Дар бораи рад намудани огози мурофиаи судии конститутсиони оид ба дархости Абдурахмонов В.Н

Т А Ъ И Н О Т И
СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости шаҳрванд Абдураҳмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии То­ҷикистон»

шаҳри Душанбе 22 январи соли 2015

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси­кунанда – Раиси Суди конститутсионӣ Маҳмудзода М.А., судя-котиб Кари­мов К.М., судяҳо: Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И., Гулзорова М.М. ва Зоиров Ш.Ю., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ –Ғаниев Ҷ., дар маҷлиси судӣ дар­хости шаҳрванд В.Н. Абдураҳмоновро «Дар хусуси муайян намудани мувофи­қати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумхурии Тоҷи­кистон» ба Конс­­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» баррасӣ намуда,

м у а й я н к а р д:

Шаҳрванд Абдураҳмонов Ватанҷон Негматович-судяи дар истеъ­фобуда бо дархост ба Суди конс­ти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муро­ҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки дар муддати 10 соли охир ба Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағй­иру иловаҳо ворид карда шудааст, ки на ҳа­маи онҳо ба андешаи ў ба принсипи баробар будани се шохаи ҳокимияти давлатӣ тав­ъам мебо­шанд.

Чунончи, ба моддаҳои 97 ва 135 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» аз 3 июли соли 2012 таҳти №833 илова ворид карда шудааст, ки тибқи он ҳар як судя уҳдадор карда шудааст, ки ҳамасола ба Шўрои адлия ҳисобот пешниҳод намояд. Ў қайд менамояд, ки уҳдадории асосии судя ин барқарор намудани адолати судӣ мебошад. Ҳисобот­диҳиро як шакли таъсиррасонӣ ба судяҳо ва назорат аз болои онҳо арзё­бӣ менамояд.

Муроҷиаткунанда, инчунин қайд менамояд, ки қаблан тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи он, ҳаёт ва саломатии судя аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ба андозаи музди меҳнати даҳсолаи судя мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода мешуд. Аммо дар натиҷаи тағйироти ба моддаи 128 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи августи соли 2012 ворид кардашуда, маблағи суғуртавӣ барои вафоти судя ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳа ва дар мавриди расонидани зарар ба саломатии судя ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя муқаррар карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар вақти ба истеъфо баромадани судя ба ў кўмак­пулӣ ба андозаи музди меҳнати даҳмоҳа дода мешуд. Ҳоло бошад, кўмакпулии семоҳа муқаррар карда шудааст. Ба андешаи муроҷиаткунанда сабаби ба моддаи 19 Қонуни конститутсионии мазкур даровардании чунин тағйироти маҳ­дудкунандаи ҳуқуқҳои судя маълум нест.

Ҳамчунин, ба моддаи 19 Қонуни конститутсионии мазкур, нисбат ба истеъфои судя тағйирот дароварда шуда, ҳуқуқҳои судяҳо поймол ва маҳдуд карда шудааст. Агар пеш таъминот пулии умрбоди судяи дар истеъфобуда ба 80 фоизи музди меҳнати судяи кор­кунанда баробар бошад, ҳоло он ба 50 фоиз баробар карда шудааст. Аз тарафи дигар ҳаҷми кори судяҳо сол аз сол зиёд шуда, шумораи судяҳо бошад, бетағйир исто­дааст. Ҷомеаи Тоҷикистон бошад ба ҳокимияти судии пурқув­ват ва босалоҳият ниёз дорад.

Ба андешаи муроҷиаткунанда тағйироте, ки 22 майи соли 2014 ба мод­даи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст, ҳуқуқҳои судяҳоро боз ҳам маҳдуд кардааст. Дар меъёрҳои моддаи мазкур омада буд, ки судяе, ки дастгир шудааст ё ба мақомоти корҳои дохила оварда шудааст, баъд аз муайян кардани шахсияташ озод карда мешавад. Аммо ин меъёр аз мод­даи 9 Қонуни мазкур хориҷ карда шуд. Ин тағйи­рот ба моддаи 91 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он: «Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ўро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кар­дан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ў ҳангоми содир кардани ҷиноят» мухолиф мебошад.

