Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Бекеева И.
Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданӣ ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ш. Душанбе 31 марти соли 2015
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Каримзода К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю.,
бо иштироки котиби маҷлиси судӣ – Ғаниев Ҷ.,
дар маҷлиси судии Суди конститутсионӣ гузориши судя-котиб Каримзода К.М-ро оид ба дархости шаҳрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданӣ ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида,
м у а й я н к а р д:
Шаҳрванд Бекеева И. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки ў соли 2009 бо мақсади барпо намудани тўйи хонадоршавии фарзандаш аз шаҳрванд Казаков А. ба маблағи 9 000 доллари ИМА қарз гирифта, онро бояд дар муддати як сол бо назардошти фоизҳояш ба миқдори 10 000 доллари ИМА бармегардонд.
Номбурда ба сифати таъмини иҷрои ўҳдадориҳои қарзӣ манзили истиқоматиашро ба гарав гузошт, ки ин манзил дар шаҳри Душанбе кўчаи Гипрозем 30/4, ҳуҷраи 91 воқеъ буда, ба ў дар асоси манзилномаи №016655 оид ба ҳуқуқи гирифтани манзил тааллуқ дошт.
Тибқи маслиҳати пешакӣ, ў бо ҳамроҳии Казаков А. барои ба расмият даровардани шартномаи қарз ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Сино муроҷиат намуданд. Дар он ҷо шаҳрванд Казаков А. бо роҳи тақаллубкорӣ, бо суиистифода аз вазъи саломатии ў шартномаи хариду фурўши манзили истиқоматиро ба расмият дароварда, соҳибмулки манзили истиқоматии ба гарав гузошташуда гардид.
Баъдан, шаҳрванд Казаков А. манзили истиқоматии бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба тасарруфи худ даровардаро ба шаҳрванд Шарипов Х. ва охирон бошад онро ба дигарон мефурушад.
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки аз ин амали Казаков А. вақте огоҳ гардид, ки соҳибмулкони нав аз ў холӣ кардани манзили истиқоматиашро талаб намуданд.
Бинобар ин, ў бо ариза ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки суди мазкур бо ҳалномаи худ аз 8 майи соли 2012 даъвояшро қисман қонеъ намуда, тамоми шартномаи қарз ва хариду фурўши манзили истиқоматиро бинобар сабаби беэътибор дониста шуданашон бекор намуд.
Ҳамзамон, даъвои мутақобилаи ҳамҷавобгар Абдуллоева Х.-ро, ки харидори охирони манзили истиқоматии баҳсӣ мебошад, қонеъ намуда, ўро бо дастрасии банди 13 қарори моддаи 13 Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» бадасторандаи бовиҷдон ва соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ эътироф намуд.
Баъдан, шикоятҳои кассатсионии Бекеева И. бо қарори Суди шаҳри Душанбе аз 7 августи соли 2012 беқаноат ва ҳалномаи суди ноҳияи Сино бетағйир гузошта шуда, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиати ўро бо таъиноти худ аз 12 июли соли 2013 бинобар беасос буданаш рад кард.
Муроҷиаткунанда барои асоснок кардани мавқеи худ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба манзил ва молу мулк, ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12 ва 17 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, қисми 1 моддаи 11 Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ истинод оварда, муроҷиати худро бо онҳо асоснок менамояд.
Муроҷиаткунанда қайд менамояд, ки ў бо санадҳои судӣ розӣ буда наметавонад, зеро суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳалномаи худ аз 8 майи соли 2012 тамоми санадҳои ҳуқуқмуайянкунандаро нисбати ҷавобгарон бекор намуда, харидори охирин Абудллоева Х.-ро бидуни ягон асос соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ эътироф намуд. Ин амали суд хилофи муқаррароти қисми 2 моддаи 242 Кодекси гражданӣ буда, ҳуқуқҳои ўро ба манзил ва молу мулк, ки моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12 ва 17 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 11 Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ кардаанд, поймол менамояд.
Вобаста ба ин, ў то ба имрўз аз манзили худ маҳрум буда, наметавонад ҳуқуқҳои конститутсионии худро нисбати моликият, яъне манзили истиқоматии баҳсиаш амалӣ намояд.
Бо назардошти ин, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ў мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мувофиқати қисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданӣ ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро ҳамаҷониба омўхта, қайд менамояд, ки шаҳрванд Бекеева И. агарчи шаклан субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда тавонад ҳам, аммо мазмуну мундариҷаи дархости номбурда хусусияти баҳси гражданӣ дошта, бо таври масъалагузорӣ тобеи Суди конститутсионӣ ва мавзўи баррасии он шуда наметавонад.
Баҳси ба Суди конститутсионӣ пешниҳоднамудаи Бекеева И. аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2012 мебошад ва чунонеки дар дархост омадааст, «ў бо санадҳои судӣ розӣ буда наметавонад, зеро суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳалномаи худ аз 8 майи соли 2012 тамоми санадҳои ҳуқуқмуайянкунандаро нисбати ҷавобгарон бекор намуда, харидори охирон Абудллоева Х.-ро бидуни ягон асос соҳибмулки манзили истиқоматии баҳсӣ эътироф намудааст». Ин иддаои муроҷиаткунанда мавзўи баҳси судҳои умумӣ мебошад, ки тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории мурофиавии гражданӣ бояд ҳаллу фасли худро пайдо намояд.
Дар дархост асосноккунии мавқеи муроҷиаткунанда дар хусуси номувофиқатии қисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданӣ ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дида намешавад.
Чунончи, тибқи қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
«3. Дар пешниҳод ва дархост бояд нишон дода шаванд:
…-ҳолатҳо ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки муроҷиаткунанда талаб ва далелҳои худро бо онҳо асоснок мекунад»…
Аз муроҷиат бармеояд, ки танҳо номи дархост шаклан ба дархости ба Суди конститутсионӣ пешниҳодшаванда мувофиқ буда, мазмуни он хусусияти баҳси конститутсиониро надорад.
Аз ин рў, дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат надорад.
Дар масъалаи пешниҳоднамудаи муроҷиаткунанда номуайяние низ дида намешавад, ки он барои оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ асос гардад, зеро тибқи қисми 2 моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбинамудаи қисми 2 моддаи номбурдаи Қонуни конститутсионӣ асос мегардад.
Ба ғайр аз ин, тибқи моддаи 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» субъектҳои муроҷиат метавонанд дар давоми шаш моҳ аз рўзи нисбат ба онҳо қабул карда шудани қарори дахлдор дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии дар он татбиқшудаи пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намоянд.
Аммо муҳлати шашмоҳаи бо дархости асоснок ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намудани субъектони муроҷиат пешбининамудаи Қонуни конститутсионӣ аз тарафи муроҷиаткунанда гузаронида шудааст. То имрўз аз рўзи қабули санади охирини судӣ, ки он дар таърихи рўзи 12 июли соли 2013 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор дода шудааст,зиёда аз ду сол сипарӣ гардидааст.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дархости шаҳрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 323 Кодекси гражданӣ ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар гузаштани муҳлати шашмоҳаи муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 34, 40, 41, 42, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
т а ъ и н к а р д:
1.Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дархости шаҳрванд Бекеева И. «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми 1 моддаи 323 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13 қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2004, №11 «Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳо вобаста ба беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурўши хонаи истиқоматӣ (квартира)» ба моддаҳои 22 ва 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар гузаштани муҳлати шашмоҳаи муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рад карда шавад.
2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.
3. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шавад.
Раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода
Судя-котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримзода