Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 3) 2016
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(№ 3) 2016
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ
дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
(моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
АХБОРИ
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷаллаи илмию иттилоотӣ
Сармуҳаррир:
Маҳмудзода М.А. Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Ҳайати таҳририя:
Каримзода К.М. муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
Ҳошимзода Д.Д. судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ
Сотиволдиев Р. Ш. раиси Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Искандаров З.Ҳ. узви Шўрои илмӣ – машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ
МУНДАРИҶА
Каримзода К.М. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва рушди мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон………….…………………………………………………………………. 4
Ғаюров Ш.К. Мафҳум ва хусусиятҳои Палатаи ҳисоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон……………………………………………… …………………. 14
Қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз рўи дархости директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наҷот»-и шаҳри Исфара Исомадинова Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №32 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»………………………… 22
Таъиноти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Идиев А. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати қисми 2 моддаи 4 «Муқаррароти хотимавӣ»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 2 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 19, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»…………………………………………………………………. 38
Дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Ҳасанов Н. «Дар хусуси бар хилофи моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 5 октябри соли 2015, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аз 11 декабри соли 2015, таъиноти судяи суди вилояти Суғд Воситзода А. аз 20 январи соли 2016 ва таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Т.Қ. аз 19 апрели соли 2016»……………………………………….. 43
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон……………… 50
Каримзода К.М.
Муовини Раиси Суди
конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
ИСЛОҲОТИ СУДЇ-ҲУҚУҚЇ ВА
РУШДИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ КОНСТИТУТСИОНЇ
ДАР ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи мамлакат вазифаи ниҳои халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, ки он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, арзёбӣ намуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври кулл, роҳҳо ва тартиби расидан ба ин ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлатро пешбинӣ менамояд.
Бо ин назардошт, Конститутсия ҳамчун мафкураи навишташудаи давлатӣ, ки дар он самтҳо ва ҷабҳаҳои асосӣ ва стратегии рушди давлатдории миллӣ, дарёфт ё шинохти худ ҳамчун миллат, масъулияти муштараки халқ ва ҳокимият дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, муттаҳид намудани манфиатҳои тамоми қувва, табақаву гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа ва расидан ба ормонҳои миллӣ инъикоси худро ёфтаанд, бузургтарин манбаи сиёӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии эътибори олии ҳуқуқӣ дошта,[1] дар низоми шаклҳои ба амал баровардани сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун назария (консепсия), мафкура ва доктрина нақши арзанда дорад.
Вобаста ба ин, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷ- тимоиро дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳокимияти судӣ, ки он аз ҷониби суди босалоҳият, мустақил ва беғараз ва тибқи қонун таъсисёфта ба амал бароварда мешавад, тасаввур кардан имкон надорад.
Ҳамчунин, имрўзҳо Конститутсияеро вохўрдан мумкин нест, ки дар он таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шохаи алоҳида ва нақши ҳокимияти судӣ дар рушду нумўъи давлат тавассути боздориву мувозина мавриди танзим қарор нагирифта бошад.
Маҳз ҳамин арзиши барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муҳим ва аввалиндараҷаи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва ҳамчун меъёр ва принсипи императивӣ дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда, заминаи воқеӣ ва кафолати дар низоми ҳокимияи давлатӣ вуҷуд доштан, амал намудан ва ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким ёфтани ҳокимияти мустақили судӣ ба шумор меравад.
Ислоҳоти судие, ки солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати боз ҳам такмил додани ҳокимияти судӣ, ба стандартҳои мавҷуда ва механизми муҳимтарини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табдил додани суд гузаронида шудаанд ва минбаъд низ идома меёбанд, аз ҳамин принсипи конститутсионӣ сарчашма мегиранд, ки нақши он дар давлатсозӣ ҳанўз аз қарнҳои дур то инҷониб таъкид карда мешавад.
Ба назарияи мазкур дахл карда, ҳанўз таърихшиноси Юнони қа- дим Полибий (200-120 то солшумории мо) аз низоми мавҷудаи тақсимоти ҳокимият миёни мақомоти гуногуни давлатӣ дар республикаи Рим изҳори қаноатмандӣ мекард.
Ў навишта буд, ки ҳокимият дар ин давлат чунон тақсим шу- дааст, ки ягон қисми таркибиаш аз дигараш боло нест. Бо ҳамин, гўё давлат ба монанди киштии ба муқобили бодшинодошта дар ҳолати баробарларзишӣ ва баробарвазнӣ қарор дорад.[2]
Ш. Монтескье дар китоби худ «Оид ба рўҳи қонунҳо» (1748) назарияи таҷзияро ба дараҷаи мантиқии худ расонида, таъкид мекард, ки «озодӣ дар ҳама гуна шакли идоракунӣ мумкин аст, ба шарте, ки дар давлат ҳуқуқи тавассути таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ва боздориву мувозинат кафолатдодашуда ҳукмфармо бошад.»[3]
Д. Медисон яке аз муаллифони Конститутсия ИМА, ки ўро падари Конститутсияи ИМА меноманд, мегуфт, ки «як идора аз болои дигараш бояд назорат кунад», А.Ҳамилтон бошад таъкид мекард, ки Ассамблеяи демократӣ бояд аз тарафи Сенати демократӣ ва ҳар дуи он ҳо аз тарафи рукни судӣ бояд зери назорат бошанд».
Р.А.Папаян чунин мешуморад, ки решаҳои низоми таҷзияи ҳокимиятро бояд дар худи Библия дарёфт ва он ба хулоса омадааст, ки «… дар сегонаи Худо-Падар, Худо-Писар ва Худо-Рўҳи Муқаддас се шохаи ҳокимияти осмонӣ, ки эквиваленти осмонии ҳокимияти қонунгузорӣ, судӣ ва иҷроия ба ҳисоб мераванд, ифодаи худро ёфтаанд.»[4]
Бояд зикр кард, ки назарияи таҷзия дар тамоми тўли таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар давраи дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ будани он низ барои давлатдории мо бегона буд ва бори аввал дар банди 3 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 пешбинӣ гардид, ки тибқи он «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».
То қабули Эъломия мафҳуми ҳокимияти судӣ, аз ҷумла мақомоти назорати конститутсионӣ дар қонунгузорӣ ва адабиёти илмӣ во намехурд ва фаъолияти ҳуқуқии суд ҳеҷ гоҳ ба сифати ҳокимият арзёбӣ намегардид.
Суд гуфта – ба амал баровардани алолати судӣ, яъне тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавӣ дидани корҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ фаҳмида мешуд. Таъиноти асосии суд чун дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: арбитраж, нотариат, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, амният в ғ. ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда буд ва чуноне ки В.В. Ершов қайд менамояд, «то соли 1990 дар қонунгузорӣ ва адабиёти илмӣ ба сифати яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисоб намудани суд ҷои тааҷҷуб нест.»[5]
И.П. Петрухин ташаккули ҳокимияти судиро ба иродаи сиёсии давлат вобаста медонад. Ба андешаи ў «ташаккули ҳокимияти судӣ – чун қоида натиҷаи худмаҳдудкунии давлат аст, ки ба мақоми мустақил ва қудратманд-суд-барои аз болои худ назорат бурданро иҷозат медиҳад.»[6]
Боиси зикр аст, ки дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 ба такмил дода шудани салоҳияти Суди конститутсионӣ барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани назорати судии конститутсионӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Дар Барнома қайд гардидааст, ки: «бо дарназардошти таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои сифатан куллие, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таи солҳои охир рух доданд, зарур аст, ки салоҳияти Суди конститутсионӣ бо додани хулоса оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мукаммал карда шавад. Зарурати додани хулосаи Суди конститутсионӣ оид ба лоиҳаи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид мегарданд ва масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешаванд ба он вобаста аст, ки ин пешниҳодҳо ба принсипҳо ва арзишҳои асосии Конститутсия мувофиқ бошанд».
Ин пешниҳод 20 марти соли 2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуда, дар татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва таъмини баробарии се шохаи ҳокимияти давлатӣ дар тақдири тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, инчунин лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аҳамияти калонро соҳиб гардид.
Зеро то ин дам, тибқи моддаи 99 Конститутсия тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди ақал аз се як ҳисаи умумии аъзо ва ваклилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, дар ин раванд ҳокимияти судӣ иштирок надошт.
Бо назардошти ин тағйиру иловаҳо, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, 4 феврали соли 2016 бо қарори худ ин пешниҳодҳоро ба Конститутсия мутобиқ ҳисоб намуд.
Бо назардошти қарори Суди конститутсионӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон 22 майи соли 2016-ро рўзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия эълон намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистон онҳоро дар раъйпурсии умумихалқӣ пурра ҷонибдорӣ намуд.
Муҳимтарин меъёри конститутсионӣ, ки чун принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ хусусияти универсалӣ дошта, асоси фаъолияти Суди конститутсиониро ташкил медиҳад, ин принсип ё меъёри императивии пешбининамудаи қисми якуми моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он:
«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд.»[7]
Моддаҳои 14, 17, 19, 21, 55, 56, 69, 72, 84, 87, 88-91-и Конститутсия тартиби ташкил, принсипи фаъолият ва салоҳияти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, танзими мушаххаси ҳуқуқии худро дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳои конститутсионӣ оид ба судҳо ва қонунҳои мурофиавӣ ёфтанд.
Маълум аст, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон тавассути низоми мақомоти судии пешбининамудаи Конститутсия, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ ташкил карда шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
Адолати судӣ – намуди фаъолияти давлатӣ аст, ки барои баррасӣ ва ҳаллу фасли муноқишаҳои гуногуни иҷтимоии ба вайронкунии воқеӣ ё дарназардошташуда алоқаманд, равон карда шудааст. Махсусияти адолати судӣ дар он ифода меёбад, ки он аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ- судҳо аз номи давлат бо роҳи баррасии парвандаҳои конститутсионӣ, шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ оилавӣ дар мурофиаи судӣ ва шакли мурофиавии муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.[8]
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳо ва принсипҳо аз қабили:
-бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба воситаи ҳокимияи судӣ ҳифз шудани онҳо (мод.14);
-мустақил будани ҳокимияти судӣ, аз номи давлат ва аз тара- фи судяҳо амалӣ гардидани он (мод.84);
-аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ намудани адолати судӣ ва манъ будани ташкили суди фавқулодда;
-мустақил будани судяҳо ва дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо;
-манъ будани дахолат ба фаъолияти судяҳо (мод.87);
-ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ кардани парвандаҳо аз ҷониби судяҳо;
-сурат гирифтани мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баро- барии тарафҳо;
ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиа дар ҳамаи судҳо, ба ис- тиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст;
-ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор гаштани мурофиа;
-бо тарҷумон таъмин кардани шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд (мод.88) муқаррар карда шудаанд.
Ин принсипҳо новобаста аз мавҷудияташон дар қонунҳои конститутсионӣ оид ба судҳо ва кодексҳои мурофиавӣ бевосита амал намуда, дар ташкили хокимияти судӣ, фаъолияти мустақили судяҳо нақши калидӣ доранд ва дар Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба татбиқи амалии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Ҳамин тариқ, давлат ва роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният мебошанд, иброз дошта, онҳоро эътироф ва дар Конститутсия дар боби асосҳои сохтори конститутсионӣ ва дигар бобҳои вобаста ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой доданд.
Бо ҳамин барои рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ дар мамлакат имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.
Дар моддаи 89 Конститутсия салоҳияти Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид, ки он аз муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон,
Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия, ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо ва иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия муайян кардаанд, иборат аст.[9]
Конститутсия санадҳои Суди конститутсиониро қатъӣ эълон намуд. Чунин муқаррароти Конститутсия тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрии қабулкардаи мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузорӣ ва салоҳияти қабулу тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дошта ба Конститутсия мутобиқ бошанд.
Тибқи Қонуни конститутсионӣ дар бораи Суди конститутси- онӣ, Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.
Ҳамин тариқ, ҳифзи Конститутсия тақозо намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беғарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба уҳдааш вогузор карда шавад.
«Фаъолияти беш аз 10 солаи Суди конститутсионӣ зарурат ва аҳамияти онро дар давлатдории навини Тоҷикистон собит сохта, инчунин нишон дод, ки вобаста ба инкишофу пешрафти ҷомеа нақш ва мақоми Суди конститутсионӣ бояд таҳким ёбад», омадааст дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо қабули барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ (2007, 2011, 2015 ) ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионӣ, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва доираи субъектоне, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, ҷиддан васеъ гардид. Шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо намуданд, ки мутобиқати ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсия (пеш ҳуқуқ доштанд, ки танҳо муайян намудани мутобиқати қонунҳоро ба Конститутсия талаб намоянд), ки нисбаташон татбиқ намудаанд, аз Суди конститутсионӣ талаб намоянд.
Ҳамчунин дар баробари судҳои ҷумҳурӣ, судяҳо низ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар хусуси ба Конститутсия мутобиқ будани қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ намудаанд ё татбиқ менамоянд, ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба сифати субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ пазируфта шуд.
Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионӣ воридкардашуда, аз мавқеи муассири Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, садоқати давлати Тоҷикистон ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, инчунин рушду нумўъи институтҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва чунонеки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд:
[1] Ниг. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2003. Саҳ 9.
[2] Общая теория государства и права. Академический курс в двух томах. Учебник для вузов. Том 1. Ответ. ред. проф. М.Н. Марченко. Москва. Зерцало 1998. – С. 378.
[3]Ведяхина К.В. Разделение властей как принцип российского права. Дайджест официальных материа- лов и публикаций в периодической печати. Конституционное правосудие в странах СНГ и Балтии, 2002 № 16.
