Санаи 21 апрели соли 2026 дар толори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №1 ва муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб тибқи Нақшаи чорабиниҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ аз ҷониби судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Асрор Нор, дар  масъалаҳои зерин: шарҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосиии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохӯрӣ баргузор гардид.