Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Азимов Б.Н.
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 30 октябри соли 2012
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудов М.А., муовини Раис Назаров М., судя-котиб Каримов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Фирдавсова Г.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиби Суди конститутсионӣ Каримов К.М.-ро оид ба дархости Азимов Б.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Азимов Б.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он нишон медиҳад, ки 16 сентябри соли 2010 Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвоӣ-и Осоишгоҳи «Шифо»-и шаҳри Қайроқумро бо ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, ҳамҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд ва ҳамҷавобгарии ўро дар бораи беэътибор донистани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва суратҷаласаи муассисони ҶДММ «Тавҳид» аз 4 апрели соли 2002 №6 дида баромада, бо ҳалномаи худ қарори Коммиссияи қонунигардонии молу мулк аз 25 сентябри соли 2008 №176 ва ҳуҷҷатҳои зикршудаи мавриди баҳс қарордодашударо беэътибор дониста, 705,9 метри мураббаъ биноҳо ва 4524,0 метри мураббаъ қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонида, аз моликияти ў берун намуданд.
Суди зикршуда аризаи даъвогаррро бе иштироки ў дида баромада, ҳуқуқҳояшро ба моликият поймол намуда, ўро бе манзили истиқоматӣ ва фарзандони ў – Азимов П. ва Азимовро бе мерос мондааст.
Шикоятҳои ў аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди зикршуда аз 12 ноябри соли 2010 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи 2011 бе қаноат мононда шудаанд.
Бинобар ин, номбурда моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисо- дии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки «Баррасии парванда ҳангоми пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъвогӣ, далелҳои иловагӣ, ҳамчунин дар ғоибии шахсони иштироккунандаи парванда» номгузорӣ шуда, дар ғоибии даъвогар ва ҷавобгар барррасӣ намудани парвандаро пешбинӣ менамояд, ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолиф ҳисоб менамояд.
Аз ин рў, ў аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шуда, мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости зикршуда ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки шаҳрванд Азимов Б. Н. агарчӣ субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо дар дархости ў далел ва асосҳо дар бораи номутобиқатии моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст.
Ҳамчунин дар талаби ў оид ба номутобиқатии моддаи 155 Кодекс ба моддаҳои зикршудаи Конститутсия номуайяние дида намешавад, ки он санҷиши конститутсиониро талаб намуда, боиси оғоз кардани мурофиаи судии конститутсионӣ гардад.
Баъдан, моддаи 155 Кодекси зикршуда аз 5 қисм иборат буда, якчанд масъалаҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад, ки муроҷиаткунанда бе мушаххас намудани қисми дахлдори модда, тамоми матни онро ба моддаҳои номбаршудаи Конститутсия номутобиқ ҳисоб намудааст, ки чунин тартиби масъалагузорӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун ба талаботи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест.
Суди конститутсионӣ, инчунин қайд менамояд, ки масъалаи дар ғоибии муроҷиаткунанда аз тарафи суд баррасӣ намудани парванда ва баҳодиҳӣ ба дурустӣ ва қонунӣ будани санадҳои судҳои иқтисодӣ на ба салоҳияти Суди конститутсионӣ, балки ба салоҳияти марҳилаҳои болоии судҳои иқтисодӣ маҳсуб мебошад, ки муроҷиаткунанда метавонад масъалаи мазкурро дар судҳои зикршуда мавриди баҳс қарор диҳад..
Бинобар ин, Суди конститутсионӣ аз рўи дархости мазкур оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро бо асосҳои зикршуда рад менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 14, 37, 41, 42 ва 47 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
т а ъ и н к а р д:
1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Азимов Б. Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 12, 17, 19, 22, 32 ва қисми 2, 3 моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар аз ҷиҳати шаклу мазмун мувофиқ набудани дархост ба талаботи моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов