақназаров – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистон»
ш. Душанбе 13 майи соли 2009
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Хоҷаев И.; судяҳои Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Каримов К.М., Муқбилшоев Б. ва Назаров М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Холиқова Ш.С., тарафҳо:
Ақназаров Қ. – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айреген-ЛТД»-тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда шудааст, Раҳимов М.З.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор; Маҳмудов М.А.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобоев У.Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент: – тарафҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзо намудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст, даъватшудагон: намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддинов В. ва намояндаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов М., дар асоси моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи муроҷиати Қ.Ақназаров – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда, маърўзаи судя Абдуллоев Л.И. баёноту хулосаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген ЛТД» Қ.Ақназаров ва тарафҳоро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген ЛТД» Қ.Ақназаров бо дархост ва дархости иловагӣ ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуда нишон додааст, ки бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2003 даъвои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҶСШК «Пахтаи Пролетар» ба ҷавобгарии Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурўши 75+1-фоизи саҳмияҳои ҶСШК «Пахтаи Пролетар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қонеъ карда шудааст.
Парванда бо шикояти намояндаи ҷавобгар дар зинаи аппелят сионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бинобар бастани созиши оштишавии тарафҳо қатъ карда шудааст. Сипас, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти кассатсионӣ аз 12 ноябри соли 2003 эътирози Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ карда, қарори марҳилаи аппелятсиониро бекор намуда, ҳалномаи суди марҳилаи аввалро бетағйир монондааст. Намояндаи ҷавобгар Ақназаров Қ. 23 августи соли 2007 аз болои санади мазкури эътибори қонунӣ пайдокарда, бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат кардааст. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аризаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД»-ро бо таъинот аз 30 августи соли 2007 дар асоси моддаи 108 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1995) ба даъвогар баргардонидааст. Намояндаи Ширкати мазкур ба ин таъинот розӣ нашуда, 27 сентябри соли 2007 бо шикоят ба марҳилаи аппелятсионӣ муроҷиат намудааст, ки он таъиноти дар боло зикршударо бекор карда, аризаи ўро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, бо таъинот аз 5 феврали соли 2008 баррасӣ намудани парвандаро, ки бо асоси ошкор шудани ҳолатҳои нав пешниҳод шуда буд, рад кардааст.
Минбаъд таъиноти марҳилаи аппелятсионӣ аз 5 феврали соли 2008 бо таъиноти марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бетағйир мононда шудааст. Намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. аз болои ин таъинот 28 феврали соли 2009 таҳти рақами содиротии 36/02-РТ ба воситаи почта ва 2 марти соли 2009 ў шахсан ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани таъиноти номбурда аризаи назоратӣ додааст. Аризаи мазкурро ҷонишини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонова М. санҷида, бо сабаби он ки гўё ариза баъди мўҳлати 6-моҳаи дар қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинишуда пешниҳод шуда бошад, онро бо таъиноти худ аз 27 марти соли 2009 ба аризадиҳанда баргардонидааст. Муроҷиаткунанда ба ин таъинот розӣ нашуда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Ширкатро бинобар маҳдуд будани мўҳлати шикояткунӣ ба тариқи назоратӣ поймолшуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ талаб кардааст, ки қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодиро ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 14 Паймони байналмилалӣ «Оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ»-ро аз 16 декабри соли 1966, ки аз 4 апрели соли 1999 ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дорои амал мебошад ва тибқи он «Ҳамаи шахсон дар назди суд баробаранд. Ҳар кас ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояш дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳақ дорад», мутобиқатнадошта эътироф намояд. Ў ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ дастгирӣ намуд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қароргирифтаро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иқтисодиёти Тоҷикистон аз шаклҳои гуногуни моликият иборат буда, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Тибқи муқаррароти зикршуда шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти иқтисодию соҳибкорӣ озодона ширкат варзида, дар сурати халалдор шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагидориашон аз кафолати ҳифзи судӣ бархурдор бошанд. Ин кафолатро моддаи 19 Конститутсия муқаррар намуда, ба ҳар шахс ҳуқуқ додааст талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд.
Мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ мурофиаҳои судӣ ошкоро бо иштироки тарафҳо ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифта, тарафҳои манфиатдор дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар буда, дар чунин мурофиаҳои судӣ ҳуқуқу манфиатҳои мавриди баҳс қароргирифтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ шуда, адолати судӣ таъмин карда мешавад. Қисми 3 моддаи 270 Кодекси номбурда, ки мавриди баҳси намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ва баррасии маҷлиси судии Суди конститутсионӣ қарор гирифтааст, мўҳлати мурофиавиро оид ба додани ариза ё эътироз дар бораи ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани санадҳои судии судҳои иқтисодӣ дар мўҳлати на зиёдтар аз шаш моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда қабул шудааст, муқаррар кардааст.
Бо риояи мўҳлати зикршуда овардани арзу эътирози назоратӣ имконият фароҳам меорад, ки хато ва камбудиҳои дар марҳилаҳои аввал, аппелятсионӣ ва кассатсионӣ роҳ додашуда дар марҳилаи назоратӣ бартараф карда шаванд. Зарурати мушаххас намудани чунин мўҳлатҳои мурофиавӣ, салоҳияти бевоситаи қонунгузор буда, он пеш аз ҳама бо мақсади устувории ҳалномаҳои судӣ баҳри амалӣ шудани кафолати ҳифзи судӣ ва саривақт барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайроншудаи шахсони иштироккунандаи парванда, гирифтани пеши роҳи беохир такроран баррасӣ шудани парвандаҳои иrтисодӣ, таъмини низоми муносибатҳои нави ҳуқуқӣ оид ба мустаҳкам кардани асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат равона карда шудааст. Қонунгузор тартиби аз нав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани парвандаҳои иқтисодиро тағйир дода, ба тарафи аз санади эътибори қонунӣ пайдокарда розӣ набуда имконият додааст, ки аризаи норозигии худро барои аз нав ба тариқи назоратӣ баррасӣ намудани парванда дар мўҳлати 6-моҳ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор карда шудааст, ки ариза ва эътирозҳои ба тариқи назоратӣ пешниҳоднамудаи шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар моддаи 41 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ номбаршударо аз болои санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътирозҳои Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.
Тибқи тартиби нав, дар маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодӣ шахсан иштирок кардан ва нисбат ба санади судии қабулгардида шарҳу баёнот додани шахсони иштирокунандаи парванда дар назар гирифта шудааст, ки ин ҳолат шаҳодати риояи принсипҳои адолати судӣ, аз ҷумла принсипи ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифтани мурофиа буда, кафолати конститутсионии ҳуқуқи ҳифзи судии онҳо таъмин карда мешавад.
Муқаррар набудани мўҳлат барои додани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ боиси он мегардид, ки бо ҳар гуна асосҳои аҳамияти ҷиддинадошта, парвандаҳо борҳо баъди гузаштани мўҳлатҳои тўлонӣ ва ҳатто баъди иҷрои ҳалномаҳо бо эътирозҳои шахсони салоҳиятдори мақомоти судӣ ва прокуратура ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ карда шуда, барои баровардани ҳалномаи нав ба судҳои зинаи аввал баргардонида шаванд. Ин ҳолат устувории ҳалномаҳои судӣ ва ҳуқуқи ҳифзи судии шахсони иштироккунандаи парвандаро таъмин карда натавониста, баръакс нисбати адолати судӣ нобовариро ба вуҷуд меовард. Муқаррар будани мўҳлат бошад, барои пешниҳоди ариза ё эътирози назоратӣ ҳуқуқи иштироккунандаи парвандаро маҳдуд насохта, балки баррасии нави парвандаҳоро ба тариқи назоратӣ ба тартиб дароварда, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳоро таъмин менамояд. Моддаи 274 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, ки риоя нашудани мўҳлати зикршуда барои баргардонидани ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ асос мегардад.
Дар баробари ин қонунгузор дар мавриди бо сабабҳои узрнок гузаронидани мўҳлати амалҳои мурофиавӣ имконияти барқарор намудани онҳоро низ пешбинӣ намудааст. Ин талабот дар моддаи 116 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ муқаррар шуда, ба ҳамаи амалҳои мурофиавӣ, аз ҷумла ба мўҳлати овардани аризаю эътирозҳои назоратии шахсони иштироккунандаи парвандаи иқтисодӣ ҳам дахл дорад. Дар хусуси муроҷиати намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. оид ба қабули аризааш дар бораи ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани таъиноти кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008, ки аз тарафи судяи ин суд бинобар гузаронидани мўҳлати 6-моҳаи додани чунин ариза рад карда шудааст, Суди конститутсионӣ муқаррар намуд, ки аризаи мазкур аз болои ин таъинот рўзи 28 феврали соли 2009 ба воситаи почта ба Суди Олии иrтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст, ки дар ин бора маълумотнома дар барои қабули муросилот бо нишонии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ба ин нигоҳ накарда муроҷиаткунанда нусхаи ин аризаи назоратии худро рўзи 2 марти соли 2009 ба дафтархонаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридааст, ки дар нусхаи он имзои шахси қабулкарда Раҷабов С. ва мўҳри Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Вале судя дар таъиноташ рўзи ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшавии аризаҳои намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаровро бо сабаби номаълум 20 марти соли 2009 нишон дода, бо ин асос мўҳлати 6-моҳаи ба тариқи назоратӣ муроҷиат намудани ўро гузаронидашуда ҳисобидааст. Ҳол он ки мувофиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 112 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ҷараёни мўҳлати мурофиавии 6-моҳа барои пешниҳоди аризаи назоратӣ барои аз нав баррасӣ намудани парванда бо моҳҳо ҳисоб карда шуда, аз рўзи дигари пас аз баровардани таъиноти кассатсионӣ шурўъ мешавад.
Тибқи моддаи 113 Кодекси номбурда бошад, мўҳлати 6-моҳаи бо қонун муқаррраршуда, соати бистучори рўзи охирини тамомшавии мўҳлати додани ариза ё эътирози назоратӣ хотима меёбад, яъне мувофиқи ин нишондоди қонун оғози мўҳлати 6-моҳа 3 сентябри соли 2008 шурўъ шуда, соати бистучори рўзи 3 марти соли 2009 ба охир мерасад.
Дар вақти баровардани таъинот дар бораи баргардонидани аризаи номбурдаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ин ҳолатҳо ба назар гирифта нашудааст, ки он ба амалӣ шудани кафолати конститутсионии ҳуқуқи ҳифзи судӣ доштани муроҷиаткунанда монеа эҷод намудааст. Ҳолати зикршуда Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ўҳдадор менамояд, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии нав қарор диҳад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҷҳҳои намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаровро дар хусуси ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Паймони байналмилалӣ «Оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» мутобиқат надоштани қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодиро таҳлилу муҳокима намуда, ин андешаҳоро бе асос ҳисобида, бо далелҳои дар боло оварда рад менамояд. Ҳамин тариқ, бо назардошти ҳолатҳои дар боло таҳлилу муҳокимагардида, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсия мутобиқат дошта, он баҳри пешрафту инкишофи асосҳои иқтисодӣ ва таъмини адолати иҷтимоию судӣ, сари вақт барқарору ҳифз намудани ҳуқуқҳои халалдоршудаи ҳамаи шахсони иштироккунандаи парванда мусоидат менамояд. Бинобар ин дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳнамоии моддаҳои 47- 48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
Қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, ки мувофиқи он «Ариза ё эътироз дар бораи аз нав дида баромадани санади судӣ ба тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати на зиёдтар аз шаш моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судии охирин, ки оид ба парванда қабул карда шудааст, агар дигар имкониятҳо барои санҷидани санади мазкур ба тариқи судӣ аз байн рафта бошанд, дода мешавад» ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Агар аризаи намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» Ақназаров Қ. ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои таъиноти судяи ин суд дар бораи баргардонидани аризааш дар хусуси ба тариқи назоратӣ аз нав баррасӣ намудани парванда дохил шавад, суди мазкур онро бояд бо тартиби баррасии барои таъинотҳои суди иқтисодӣ муқарраршуда, баррасӣ намояд.
Қарор қатъӣ буда, аз болои он шикоят овардан мумкин нест ва аз вақти қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
И. Хоҷаев
Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
К. Каримов
Қ А Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
оид ба парванда аз рўи муроҷиати шаҳрванд Санокина Л. Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 9 июни соли 2009
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Маҳмудов Н. Ҳ., тарафҳо:
Санокина Л. Г.- тарафе, ки бо дархости ў мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда шудааст ва намояндаи ў Зойиров Р.Х., Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Меҳмон Бахтӣ – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Бобоев У. Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ-намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст,
Даъватшудагон:
Юсупов А.И.- муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Нуралиев А. – муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оймаҳмадов М.Д.- судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Олимов М.- сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи муроҷиати шаҳрванд Санокина Любов Гуфрановна «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Санокина Л.Г. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, қайд менамояд, ки 4 январи соли 2007 суди шаҳри Роғун аризаи даъвогии ҳамхонаи ў Цыб Г.Я.-ро ба муқобили Насриддинов Д., Насриддинов О. ва Идораи нотариалии шаҳри Роғун дар хусуси беэътибор донистани шартномаи тўҳфаи манзили истиқоматии онҳо дида баромада, онро бо ҳалномаи худ ба манфиати ҷавобгарон ҳал намуд.
28 феврали соли 2007 шикояти кассатсионии Цыб Г.Я. бо таъиноти Коллегия оид ба корҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе қаноат мононда шуда, баъдан бо таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадов М.Д. аз 28 январи соли 2009 шикояти назоратии Цыб Г.Я. ва Санокина Л.Г. бинобар гузаштани мўҳлати яксолаи шикоят ба зинаи назоратӣ бе баррасӣ гузошта шуд. Муроҷиаткунанда поймол шудани ҳуқуқи конститутсионии худро ба моликияти шахсӣ ва кафолати ҳифзи судӣ дар номутобиқатии қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад», ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинад. Ба андешаи ў, ба қисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад», қувваи бозгашт додани қонунгузор, ҳуқуқи конститутсионии ўро ба кафолати ҳифзи судӣ бо роҳи овардани шикояти назоратӣ имконнопазир гардондааст. Аз ин рў, ў қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия мутобиқнабуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ беъэтибор донистани онҳоро талаб намуда, ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ дастгирӣ кард.
Ҳамзамон, Зойиров Р. Ҳ- намояндаи Санокина Л.Г. – талаби худро дар маҷлиси судӣ васеъ намуда, иловатан муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия талаб намуд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мавриди баҳс қарордодаи Санокина Л.Г.-ро ҳаматарафа таҳқиқ намуда, қайд менамояд, ки қувваи бозгашт додан ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти давлатӣ ба шумор меравад, ки он ба татбиқи дуруст ва мақсадноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини раванд ва идомаи мўътадили муносибатҳои ҳуқуқӣ, бе мамоният гузаштан ба фазои сифатан нави ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона карда шудааст. Аз тарафи дигар Конститутсия қувваи бозгашти он санади меъёрии ҳуқуқиро эътироф кардааст, ки вай ҳолати инсон ва шаҳрвандро сабук намуда, барои рафтори зиддиҳуқуқии ў ҷазо муқаррар накарда бошад ва тибқи қисми 3 моддаи 20 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад». Қувваи бозгашт додан дар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории гражданӣ низ васеъ истифода бурда мешавад. Чунончӣ тибқи қисми 1 моддаи 4 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «амали қонун танҳо дар сурате нисбати муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки агар ин бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад».
Аз ин рў, қувваи бозгашт додан ба қисми дуюми моддаи 365 Кодекс дар асоси талаботи қисми 1 моддаи 4 Кодекси зикршуда сурат гирифта, он ифодакунандаи хусусияти инсондўстии қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад ва ба талаботи моддаи 20 Конститутсия мухолифат надорад.
Суди конститутсионӣ масъалаи маҳдуд будани мўҳлати яксолаи шикоят ва эътирози назоратиро ба суди марҳилаи назоратӣ дар якҷоягӣ бо масъалаи қувваи бозгашт додан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳлил намуда, қайд менамояд, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои граждании худро бо назардошти ирода ва манфиатҳои худ амалӣ ва ихтиёрдорӣ менамоянд ва дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳои қонунии худ «ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки парвандаи онҳоро суди босалоҳият, мустақил ва беғарази тибқи қонун таъсисёфта баррасӣ намояд». Бо ин назардошт, кафолати ҳифзи судии пешбининамудаи моддаи 84 Конститутсия ки тибқи он «ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати муносибатҳои шаҳрвандии молу мулкӣ ва ғайримолумулкии шаҳрвандон низ татбиқ мегардад, ки тартиби иҷрои онро қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ менамояд. Вобаста ба ин, яке аз шартҳои муҳими таъмини кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқию субъектони хоҷагидорӣ ин риояи қатъии мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунҳо мебошад. Чунончӣ моддаи 109 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд «амалиёти мурофиавӣ дар мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун анҷом дода мешавад» ва «мўҳлат барои анҷом додани амалиёти мурофиавӣ бо санаи дақиқи тақвимӣ, зикри ҳодисае, ки бояд ҳатман фаро расад ё фосилаи вақте, ки дар ҷараёни он амал бояд иҷро карда шавад, муайян мегардад», яъне мўҳлати мурофиавӣ мўҳлате арзёбӣ мешавад, ки дар давоми он бояд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектони ҳуқуқ ҳифз ва даъвои онҳо ҳаллу фасл карда шавад.
Аҳамияти иҷтимоию ҳуқуқии мўҳлати мурофиавӣ боз дар он ифода меёбад, ки вай имконият фароҳам меорад, ки хато ва камбудиҳои дар марҳилаҳои поёнии судӣ содиршуда, мувофиқан дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ бартараф карда шуда, адолати судӣ ва иҷтимоӣ барқарор гардад.
Мўҳлати мурофиавӣ ва тартиби ҳисоби онро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, бо шартномаи миёни тарафҳо тағийр додан мумкин нест ва онро танҳо суд дар асоси аризаи иштирокчиёни баҳс татбиқ менамояд. Дар баробари ин, гузаронидани мўҳлати овардани аризаи даъвогӣ барои аз тарафи суд рад кардани он асос шуда метавонад. Қисми дуюми моддаи 365 Кодекс, ки мавриди баҳси Санокина Л.Г. ва баррасии маҷлиси судӣ гардидааст, овардани шикоят ё эътирози назоратиро нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо карда ни онҳо муайян намудааст. Ин мўҳлат қатъӣ буда, субъектони мурофиаи гражданиро, ки ҳуқуқи овардани чунин шикоят ё эътирозро доранд, ўҳдадор менамояд, ки амали зикргардидаи мурофиавиро дар мўҳлати зикршуда ба анҷом расонанд. Дар акси ҳол, тибқи моддаи 369 Кодекси мазкур гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикоят ё эътироз боиси бебаррасӣ баргардонидани шикоят ё эътироз шуда метавонад. Мўҳлати баррасии муроҷиатҳои мурофиавиро бевосита ягон моддаҳои Конститутсия пешбинӣ накардааст. Ин масъала салоҳияти бевоситаи қонунгузор аст, ки аз тарафи ў барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи субъектҳои ҳуқуқ то дараҷаи кофӣ ва имконпазир муайян карда мешавад. Он пеш аз ҳама барои таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои вайроншуда, мўътадилии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва интизоми иҷроиявии субъектони ҳуқуқ равона карда шудааст.
Масъалаи муҳиме, ки бевосита ба таъмини кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои субъектони ҳуқуқ нигаронида шудааст, ин падидаи барқарор намудани мўҳлатҳои мурофиавӣ мебошад. Ин падида дар тамоми қонунҳо, аз ҷумла дар Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди танзим қарор гирифтааст. Чунончӣ тибқи қисми 1 моддаи 114 он «ба шахсоне, ки мўҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонунро бо сабабҳои узрнок эътирофнамудаи суд гузаронидаанд, ин мўҳлатро суд метавонад барқарор намояд». Ин талаботи моддаи 114 Кодекс ба ҳама гуна мўҳлатҳои мурофиавӣ, аз ҷумла барқароркунии мўҳлати гузаронидашудаи овардани шикоят ва эътироз дар хусуси аз нав ба тариқи назоратӣ дидани санади судӣ низ пурра татбиқ мегардад. Суди конститутсионӣ ваҷҳи Санокина Л.Г.-ро дар хусуси ба моддаи 45 Конститутсия мухолифат доштани қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодексро беасос меҳисобад, зеро дар моддаи зикршудаи Конститутсия масъалаи додани андозу пардохтҳо танзим гардида, қонуне, ки андози навро муқаррар ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, қувваи бозгашт надорад.
Бинобар ин, моддаҳои зикршудаи санадҳои ҳуқуқии мавриди баҳс қарордодаи Санокина Л.Г. ба моддаи 45 Конститутсия мухолифат дошта наметавонанд. Ҳамин тариқ, қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддаҳои 20 ва 45 Конститутсия мухолифат надошта, қувваи бозгашт додани моддаи 365 Кодекс ва мўҳлати яксолаи шикояти назоратӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин имкониятҳои зарурӣ фароҳам меоранд. Суди конститутсионӣ дархости иловагии пешниҳоднамудаи Зойиров Р.Ҳ.-ро дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки моддаҳои зикршудаи Конститутсия масъалаҳои муҳимтарини асосҳои сохтори конститутсионӣ, аз қабили арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазир будани онҳо, ҳамчунин мавридҳои маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳоро пешбинӣ намуда, бевосита ба қувваи бозгашт додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ва мўҳлатҳои мурофиавии гражданӣ алоқамандӣ надоранд. Аз ин рў, қисми дуюми моддаи 4 Қонун ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекс ба моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия низ мухолифат надоранд. Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки тибқи он «амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад» ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надоранд ва ба он мутобиқ мебошанд.
2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
3. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.Маҳмудов
Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов
ҚА Р О Р И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
оид ба парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш. Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
шаҳри Душанбе 1 июли соли 2009
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Гулов П.Х.,
тарафҳо:
Шодиев Ш.Р.- тарафе, ки бо пешниҳоди ў мурофиаи Суди конститутсионӣ оғоз карда шудааст,
Ватанов М.М.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ;
Меҳмон Бахтӣ – намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Бобоев У. Х.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ – намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзонамудаи онҳо мавриди баҳс карор дода шудааст,
Даъватшудагон:
Нуралиев Абдуҳамид- Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Тоҳир Қамарович – Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонова Ҳилолбӣ Ҷумъаевна – Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимов Мадиброҳим – Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримова Ҳамро – Муовини Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Шўҳрат Раҳматҷонович «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, маърўзаи судя Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда,
м у а й я н к а р д:
Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш. Р. ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар пешниҳоди худ қайд менамояд, ки рўзи 8 октябри соли 2008 ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванд Мирзоалиев Д.Қ. бо аризаи даъвогӣ муроҷиат карда, дар он бекор кардани акди никоҳи худ ва ҳамсараш С.Мирзоалиеваро талаб намудаст.
Аммо суд бо таъиноти худ аз 17 октябри соли 2008 бо назардошти моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №22), ки тибқи он «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намояд», аризаи даъвогии ўро бе баррасӣ гузоштааст.
Ў қайд менамояд, ки моддаи 21 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар ё дар ҳолати ба бекор кардани никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар ва дигар ҳолатҳо бекор кардани акди никоҳро аз тарафи суд пешбинӣ намуда бошад ҳам, аммо моддаи 17 Кодекси зикршуда бекор кардани акди никоҳро бо ташаббуси шавҳар имконнопазир гардондааст ва шавҳар то бартараф гаштани ҳомиладории зан ва якунимсола шудани кўдакаш имконияти бе розигии зан бекор кардани акди никоҳи худро надорад.
Ба ақидаи ў, муқаррароти моддаи 17 Кодекси оила ба талаботи қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «мардон ва занон баробарҳуқуқанд» ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «дар оиладорӣ ва бекор кардани акди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд» мухолифат дошта, он баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро дар масъалаи бекор кардани акди никоҳ маҳдуд месозад.
Аз ин рў, Шодиев Ш.Р. моддаи 17 Кодекси оиларо ба талаботи қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқнабуда ҳисобида, аз Суди конститутсионӣ беъэтибор донистани онро талаб намуда, ин талаби худро дар маҷлиси судӣ низ дастгирӣ кард. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мавриди баҳс қарордодаи Ш. Шодиевро ҳаматарафа таҳлил намуда, қайд менамояд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ, нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ва принсипи ихтиёрӣ будани акди никоҳи марду зан асос ёфта, он ба таҳкими бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, афзалияти тарбияи кўдакон ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғи оила равона карда шудааст.
Чунончӣ, қисми 1 моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 эълом медорад, «мардон ва занон дар мавриди ақди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он баробарҳуқуқанд».
Дар санади мазкур рукни таббиӣ ва асосии ҷамъият будани оила махсус нишон дода шуда, қайд карда мешавад, ки «модарону кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд.»
Минбаъд заминаҳои ҳуқуқии оила, баробарҳуқуқии марду зан дар муносибатҳои оилавӣ ва мавқеи модару кўдак дар як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ инкишофи ҳамаҷонибаи худро ёфтаанд.
Аз ҷумла, моддаи 10 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки бо қатъномаи 2200 А (XXI) Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудааст, чунин пешбинӣ менамояд: «Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон эътироф мекунанд, ки:
1. Модарон бояд дар давоми давраи қобили қабул то таваллуд ва баъди он бо ғамхории махсус фаро гирифта шаванд» Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки бо қатъномаи зикршудаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 16 декабри 1966 қабул ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1999 тасдиқ шудаааст, пешбинӣ менамояд, ки «давлатҳои ширкаткунандаи Паймон бояд барои таъмини баробарии ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои зану шавҳар дар мавриди акди никоҳ, дар давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ҳолати бекор карда шудани никоҳ бояд ҳимояи зарурии ҳамаи фарзандон пешбинӣ гардад.»
Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак, ки бо қатъномаи 44/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 ноябри соли 1989 қабул ва аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 тасдиқ шудааст, муқаррар менамояд, ки «ба кўдак барои инкишофи пурра ва ҳамаҷонибаи шахсияти ў зарур аст, ки дар муҳити оила, дар фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва ғамхорӣ инкишоф ёбад». Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии зикршудаи байналмилалӣ ва такя ба арзишҳои фарҳангии худ оиларо ҳамчун рукни муҳимтарини ҷомеа арзёбӣ намуда, ғояҳои асосии онҳоро дар Конститутсия ва қонунгузории худ инъикос намудааст.
Чунончӣ, қисми 2 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии марду занро дар тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ эълон намуда, принсипи мазкурро асоси бунёди оила меҳисобад.
Моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад», ба ҳифзи оила, модар ва кўдак нигаронида шуда, фазои ҳуқуқиеро фароҳам овардааст, ки механизми иҷрои он дар Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст. Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки принсипи баробарҳуқуқии марду зан дар масъалаи бекор кардани ақди никоҳ дар қаринаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии зани ҳомила, модари тифли ширхорадошта, афзалияти тарбияи кўдак ва ғамхорӣ нисбати рушду камоли он ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои модару кўдак мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, зеро меъёри «кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд» талаб менамояд, ки ба кўдакон ҳамчун ба шахсони ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасида, ба ғамхории махсус ва муҳофизату тарбия мўҳтоҷбуда муносибат намуда, дар ҳолати зарурии пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро аз манфиати волидай нашон боло гузорем.
Моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шавҳарро оид ба бекор кардани ақди никоҳ маҳдуд намуда, принсипи қонунгузории оиларо, ки тибқи он ҳуқуқи баъзе аз аъзои оила метавонад то андозаи барои ахлоқ, саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои дигар аъзои оила зарур маҳдуд карда шавад, мушаххас менамояд. Дар ин ҳолат қонунгузор ҳадди баланди ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии зани ҳомила, модари тифли ширхораро муқаррар намуда, талаби бекор намудани ақди никоҳро дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 17 Кодекси оила аз ҷониби шавҳар манъ кардааст. Муқаррароти пешбининамудаи қисми 6 моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оилаи шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад» ба қисми сеюми моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, раво дониста мешавад» мувофиқ мебошад.
Аз тарафи дигар, муҳимтарин ва арзишмандтарин самти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳама соҳаҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла ҷиноятӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ. хусусиятҳои ҷисмонию биологии зан ва мавқеи ҷамъиятии ў ҳамчун офаранда ва давомдиҳандаи насли инсоният ба эътибор гирифта шуда, он дар ягон ҳолат ба принсипи баробарҳуқуқии марду зан мухолиф гузошта нашудаст, яъне баробарҳуқуқии мардону занон танҳо дар ҳолати ба эътибор гирифтани хусусиятҳо ва мавқеи ҷамъиятии дар боло зикршудаи зан пурра эътироф карда мешавад.
Ваҷҳи дигари Шодиев Ш.Р. дар хусуси он, ки маҳдудияти пешбини намудаи моддаи 17 Кодекси оила танҳо ба мардон маҳсуб буда, занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кўдак то якунимсолагӣ дар бекор кардани ақди никоҳи худ озод мебошанд ва ин ҳолат баръало аз нобаробарии марду зан дар бекор намудани ақди никоҳ шаҳодат медиҳад, бе асос буда, бо далелҳои дар боло зикршуда рад карда мешавад. Ин имтиёзи зан ба ҳеҷ ваҷҳ ҳидояти аз тарафи ў суистеъмол намудани мавқеи ҳуқуқиашро дар бекор кардани ақди никоҳ надорад ва баръакс ин ҳолат бори дигар аз мавқеъ ва масъулияти он дар таваллуд, тарбия ва ба ҷомеа пешкаш намудани фарзанди солим шаҳодат дода, чунин муқаррарот ба қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикисон тавъам аст, ки тибқи он «модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд».
Ҳамин тариқ, моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳарро манъ менамояд, бо назардошти афзалияти тарбияи кўдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди нигоҳубини онҳо, дастгирии моддию рўҳии модар дар давраи ҳомиладорию баъди он, ғамхорӣ нисбати модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо қабулгардида, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсия мухолифат надорад ва баробарҳуқуқии конститутсионии марду занро поймол намекунад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46-48, 50 ва 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №22), ки тибқи он «шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани акди никоҳ даъво пешниҳод намояд» ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Қарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
3. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.Маҳмудов
Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
К. Каримов
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТАЪИНОТИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009 ш. Душанбе
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М., Каримов К.М. ва Назаров М.Н.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Гулов П.Х., бо мақсади таҳия ва омода намудани тавсияҳои илман асосноки масъалаҳои ҳуқуқӣ, мутобиқи моддаҳои 47 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
т а ъ и н к а р д :
1. Дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои илмӣ-машваратӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:
Холиқов К.Н. – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент (Раиси Шўроиилмӣ-машваратӣ);
аъзои Шўрои илмӣ-машваратӣ:
Тоҳиров Ф.Т.-Директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор; Менглиев Ш.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
Сотиволдиев Р.Ш. – мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
Тағойназаров Ш.Т. – мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
Шарипов Т.Ш. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ;
Элназаров Д.- декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия, номзади илмҳои ҳуқуқ;
Солеҳов К.Ҳ. – муовини Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ;
Искандаров З.Ҳ.-мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
Ойев Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
Шонасриддинов Н.Ш. –мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
Шомаҳмадов Б.А.- дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ;
Мустафоқулов Ш.М. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
Муқбилшоев Б.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
Сафарова Н.Д.- судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
Хоҷаев И. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда;
Эмомов Н.Э. – судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда.
3.Шўрои илмӣ-машваратӣ лоиҳаи Низомномаи Шўрои илмӣ-машваратӣ дар назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 1 октябри соли 2009 барои тасдиқ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4.Шўрои илмӣ-машваратӣ метавонад ба кори худ мутахассисони дигар соҳаҳои илм ва амалияро ҷалб намояд.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
М.Маҳмудов
Котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
К. Каримов
НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
НАВИДҲОИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 майи соли 2009 дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев И. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқбилшоев Б. бинобар қонеъ гардонидани аризаи ба истеъфо рафтанашон аз мансаби ишғолнамудаашон бозхонд карда шуданд.
Дар иҷлосияи мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Маҳкам Азамович – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гулзорова Муҳаббат Мамадкаримовна – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Маълумот МаҳмудовМ.А.соли1957таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1979 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Аз соли 1979 то 1993 ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи декани факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2006 то майи соли 2009 муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан дар мансаби муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Аз соли 2002 то 18 майи соли 2009 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2005 то 18 майи соли 2009, яъне то ба вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданаш Раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷмҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуда буд. Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ ва илмию-оммавӣ мебошад.
Маҳмудов М.А. дорандаи унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мукофотҳои давлатии «Ордени Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II, ордени “Содружество” ва медалҳо сарфароз гардидааст. Судяи дараҷаи олии тахассусӣ. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
9 июни соли 2009 дар маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оид ба дархости шаҳрванд Санокина Л.Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд. Дар мурофиаи конститутсионӣ намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ намояндагони тарафе, ки санади меъёрии ҳуқуқии қабул, ҷонибдорӣ ва имзогузоштаи онҳо мавриди баҳси судӣ қарор гирифтааст, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро пурра ва ҳаматарафа баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки мувофиқи он қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «амали талаботи қисми дуюми моддаи 365 ба санадҳои судие, ки то мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур қабул гардидаанд, низ паҳн мегардад» ва қисми дуюми моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мўҳлати як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, мўҳлати яксола барои овардани шикояти назоратӣ имконият медиҳад, ки дар мўҳлати кўтоҳтарин ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ҳифз карда шавад.
23 июни соли 2009 дар Суди вилояти Хатлон вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судяҳои Суди вилоятӣ, судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии вилояти Хатлон баргузор гардид. Инчунин дар вохўрӣ муовини Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоев И.Н. ширкат варзид.
Баъди баромади Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. оид ба Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иштирокчиён ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур мубодилаи афкор баргузор гардид. Махсусан қайд карда шуд, ки судяҳо ҳамчун субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои худро дар такмили қонунияти конститутсионӣ ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон на он қадар самаранок истифода мебаранд.
1 июли соли 2009 маҷлиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.
Дар мурофиаи конститутсионӣ намояндагони Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, инчунин намояндагони даъватшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи мазкур қарор қабул намуд, ки мувофиқи он моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси он, ки ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним сол пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намудани шавҳар манъ аат, ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва он бо назардошти афзалияти тарбияи кўдакон, иштироки якҷояи падару модар дар раванди нигоҳубини онҳо, дастгирии моддию рўҳии модар дар давраи ҳомиладорию баъди он, ғамхорӣ нисбат ба модару кўдак, рушду камол ва таъмини бештари ҳуқуқу манфиатҳои онҳо қабул гардидааст.
2 июли соли 2009 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. маҷлиси Суди конститутсионӣ баргузор шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ, олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакат аз Институти давлат ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултетҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд. Мувофиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Суди конститутсионӣ Шўрои илмӣ-машваратӣ дар ҳайати 17 нафар таъсис дода шуд, ки ба он судяҳои дар истеъфобудаи Суди конститутсионӣ ва олимони намоёни соҳаҳои ҳуқуқи мамлакат дохил мешаванд.
13 июли соли 2009 дар доираи Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» вохўрии Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. бо Роҳбари Барномаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар Тоҷикистон Ҷаноби Йорг Пуделка ва ҳуқуқшиноси барномаи мазкур Катлин Крюгер баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ Маҳмудов М.А. ба меҳмонон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ҷумҳурӣ дар доираи амалишавии ислоҳоти судию ҳуқуқӣваонтағйируиловаҳое,кибаҚонуниконститутсионииҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Парламенти мамлакат дароварда шуданд, маълумот дод.
Ҷонибҳо дар рафти сўҳбат оид ба масъалаҳои муҳими мурофиаи судии конститутсионӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки адолати судии конститутсионӣ аз ҷумлаи он стандартҳои ҷомеаи демократӣ мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Адолати судии конститутсионӣ ниҳоди ҷудонопазири сохтори давлатии аксари давлатҳои соҳибистиқлоли ҳудуди собиқ Иттиҳод Шўравӣ шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳо дар раванди машварат манфиат ва омодагии худро дар самти густариши ҳамкории тарафайн ва анҷом додани амалҳои мушаххас иброз намуданд.
22-23 июли соли 2009 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова Конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи: «Арзишҳои конститутсионӣ-омилҳои асосии таҳкимбахши сохти демократӣ», бахшида ба 15-солагии рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Молдова баргузор шуд.
Дар Конференсияи мазкур намояндагони Судҳои конститутсионӣ аз 19 давлати ҷаҳон, инчунин намояндагони Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо иштирок намуданд.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмудов М.А. – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоев А.А. – судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.
Иштирокчиёни Конференсияро Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин хайра мақдам гуфт. Дар ҷараёни кори дурўзаи Конференсияи мазкур наздикии 20 маърўзаву баромадҳо оид ба арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун омилҳои асосии мустаҳкамӣ ва рушди давлатҳои демократӣ шунида шуданд. Мубодилаи афкор баргузор гардид ва таҷрибаҳои корӣ оид ба масъалаҳои васеи мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
6-7 августи соли 2009 Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Институти Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Кохи Ваҳдат (шаҳри Душанбе) ҷаласаи муқаддамотиро барои баррасии ўҳдадориҳои кишвар дар ҷодаи ҳуқуқи инсон оид ба мавзўи «Дастовардҳо ва норасоиҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон» барпо намуданд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳо, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Судяи Суди конститутсионии Ҷмҳурии Тоҷикистон Абдуллоев А.А. ва мудири шўъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфов М.М. дар ин ҷаласа ширкат намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ба соҳаи ҳуқуқи инсон дахлдошта дар Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
12 августи соли 2009 Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 60-умин солгарди қабули Конвенсияҳои Женевагӣ (соли 1949) мизи мудаввар баргузор намуданд.
Дар мизи мудаввар намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ ва Суди Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазорату кумитаҳо, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии СММ, САҲА, СҲШ ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мизи мудаввар судяи Судяи Суди конститутсионӣ Абдуллоев А.А. иштирок намуд.
Дар нишасти мазкур қайд гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон оид ба имплементатсияи Конвенсияҳои Женевагӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ (башардўстӣ) корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
4 сентябри соли 2009 ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти Давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., судяи Суди конститутсионӣ Гулзорова М. ва дигар кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок намуданд. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» маърўза кард.
8 сентябри соли 2009 дар Суди конститутсионӣ маҷлиси коллективи Суди конститутсионӣ баргузор гардид. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. иштирокчиёни онро ба муносибати 18-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои фаъолияти пурсамар ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳ Ифтихорномаи Суди конститутсиониро супурд.
Аз 1 то 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон, Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқ (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо), Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқи конститутсионӣ, Намояндагии Еревании Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи XIV байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи байналмилалии ҳамкории судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳо дар таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони судҳои конститутсионӣ ва парлумонҳои 27 давлатҳои Аврупо, Осиё, ва Африқо, аз ҷумла Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо Дж. Букикио, Раиси палатаи суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, иштирок намуданд. Намояндагии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду судяҳои Суди конститутсионӣ дар кори конференция ширкат варзиданд.
Дар конфронс зиёда аз 30 маърўза, аз ҷумла маърўзаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А. дар мавзўи «Нақш ва мавқеи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикион дар таъмини волоияти Конститутсия» шунида шуданд. Конститутсия аз тарафи иштирокчиёни конференсия бузургтарин ҳуҷҷат ва дастоварди сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи инсонӣ, таъминкунандаи низоми боссуботи давлатдорӣ арзёбӣ гардида, нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти меъёрҳои он махсус қайд карда шуд. Дар конференсия, инчунин лоиҳаи Оинномаи Конференсияи умумиҷаҳонӣ оид ба адолати суди конститутсонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони давлатҳои аъзои Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон дастгирӣ ёфт.
Дар рафти конференция вохўриҳои дуҷонибаи намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дж. Букикио – Котиби генералии Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо, Арутунян- Раиси Конференсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи ҷавон-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон, бо ҳайати намояндагии Судҳои конститутсионии Латвия, Молдова, Беларусь, Федератсияи Россия, Алҷазоир, Чехия баргузор гардиданд. Оид ба доираи васеи масъалаҳо ва таҷриба адолати суди конститутсионӣ табодули назар карда шуд.
20 октябри соли 2009 дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. Дар кори он намояндагони судҳои олии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия, дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Маҳмудов М. А. кушода, оид ба аҳамияти сиёсию ҳуқуқии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сипас иштирокчиёни мизи мудавварро ба 15-умин солгарди Конститутсия Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш. О., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдуллоевН.А.ваВазириадлияиҶумҳурииТоҷикистон Худоёров Б.Т. табрик намуда, нақш ва аҳамияти Конститутсияро дар рушду таҳкими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон қайд намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар зиёда аз даҳ маърўза оид ба аҳамияти таърихии Конститутсия ва нақши он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида ва муҳокима гардиданд.
ХОНАНДАИ ГИРОМИҚАДР
Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) дар саҳифаи таърихи навини кишварамон як қатор рўйдодҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рўи кор омаданд. Падидаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ аз қабили он дастовардҳои сиёсию ҳуқуқие мебошанд, ки ба таъсиси ҳокимияти мустақили судӣ, аз ҷумла мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар мамлакат заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Дар моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардида, дар асоси талаботи он 3 ноябри соли 1995 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 нафар судяҳо иборат буда, он бо салоҳият ва тарзу усули хоси фаъолият, инчунин субъектҳои ба он муроҷиаткунанда аз дигар судҳои низоми ҳокимияти судӣ фарқ дорад. Салоҳияти асосии Суди конститутсионӣ – ин муайян намудани мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини волоияти Конститутсия дар қаламрави давлат ба ҳисоб меравад.
Дар тўли на чандон дуру дарози фаъолият, Суди конститутсионӣ мавқеи худро дар миёни дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ соҳиб гардида, бо қарору ҳалномаҳои худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи конститутсионӣ нақши муҳим бозид. Соли равон ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол пур мешавад ва дар арафаи ин ҷашни бузург бори аввал нашр гардидани Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, инчунин ихлосмандони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ тўҳфаи арзандае хоҳад гардид.
Мундариҷаи он аз мақолаю маърўзаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мақолаҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва дигар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, олимону мутахассисон ва ҳуқуқшиносони мамлакат, инчунин аз санадҳои Суди конститутсионӣ ва инъикоси фаъолияти касбии он иборат мебошад. Умед дорем, ки Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқию ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳокимияти судӣ нақши муҳим хоҳад бозид.
Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А.
МУНДАРИҶА
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба муносибати рўзи Истиқлолияти давлатӣ. 8 сентябри
соли 2009……………………………………………………………………………………..5
Маҳмудов М.А. Суди конститутсионӣ – мақоми мустақили
ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсия ……………………..…..….11
Сотиволдиев Р. Ш. Аҳамияти байналмилалӣ ва фарҳангии КонститутсияиҶумҳурииТоҷикистон ……………………………………………….24
қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Доир ба парванда аз рўи муроҷиати Қ.Ақназаров – намояндаи Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген-ЛТД» «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2009….….32
2) Оид ба парванда аз рўи муроҷиати шаҳрванд Санокина Л. Г. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 июни соли 2009……………………………………………………………………………… ….40
3) Оид ба парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати моддаи 17 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 июли соли 2009 ……………………………………………………………………………………………………..46
Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
2 июли соли 2009 «Дар бораи таъсиси Шўрои илмӣ-машваратӣ дар
назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».……………….. …..53
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон…………… …. 56