[4] Папаян Р.А. Христианские корни современного права. М.: «Норма», 2002. С.218.
[5] Ершов В.В. Суд в системе органов государственной власти// Государство и право.1992. № 8-С. 33.
[6] Петрухин И.П. Проблема судебной власти в современной России// Государство и право. 2000.№ 7.- С.15.
[7] Ниг. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе-2003.- С. 9-10.
[8] Ниг. Козлова Е.И.,Кутафин О.Е. Конституционное право Россия: учеб.-4-е изд., переаб. и доп.-М.: Прос- пект, 2010.- С. 529.
[9] Конститутсияи Ҷумҳурии Тпҷикистон. Душанбе-2003. С.29.
«дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.»[1]
Вобаста ба ин, Суди конститутсионӣ тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ пайи ҳифзи Конститутсия, ки он инъикосгари истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, фаъолият дорад ва мавҷудияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ яке аз нишонаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад.
Фаъолияти зиёда аз бистуяксолаи он нишон дод, ки масъалаҳои баррасӣ намудаи он дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва бо ҳамин таъмини истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим бозиданд.
Фаъолияти Суди конститутсионӣ ба он равона гардидааст, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва беихтилофи ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити заруриро муҳайё месозад.
Суди конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб меёбад ва табиист, ки фаъолияти он вобаста ба пешрафти давлат ва ҷомеа, таҳким ёфтани асосҳои демократии сохтори конститутсионӣ, боло рафтани аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дастрасии шаҳрвандон ба суд беҳбудӣ ва таҳким бахшиданро тақозо менамояд.
Аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1995, № 21, м.223) қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалию ҳуқуқии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.
Баъд аз қабули Қонуни мазкур, бо қонунҳои конститутсионӣ ба он 12 маротиба 132 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо инъикоси демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, рушду таҳкими институтҳои демократӣ ва ҳокимияти давлатӣ, танзими фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионӣ, вазъи иҷтимоии судяҳо, таҳкими салоҳияти Суди конститутсионӣ, инчунин боло рафтани сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалии мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионии мамлакат ва судяҳои Суди конститутсионӣ ба шумор мераванд.
Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 аз 3 январи соли 2011 таҳияи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пешбинӣ гардид. Қонуни конститутсионии мазкур бо дастгирии тамоми ҳуқуқшиносони мақомоти давлатӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои олии мамлакат, олимону коршиносони хориҷӣ аз Комиссияи Венетсиании Шурои Аврупо ва Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ таҳия гардида, он 26 июли соли 2014 қабул гардид ва мавриди амал қарор дорад.
Қонуни конститутсионӣ аз 15 боб ва 86 модда иборат буда, сох- тори он нисбат ба Қонуни конститутсионии амалкунанда, ки аз 11 боб ва 63 модда иборат аст, 4 боб ва 23 модда зиёд мебошад. Он давоми мантиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эътимодноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.
Дар мамлакат татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 №327 тасдиқ шудааст, идома дорад, ки он дар рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.
Ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, яъне даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба амал бароварда шуд, дар баробари боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти муназзами мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти мансабдорони олии мамлакат, бешак дар беҳдошти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ низ бе таъсир нахоҳад монд.
Такмили талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои мақомоти ҳокимияти судӣ, аз ҷумла доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, савганди судя дар хусуси садоқат ба Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, ҷавон намудани мақомоти ҳокимияти олии судӣ аз талаботи баланди давлат ва ҷомеа ба фаъолияти ҳокимияти судӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамаи ин ҳокимияти судӣ ва судяҳои мамлакатро водор месозад, ки ҷиҳати эътибор пайдо кардан ва ба боварии ҷомеа сазовор гаштан, муносибати худро ба фаъолияти касбӣ дигар карда, салоҳият ва вазифаҳои дар назди онҳо гузоштаи Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро дар сатҳи дахлдор ба анҷом расонида, нақши худро дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати давлат ва ҷомеа гузоранд.
Дар навбати худ иҷрои ин амалҳо аз судяҳои кишвар масъулияти баланди касбӣ, донишу малака, маҳорат, талаботи тахассусии дахлдор ва ба он ҷавобгў будани судяро тақозо дорад, ки барои расидан ба ин сифатҳо дар мамлакат тамоми шароити ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.
[1] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон 5 ноябри соли 2009. Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2010.- С.18.
Ғаюров Ш. К.
Мудири кафедраи ҳуқуқи
граждании факултети
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор
МАФҲУМ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ПАЛАТАИ
ҲИСОБ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН