Қарор аз рўи дархости Директори генералии Чамъияти саҳҳомии пўшидаи «Фортуна» Абдураҳимов А.А.

Доир ба парванда аз рўи дархости Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи «Фортуна» Абдураҳимов А.А. ва ҳуқуқшиносони ҷамъияти мазкур Турахоҷаев И.Т., Лебедев В.М. ва Ќурбонов С.Ќ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»

шаҳри Душанбе «10» ноябри соли 2011

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси- кунанда – Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М.,

бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ботирова Г.,

тарафҳо:

Директори генералии ҶСП «Фортуна» Абдураҳимов А.А., бо вако- латномаи ҷамъияти мазкур Лебедев В.М. ва Исмоилов Я. – намоянда- гони тарафе, ки аз рўи дархости онҳо мурофиаи судии конститутсионӣ оѓоз карда шудааст;

Гиёев С.Н. – намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Илолов М.И.-намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу- рии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Шоназаров С.А. – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди консти- тутсионӣ – намояндагони тарафе, ки конститутсионӣ будани қонуни қабул, ҷонибдорикарда ва ба имзорасонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:

Ширинҷонова М.М. – муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон

Холиқов А.Ѓ. – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гулматшоев Р.К. – муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон,

Ќодиров Т. Ќ. – Раиси коллегия оид ба корҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раҷабов А.А. – сардори раёсати судҳои Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Саидов Б. Б. – сардори шўъбаи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холиқов А.С. – сардори шўъбаи ҳуқуқи соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Меликов М. Н. – муовини сардори раёсати ҳуқуқи Кумитаи андо- зи назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷ- кистон, моддаҳои 14 ва 37 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаро аз рўи дархости Директори генералии ҶСП «Фортуна» Абдураҳимов А.А. ва ҳуқуқшиносони ҷам- яти мазкур Турахоҷаев И.Т., Лебедев В.М. ва Ќурбонов С.Ќ. «Оид ба муайян намудани мутобиқати банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №2, мод.51; соли 2005, №12, мод. 630; соли 2006, №12, мод.541; соли 2008, №6, мод. 460, №12, қ-2, мод.1000; соли 2009, №3, мод. 88; соли 2010, №1, мод.8, мод.10; №12, қ-1, мод. 823) баррасӣ намуда, гузориши муовини раиси Суди конститутсионӣ Назаров М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади даъватшудагонро шунида, маводи парванда ва дигар ҳуҷҷатҳои воридшударо таҳқиқ намуда,

м у а й я н к а р д:

Директори генералии ҶСП «Фортуна» Абдураҳимов А.А. ва дигар намояндагони ваколатдори ин ҷамъият бо дархост ба Суди консти- тутсионӣ муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳанд, ки Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ аз 2 апрели соли 2010 даъвои мақомоти Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қисман қонеъ карда, Ќарори Раёсати Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод аз 31 декабри соли 1998 №118, Ќарори Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» (минбаъд «Тоҷикматлубот») аз 11 январи соли 1999 №2, Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият аз 26 июли соли 2000 №5-П-9020 ва Шиносномаи техникии ҳавлидории ҶСП «Фортуна»-ро беэътибор донистааст.

Бо ҳамин ҳалнома, инчунин Ќарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 июли соли 1999 №469, Шартномаи хариду фурўши бозори марказии шаҳри Хуҷанд «Панҷшанбе», (минбаъд – бозори «Панҷшанбе»), ки байни Идораи бозорҳои Иттифоқи матлуботи вилояти Ленинобод ва ҶСП «Фортуна» аз 15 январи соли 1999 баста шуда буд, беэътибор дониста шуда, тарафҳо ба ҳолати аввала, яъне ба ҳолати то замони басташудани шартномаи хариду фурўш оварда шудаанд. Тибқи ин ҳалнома бозори «Панҷшанбе» ба ихтиёрдории «Тоҷикматлубот» мононда шуда, аз ҳисоби «Тоҷикматлубот» ба манфиати ҶСП «Фортуна» пардохти арзиши аввалаи бинои бозор, ки ба 261306,53 доллари амрикоӣ баробар мебошад, вогузор карда шудааст.

Шикоятҳои апеллятсионӣ, кассатсионӣ ва назоратии ҶСП «Фортуна» аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон беқа- ноат мононда шудаанд.

Бинобар ин, ҶСП «Фортуна» бо назардошти ба ихтиёри «Тоҷикматлубот» додани бозори «Панҷшанбе» хароҷоти воқеии дар зарфи бештар аз 12 сол барои таъмиру тармим, азнавсозӣ, барқароркунӣ, ободонию нигоҳдошти биноҳои бозори мазкур кардаашро, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳаштоду як миллиону панҷсаду шаст ҳазор (81560000) сомонӣ нархгузорӣ шудаанд, ба воситаи суди иқтисодӣ аз ҳисоби «Тоҷикматлубот» талаб намудааст.

Вале Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо таъиноти худ аз 20 апрели соли 2011 аризаи даъвогии ҶСП «Фортуна»-ро бинобар пешпардохт накардани боҷи давлатӣ, ки тибқи қонун 2-фоиз аз маблаѓи даъво, яъне 1 631 200 сомониро (81 560 000 х 2%) ташкил медиҳад, баргардонида, хоҳиши ҶСП «Фортуна»-ро дар хусуси айни ҳол надоштани имконияти пешпардохт ва ба мўҳлати муайян мавқуф ё ба таъхир гузоштани пешпардохт рад намудааст.

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъиноти худро бо он асоснок намудааст, ки тибқи банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Боҷи давлатӣ аз рўи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои апеллятсионӣ, кассатсионӣ ва назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо» бояд пешпардохт карда шавад.

Муроҷиаткунанда ҶСП «Фортуна» меъёри зикршудаи қонунро ба талаботи қисми 1 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Њама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад» ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ки тибқи он: «Њар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Њар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беѓараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд» мухолиф мешуморад. Зеро меъёри дар боло зикршудаи қонун садди роҳи амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии Ҷамъият ба ҳифзи судӣ, инчунин ба буҷаи давлат ворид нагардидани миллионҳо сомонӣ гардидаааст.

Аз ин рў, ҶСП «Фортуна» аз Суди конститутсионӣ хоҳиш наму- дааст, ки мутобиқати банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости пешниҳод- гардидаро дар алоқамандӣ бо талаботи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои меёърии ҳуқуқӣ, инчунин амалияи судӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, қайд менамояд, ки тибқи муқаррароти қисми дуюми моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷум- ҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон давлатӣ иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.»

Чунин муқаррарот дар Конститутсия ва сиёсати иқтисодию иҷти- моии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талаботи санадҳои ҳуқуқии байнал- милалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Чунончӣ, тибқи талаботи моддаи 22 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 «Њар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва татбиқи ҳуқуқ барои нигаҳдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ў дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба воситаи саъю кўшиши миллию ҳамкориҳои байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як давлат ҳақ дорад».

Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф- намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арзиши олӣ ва дахл- нопазир эълон намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, инчунин дар назди инсон ва шаҳрванд иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим ва муқаддаси конститутсиониро вогузор намудаанд, ки тадбиқи онҳо пеш аз ҳама ба рушду нўмуъ ва инкишофи озодонаи шахсият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷрои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмўъ ба таҳкиму инкишофи ҷомеа ва давлат равона карда шудааст.

Чунончӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Њар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камо- лоти шахсияти ў фақат дар он имконпазир аст, ўҳдадор мебошад.»

Бо ин назардошт, моддаи 42 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вази- фадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ ва озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».

Дар миёни ин вазифаҳои муҳими конститутсионии инсон ва шаҳр- ванд, ки бе татбиқи амалии онҳо ба мақсад ва вазифаҳои консти- тутсионии эълон намудаи давлат – бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ – расидан ѓайриимкон аст, сари вақт додани андозу пар- дохтҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд. Ин амал аз муқарра- роти моддаи 45 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад», сарчашма мегирад.

Бо назардошти гуфтаҳои зикршуда, Суди конститутсионии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон вобаста ба мутобиқати банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Консти- тутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки моҳияти боҷи давлатӣ ҳамчун пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ, андоза ва имтиёзҳои пардохтани боҷи давлатӣ, тартиби пардохт ва баргардонидан ва дигар масъалаҳои вобаста ба боҷи давлатӣ аз тарафи давлат тавассути Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муқаррар, танзим ва ба амал бароварда мешавад.

Ќонуни мазкур бо назардошти ѓояи конститутсионии ҷомеаи адолатпарвар будани Тоҷикистон дар моддаи 5 нисбат ба гурўҳҳои ало- ҳидаи аҳолӣ ва як қатор мақомоти давлатӣ имтиёзҳои мушаххасеро дар хусуси озод намудан аз пардохти боҷи давлатӣ муқаррар намудааст.

Чунончӣ, тибқи талаботи моддаи мазкур шаҳрвандон аз рўи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;

даъвогарон – аз рўи даъво дар бораи ситонидани алимент, аз рўи даъвоҳои ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст, аз рўи даъвоҳои талофӣ намудани зиёни моддии дар натиҷаи ҷиноят расонида шуда;

шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди ба таъхирандозӣ ё дароз намудани мўҳлати иҷрои қарорҳо оид ба таѓйирёбии тарз ва тартиби иҷрои қарорҳо, барқарорсозии мўҳлатҳои зикршуда, аз нав баррасӣ намудани қарорҳои ѓоибонаи судҳое, ки онро баровардааст;

маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда – аз рўи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон ва боз даҳҳо масъалаҳои дигар аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда шудаанд.

Чуноне ки аз номгўи гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ барои пардохти боҷи давлатӣ имтиёзҳо муқаррар намудааст, бармеояд, дар шумули онҳо ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, аз ҷумла ҶСП «Фортуна» ва ба он монанд шахсони ҳуқуқӣ ворид карда нашудаанд.

Дар хусуси даъвои ҶСП «Фортуна» дар бораи номутобиқатии банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба муқаррароти қисми 1 моддаи 17 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «Њама дар назди қонун ва суд баробаранд» бояд зикр кард, ки дар масъалаи мутобиқати санади зикршуда ба Конститутсия ҷойи шакку шубҳа нест, зеро қонунҳо метавонанд нисбати табақаи камбизоати аҳолӣ, гурўҳҳои алоҳида, аз қабили маъюбон, беморону бепарасторон ва амсоли инҳо имтиёзҳо ва сабукиҳо муқаррар намоянд.

Ќонунгузор татбиқи кафолати ҳифзи судии инсон ва шаҳрванд, ки дар қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон пешбинӣ шудааст, аз иҷро ва риояи як қатор тартиби ҳатмии мушаххаси мурофиавии пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ вобаста медонад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, яъне дар мавриди риояи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ бархурдор гарданд. Пешпардохт намудани арзиши даъво дар ҳаҷми 2 фоиз аз тарафи даъвогарон ба судҳои иқтисодӣ низ, аз зумраи тартиби муқар- рарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он бояд зимни пешниҳод намудни аризаи даъвоӣ аз тарафи ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҶСП «Фортуна» мавриди риоя қарор дода шавад.

Њамин тариқ, Суди конститутсионӣ банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»-ро ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мешуморад, зеро барои иҷрои тартиб ва талаботи мурофиавии пешбининамудаи қонунгузорӣ надоштани имкониятҳои молиявӣ ва моддӣ, барои аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ номувофиқ донистани меъёрҳои ин ё қонун ба Конститутсия асос шуда наметавонад.

Мавриди зикр аст, ки дар Кодекси протсессуалии граждании Ҷум- ҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1963 бо таѓйиру иловаҳои зиёде, ки то қабули Кодекси нави мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 апрели соли 2008) амал мекард, тартиб ва шарту шароитҳои озод намудан аз пардохти боҷи давлатӣ, пешниҳод намудани мўҳлати ба таъхир супоридан (мавқуфгузорӣ), қисм- қисм пардохт намудани боҷи давлатӣ пешбинӣ шуда, дар амалияи судӣ ба таври васеъ истифода бурда мешуд.

Њамчунин тартиби зикршудаи озод намудан аз пардохти боҷи дав- латӣ, пешниҳод намудани мўҳлати ба таъхир супоридан (мавқуфгузорӣ), қисм – қисм пардохт намудани боҷи давлатӣ ва дигар масъалаҳои ба пардохти боҷи давлатӣ вобаста дар қонунгузории гражданӣ ва муро- фиавии граждании баъзе аз давлатҳои ИДМ мавриди амал карор дорад.

Бо ин назардошт, Суди конститутсионӣ чунин мешуморад, ки Маҷ- лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Њукумати Ҷумҳурии бо мақсади таъмини васеи дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ институтҳои мавқуфгузорӣ, қисм-қисм супорӣ, ба гаравмонӣ, дароз намудани мўҳлати пардохти андоз, барўйхатгирӣ ва пас аз баррасии парванда рўёнидани андоз ва дигар пардохтҳоро таҷдиди назар намуда, мувофиқи мақсад будани даровардани таѓйиру иловаҳоро ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Дар асоси гуфтаҳои боло мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 32, 36, 46, 48, 50 ва 54 Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор мекунад:

1. Банди 1 қисми 2 моддаи 6 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба қисми 1 моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи- кистон» мутобиқ мебошад.

2. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон институтҳои мавқуфгузорӣ, қисм-қисм супорӣ, ба гарав- монӣ, дароз намудани мўҳлати пардохти андоз, барўйхатгирӣ ва пас аз баррасии парванда рўёнидани андоз ва дигар пардохтҳоро таҷдиди назар намуда, мувофиқи мақсад будани даровардани таѓйиру иловаҳоро ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад.

3. Ќарор қатъӣ буда, аз вақти эълон намуданаш эътибор пайдо мекунад ва нисбати он шикоят оварда намешавад.

4. Ќарори мазкур дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Народная газета» ва Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов

Yandex.Metrica