Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 4) 2015


АХБОРИ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(№ 4) 2015

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ

дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

(моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Маҷаллаи илмию иттилоотӣ

Сармуҳаррир:

Маҳмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Ҳайати таҳририя:

Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳу­­рии То­ҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ

Ҳошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, номзади илмҳои ҳуқуқ

Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Искандаров З.Ҳ. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, про­фес­­сори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ

© Нашрияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015

МУНДАРИҶА

Каримзода К.М. Дин, озодии ақида ва кафолати конститутсионӣ…….

Ҳошимзода Д.Д. Мақомоти назорати конститутсионӣ ва Истиқлолияти давлатӣ……………..……………………

Ямоқова З.Д., Давлатов Д.Д. Тавсифи криминалистии контрабанда (қочоқ)

Қарорҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба парванда аз рўи дархости директори генералии Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Вавилон-Мобайл» Фай­зуллоев Б.Ҳ. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати банди 7 Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташки­лотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999, №210 тасдиқ карда шудааст, ба модда­ҳои 12, 32 ва 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 майи соли 2015 ………………………………………………..

Таъинотҳои Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Абдумаликов А. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008, №394 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №499 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2008, №УП-580 «Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 14 ва 45 Консти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 ноябри соли 2015…………………………….

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон……..

.

Каримзода К.М.,

муовини Раиси Суди

конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

ДИН, ОЗОДИИ АҚИДА ВА

КАФОЛАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ

Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳои халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озо­донаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ менамояд.

Конститутсия ҳамчун мафкураи навишташудаи давлатӣ, ки дар он самтҳо ва ҷабҳаҳои асосӣ ва стратегии рушди дав­латдории миллӣ, дарёфт ё шинохти худ ҳамчун миллат, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷти­моӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои тамоми қувва, табақаву гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикоси худро ёфтаанд, бузург­тарин манбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин назардошт, нақш ва мавқеи дин дар давлат ва ҷомеа, маф­кураи динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва озодии ақида аз зумраи масъалаҳои марказӣ ва зерпоявии ҳама гуна қонунҳои асосии давлатҳо, аз ҷумла Конс­ти­тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва танзим накардани ин масъала дар давлатҳое, ки дар онҳо динҳои гуногуни ҷаҳонӣ арзӣ ҳастӣ доранд, ғайриимкон мебошад.

Ба масъалаи дин ва нақши он дар ҳаёати ҷомеа ва озодии ақида ҳамчун муҳимтарин ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд дахл карда, қайд кардан ба маврид аст, ки чунин андешаҳо дар аввалин афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки таърихи онҳоро зиёда аз 3 ҳазор сол арзёбӣ мена­моянд, арзӣ ҳастӣ кардаанд.

Дар тамоми давраҳои минбаъдаи рушди афкори сиё­сию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ низ ин масъала дар маркази диққати мутафаккирони тамоми давру замон қарор дошт.

Масалан, донишманди бузурги Эллин Пифагор (580-500 то сол­шумории мо) бори аввал олами моро иҳота кардаро Қайҳон номида, қоидаҳои ахлоқиро оид ба ҳурмати падару модар ва аз рўи имон ва эътиқод иҷро намудани қонунҳоро инкишоф дод. Ў ғояи ҳифзи баробари шаҳрвандонро дар назди қонун пешниҳод намуд.[1] Ба масъалаи дин ва шахс таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд, ки одамон ба роҳбари аз дину Худо бархурдор ниёз доранд, то ки чунин роҳбар пайваста ба одамон ғамхорӣ зоҳир намуда, динро паҳн ва ба рушди он кўшиш на­мояд.

Суқрот (470/469-399 то солшумори мо) аз зумраи файласуфоне буд, ки бори аввал мафҳуми озодиро додааст, ки ба андешаи ў «озодӣ-ин ҳукмронӣ аз болои худ аст».[2]

Масъалаи нақш ва мавқеи дин дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъсири он дар рушди маънавии инсон, махсусан дар афкори сиёсию ҳуқуқии асрҳои миёна, давраи Эҳьё, давраи инқилобҳои буржуазӣ хело баланд садо медоданд, ки онҳо баъдан мавқеи худро дар аввалин санадҳои ҳуқуқии қабулшуда пайдо намуданд.

Ҳанўз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иҷтимоӣ ва динии аҷдодони мо «Авесто» мазмуни фаъолияти инсони муътақид дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ғайримуътақид муқобил гузошта шуд.[3]

Дар ин радиф мо аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабу­ли Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши ниёгони мо дар рушди афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ ёдовар нашуда наметавонем.

Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд наму­данд: «Гарчанде илми ҳуқуқ­шиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонун­ҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳо инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст.

Аз ин рў, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондўстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёгони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ў ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Матни Эъломия аз 45 сархат иборат мебошад. Ин аввалин санади ҳуқуқии навишташуда мебошад, ки дар матни он бори нахустин дар бораи чунин ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз қабили баробарӣ новобаста аз нажод, дин ва забон; таҳаммулпазирии байни тамаддун ва динҳо, озод кардан аз ғуломӣ; мусофирати озод, таъмини амният ва ғ. махсус таъкид карда шудааст.

Чунончи дар сархати 25 Эъломия омадааст: «ман ба шаҳри Бобу­листон ва ба ҳамаи ибодатхонаю маъбадҳои он амният овардам. Халқро, ки аз зулму бедодгарии ба ў боркардашуда азият мекашид, озод кардам».

Сархати 32 қайд менамояд, ки «Худоҳоро дар ин ибодатгоҳҳо маскун карда, барои онҳо ибодатгоҳҳои доимӣ сохтам. Ман ҳамаи халқҳои онҳоро ҷамъ намуда, ба ҷойҳои зисташон баргардонидам».

Сархати 36 «Ман ба ҳамаи заминҳо имконият фароҳам овардам, ки дўстона зиндагӣ намоянд».

Ҳамин тариқ, 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо Куруши Кабир амали инсондўстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорӣ дида нашуда буд. Ў эълон кард, ки «Ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, қабул намоянд».

Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, моликияти аз онҳо гирифташударо ба онҳо бармегардонад, барои онҳо ҳама чизи заруриро муҳайё сохта, онҳоро ба Замини Муқаддас гусел менамояд. Ў ба яҳудиён мефармояд, ки дар Байтулмуқаддас ибодатгоҳи дуюми ҳазарати Сулаймонро (шоҳи сеюми яҳудиҳо, ҳокими афсонавии шоҳии Исроил дар солҳои 965-928 то солшумории мо, давраи гул-гул шукуфиишоҳии Исроил, писари шоҳ Довуд, ки дар замони подшоҳиаш ибодатгоҳи Байтулмуқаддасро сохта буд) бунёд намоянд.

Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Масеҳ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.

Барои некўкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи худо ба ў дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ қайд карда мешавад. Аз ин рў, яҳудиён дар давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дўстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморгарони селевидҳо ва римиҳо муносибат мекарданд.

Дар Эъломия дарҷ гардидаст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қонунгузор» меномиданд. Ўро, инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офарин сазовор шуда бошад, чуноне ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад.

Соли 1971«Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих эълон карда шудааст.

Ниёгони мо ва мутафаккирони асрҳои миёнаи тоҷик низ, аз қабили: Форс Монӣ (216-277) бо таълимоти монавия, Абунаср Муҳаммад ибни Тархон (Абунасри Форобӣ) (853-950), ки асарҳои ўро зиёда 160 адад ном мебаранд, Абуалӣ ибни Сино (980-1037), Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ машҳур ба Низомулмулк (1018-1092), Абдуҳамид Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314-1349), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1430-1505) ва дигарон ба масъалаҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ, мавқеи сар­вари сиёсӣ, давлат ва давлатдорӣ, накўкорӣ даст зада, оид ба нақши дин дар ҷомеа, мавқеи инсон ва иродаи ў анде­шаҳои ҷолиби диққат пешниҳод намуда, дар рушди афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеи башарӣ нақши муносиб гузоштаанд.

Абуалӣ ибни Сино дар асараш «Тадбири манзил» чунин андеша дошт, ки пайёмбар роҳбари ҷомеаи одилона ва таъмини файзи илоҳиро дар рўи замин ба ўҳда дорад. Пайёмбар барои иҷроиши вазифаҳои корҳои давлатӣ бояд аз ҳисоби шах­сони шоиста ҷонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ў бо чор сифат: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва хирад кафш намуд.[1]

Муҳаммад Ғазолӣ дар асараш «Насиҳат-ул-мулук», ки баёни аф­кори иҷтимоию сиёсии ў мебошад, дин ва сиёсатро пайванди ҷудо­нашаванда дониста, онҳоро яке аз омилҳои муҳими танзимкунандаи хаёти ҷамъиятӣ медонист.[2]

Дар замони ҳозира низ, корҳои зиёди илмие рўи нашр омадаанд, ки аз алоқамандии миёни дин ва ҳуқуқ, инчунин решаҳои динӣ доштани ҳуқуқи имрўза дарак медиҳанд.

Чунончи, Р.А. Папаян ба яке аз назарияи муҳими ҳуқуқи конс­ти­тутсионӣ- таҷзияи ҳоки­мият- дахл карда, чунин мешуморад, ки реша­ҳои низоми таҷзияи ҳоки­миятро бояд дар худи Библия дарёфт ва ў ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўҳи Муқаддас се шохаи ҳокимияти осмонӣ, ки ҳамрадифи осмонии ҳоки­мияти қонунгузор, судӣ ва иҷроия ба ҳисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[3]

Бузургтарин фарзанди миллати тоҷик, ки мо аз ў ёдовар нашуда наметавонем, – ин Ҳазрати Абў Ҳанифа Имоми Аъзам ва мазҳаби ў мебошад, ки шинохти ў ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст.

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандагию бунёд­коронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати куҳанбунёд ва фарҳангофарини мо имконият ёфт, ки ба таърих, адабиёт, фарҳанги гузашта ва нақши фарзандони барўманди худ дар ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз ҷумла дар ташаккул ва густариши дини ислом ва таълимоти он аз наздик шиносоӣ пайдо намояд.

Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ чашми мардуми мо дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ то он дараҷа кушода гардид, ки ин амал тайи ҳазорсолаҳои пешин ба ў муяссар нагардида буд. Диди нав, дарки ҳастӣ ва ҳақиқат ба он дараҷа боло рафт ва халқ то он дараҷа дониш андўхта, аз аслу насаби худ огоҳӣ пайдо кард, ки касе чашмдор набуд. Хубро аз бад, ростиро аз дурўғ, ҳақиқатро аз фитна ва тафриқаандозӣ фарқ мекардагӣ шуд. Ба сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат нисбати ободии кишвар, таъмини осоиштагӣ ва ваҳдату ҳамзистии мардумони он, таҳаммулпазирии динҳо ва мазҳабҳои гуногуни онҳо дар ҷомеа итминони комил ҳосил кард.

Дар ин замина, соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани роҳбари давлат ва бо як тантанаю шаҳомати хоса ҷашн гирифтани 1310- соагии Имоми Аъзам аз қадршиносии мавқею ман­залати ин фарзанди тоҷик ва саромади мазҳаби Ҳанафия дар таҳкими там­маддуни исломӣ ва миллӣ шаҳодат медиҳад.

Аввалан, ин иқдоми бузург шаҳодати имони комили сарвари давлат ба дини мубини ислом, пайғамбар ва саромадони он, аз ҷумла Ҳазрати Абў Ҳанифа Имоми Аъзам ва мазҳаби ў ба шумор меравад. Ба мазҳабе, ки аз се ду ҳиссаи мусулмонони дунё, аз ҷумла 97 андар сади аҳолии Тоҷ­икистон ба он гаравида, бо ифтихори шукргузорӣ ҳамарўза мавриди аъмоли бунёдкоронаи худ қарор додаанд.

Дуюмин, мақсад аз ин иқдом нишон додани нақши барҷастаи фарзанди тоҷик дар таҳкими дини Ислом, умдатарин арзишҳои Қуръони маҷид, суннату қавли саҳобаҳо ва таълимоти он иборат аст, ки боиси ифтихормандиву сарфарозии ҳар фарди тоҷик нагардида наметавонад.

Сеюмин, ин иқдом арзёбии моҳияти иҷтимоӣ, инсондўстӣ, ахлоқию-озодагӣ, фарҳангӣ ва созандагии дини Ислом, аз ҷумла мазҳаби Ҳанафӣ дар таҳкими арзишҳои он, ҳамчунин пешгирӣ ва ботил баровардани ҳама гуна айбдоркуниҳои беасоси ба ҷараёнҳои террористиву экстремистӣ ва мазҳабӣ алоқа доштани дини Ислом мебошад.

Чорумин, мақсад аз ин иқдом ҳифзи арзишҳои мазҳаби зикрёфта ҳамчун ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат, таҳаммулпазир ва ба ин тариқ ҳифзи дини Ислом аз ҳама гуна унсуру ҷараёнҳои тафриқа ва ҷудоиандози ба ном динӣ ба ҳисоб меравад.

Имоми Аъзам ҳафтод сол пас аз гузашти ҳазрати Пайғамбар (с) ба дунё зуҳур кард ва замони зиндагии ў ба даврае рост омад, ки аллакай заминаи Ислом васеъ паҳн гардида, халқҳои гуногунэътиқодро ба имони худ дароварда, ба ташаккул ва мавриди дурусти аъмоли ҷомеа ва мусулмонон қарор гирифтани худ ниёз дошт. Аммо фирқаю мазҳаб ва равияҳои гуногуни дар дохили Ислом бавуҷудомада ва баҳсу мунозираҳои беасоси онҳо якпорчагии онро халалдор намуда, динро ба парокандагиву гурўҳбозӣ ва тафриқаандозӣ дучор намуданд.

Дар чунин вазъияти шадиди муборизаи ғоявии фикрҳо, мазҳабҳо ва равияҳои гуногун илми калом ба вуҷуд омада, рў ба инкишоф дошт, ки дар ташаккули масоили ақлию мантиқии он нақши Имоми Аъзам хело калон аст ва давраи муқаддимотии ин илмро ба таълифи «Фиқҳи акбар»-и Абў Ҳанифа нисбат додан низ бесабаб нест.[4]

«Мардум дар илми фиқҳ ҳама аз хонадони Абў Ҳанифаанд», таъкид доштани Имом Шофеъӣ[5] ё ки «Мардум аз илми фиқҳ дар хоб буданд, то он ки Абў Ҳанифа омад ва эшонро аз хоб бедор кард» таъ­кид кардани Назр ибни Шамил[6] шаҳодат аз бузургӣ ва ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ ва миллии мо мебошад.

Чунонки Абдуллоҳи Раҳнамо қайд мекунанд: «Шахсияти Имоми Аъзам дар ҳақиқат ҳамчун рамзи пайванди амиқи фарҳанги мардуми тоҷиктабор бо тамаддуни исломӣ ва ҳамчун рамзи ҷойгоҳи муҳими фарҳанги тоҷикон дар тамаддуни исломӣ хизмат менамояд.»[7]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам дар мавзўи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» ба масъали дин дахл намуда, таъкид доштанд, ки:

«Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст…

…Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт.»[8]

Ҳамин тариқ, афкори сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ дар масъалаи вобаста ба дин, интихоб ва парстиши дин, мавфкураи динӣ ва озодии ақида оҳиста –оҳиста аз назария ва афкор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузашта, хусусусияти меъёрӣ ва умумиҳатмиро касб карданд.

Хартияи бузурги озодихоҳӣ аз соли 1215, Конститутсияи Оливер Кромвел (1599-1658) аз 16 декабри соли 1653 бо номи «Олоти идоракунӣ» ва Билл оид ба ҳуқуқҳо аз соли 1689 (Британияи Кабир); Эъломияи истиқлолияти ИМА аз 4 июли соли 1776, Санад оид ба озодии дин соли 1786 ИМА, Эъломияи хуқуқи инсон ва шаҳрванд-и Франсия аз 24 августи соли 1789 аввалин санадҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар онҳо муносибати ҷомеа ба дин ва озодии ақида мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гириф­танд.

Мафҳуми «озодии дин» амалан бори аввал дар ИМА дар Санад оид ба озодии дин (1786) мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифтааст, ки тибқи он «ҳамаи одамон бояд дар парастиш, ҳифзи андешаҳои динии худ дар вақти баҳсҳо озод бошанд ва ин озодӣ дар ягон ҳолат набояд маҳдуд ё васеъ карда шуда ё бо ягон тарзе ба ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо таъсир расонад.»[9]

Мафҳуми «озодии виҷдон ва «озодии дин» дар ин Санад баро­барарзиш ифода шуда, ҳамчун ҳуқуқи бе маҳдудият аз тарафи давлат парастидани ҳама гуна дин маънидод карда мешавад.[10]

Бо қабули нахустин Конститутсияи навишташуда, ки он 17 сентябри соли 1787 дар ИМА сурат гирифт, озодии ақида ҳамчун муҳимтарин ҳуқуқу озодии шахсии инсон ва шаҳрванд ҳукми конститутсионӣ гирифт.

Конститутсия санади талаботи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа гардид ва 3 майи соли 1791 дар Полша, 3 сентябри соли 1791 дар Фаронса, соли 1809 дар Шветсия, соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо конститутсияҳо пайи ҳам қабул гардиданд. Ғоя дар хусуси он, ки конститутсия бояд дар ҳама давлат вуҷуд дошта бошад, дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид.

Баъдан, озодии дин ва озодии ақида ҳамчун муҳимтарин ҳуқуқу озодии инсон дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 24 октябри соли 1945 (банди 2 мод 13. Фасли IV. Маҷ­маъаи умумӣ), (банди «в» мод. 76. Фасли X. Шўрои иқтисодӣ ва ичтимоӣ); сархати 2-и пешгуфтор, моддаҳои 1 , 2, 7, 16, махсусан мод. 18 ва 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948; моддаи 18 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966 ва ғ. мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шуда, барои тамоми давлатҳои ҷаҳон хусу­сияти умумиҳатмиро касб намуданд.

Аз ҷумла, моддаи 18 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фит­рӣ ва сиёсӣ муқаррар менамояд, ки:

«1. Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқи озодӣ доштан ё қабул кардани дин ё эътиқод бо интихоби худ ва озодии пайравӣ кардан ба дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфиродӣ ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, дар ибодат намудан, иҷро кардани расму оинҳои диниву маросимӣ ва таълим гирифтанро дар бар мегирад».

Конститутсия чунин санади умумии (универсалӣ) ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гардид, ки дар он муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ва ҳифзи ин ҳуқуқҳо гирд оварда шудаанд, ки он ба мафҳуми лотинии конститутсия- «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиқ гардид.

Ҳамин тариқ, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва дар миёни санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии эъти­­бори ҳуқуқӣ дошта аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ў ба май­дони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст.

Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон намуд.

Конститутсияи мамлакат дар баробари фаро гирифтан ё танзими дигар масалаҳои мубрами ҳаёти давлат ва ҷомеа, ба масъалаи вобаста ба дин ва озодии ақида, ки нахустин дар муносибатҳои истеҳсолӣ нақши арзанда дошта, дуюмин муҳимтарин ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, бетафовут набуда, онҳоро дар бобҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мавриди танзими амиқ қарор додааст.

Сохтори конститутсионӣ – ин шакли (восита) ташкили давлат мебо­шад, ки тобеияти давлатро ба ҳуқуқ таъмин намуда, онро ҳамчун дав­­лати конститутсионӣ муаррифӣ менамояд.[1] Яъне давлат муносибати худро ба дин дар тавсифи ҳуқуқии давлатӣ ё шакли давлат ифода намудааст.

Чунончи, тибқи моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон «Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.»[2]

Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё афзалиятнок ва ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ пазируфта намешавад. Ҳама дину мазҳабҳо баробар буда, пайравӣ кардан ба ин ё он дин барои шаҳрвандон ягон оқибати ҳуқуқӣ ба бор намеорад. Яъне онҳо новобаста аз пайравӣ ба ин ё он дин баробарҳуқуқ мебошанд.

Манъ будани дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти дав­латӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва баробарҳуқуқии мавҷудияти динҳо, мудохила накардан ба масъалаи вобаста ба озодии ақида ва виҷдони шаҳрвандон, дар навбати худ ба корҳои давлат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат накардани иттиҳодияҳои динӣ- муҳимтарин аломати тавсифкунандаи давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад.

Аммо андешаҳои зикршуда, маънои миёни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ набу­дани алоқамандӣ ва ҳамкорӣ барои рушду таҳкими ҷомеа, боло рафтани сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва тарбияи маънавию ахлоқӣ ва руҳии ҷомеаро надорад. Давлат аз қувваи бузурги маънавию ахлоқӣ ва созандаи дин ба манфиати давлату давлатсозӣ ва суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеа васеъ истифода менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ теъдоди масчидҳои сабти номшуда то 4000 расид, ки дар даврони Шўравӣ ҳамагӣ 17 масчид фаъолият мекард. Аз 30 нафар шаҳрвандони дар 70 соли даврони Шўравӣ ба зиёрати хонаи Худо мушаррафшуда то ба зиёда аз 200 ҳазор нафар расидани чунин шаҳрвандони мамлакат, чор маротиба ба забони адабии тоҷикӣ нашр шудани китоби муқаддаси Қуръони карим, нашри бузургтарин китобҳои олами ислом, аз қабили: «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи Саодат»-и Имом Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарҳо, ҷашнгирии 1310 солагии поягузори мазҳаби Ҳанафӣ Имомӣ Аъзам, баргузор намудани конфронси бонуфуси байналмилалӣ вобаста ба ин чашн бо иштироки зиёда аз 500 нафар аҳли уламо ва шахсиятҳои бонуфузи динӣ, аз зумраи 500 нафар мусулмони бонуфузи ҷаҳон пазируфта шудани роҳбари давлати Тоҷикистон ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар со­змонҳои байналмилалии исломӣ нишонаи ҳамкории хуби байни давлат ва итти­ҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазораи «Шоҳнома»-и ҳаким Фир­давсӣ, 2700-солагии “Авесто”, 1000-солагии ҳуҷҷатулҳақ Носири Хусрави Қубодиёнӣ, 1025-солагии шайхурраис Абўалӣ ибни Сино, 680, 700-солагии орифи машҳур -Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии шайх Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии одамушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, 950-солагии имоми бузург Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон дар сатҳи арзанда таҷлил карда шуданд ва чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «ҳадафи асосии мо аз таҷлили ҷашнҳо ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии миллатамон ва осори гаронбаҳои онҳо таҳкими ҳарчи бештари ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии наслҳои имрўза ва дар хизмати онҳо қарор додани арзишҳои воло ва дастовардҳои неки фарҳангии ниёгонамон, инчунин бо ҳамин роҳ дар шуури наврасону ҷавонон тарбия кардани эҳсоси ифтихор аз гузаштагон мебошад.»[3]

Бо назардошти давлати дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон аз давлат ҷудо бу­дани ташкилотҳои динӣ ва ба кори давлат дахолат накардани онҳо, инчунин ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф нашудани мафкураи ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маф­кураи динӣ муқаррар карда шудааст. Ин мазмуни онро дорад, ки аз тарафи давлат ба зиммаи ташкилотҳои динӣ иҷрои ягон вазифаи давлатӣ гузошта намешавад. Давлат дар фаъолияти ташкилотҳои динӣ тааасуб, ху­ро­фот ва ифротгароиро пешгирӣ намуда, сиёсати таҳаммулпазириро миёни дину мазҳабҳо, тарафдорони онҳо ва шахсони бедин роҳандозӣ менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи давлати дунявӣ будани Тоҷикистон, ҳамчунин ба танзими ҳуқуқи озодии виҷон, ки дар низоми ҳуқуқҳои шахсӣ ва шаҳрвандии конститутсионии инсон ва шаҳр­ванд нақши муҳим дорад, аҳамияти ҳоса зоҳир намудааст.

Тибқи моддаи 26 Конститутсия «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.»

Дар моддаи мазкур ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар намуди: ҳуқуқи муайян намудани муносибат ба дин, ҳуқуқи дар танҳоӣ ё дасттаҷамъӣ пайравӣ намудан аз дин ва ҳуқуқи иштирок дар маросим ва расму оинҳои динӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳуқуқи муайян намудани муносибат ба дин- ин аз ҷониби инсон новобаста аз вазъи шаҳр­­вандӣ, ҳолати молу мулкӣ, мансубияти динӣ ва нажодӣ мустақилона муносибат кардан ба дин, пайравӣ намудан ё пайравӣ накардан ба ягон дин ифода меёбад. Яъне шахс ҳуқуқи пайравӣ кардан, накардан ё пайрави дини дигар буданро дорад. Дар ин масъала ҳама гуна маҳдудият манъ мебошад, яъне тибқи Конститутсия ҳар шахс дар ҷаҳонбинии динии худ озод мебошад.

Муқаррароти Конститутсия дар масъалаи макур аз он бармеояд, ки муайян намудани ҷаҳонбинии шахс ва тобеияти шуури ҷамъиятии он дар ҷомеаи демократӣ тавассути меъёр номумкин аст. Агар ин масъала ҷанбаи маҷбурӣ ё ҳатмӣ гирад, он гоҳ озодии эътиқод ва виҷдон маънояшро гум мекунад.[4]

Ҳуқуқи дар танҳоӣ ё дасттаҷамъӣ пай­равӣ намудан аз дин асосан шакли амалӣ гаштани муносибати инсонро ба дин муайян менамояд. Тибқи Конститутсия инсон дар пайравӣ кардан ё на­кардан ба дин озод буда, чунин амали худро дар алоҳидагӣ ё дастҷамъона ихтиёрона ба амал мебарорад. Ин ҳуқуқи инсон ба ҳуқуқи дигари дар қисми 1 моддаи 28 Конститутсия дар масъалаи ташкил кардани ҳизбҳои динӣ ва аттеистӣ алоқамандӣ дорад.

Қисмати муҳими ҳуқуқ ба озодии виҷдон – ин ҳуқуқи иштирок дар маросим ва расму оинҳои динӣ мебошад, ки шахс дар амалӣ намудани онҳо низ озод аст. Иҷрои онҳо ба хоҳиши шахс вобаста аст. Муҳим он аст, ки инсон ҳуқуқ ва имконият дорад дар маросим ва расму оинҳои динӣ, ки Конститутсия кафолат додаааст ва қоида ва тартиби гуза­ронидани онро қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ихтиёрона иштирок намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 №274 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросимро маҷмўи амалҳои рамзӣ арзёбӣ менамояд, ки муносибати шахсон ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамоянд.[5]

Расму оини динӣ дар шакли анъана ва ҷашнҳои динӣ баромад кар­да метавонад, ки бо махсусияти динӣ ва такрорёбанда буданаш ба чунин сифатҳо расидааст.[6]

Масъалаи муҳиме, ки ба ҳуқуқ ба озодии виҷдон алоқамандии бевосита дорад, ин муқаррароти қисми якуми моддаи 28 Конститутсия мебошад, ки тибқи он шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои динӣ ва атеистӣ иштирок намуда, ихтиёран ба онҳо дохил шаванд ва аз онҳо бароянд, ки тартиби ин фаъолиятро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба танзим меда­ро­рад.

Вобаста ба ин, муқаррароти қисми 3 моддаи 14 Конститутсия ба маҳдуд кардани ҳуқуқ ба озодии виҷдон низ пурра татбиқшаванда мебошад, ки тибқи моддаи мазкур «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.»

Ин муқарарроти Конститутсия ба талаботи қисми 3 моддаи 18 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фит­рӣ ва сиёсӣ тавъам мебошад, ки тибқи он:

«3. Озодии пайравӣ кардан ба дин ё эътиқод танҳо ба андозае маҳ­дуд карда мешавад, ки тавассути қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳифзи амният, тартибот, саломатӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ. Ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии асосии дигар ашхос зарур аст».[7]

Моддаи 30 Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ меҳисобад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, аз ҷума озодии дин ва озодии виҷдонро арзиши олӣ ҳисобида, барои ҳама гуна дину мазҳаб ҳамчун қис­мати шуур ва настройкаи ҷамъиятӣ шароити муътадили рушду таҳким фароҳам овардааст.

Ҳама гуна ҳуқуқу озодии инсон бояд ба мақсади ниҳоии давлат ва ҷомеи Тоҷикистон, яъне бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ичтимоӣ ра­вона шуда, бо хусусияти созандаю бунёдкоронаи худ ҷомеаи моро барои расидан ба ормонҳои миллӣ раҳнамун созад ва барои халқ ва миллати мо ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат намоянд.


[1] Козлова Е.И,, Кутафин О.Е. Конституционное право России: учеб:- 4-е изд., перераб. и доп. -М.: Проспект, 2010. Саҳ.94.

[2] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон.Душанбе. 2003. Саҳ8.

[3] Ниг.: Суханронӣ дар мавзўи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам 26.02.2009 , шаҳри Душанбе.

[4] Ниг.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон. Дар зери таҳрири Маҳмудзода М.А. Душанбе. Шарқи озод 2009. Саҳ 148.

[5] Ниг.: Маҳмудзода М.А., Холиқзода А. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе -2008. Саҳ.16,18.

[6] Ниг.: Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон. Душанбе. Шарқи озод 2009. Саҳ 151.

[7] Ниг: Ҳуқуқи инсон. Маҷмўаи санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ. Ҷилдӣ 1. Душанбе-2010. саҳ.38.


[1] Ниг.: Муҳаббатов А. Нуриддинов Р. Асосҳои сиёсатшиносӣ. Душанбе « Ирфон» 2006. – С.39.

2 Ниг.: Дар ҳамон ҷо. – Саҳ.41.

1Ниг.: Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: « Норма», 2002. С.218.

[4] Ниг: Каримов К. Имоми Аъзам ва Фиқҳ. Рўзномаи «Тоҷикистон» № 10 (9720) 5 марти соли 2009.

[5] Рустамзода Бегиҷон. Имоми Аъзам (Абў Ҳанифа кист). Душанбе-1999. Саҳ.12.

[6] Дар ҳамон ҷо. Саҳ.12

[7] Абдуллоҳи Раҳнамо. Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон. Душанбе «Ирфон» 2011. Саҳ. 70.

[8]Ниг:. Суханронӣ дар мавзўи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам 26.02.2009. ш аҳри Душанбе.

[9] Ниг. Томас Джеферсон о демократии / Сост. К. Падовер – СПб., 1992. С. 201.

[10] Ниг.: Клочков В.В. Религия, государство, право. – М., 1978. – С. 189-190.


[1] Нудненко Л.А. Конституционные права и свободы личности в России. Учебное пособие. Отв. редактор Н.В. Витрук, СПб.: Изд.Р.Асланова «Юридический центр Пресс» 2009.- Саҳ.13.

2 Дар ҳамин ҷо. Саҳ.13

[3] История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. Душанбе 1998. – С.236