Ба ғайр аз ин, тибқи моддаи 119 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» судя: а) барои дағалона вайрон намудани қонун ҳангоми баррасии пар­ван­даҳои судӣ; б) барои вайрон намудани қоида­ҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ; в) барои рафторе, ки қадру номуси судяро паст мезанад, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад. Тағйиру иловаҳои зерин низ ба Конститутсия, ки дахлнопазирии судяро кафолат додааст, зид мебошад.

Муроҷиаткунанда, инчунин қисми 2 моддаи 13 Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷи­кистон»-ро ба моддаи 84 Конститутсия мухолиф меҳисобад, ки он аз як суд ба суди дигари якхела ё ба суди болоӣ ё ба суди поёнӣ таъин ё интихоб шудани судяро танзим менамояд. Ба андешаи ў, меъёри мазкур воқеан ҳуқуқои судя­ҳоро маҳдуд карда, ба Шўрои адлия ҳуқуқ медиҳад, ки аз судя­ҳои номақбул халос шавад.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, дархосткунанда аз Суди конс­ти­тутсионӣ хоҳиш намудааст, ки оид ба дархости ў мурофиаи судӣ оғоз карда шуда, мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсия муайян карда шавад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ва маводи ба он замимакардашударо мавриди баррасӣ қарор дода, оғоз намудани мурофиаи судиро аз рўи он бо асосҳои зерин рад менамояд:

якум, Абдураҳмонов В.Н.- ҳумчун шаҳрванд субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад, зеро тибқи сархати шашуми моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муво­фиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ нисбат ба онҳо дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудаанд ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардида бошад, ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд.

Дар ҳолати мазкур, Абдураҳмонов В.Н. дар ягон муносибати му­шах­хаси ҳуқуқӣ қарор надошта, нисбати ў ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди татбиқ қарор нагирифтааст, ки он ҳуқуқу озодиҳои консти­тутсионии ўро поймол карда, барои муроҷиат ба суд асос гардад.

Дуюм, предмети баррасии Суди конститутсионӣ муайян намудани мутобиқати қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия мебошад. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ бекор ё аз эътибор соқит дониста шудаанд, мавриди баррасии Суди конститутсионӣ қарор намегиранд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки муроҷиаткунанда меъёрҳои онро мавриди баҳс қарор додааст, бо моддаи 137 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 № 1084 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуда, қонуни конститутсионии мазкур, ҳамчунин Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди консти­тут­сионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шудааст.

Сеюм, дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун низ ба талаботи сархати ша­­шуми қисми 3 моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муво­фиқ нест, яъне ҳолат ва далелҳои мушаххас дар хусуси ба Конститутсия муво­фиқат надоштани меъёрҳои мушаххаси мавриди баҳс қарор­дода­шуда, ки муроҷи­аткунанда талаб ва далелҳои худро ба онҳо асоснок менамоянд, аниқ ва мушаххас нишон дода нашудаанд.

Аз ин рў, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз на­мудани мурофиаи судии конститутсиониро аз рўи дар­хости мазкур би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад менамояд.

Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, тибқи талаботи мод­даҳои 34, 40, 41, 44, 45, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон» Суди консти­тутсионии Ҷумҳу­рии Тоҷи­кис­тон,

т а ъ и н к а р д:

1. Оғоз намудани мурофиаи судии конститутсионӣ оид ба дар­хости шаҳрванд Абдураҳмонов В.Н. «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конс­титутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» би­нобар набудани асос барои баррасии парванда дар Суди консти­тут­си­онии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон рад карда шавад.

2. Таъинот қатъӣ буда, нисбати он шикоят овардан мумкин нест.

3. Боҷи давлатие, ки 6 январи соли 2015 муроҷиаткунанда Абду­раҳмонов В.Н.ба маблағи 45 (чилу панҷ) сомонӣ дар БДА ҶТ «Амонат­бонк» пардохт намудааст, ба ў баргардонида шавад.

4. Таъинот дар Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон нашр карда шавад.

Раиси

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода

Судя-котиби

Суди конститутсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Каримов