Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз 24 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­­­шида ба Рӯзи «Парчами давлатии Ҷумҳурии То­ҷикистон» маҷлиси танта­навӣ ва мизи мудаввар бар­гузор  гардид, ки дар кори он суд­яҳо, хизматчи­ёни давлатӣ ва дигар кор­мандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ишти­рок на­муданд.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашур­зода А.А.– Раиси Суди конститутсоионӣ маҷлисро бо  сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашн­и таърихӣ ва давлатӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Рӯзи   Парчами давлатии Ҷумҳурии То­ҷикистон  аз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI тақдирсози мил­лат бар­меояд ва он рамзи давлатдориву саодати миллии мо мебошад. Самараи  ҳа­мин иҷлосияи таърихӣ  қабули қонунҳо дар бораи Парчам ва Нишони давлатӣ мебошад.

Пешвои миллат бо мақсади  қадршиносӣ ва садоқат ба– Парчами Тоҷикистон 20 ноябри соли 2009  24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ин сана ҳар сол 24 ноябр бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамад­дунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Ин сана минбаъд дар таъ­рихи на­­вини дав­­латдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ояндаи дав­лат ва миллатамонро равшан намуда, дар расидан ба ормонҳои гу­заш­та­гонамон дар хусуси бунёди давлатдорӣ ва давлатсози миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Парчами мо нишонаи, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва бақои миллат, ва давлат буда, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таъ­рихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоте аст, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд менамоянд ва дар назди он ба нишони эҳтиром сар фуруд меоранд

Парчами давлатӣ ва парафшонии ӯ дар дили халқи Тоҷикистон орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фар­зандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеа зери Парчами давлатӣ бо ҳам муттаҳид гардида, ба дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ даст заданд.

Баромадкунандагон дар маърӯзаҳои худ оид ба  мавзуҳои «Пар­чами миллат –дурахши миллат», «Парчами давлатӣ ифтихори мост»,  «Национальный  Флаг – символ вечности государства и национальной государственности», «Парчам ливои зафар» ҷанбаҳои таърихии ин  ҷашни сиёсию давлатиро махсус қайд намуданд.

Дар охир ба намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ барои ҳам­кории судманд бо Суди конститутсионӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои со­зандаи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конс­титутсия,  Рӯзи Президенти Ҷум­­ҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчам, тарбияи ватандӯстиву ватан­парварӣ ва маърифати конститутсиониву ҳуқуқии ҷомеа, Ифтихорномаи Суди конс­титутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бо  садо додани Суруди мил­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Yandex.Metrica