Қарор аз рўи дархости судяи Суди ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Шодиев Ш.Р.

ид ба парванда аз рўи пешниҳоди судяи Суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Шодиев Ш.Р. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ш. Душанбе «28»  апрели соли 2011

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисику- нанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис На-заров М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Каримов К.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Сангова Г.Р.

тарафҳо:

Шодиев Ш.Р. -судяи Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ – тарафе, ки дар асоси пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Илолов М.- намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Шоназаров С.А.- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститут- сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон- тарафҳое, ки конститутсионӣ будани қонуни қабулкарда, ҷонибнибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

Раҳимов Ф.Ќ.- муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзиев Исмоил- намояндаи ваколатдори Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон -тарафе, ки конститутсионӣ будани санади меъёрии ҳуқуқии тасдиқ ва татбиқ- намудаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст.

Даъватшудагон:

Ќодиров Т. Ќ. – Раиси Коллегия оид ба корҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холиқов А.Ѓ. – муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Исоқов А. Н. -муовини аввали Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Зоиров К. А.-муовини Сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, оиллавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мурофиаи ошкорои судии конститутсионӣ парвандаро дар асоси пешни- ҳоди судяи Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Шодиев Шўҳрат Раҳмат- ҷонович «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши муовини Раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо ва фикру андешаи даъватшудагонро шунида, маводи муроҷиат ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Судяи Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Шодиев Ш.Р. бо пешниҳод ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 26 октябри соли 2010 Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ муроҷиат карда, қайд намудааст, ки Хубоншоева М. С. cоли 2004 ба шўъбаи рўзонаи факултаи фанҳои табиӣ дохил гардида, онро соли 2009 бо ихтисоси омўзгори фанни химия хатм кардааст. Номбурда дар гурўҳи буҷетӣ таҳсил намуда, маблаѓи барои таҳсили ў сарфшуда 3229 сомонию 01 дирамро ташкил медиҳад.

Хубоншоева М.С. баъди хатми Донишгоҳ ҳамчун мутахассиси ҷавон бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки тибқи он «Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро хатм кардаанд, мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор ва шартномаи тарафайн бояд на камтар аз се сол аз рўи ихтисос ҳатман кор кунанд», бо роҳҳат барои кор ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ фиристода шудааст.

Донишкада, зимни ба кор фиристодани Хубоншоева М.С., инчу- нин муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро, ки дар асоси талаботи моддаи зикргардидаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи маориф» тасдиқ гардидаанд, мавриди татбиқ ва дастрасӣ қарор додааст.

Аз ҷумла, тибқи банди 3 Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон (бо Ќарори якҷояи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2008 №21/8 тасдиқ шудааст) «Мутобиқи моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Ќарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи олии касбии таълимии давлатӣ ва донишҷў ба ҷойи кор ҳозир шудан ва на камтар аз 3 сол кор кардан ўҳдадории ҳар як мутахассиси ҷавон мебошад (ба истиснои мутахассисоне, ки аз ҳисоби худашон гурўҳи шартномавиро хатм кардаанд)».

Тибқи банди 17 Низомномаи зикршуда, «Мутахассисони ҷавоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ хатм кардаанд, вазифадоранд, ки тибқи таъиноти комиссия, роҳхати вазорату идораҳои дахлдор ва қарордоди сеҷониба на камтар аз се сол кор кунанд».

Номбурда дар асоси роҳхати ба ў додашуда ба ҷойи кор ҳозир нашудааст. Бинобар ин, Донишгоҳ аз Суди ноҳияи Рошт- қалъаи ВМКБ талаб намудааст, ки маблаѓи 3229 сомонию 01 дирам аз ҳисоби Хубоншоева М.С. ба фоидаи буҷаи давлат барқарор карда шавад.

Шодиев Ш.Р. бо ҳалномаи худ аз 3 ноябри соли 2010 қонеъ гардонидани талаби Донишгоҳро бо назардошти он, ки гуё қисми 2 моддаи 25 Ќонун дар бораи маориф ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи зикршуда ба қисми 1 моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Њар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад» ва ба қисми 2 моддаи 41 Конститутсия, ки тибқи он «Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаи таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад», мухолифат дошта бошанд, рад намудааст.

Номбурда, бо назардошти номувофиқ ҳисоб намудани қисми 2 моддаи Ќонун ва бандҳои 3 ва 17 Низомнома ба Конститутсия, онҳоро инчунин ба қисми 1 моддаи 23 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва қисми 1 моддаи 6 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ номутобиқ ҳисоб менамояд.

Ба андешаи ў, давлат барои шаҳрвандони мамлакат гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро бе ягон хел шарту шароит ва ба таври ройгон кафолат додааст ва ҳар шаҳрванд дар интихоби касб ва ҷойи кор бо назардошти қобилияти худ озод буда, ягон кас ҳуқуқ надорад онҳоро дар ин масъала маҷбур намояд. Хубоншоева М.С. ҷойи корашро озодона интихоб накардааст ва меъёрҳои мавриди баҳс қарор додашуда ҳуқуқҳои конститутсионии ўро ба таҳсилоти олӣ ва интихоби касб вайрон намудаанд.

Аз ин рў, Шодиев Ш.Р. аз Суди конститутсионӣ талаб менамояд, ки оид ба пешниҳоди ў мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда, мутобиқати қисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон-ро ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди судяи Су- ди ноҳияи Роштқалъа Шодиев Ш.Р. ва маводҳои зимни баррасии он ҷамъоварӣ кардашударо ҳамаҷониба омўхта, қайд менамояд, ки ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳуқуқ ба таҳсил муҳимтарин ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба шумор мераванд. Онҳо омили зарурии инкишофи шахсият ва дар маҷмўъ ҷомеа ва давлат буда, дар раванди идоракунии захираҳои инсонӣ, иқтидорҳои зеҳнӣ, меҳнатӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаи давлат нақши ҳалкунанда мебозанд ва аз сатҳи ин ҳуқуқҳо рушди иҷтимоии инсон вобастагӣ дошта, вазъи ҷамъиятияш муайян карда мешавад.

Њуқуқҳои зикршуда дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти ҳо- кимияти давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян намуда, тавассути ҳокимияти судӣ ҳифз гардида, танҳо дар ҳолатхои пешбининамудаи Конститутсия маҳдуд карда мешаванд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми 1 моддаи 35 ба ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбу корро кафолат додааст, ки ин талабот аз моддаи 23 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948) ва қисми 1 моддаи 6 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (16 декабри соли 1966) сарчашма мегирад.

Муқаррароти моддаи зикршудаи Конститутсия дар Кодекси меҳ- нати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Кодекси меҳнат бо назардошти муҳимияти ҳуқуқ ба меҳнат ва ин- тихоби касбу кор дар моддаи 3 танзими қонунӣ ва шартномавии муно- сибатҳои меҳнатиро пешбинӣ намуда, дар баробари муқаррар гаштани сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳо барои кормандон аз тарафи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз тарафи созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ муқаррар гардидани ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, махсус қайд намудааст.

Кодекси меҳнат дар моддаи 6 ба ҳамаи кормандон татбиқ гаштани амали Кодексро муқаррар карда, тавассути қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меърии ҳуқуқӣ танзим шудани меҳнати гўруҳҳои алоҳидаи кормандонро низ сарфи назар накардааст ва муқаррар менамояд, ки «… сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатӣ набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад».

Бо ин назардошт, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти касбӣ ва меҳнатии гўруҳҳои алоҳидаи кормандон, тавассути қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва дигар санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф на камтар аз сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии пешбининамудаи Кодекси меҳнат мавриди тан- зими ҳуқуқӣ қарор мегиранд.

Тибқи муқаррароти банди 17 моддаи 15 Кодекси меҳнат дар ташкилот дар баробари дигар кормандон «мутахассисони ҷавон -шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус аз рўи роҳхати муассисаҳои мазкур ба кор қабл шуданд», низ фаъолият менамоянд. Ќонунгузор бо назардошти вазъи махсуси ҳуқуқии мутахассисони ҷавон дар банди 7 моддаи 4 Кодекси меҳнат пешбинӣ менамояд, ки «Давлат… муҳайё намудани кори мувофиқро ба мўҳлати на камтар аз се сол барои мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости ташкилот ба кор омаданд, кафолат медиҳад».

Давлат, ҳамчунин бо назардошти вазъи ҳуқуқии мутахассисони ҷа- вон ин гурўҳи меҳнатиро аз санҷишҳо ҳангоми қабул ба кор ва хизмати давлатӣ, аз озмунҳо барои ишѓоли мансабҳои маъмурии хизмати дав- латӣ, гузаштан аз атестатсияхо дар солҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъулияти меҳнатӣ озод намудааст.

Мутахассисони ҷавон бо вазъи ҳуқуқии худ аз дигар гурўҳҳои меҳнатӣ бо ѓамхории давлат оид ба сари вақт ба кор фаро гирифта шудани онҳо, дастгириҳои рўҳӣ ва маънавӣ, фароҳам овардани шароит барои мўътадил ворид шудани онҳо ба фазои меҳнатию ҳуқуқӣ, коллективҳо ва ҷамъиятҳои меҳнатӣ ва дигар имтиёзҳои моддӣ фарқ мекунанд.

Давлат ин амалро тавассути дархостҳои мақомоти дахлдори дав- латӣ, роҳхатҳо ба кор ва фармоишҳои давлатӣ ба нақша гирифта, идора- кунии стратегии захираҳои инсонӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандадаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва минтақаҳои гуногуни маъмурию географӣ амалӣ менамояд.

Суди конститутсионӣ қайд менамояд, ки ҳуқуқ ба таълими сатҳи гуногун, аз ҷумла таълими олии касбӣ эълондоштаи қисми 2 ва умуман моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз моддаи 26 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 13 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сарчашма мегирад, аз зумраи он ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки амалӣ намудани онҳо аз мавҷудияти як қатор омилҳо, аз ҷумла ташаккули шахсият, инкишофи зеҳнӣ ва ақлонӣ, ҷиҳатҳои касбию донишандўзӣ, маърифати шахсӣ, қобилият ва истеъдоди ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Њар як шахс ҳуқуқи таълими олии касбӣ дорад, аммо дастрасӣ ба он доштани таълими умумии асосӣ (шаҳодатнома), саломатии барои тахассус имконпазир, (маълумотномаи заруррии тиббӣ), супоридани имтиҳону санҷишҳои давлатии дохилшавӣ, риояи тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ ва дигар ҳолатҳоро тақозо менамояд.

Конститутсия гирифтани таълими сатҳи гуногун, аз ҷумла таъли- ми олии касбиро ба таври ройгон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ кафолат дода, ҳамзамон шаклҳои дигари таълимро низ сарфи назар накардааст. Бо ин назардошт, давлат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба таври ройгон мутахасссони ҷавонро тайёр намуда, ба ҷойи кор таъмин кардани онҳоро дар асоси фармоишҳои давлатӣ ба роҳ мемонад. Ин фаъолияти мақсаднок, нақшавӣ ва стратегӣ маҳсуб гардида, талабот, ниёзмандӣ ва имкониятҳои иқтисодию молиявии давлат ва дар маҷмўъ бозори меҳнатро ба кадрҳои гуногуни ҳоҷагии халқ инъикос менамояд.

Њамин тариқ, давлат захираҳои меҳнатиро, ки аз ҳисоби мутахас- сисони ҷавон пурра ва нав карда мешавад, дар доираи Конститутсия, талаботи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идора менамояд. Њамзамон, барои мутахассисони аз ҳисоби худашон гурўҳҳои шартномавии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ѓайри давлатиро хатм карда, тартиботи дигари ҳуқуқӣ муайян намуда, онҳо дар интихоби касбу фаъолият ва ҷой кор озод мебошанд.

Тартиботи ҳуқуқии муқаррарнамудаи давлат, ки танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, дар ҳеҷ ҳолат ба маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат, интихоби озоди касбу кор ва гирифтани таълими олии касбӣ нигаронида нашудааст, зеро қонунгузорӣ интихоби озодонаи шаклҳои таълимро, ки ҳар кадоме дорои оқибатҳои ҳуқуқии ба худ хос мебошанд, ба худи шаҳрвандон вогузор кардааст. Шаҳрвандон ин ё он шакли таълимро (ройгон ё пулакӣ) ихтиёран интихоб намуда, аз оқибатҳои ҳуқуқии ин шаклҳо чӣ дар давраи таҳсил ва баъди таҳсил бархурдор мебошанд, яъне интихоби шакли таҳсил ин интихоби оқибатҳои ҳуқуқии он низ ба шумор меравад ва боиси зикр аст, ки интихоби шакли таълим дар баробари қобилият, истеъдод ва дигар хусусиятҳои зеҳнию ақлонии шаҳрвандон, инчунин аз имкониятҳои молиявию моддии шаҳрвандон низ вобастагӣ дорад.

Њамин тариқ, давлат ҳуқуқи шаҳрвандонро ба меҳнат, интихобу касбу кор ва таҳсил тавассути ба роҳ мондани низоми ташаккулёфтаи меҳнат ва маориф, инчунин шароити дахлдори сиёсӣ ва иҷтимоию-иқти- содӣ таъмин менамояд. Дар навбати худ, дар асоси фармоиши давлатӣ ва роҳхат ба кор фиристодани хатмкардагони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи маориф барои ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат, ки аз чунин ҳуқуқ бархурдоранд, равона карда шудааст.

Бинобар ин, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки қисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Њамзамон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки механизми бастани Ќарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи олии касбии таълимии давлатӣ ва донишҷў-ро пеш аз ба таҳсил оѓоз намудани донишҷуёни муассисаҳои таълимии мамлакат таҳким бахшида, интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон-ро таъмин намояд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14, 36, 37, 46,47, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор кард:

1. Ќисми 2 моддаи 25 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва бандҳои 3 ва 17 Низомномаи «Тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 2 моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки меха- низми бастани Ќарордоди фаъолияти якҷояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи олии касбии таълимии давлатӣ ва донишҷў-ро пеш аз ба таҳсил оѓоз намудани донишҷуёни муассисаҳои таълимии мамлакат таҳким бахшида, интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавонро таъмин намояд.

3.Ќарор қатъӣ буда, аз рўи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рўзи қабулаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов